Главная / Гуногун / Холати ниммустамликавии Эрон

Холати ниммустамликавии Эрон

Баъди чанги солхои 1856 1857 Эрон ба ниммустамлика табдил меёбад. То солхои 70- уми асри XIX Эрон аллакай ба Англияю Русия вобаста буд. Вобастагии Эрон баъди ба ширкатхои хоричи доднии ичора (консессия) ва карордодхо дар бораи вомбарг (заём)-и хоричи боз хам зиёдтар мешавад. Солхои 1862-1874 англисхо оид ба дар Эрон сохтани хатхои телеграф барои таъмини алокаи Лондон бо Хиндустон бо ин давлат созишнома ба имзо расониданд. Истифода ва идораи онхо дар ихтиёри англисхо буд. Шохроххои чанубу гарбии Эрон низ аз тарафи мустамликалорони англис сохта ва назорат карда мешуданд. Дар шимоли мамлакат бошад, сохтмон ва истифодаи шохроххо дар ихтиёри Русия буданд. Англия ва Русия Эронро вазифадор карданд, ки дар каламрави худ ба сохтмони роххои охан рох надихад.

iran_14

Соли 1872 сохибкори англис Ю. Рейтер аз шохи Эрон барои истифодаи хамаи захирахои ашёи саноагии мамлакат ба мухлати 70 сол ичораи инхисори гирифт. Норозигии халки Эрон ва дипломатияи Русия аз ин карордод чунон пурзур буд, ки шох мачбур шуд онро бекор кунад. Ба хар хол Рейтер бо розигии Руо барои ташкили банки Шоханшохи ичозатнома гирифт. Ин бонк барои баровардани когазхои кпматнок, аз он чумла пул хукуки инхисори ба даст даровард. Соли 1890 сохибкори рус Поляков дар Техрон бонки карздихии Форсро кушод, ки он иктисоди Эрони Шимолиро ба зери назорати худ гирифт. Ин шахс соли 1891 барои ташкили кори сугурта ва наклиёт хам сохиби ичозатнома шуд. Ба давлатхои хоричи инчунин як катор ичорахои дигар низ дода шуданд: ичораи сармоядори англис Линч барои киштигарди дар дарёи ягонаи Эрон – Корун, ичораи саноатчии рус Лианозов барои мохигири дар Бахри Хазар, ичораи ширкати англис Талбот барои хариду фуруш ва коркарди тамоку аз чумлаи онхо мебошанд. Соли 1901 шахрванди Англия дар Арси бapoи истифодаи хамаи сарчашмахои нефт, гайр аз шимоли Эрон ичораи инхисори гирифт. Баъдтар он номи ширкати “Ичораи ШАЭН-АИНК” (ширкати нефти Англия ва Форс)-ро мегирад.

Иктисоди Эрон бе ёрии молиявии хоричи пеш рафта наметавонист. Аз хамин сабаб Носируддиншох (1848-1896) соли 1892 аз бонки англиси ба маблаги 500 хазор ф.-ст. Вомбарги авалини хоричиро гирифт. Солхои 1900-1902 Русия хам ба Эрон ба маблаги 32,5 млн. рубл вомбарг дод. Вомбаргхои хоричи Эронро ба асорати молияви гирифтор карданд.

Дар дахсолахои охирини асри XIX ва огози асри XX ба Эрон ворид сохтани молхои саноатии хоричи зиёд шуд. Молхои саноатии нисбатан арзони хоричиён сохибони молхои косиби, саноати хонаги ва корхонахои саноатии фабрикавию заводии дар охирхои асри XIX – аввали асри XX сохташудаи Эронро муфлис гардонданд. Содироти молхои кишоварзи ва ашёи хоми Эрон сол то сол меафзуд. Кишоварзи ба талаботи бозори хоричи (парвариши тамоку, пахта ва зироатхои дигари техники) мувофик карда мешуд. Эрон ба манбаи ашёи хоми саноатии мамлакатхои империалисти табдил меёфт.

Дар ин давра на танхо иктисодиёт, балки идораи давлатии Эрон низ ба зери назорати ачнабиён медарояд. Соли 1879 дар зери рохбарии афсарони рус аз хисоби эронихо бо номи “полки казакхо” артиш ташкил карда шуд, ки баъдтар он ба бригада ва дивизияи алохида табдил меёбад. Соли 1898 сарвари гумруки Эрон Наус ном белгияги таъйин мегардад, ки у баъдтар вазири почта, сарвари хазина ва узви Шурои олии давлати таъйин мешавад.

Дар шимоли мамлакат онхое ба вазифахои баланд гумошта мешуданд, ки ба хукумати подшохии Русия маъкул бошанд. Чануби Эрон дар ихтиёри англисхо буд. Онхо дар ин чо фаъолияти чудоихохии ашрофони махаллиро харчониба дастгири менамуданд, Дар натичаи ин англисхо кисми Сиистон ва Балучисгонро аз Эрон чудо карда, дар он чойхо хукмрони мекарданд. Нерухои Харбии бахрии Англия дар амал халичи Форсро ишгол карда буданд. Мувофики гуфтаи нахуствазири Англия Кёрзон “резиденти англисии дар Буширбуда шохи точутахтнадоштаи халичи Форс мебошад”.

Хамин тарик, то огози асри XX рафти ба ниммустамлика табдил ёфтани Эрон ба охир расид. Дар натичаи истисмори якчояи халки Эрон иттифоки табакаи болоии марлуми Эрону имиериалистони хоричи ба вучуд омад. Шох, вазирони вай ва аъёну ашрофи Эрон ба чосусони мамлакатхои империалисти табдил ёфтанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

maktabi-37

Мактаби №37-и ш. Душанбе (н. Сино)

Мактаби миёнаи №37 и шахри Душанбе вокеъ дар кучаи Маяковский хонаи 10. Ин мактаб солхои …