Главная / Гуногун / Хизбхои сиёси

Хизбхои сиёси

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи Хизбхои сиёси

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, №22, мод. 300; Конуни ЧТ аз 8.08. 2015 с., № 1209)

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Хукуки шахрвандон барои муттахид шудан  ба хизбхои сиёси

Хукуки шахрвандон барои муттахид шудан ба хизбхои сиёси ба тарики зайл ба амал бароварда мешавад:

– таъсис кардани хизбхои сиёси мувофики эътикоди худ;

– ихтиёран дохил шудан ба хизбхои сиёси бо шарти эътироф  намудани оинномахои онхо аз чониби дохилшавандагон;

– иштирок кардан дар фаъолияти хизбхои  сиёси  мувофики  максадхои муайянкардаи барномахои  онхо ва тибки шаклхои мукарраркардаи оинномахои онхо;

– озодона баромадан аз хизбхои сиёси.

Моддаи 2. Хизби сиёси

Зери  мафхуми хизби сиёси чунин  иттиходяи  чамъиятие фахмида мешавад, ки вазифаи асосиаш  иштирок дар хаёти сиёсии чомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шахрвандон ва инчунин ба амал баровардани хокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Максад ва  вазифахои  хизби сиёси дар Оиннома ва Барномаи он,  ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд.

БОБИ 2.

ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ  ХИЗБХОИ СИЁСИ

Моддаи 3. Таъсиси хизбхои сиёси

Дар Чумхурии Точикистон танхо хизбхои сиёсии чумхурияви таъсис дода шуда метавонанд.

Хизбхои сиёси аз тарафи шахрвандони Чумхурии Точикистон  озодона,  бидуни хеч  як  ичозат дар анчумани (конференсия, мачлис) муассисон таъсис дода шуда, дар он оиннома кабул мегардад ва макомоти  рохбарикунандаи хизб ташкил карда мешавад.

Хизби сиёси барои аз кайди давлати гузаштан руйхати на камтар аз хазор нафар шахрвандони тарафдорашро, ки сокини аксарияти шахру нохияхои Чумхурии Точикистонанд, пешниход менамояд.

Хизб аз рузи ба кайди давлати гирифта шуданаш шахси хукуки хисоб мешавад.

Баъди аз кайди давлати гузаштан  хизби сиёси дар муддати 3 мох бояд дар аксарияти вилоятхо, шахрхо ва нохияхо ташкилотхои ибтидои дошта бошад.

Дар бораи шахр, нохия ва санаи гузаронидани анчумани (конференсияи,  мачлиси) муассисон,  инчунин мукаррароти асосии Оинномаи хизб гурухи  ташаббускор оид ба таъсиси хизби сиёси дар воситаи ахбори омма на дертар аз як мох пеш аз даъват карда шудани анчумани (конференсияи, мачлиси) муассисон хабар медихад. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Дар худуди Точикистон фаъолияти хизбхои сиёсии дигар давлатхо, аз он чумла сохторхои он манъ аст.

Моддаи 4. Махдудиятхои таъсис ва фаъолияти  хизбхои сиёси

Таъсис ва фаъолияти хизбхои сиёси, ки максад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористи, бо рохи зуровари тагйир додани сохти конститутсиони ва ташкил намудани гуруххои мусаллах равона гардидааст ва ё низои нажоди, милли, ичтимои, махалгарои ва диниро таргибу ташвик менамоянд, манъ аст. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Хизбхои сиёси ва аъзои он дар  фаъолияти  сиёсиашон хукук надоранд, ки аз ташкилотхои дини истифода намоянд. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Дар макомоти амнияти милли,  корхои дохили, прокуратура, гумрук ва макомоти  андоз, адлия, судхо ва Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон,  дигар кушунхо ва вохидхои харби, инчунин дар макомоти хокимияти давлати,  муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми ва олии касби таъсис додан ва фаъолият кардани  ташкилоти хизбхои сиёси мумкин нест. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Моддаи 5. Узвият дар хизби сиёси

Узвият дар хизби сиёси танхо дар асоси майли ихтиёрии шахрвандони Чумхурии Точикистон мумкин аст.

Судьяхо, прокурор, хизматчиёни харби, коркунони макомоти корхои дохили, амният, полиси андоз, гумрук  ва адлия, инчунин шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд аъзои хизби сиёси шуда наметавонанд. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Хизбхои сиёси факат узвияти шахсии сабтшуда доранд. Шахрвандони синнашон ба 18 расида аъзои хизб шуда метавонанд. Узви хизб бояд шаходатномаи хизби дошта бошад. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Моддаи 6. Оинномаи хизби сиёси

Оинномаи хизб бояд коидахои зеринро дар бар гирад:

– дар бораи ном, максад ва вазифахои хизби сиёси;

– дар  бораи  сохтори хизби сиёси ва макомоти он;

– дар бораи шартхо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвияти хизб, дар бораи хукук  ва  ухдадорихои  аъзои  хизби сиёси;

– дар бораи баробархукукии аъзои хизби сиёси;

– дар бораи мувофикати фаъолият ва максади хизби сиёси бо  Конститутсияи Чумхурии Точикистон;

– дар бораи тартиби интихоб ва салохиятхои  макомоти  рохбарикунандаи хизби сиёси, мухлати ваколати онхо  ва чои вокеияти он;

– дар бораи ошкоро будани тамоми фаъолияти хизб ва макомоти он;

– дар бораи тартиби кабул ва дохил намудани тагйирот ба Оинномаи хизб;

– дар  бораи амвол ва воситахои моддии хизби сиёси,  сарчашмахои бо пул таъминкуни  ва фаъолияти хочагии вай;

– дар бораи рамзи хизб (агар он бошад);

– дар  бораи  тартиби  катъи  фаъолияти   хизб, азнавташкилкунии фаъолияти хизб;

– дар  бораи халлу фасли бахсхои оид ба молу мулк,  ки бо катъ гардидани фаъолияти хизб алокаманданд;

– дар  бораи  интихоби ва хисоботдиханда будани макомоти хизби сиёси.

Дар оиннома мумкин дигар коидахое низ мавчуд бошанд, ки ба фаъолияти хизби сиёси дахл доранд.

Кабули оиннома, барномаи хизби сиёси, пешбарии номзадхо  аз хамин хизби  сиёси ба макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ва халлу фасли дигар масъалахои багоят мухими хаёти хизби сиёси аз руи карори анчуман, конференсия ва пленум,  мачлис ва ё аз руи натичахои раъйпурсии (пурсиши) аъзои хизб сурат мегирад.

 

Моддаи 7. Бакайдгирии давлатии хизби сиёси

 

Бакайдгирии давлатии хизби сиёсиро Вазорати адлияи  Чумхурии  Точикистон ба амал мебарорад. Барои  кайди давлатии хизби сиёси ба макоми бакайдгиранда дар мухлати як мох ариза дода мешавад,  ки онро бояд шахсе имзо кунад,  ки ба у анчумани (конференсияи, мачлиси) муассисони хизби таъсис додашаванда бо нишон додани сурогаи хукукии макоми рохбарикунанда  ваколат  додааст.  Ба  ариза гайр аз оиннома иктибос аз протоколи анчумани (конференсияи, мачлиси) муассисоне, ки оинномаро кабул кардааст, руйхати камаш дах нафар иштирокчиёни мачлиси муассисон бо нишон додани маълумоти шиносномахо ва махалли зисташон бо  замимаи як нусха нашрияи васоити ахбори омма,  ки дар он дар бораи чой ва санаи гузаронидани анчумани (конференсияи, мачлиси) муассисон,инчунин  дар бораи коидахои асосии Оинномаи хизби сиёси хабар чоп гардидааст, хуччати бонкие,  ки  супоридани  бочи  давлатиро оиди бакайдгирии хизб  тасдик мекунад ва руйхати хазор нафар аъзоёни хизб мувофики банди 3 моддаи 3-юми хамин конун  низ хамрох карда мешаванд. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Ба макоми  бакайдгиранда манъ карда мешавад,  ки аз хизб пешниход кардани дигар хуччатхоеро,  ки дар кисми дуюми хамин банд зикр нашудааст, талаб намояд.

Макоми бакайдгиранда  хизби сиёсиро дар давоми як мохи  пешниход карда шудани хуччатхо ба кайди давлати мегирад.  Вайрон кардани мухлати нишон додашуда мумкин нест.

Тагйирот ва иловахое, ки дар Оинномаи хизби сиёси дохил карда мешаванд,  бояд  аз  тарафи худи хамон маком ва дар худи хамон мухлатхои бакайдгирии давлатии худи хизб ба кайди давлати гирифта шаванд.

Барои ба  кайдгирии  давлатии хизби сиёси, тагйирот ва иловахое,ки ба оинномаи вай дохил карда мешаванд, тибки тартиб ва андозахое, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда  мешаванд,  бочи  бакайдгири ситонда мешавад.

Хуччате, ки вокеияти бакайдгирии давлатии хизби сиёси, инчунин ба фехристи давлатии иттиходияхои чамъияти дохил намудани онро тасдик менамояд, шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии он мебошад.

Аз хизби сиёси талаб кардани кадом як хуччатхои дигаре,ки вокеияти бакайдгирии давлатии онро тасдик менамоянд, манъ аст.

Хизби сиёси аз рузи бакайдгирии давлатии он хукуки шахси хукукиро пайдо мекунад.

 

Моддаи 8. Сохторхои  хизби сиёси

 

Сохторхои махаллии хизби сиёси тибки тартибе, ки Оинномаи хизби сиёси мукаррар менамояд, таъсис дода мешаванд.

Макоми рохбарикунандаи хизби сиёси баъди таъсиси сохтори хизб дар нохия, шахр ва вилоятхо макомоти  хокимияти махаллиро ба таври хатти хабардор  менамояд.

Сохторхои махаллии хизби сиёси дар нохия, шахр ва вилоятхо хар сол то 20 март ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба идомаи фаъолияти худ, сурога, рохбари сохтор ва шумораи аъзои хизб дар махал маълумот пешниход менамоянд. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 9. Асосхо барои рад кардани бакайдгирии давлатии хизби сиёси

 

Бакайдгирии давлатии хизби сиёси дар асосхои зайл мумкин рад карда шавад:

– агар  мукаррароти  оинномаи вай ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон,  хамин Конун ва конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф бошад;

– агар  оинномаи  хизб ба талабхои моддаи 6 хамин Конун мувофикат накунад;

– агар талабхои кисми дуюми моддаи 3 ва кисми панчуми моддаи 7 хамин Конун ичро карда нашуда бошанд;

– агар бо худи хамин унвон ва ё бо худи хамин рамз оинномаи хизби дигар пештар ба кайд гирифта шуда бошад;

– агар сурогаи хукукии макоми рохбарикунандаи хизб берун аз худуди Чумхурии Точикистон бошад.

Раддияи асосноки  бакайдгирии Оинномаи хизби сиёси дар шакли хатти дода мешавад ва аз  он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

БОБИ 3.

ХУКУКИ  ХИЗБХОИ СИЁСИ ВА ШАКЛХОИ НАЗОРАТ   БА   ФАЪОЛИЯТИ  ОНХО

 

Моддаи 10. Хукук ва ухдадорихои хизбхои сиёси

(КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Хар хизб бо тартиби пешбиникардаи конун хукук дорад: (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– номзадхоро ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон ва ба макомоти интихобии хокимияти давлати пешбари намояд;

– дар тайёри ва гузаронидани раъйпурсихо ва  интихоботи  макомоти хокимияти давлати  иштирок намояд;

– дар гуруххои доими ё муваккатии вакилон муттахид шавад ва дар макомоти намояндаги дигар иттиходияхо барпо намояд;

– маълумотро дар бораи фаъолияти худ ба таври шифохи, хатти ва дар шаклхои дигар озодона интишор намояд, максад ва вазифахои худро таргибу ташвик кунад, хуччатхои барномавии худро дошта бошад;

– нашриётхо ва васоити ахбори оммавии худро таъсис дихад; (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– аз васоити давлатии ахбори омма, аз он чумла матбуот, радио ва телевизион истифода намояд; (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– мачлисхо, митингхо, намоишхо ва дигар чорабинихои оммавиро мувофики конунхои чории  Чумхурии Точикистон гузаронад;

– бо хизбхои сиёси ва иттиходияхои сиёсии хоричи робита ва алокахои байналхалки мукаррар намояд ва онхоро дастгири кунад;

– ба иттифокхои байналхалки ва ассосиатсияхо дохил шавад;

– мувофики  максад ва вазифахои оинномавии худ шуъбахо ва намояндагихо ташкил намояд;

– мувофики конунхои  Чумхурии Точикистон ва  Оинномаи  худ  фаъолияти  хочаги,  молияви  ва  дигар фаъолиятро ба амал барорад;

– бо дигар хизбхои сиёси ва иттиходияхои чамъиятии Чумхурии Точикистон иттифок бандад, муносибатхои шартномави баркарор кунад;

– дар ташкилотхои карзии Чумхурии Точикистон суратхисобхо кушояд; (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– хизбхои сиёси хар сол ба Вазорати адлия дар бораи давом додани фаъолият ва кароргохи худ  ахборот пешниход менамоянд.

Хизби сиёси бо тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ухдадор аст:

– талаботи Конститутсияи(Сарконуни) Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистонро риоя намояд;

– хар сол то 20 март ба макоми бакайдгиранда оид ба фаъолияти худ аз руи шакл ва тартиби мукаррарнамудаи Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон маълумот пешниход намояд;

– ба макомоти андоз бо тартиби мукарраргардида хисобот пешниход намояд.

(КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 11. Амволи хизби сиёси

 

Амволи зерин моликияти хизби сиёси шуда метавонанд:  бинохо  ва иншоотхо,  фонди манзил, тачхизот ва асбобу анчом, матбаа, маблагхо  ва инчунин дигар амволе, ки барои таъмини фаъолияти вай зарур буда,  онро оинномахо ва конунхои Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд.

Амволи хизби  сиёси  факат  барои ба амал баровардани максад ва вазифахои хизб истифода мешавад.

Хизби сиёси хар сол дар бораи вазъияти моддии хизб маълумот чоп мекунад.

 

Моддаи 12. Маблагхои  хизби сиёси

 

Маблагхои  хизби сиёси аз инхо ба вучуд меоянд:

– хакки дохилшави ва хакки узвият, агар онхоро оинномаи хизб пешбини карда бошад;

– хайрияхои ихтиёри;

– мадохил аз гузаронидани лексияхо,  намоишгоххо ва дигар чорабинихо (мувофики оинномахо);

– даромад аз фаъолияти ношири ва дигар фаъолияте, ки ба максад ва вазифахои оинномави мувофик аст;

– дигар воридоте, ки конунхо манъ накардаанд.

 

Моддаи 13. Кумаки модди барои эхтиёчоти хизби сиёси

(КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Хизби сиёси хукук дорад дар шакли амвол ва маблаг аз шахси вокеи, корхона ва ташкилотхо, иттиходияхои чамъияти, бунёдхо ва дигар шахси хукукии гайридавлати кумаки модди кабул намояд, агар ин кумаки модди бо хуччат тасдик ва манбаи он нишон дода шуда бошад. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Кумаки модди аз корхонаю ташкилотхои зайл манъ аст: (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– ташкилотхои хайрия ва дини;

– корхонаю ташкилотхои давлати, инчунин корхонаю ташкилотхое, ки дар онхо давлат сахм дорад;

– давлат, шахрвандон, корхонахо ва ташкилотхои хоричи, инчунин корхонахое, ки дар онхо кишвархои хоричи сахм дорад;

шахси беном; (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– ташкилотхои тичоратие, ки камтар аз як сол фаъолияти молияви доранд; (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– хизбхои сиёсие, ки бо хизби кумаки молияви расондашаванда муттахид нестанд. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Кумаки модди ба хизбхои сиёси дар шакли маблаг бо рохи ба суратхисоби хизби сиёси гузаронидани он амали карда мешавад. Дар сурати аз шахсони вокеи ва хукуки ворид гардидани маблаги накд, бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон, он пас аз тахияи хатмии хуччатхои расми ба суратхисоби хизби сиёси гузаронида мешавад.

Дар хуччати пардохт ё интиколи маблаг маълумот дар бораи шахси хукуки, раками мушаххаси андозсупоранда, ном ва реквизитхои бонкии шахси хукуки нишон дода мешаванд.

Шахрванди Чумхурии Точикистон хукук дорад кумаки моддиро дар шакли маблаг аз хисоби маблагхои худи ба суратхисоби хизби сиёси ё бевосита ба хисобдории макомоти нохияви, шахри, вилояти ва марказии хизби сиёси гузаронад.Хангоми гузаронидани маблаг хуччати тасдиккунандаи шахсияти шахрванди Чумхурии Точикистон ва пардохти андозхо дар се мохи охир пешниход карда шуда, дар хуччати пардохт ё интиколи маблаг насаб, ном, номи падар ва раками мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешаванд.

Маблаги умумии кумаки моддии харсолаи як шахси вокеи ба хизбхои сиёси аз 300 (сесад) нишондиханда барои хисобхо аз як шахси хукуки аз 1500 (як хазору панчсад) нишондиханда барои хисобхо зиёд буда наметавонад.

Кумаки моддие, ки аз чониби субъектхои дар кисми дуюми хамин модда пешбинигардида ба хизби сиёси расонида шудааст, хамчунин маблаги харсолаи зиёда аз меъёри дар кисми шашуми хамин модда нишондодашуда ворид гардидааст, дар мухлати як мох ба пардохткунандаи он баргардонида мешавад. Дар сурати гайриимкон будани баргардонидани маблаги ба суратхисоби хизби сиёси воридшуда, он ба бучети давлати гузаронида (супорида) мешавад.

Истифодаи маблаге, ки бо Конуни мазкур пешбини нашудааст, инчунин интиколи маблагхо ба хизби сиёси тавассути миёнаравхо манъ аст.

Дар мавридхое, ки кумаки модди ё хадя дар шакли молу мулк расонида мешавад, хизби сиёси онро мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон бо вохиди пули нарх гузошта, маълумоти дахлдорро дар хисоботи молиявии хизби сиёси ворид месозад.

Кабули кумаки моддии шахсони вокеи ва хукуки ба хизбхои сиёси аз чониби макомоти нохияви, шахри, вилояти ва марказии  хизбхои сиёси сурат мегирад.

(КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 14. Фаъолияти хочагии хизби сиёси

 

Хизби сиёси мувофики конунхои Чумхурии Точикистон ва оинномаи худ дар кабули карорхо оид ба масъалахои хочаги,  музди мехнати кормандони хизб, истифодаи захирахои молияви ва модди мустакил мебошад.

Бо максади фарохам овардани шароити молияви ва модди  барои  ба амал баровардани максаду  хукукхои оинномавие, ки моддаи 10 хамин Конун собит намудааст,  хизби сиёси хукук дорад тибки тартиби мукаррар кардаи конунхои Чумхурии Точикистон корхона ва ташкилотхо барпо намояд. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

Хизби сиёси хукук дорад фаъолияти зерини сохибкориро амали кунад:

– фаъолияти иттилооти, рекламави ва нашрияви барои ташвики акидаву гояхо, максадхо, вазифахо ва интишори натичахои фаъолияти худ;

– тайёр кардан ва фуруши махсулоти армугонии дорои нишон ва (ё) номи хизби сиёси;

–  ба ичорадодани молу мулкиманкул (ба истиснои пул ва когазхои киматнок) ва гайриманкули худ.

Хизби сиёси хукук надорад ба фаъолияти сохибкорие, ки дар кисми сеюми моддаи мазкур нишон дода нашудааст, машгул шавад.

(КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 15. Дастгирии хизби сиёси аз чониби давлат

 

Макомоти хокимияти  давлатии Чумхурии Точикистон хизби сиёсиеро, ки ба кайд гирифта шудааст, ба таври зерин дастгири менамоянд:

– таъмини дастрасии баробар ба воситахои давлатии ахбори омма; (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– таъмини имкониятхои баробар барои гузаронидани маъракахои интихоботи.

Дар сурати  боздоштани  фаъолияти  хизб  дар асоси мукаррароти моддаи 21 хамин Конун дастгирии давлат муваккатан катъ карда мешавад.

Дар сурати манъ карда шудани фаъолияти хизби сиёси дастгирии давлати аз рузи эътибор пайдо кардани карори Суди Олии Чумхурии Точикистон дар бораи манъ карда шудани фаъолияти хизб катъ мегардад.

 

Моддаи 16. Назорати фаъолияти молиявии хизби сиёси

 

Макоми рохбарикунандаи хизб ухдадор аст хисоботи молиявиро дар бораи манбаъхо, андоза ва харочоти маблагхое, ки ба хазинаи хизб дар давоми соли хисоботи ворид гардидаанд, инчунин дар бораи молу мулки хизб бо нишон додани арзиш ва маълумоти бакайдгирии давлатии он ва пардохти андозхо дар воситахои ахбори омма интишор намояд.

Санчиши хисоботи молиявии хизби сиёси, маълумот дар бораи даромад ва харочоти воситахои хизбхои сиёси, риояи коидахои конунигардонии дороихои молумулки аз чониби макоми дахлдори давлати амали мегардад.

Маълумот дар бораи натичахои санчиши хисоботи молиявии хизбхои сиёси ба иттилои хизбхои сиёсии дахлдор расонида шуда, хар сол дар воситахои ахбори омма, инчунин ба таври илова як мох пеш аз маъракаи интихоботи чоп карда мешавад.

(КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

БОБИ 4.

ИШТИРОКИ ХИЗБИ СИЁСИ ДАР ИНТИХОБОТ

 

Моддаи 17. Шаклхои иштироки хизб дар интихобот

 

Хизб дар интихобот ба таври зайл иштирок менамояд:

– мустакил;

– бо дигар хизби сиёси мувофикатномаи пеш аз интихоботи мебандад;

–  бо дигар хизбхои сиёси ба иттифокхои интихоботи дохил  мегардад.

Хизб тибки конунгузори дар бораи интихобот хукук дорад: (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

– мустакилона ва ё аз номи иттифокхои интихоботи номзадхо  пешбари намояд;

– бо  риояи шартхои баробар ташвикоти пеш аз интихоботи барад;

– ба рафти интихобот назорат кунад ва бо тартиби мукарраркардашуда натичахои онхоро муайян намояд;

– дар комиссияхои интихоботи метавонад намояндаги кунад;

– ба  воситахои  давлатии  ахбори умум  ва инчунин ба воситахои ахбори омма бо иштироки давлат  баробар дастрас бошад. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 18. Иштироки хизби сиёси дар иттифокхои интихоботи

 

Баъди ба кайд гирифтани иттифокхои интихоботи аз тарафи комиссияхои дахлдори интихоботи хизбе, ки номзадхои худро тибки руйхати иттифоки интихоботи пешбари мекунад, хукук надорад номзадхои худро мустакилона ва ё тибки руйхати дигар иттифоки интихоботи дар хамон сатх пешбари намояд, агар дар шартнома шарти дигаре пешбини карда нашуда бошад. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 19. Гуруххои хизби дар макомоти намояндаги

 

Гуруххои хизби дар макомоти намояндаги мувофики асноди меъёрие, ки тартиби  фаъолияти ин макомотро муайян менамоянд,  ташкил меёбанд ва амал мекунанд.

 

БОБИ 5.

БОЗДОШТАН, КАТЪ КАРДАН ВА МАНЪ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ХИЗБИ СИЁСИ

 

Моддаи 20. Боздоштани фаъолияти хизби сиёси

 

Дар сурати аз тарафи хизби сиёси вайрон карда шудани Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхои конститутсионии Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон ва инчунин гирифтани кумаки иктисодию сиёси аз кишвархои хоричи, Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон огохинома ва ё Прокурори генералии Чумхурии Точикистон дар бораи катъ намудани фаъолияти гайриконуни амрномаи хатти мебарорад. Агар хизб дар мухлати дах руз талабхоро дар бораи катъ намудани фаъолияти гайриконуни ичро накунад, фаъолияти вай мумкин аст бо карори Суди Олии Чумхурии Точикистон ба мухлати то шаш мох боздошта шавад. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 21. Окибатхои боздошта шудани фаъолияти хизби сиёси

 

Дар сурати боздошта шудани фаъолияти хизб ба  мухлати  мукарраркардаи моддаи  20 хамин конун хукукаш,  хамчун муассиси васоити ахбори омма боздошташуда,   ба вай манъ карда мешавад,  ки аз  макоми(статуси) шахси хукуки  истифода барад,  митингу намоишхо ва дигар чорабинихои оммави ташкил намояд, дар интихобот иштирок кунад, аз маблагхои бонк истифода барад,  ба истиснои хисобу китоб оид ба фаъолияти хочаги ва шартномахои(карордодхои) мехнати, пардохти товони зарархое, ки аз амалиётхои вай расидааст ва пардохти чаримахо. (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1209)

 

Моддаи 22. Катъ кардани фаъолияти хизби сиёси

 

Фаъолияти хизби сиёси мумкин бо карори Суди Олии Чумхурии Точикистон дар бораи манъи фаъолияти он, инчунин ба тарики аз нав ташкил намудан ва ё бархамдихи катъ карда шавад.

 

Моддаи 23. Асосхои манъ кардани фаъолияти хизби   сиёси

 

Асосхои аз  тарафи Суди Олии Чумхурии Точикистон манъ карда шудани фаъолияти хизби  сиёси чунинанд:

– фаъолияти хизби сиёси,  ки кисми якуми моддаи 4  хамин  конун  манъ кардааст;

– фаъолияти  гайриконунии хизби сиёси баъди бо карори Суди Олии Чумхурии Точикистон мувофики моддаи 20  хамин  конун  манъ  намудани фаъолияти он.

 

Моддаи 24. Карор дар бораи манъ намудани фаъолияти хизби сиёси

 

Дар бораи  манъ намудани фаъолияти хизби сиёси дар асоси карори Суди Олии Чумхурии Точикистон ва танхо дар  заминаи  пешбиникардаи моддаи 23 хамин Конун карор кабул кардан мумкин.

 

Моддаи 25. Катъ намудани фаъолияти хизб ба тарики  аз нав ташкилкуни ва ё бархамдихи

 

Фаъолияти хизби сиёси мумкин бо рохи аз нав ташкилкуни(якчоякуни, хамрохкуни, таксимкуни) ва ё бархамдихи катъ карда шавад. Карорро дар бораи аз нав ташкилкунии  хизб  макоми  олии  рохбарикунандаи хизб кабул менамояд.

Оинномаи хизби сиёсие,  ки баъди аз нав ташкилкуни таъсис  дода шудааст, бо  тартиби  мукараркардаи моддаи 7 хамин Конун ба кайд гирифта мешавад.

Хизби сиёси  мувофики оинномаи он бо рохи худпарокандакуни бархам дода мешавад.

 

Моддаи 26. Окибатхои катъ карда шудани  фаъолияти   хизб

 

Амволи хизби сиёсие,  ки фаъолияти худро катъ кардааст, баъд аз конеъ гардонда шудани даъвохои амволи ба максадхои зерин равона карда мешавад:

– дар  сурати  бархам  дода шудан – ба максадхои пешбиникардаи оинномаи вай;

– дар  сурати манъ карда шудан – аз руи карори Суди Олии Чумхурии Точикистон;

– дар  сурати  азнавташкилкуни – ба моликияти  иттиходияи чамъиятие дода мешавад,  ки вориси хукукии хизби сиёсие мебошад,  ки фаъолияти худро катъ кардааст.

Катъ гардидани фаъолияти хизби сиёси боиси аз фехристи давлатии дахлдори иттиходияхои  чамъияти  хорич намудани хизб,  бекор кардани шаходатномаи бакайдгирии давлатии хизби сиёси ва гум кардани  хукуки шахси хукуки мегардад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                Э.Рахмонов

 

ш.Душанбе, 13 ноябри соли 1998

№ 680

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …