Главная / Чамъият / Хайати суд ва тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз руи эътироз ё шикоят

Хайати суд ва тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз руи эътироз ё шикоят

Моддаи 190-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Хайати суд ва тартиби баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз руи эътироз ё шикоят 

  1. Парванда ба тарики назорати дар коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон дар хайати се нафар судя, дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ва Суди Олии Чумхурии Точикистон дар хайати на камтар аз се ду хиссаи аъзои Раёсат барраси карда мешавад.
  2. Дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба тарики назорати инхо иштирок мекунанд:

– дар Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон – Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ё муовинони у;

– дар коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмурии Суди Олии Чумхурии Точикистон – прокуроре, ки аз чониби Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ваколатдор шудааст;

– дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти ва шахри Душанбе – мувофикан прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ё муовинони онхо.

  1. Суде, ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро ба тарики назорати барраси менамояд, хукук дорад шахси хукуквайронкунии маъмури содиркардаро ба мачлиси суд даъват намояд.
  2. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз лахзаи ба баррасии суди мархилаи назорати супоридан бояд дар мухлати на дертар аз  бист шабонаруз  барраси карда шавад.
  3. Дар мавридхои зарури ба мачлиси суд, ки дар он парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба тарики назорати барраси мегардад, барои додани баёнот шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда, химоятгари у, чабрдида ва намояндаи у, намояндаи шахси хукуки даъват карда мешаванд. Ба шахсони ба мачлиси суд даъватшуда имконияти бо эътироз ва  шикоят шинос шудан дода мешавад.
  4. Дар хусуси парвандаи хукуквайронкунии маъмури раиси суд ё бо супориши у яке аз аъзои Раёсат ё судяе, ки пеш дар баррасии  ин парванда иштирок накардааст, маъруза мекунад. Маърузачи  холатхои парванда, мазмуни таъинот, карор, эътироз ё шикоятро баён мекунад. Ба маърузачи судяхое, ки парвандаро барраси менамоянд, инчунин прокурор саволхо дода метавонанд. Агар дар мачлиси суд шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда, химоятгар ё намояндагони конунии у ва чабрдида иштирок дошта бошанд, онхо баъди маърузаи судя хукуки додани баёноти шифохиро доранд.
  5. Тарафхо баъд аз баромади маърузачи хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назорати шунида, пас аз он толори мачлиси судро тарк мекунанд.
  6. Дар мухокимаи эътироз ё шикоят мувофикан аъзои Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе, Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон, инчунин мувофикан Сарпрокурори харбии Чумхурии Точикистон, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ва муовинони онхо иштирок менамоянд. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон карор мебароранд, ки онхо бо тарафдории аз се ду хиссаи овозхои аъзои раёсат, ки дар мачлиси суд иштирок кардаанд, кабул карда мешаванд. Хангоми баробар будани овозхои тарафдор ва мукобил эътироз ё шикояти дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилояти, шахри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон баррасишуда радкардашуда эътироф мешавад.
  7. Коллегияи суди оид ба парвандахои хукуквайронкунии маъмури дар хонаи машварати карор мебарорад ва он бо аксарияти овозхо кабул карда мешавад.
  8. Кисми хулосавии карори баровардашуда дар мачлиси суд аз чониби раисикунанда ё яке аз судяхо эълон карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …