Главная / Ҷамъият / Ҳайати суд ва тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи эътироз ё шикоят

Ҳайати суд ва тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи эътироз ё шикоят

Моддаи 190-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳайати суд ва тартиби баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи эътироз ё шикоят 

  1. Парванда ба тариқи назоратӣ дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се нафар судя, дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсат баррасӣ карда мешавад.
  2. Дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи назоратӣ инҳо иштирок мекунанд:

– дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ;

– дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – прокуроре, ки аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудааст;

– дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе – мувофиқан прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ё муовинони онҳо.

  1. Суде, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ дорад шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркардаро ба маҷлиси суд даъват намояд.
  2. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз лаҳзаи ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ супоридан бояд дар мӯҳлати на дертар аз  бист шабонарӯз  баррасӣ карда шавад.
  3. Дар мавридҳои зарурӣ ба маҷлиси суд, ки дар он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ мегардад, барои додани баёнот шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, ҳимоятгари ӯ, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, намояндаи шахси ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд. Ба шахсони ба маҷлиси суд даъватшуда имконияти бо эътироз ва  шикоят шинос шудан дода мешавад.
  4. Дар хусуси парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раиси суд ё бо супориши ӯ яке аз аъзои Раёсат ё судяе, ки пеш дар баррасии  ин парванда иштирок накардааст, маърӯза мекунад. Маърӯзачӣ  ҳолатҳои парванда, мазмуни таъинот, қарор, эътироз ё шикоятро баён мекунад. Ба маърӯзачӣ судяҳое, ки парвандаро баррасӣ менамоянд, инчунин прокурор саволҳо дода метавонанд. Агар дар маҷлиси суд шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, ҳимоятгар ё намояндагони қонунии ӯ ва ҷабрдида иштирок дошта бошанд, онҳо баъди маърӯзаи судя ҳуқуқи додани баёноти шифоҳиро доранд.
  5. Тарафҳо баъд аз баромади маърӯзачӣ хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назоратӣ шунида, пас аз он толори маҷлиси судро тарк мекунанд.
  6. Дар муҳокимаи эътироз ё шикоят мувофиқан аъзои Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мувофиқан Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо иштирок менамоянд. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мебароранд, ки онҳо бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои раёсат, ки дар маҷлиси суд иштирок кардаанд, қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳои тарафдор ва муқобил эътироз ё шикояти дар Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда радкардашуда эътироф мешавад.
  7. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар хонаи машваратӣ қарор мебарорад ва он бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад.
  8. Қисми хулосавии қарори баровардашуда дар маҷлиси суд аз ҷониби раисикунанда ё яке аз судяҳо эълон карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …