Главная / Варзиш / Хабиб Нурмухаммедов Магрегерро зада пируз шуд

Хабиб Нурмухаммедов Магрегерро зада пируз шуд

Хабиб Нурмухаммедов пас аз пирузиаш бар варзишкори ирланди Конор Макгрегор дар як нишасти матбуоти рафтору занозании худро шарх доду гуфт, уро Владимир Путин бо занги телефони табрик кард

 Владимир Путин, раисчумхури Русия дар рузи зодрузаш субхи имруз ба Амрико занг зада Хабиб Нурмухаммедовро бо приузиаш бар Конор Макгрегор табрик кардааст.

“Ман фахр мекунам, ки бо Путин акс гирифтам. Владимир Путин ба ман занг зад табрик гуфт. Вай аз пирузии ман ташаккур кард. Ман аз у барои хамин миннатдор хастам”.

Баъди пирузии варзишгари рус дар байни аъзои гурухи харду ракиб чанчолу занозани бархост ва аз ин сабаб мусохиба бо голиби бози ва маросими супурдани камарбанд дар хузури мухлисонро лагв карданд. Харду ракиб баъди хотимаи набард, толорро тарк карданд.

Рохбарияти UFC таъкид намудааст, ки алайхи рафтори Хабиб тафтишот огоз шудааст ва то анчоми он ба тими Хабиб маблаг падохта намешавад.

Вай инчунин таъкид намуд, ки се нафар аз тими Хабибро пулиси Амрико барои занозани дар дохили майдон дастгир намудааст.

Инчунин рохбари UFC Дэйн Уайт, таъкид намудааст, ояндаи Хабиб зери суол аст ва у метавонад камарбанди чемпиониашро аз даст дихад.

“Мо холо хамрох бо коммисия наворхоро тахкик дорем. Иштироки Хабиб дар ракобатхои оянда зери суол аст. У метавонанд аз ин варзиш ронда шавад. Хама бад аст. Холо Комиссия атлетикии Невада тафтишотро огоз кардааст. Тими Хабибро тахримхову чаримахои чидди интизор аст”, гуфт вай.

Ёдрас мешавем, ки Хабиб Нурмухаммедов, варзишкори Русия ба Конор Макгрегор, варзишкори ирланди пируз шуд.

Бози шоми 6 октябр дар Лас-Вегаси Амрико дар хошияи мусобикахои UFC 229 баргузор шуд.

Дар анчом, пирузиро бидуни хузури ду варзишкор эълон намуданд. Хабиб камарбанди кахрамониашро хифз кард.

Хабиб Нурмагомедов барои ин ширкат дар ин мусобика 2 миллион доллар чоиза мегирифт.

 

Инчунин кобед

44-chashma-27

Чилучорчашма – дар нохияи Носири Хусрав

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби мукаддас. Он дар сохили рости дарёи Кофнихон, 12 км …