Главная / Чамъият / ХИКОЯИ МОХИХОР

ХИКОЯИ МОХИХОР

Мохихоре бар лаби обе ватан карда буд ва ба сайди мохи руз мегузаронд. Чун заъфи пири ба у рох ёфт, аз шикори мохи боз монд ва ба доми гам гирифтор шуда бо худ мегуфт:

Дарего кофилаи умр, к-он чунон рафтанд, Ки гардашон ба хавои диёри мо нарасид. Афсус, ки умри азиз ба бозича барбод додам ва чизе, ки дар мавсими пири пои марди тавонам намуд ё дастгири тавон кард, захира наниходам. Имруз куввате намондааст, хамон бехтар аст, ки бинои кор бар хила нихам.

ryb_karp_2_600

 Пас чун андухгин охзанону нолакунон бар канори об нишаст. Харчанге уро аз дур бидид, пештар омад ва гуфт:

– Эй азиз, туро гамнок мебинам, сабаб чист?

Мохихор чавоб дод: -Чи гуна гамнок набошам, ту медони, ки сармояи зиндагии ман он буд, ки хар руз як-ду мохи мегирифтам ва ба он хуроки харрузаам хосил буд. Имруз ду сайёд ин чо мегузаштанд ва мегуфтанд, ки «дар ин обгир мохи бисёр аст, чораи онро дидан лозим аст». Яке гуфт «дар фалон обгир мохи аз ин бештар аст, аввал кори онхоро тамом кунем, пас ба ин чо меоем». Агар хол хамин хел бошад, ман бояд дил аз чони ширин бардошта бар талхии марг нихам.

Харчанг, ки ин хабар шунид, зуд бозгашт ва назди мохиён рафт ва ин хабари шумро ба онхо гуфт. Дар миёни мохиён чушу хуруш афтод, ба иттифоки харчанг руй ба мохихор ниходанд ва гуфтанд:

– Аз ту ба мо ин хабар расиду инони тадбир аз дастамон рабуд:

Чандон ки саропои мухим менигарем,

Паргорсифат зи ачз саргаштатарем.

Холо бо ту машварат мекунем ва ту худ мегуи, ки хастии ояндаи мо ба ту вобастааст. Пас дар ин кори мо чи андеша дори? Мохихор чавоб дод:

– Ман худ ин сухан аз забони сайёдон шунидаам ва бо онхо муковимат кардан фоида надорад. Ба хотири ман хамин хила расид, ки дар ин наздик обгиреро медонам, ки обаш ба хадде мусаффост, ки донаи рег дар каъри у дидан мумкин аст. Бо ин хама хеч кас ба каъри он расида наметавонад ва дидаи доми хеч сайёде ба он обгир наафтодааст:

Обгире ба сони дарёест,

Лек дарёи бесару поест.

 Агар ба он чо кучида тавонед, бакияи умрро дар осоишу рохат ва айшу фарогат хохед гузаронид. Мохиён гуфтанд:

– Фикри хубест, аммо бе ёрии ту мо ба он чо рафта наметавонем. Мохихор чавоб дод:

– Ман хар чи аз куввату кудрат дорам, аз шумо дарег нахохам дошт. Аммо фурсат танг аст, мумкин аст, ки соат ба соат сайёдон биёянд ва фурсат аз даст равад. Мохиён тавалло намуданд ва ба илтимоси бисёр карор ба он афтод, ки мохихор хар руз чанд мохиро бардошта ба он обгир мерасонад.

Пас мохихор хар пагохи чанд мохиро мебурд ва ба болои он пушта, ки дар наздики буд, нишаста мехурд. Вакте ки боз меомад, дар куч-куч таъчил мекарданд ва ба якдигар пешдасти мечустанд. Хар кас, ки ба зорию лобаи душман фирефта шавад ва бар бадгавхарон эътимод раво дорад, сазои у ин аст.

 Чун рузхо бигзашт, харчанг хам ба он обгир рафтани шуд. Мохихорро аз он фикр огохи дод. Мохихор андеша кард, ки «ман аз у душмани сахттар надорам, бехтар он аст, ки уро низ ба пеши ёронаш расонам». Пас пеш омад ва хар чангро ба гардан гирифта руй ба хамон пушта ниход. Харчанг, ки аз дур устухони мохиёнро дид, донист ки хол чист.

Бо худ андешид, ки: хирадманд чун бинад, ки душман касди чони вай дорад, агар фурсатро аз даст дихад, дар хуни худ саъй карда бошад:

 Чу хасм касди ту кард, аз барои дафъи зарар,

Ба чидду чахд бикуш, ар ба акл машхури.

Ки гар мурод ба даст оядат, ба ком раси

В-агар ба хам нарасад, он замон ту маъзури.

Пас, харчанг худро бар гардани мохихор ва халки у фишурдан гирифт. Мохихор пиру заиф буд, аз андак халкфишори бехуш шуда аз хаво дарафтод ва ба хок яксон гашт.

Харчанг аз гарданаш фуруд омад ва сари хеш гирифт ва наздики мохиёни бокимонда омад, онхоро аз сурати хол хабар дод. Дустонаш шод гашта, вафоти мохихорро умре тоза ва хаёте беандоза шумурданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Мохихор аз чи афсус мехурд?
  2. Мохихор ба харчанг кадом макрро накл кард?
  3. Мохиён чи тадбире андешиданд?
  4. Мохихор кадом хиларо пеш гирифт?
  5. Харчанг аз мохихор чи тавр кассос ситонид?
  6. Аз ин хикоя чи хулоса баровардед?

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …