Главная / Ҷамъият / ҲИКОЯИ МОҲИХОР

ҲИКОЯИ МОҲИХОР

Моҳихоре бар лаби обе ватан карда буд ва ба сайди моҳӣ рўз мегузаронд. Чун заъфи пирӣ ба ў роҳ ёфт, аз шикори моҳӣ боз монд ва ба доми ғам гирифтор шуда бо худ мегуфт:

Дареғо қофилаи умр, к-он чунон рафтанд, Ки гардашон ба ҳавои диёри мо нарасид. Афсўс, ки умри азиз ба бозича барбод додам ва чизе, ки дар мавсими пирӣ пои мардӣ тавонам намуд ё дастгирӣ тавон кард, захира наниҳодам. Имрўз қуввате намондааст, ҳамон беҳтар аст, ки бинои кор бар ҳила ниҳам.

ryb_karp_2_600

 Пас чун андўҳгин оҳзанону нолакунон бар канори об нишаст. Харчанге ўро аз дур бидид, пештар омад ва гуфт:

– Эй азиз, туро ғамнок мебинам, сабаб чист?

Моҳихор ҷавоб дод: -Чӣ гуна ғамнок набошам, ту медонӣ, ки сармояи зиндагии ман он буд, ки ҳар рўз як-ду моҳӣ мегирифтам ва ба он хўроки ҳаррўзаам ҳосил буд. Имрўз ду сайёд ин ҷо мегузаштанд ва мегуфтанд, ки «дар ин обгир моҳӣ бисёр аст, чораи онро дидан лозим аст». Яке гуфт «дар фалон обгир моҳӣ аз ин бештар аст, аввал кори онҳоро тамом кунем, пас ба ин ҷо меоем». Агар ҳол ҳамин хел бошад, ман бояд дил аз ҷони ширин бардошта бар талхии марг ниҳам.

Харчанг, ки ин хабар шунид, зуд бозгашт ва назди моҳиён рафт ва ин хабари шумро ба онҳо гуфт. Дар миёни моҳиён ҷўшу хурўш афтод, ба иттифоқи харчанг рўй ба моҳихор ниҳоданд ва гуфтанд:

– Аз ту ба мо ин хабар расиду инони тадбир аз дастамон рабуд:

Чандон ки саропои муҳим менигарем,

Паргорсифат зи аҷз саргаштатарем.

Ҳоло бо ту машварат мекунем ва ту худ мегўӣ, ки ҳастии ояндаи мо ба ту вобастааст. Пас дар ин кори мо чӣ андеша дорӣ? Моҳихор ҷавоб дод:

– Ман худ ин сухан аз забони сайёдон шунидаам ва бо онҳо муқовимат кардан фоида надорад. Ба хотири ман ҳамин ҳила расид, ки дар ин наздик обгиреро медонам, ки обаш ба ҳадде мусаффост, ки донаи рег дар қаъри ў дидан мумкин аст. Бо ин ҳама ҳеч кас ба қаъри он расида наметавонад ва дидаи доми ҳеч сайёде ба он обгир наафтодааст:

Обгире ба сони дарёест,

Лек дарёи бесару поест.

 Агар ба он ҷо кўчида тавонед, бақияи умрро дар осоишу роҳат ва айшу фароғат хоҳед гузаронид. Моҳиён гуфтанд:

– Фикри хубест, аммо бе ёрии ту мо ба он ҷо рафта наметавонем. Моҳихор ҷавоб дод:

– Ман ҳар чӣ аз қуввату қудрат дорам, аз шумо дареғ нахоҳам дошт. Аммо фурсат танг аст, мумкин аст, ки соат ба соат сайёдон биёянд ва фурсат аз даст равад. Моҳиён тавалло намуданд ва ба илтимоси бисёр қарор ба он афтод, ки моҳихор ҳар рўз чанд моҳиро бардошта ба он обгир мерасонад.

Пас моҳихор ҳар пагоҳӣ чанд моҳиро мебурд ва ба болои он пушта, ки дар наздикӣ буд, нишаста мехўрд. Вақте ки боз меомад, дар кўч-кўч таъҷил мекарданд ва ба якдигар пешдастӣ меҷустанд. Ҳар кас, ки ба зорию лобаи душман фирефта шавад ва бар бадгавҳарон эътимод раво дорад, сазои ў ин аст.

 Чун рўзҳо бигзашт, харчанг ҳам ба он обгир рафтанӣ шуд. Моҳихорро аз он фикр огоҳӣ дод. Моҳихор андеша кард, ки «ман аз ў душмани сахттар надорам, беҳтар он аст, ки ўро низ ба пеши ёронаш расонам». Пас пеш омад ва хар чангро ба гардан гирифта рўй ба ҳамон пушта ниҳод. Харчанг, ки аз дур устухони моҳиёнро дид, донист ки ҳол чист.

Бо худ андешид, ки: хирадманд чун бинад, ки душман қасди ҷони вай дорад, агар фурсатро аз даст диҳад, дар хуни худ саъй карда бошад:

 Чу хасм қасди ту кард, аз барои дафъи зарар,

Ба ҷидду чаҳд бикўш, ар ба ақл машҳурӣ.

Ки гар мурод ба даст оядат, ба ком расӣ

В-агар ба ҳам нарасад, он замон ту маъзурӣ.

Пас, харчанг худро бар гардани моҳихор ва ҳалқи ў фишурдан гирифт. Моҳихор пиру заиф буд, аз андак ҳалқфишорӣ беҳуш шуда аз ҳаво дарафтод ва ба хок яксон гашт.

Харчанг аз гарданаш фуруд омад ва сари хеш гирифт ва наздики моҳиёни боқимонда омад, онҳоро аз сурати ҳол хабар дод. Дўстонаш шод гашта, вафоти моҳихорро умре тоза ва ҳаёте беандоза шумурданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Моҳихор аз чӣ афсўс мехўрд?
  2. Моҳихор ба харчанг кадом макрро нақл кард?
  3. Моҳиён чӣ тадбире андешиданд?
  4. Моҳихор кадом ҳиларо пеш гирифт?
  5. Харчанг аз моҳихор чӣ тавр қассос ситонид?
  6. Аз ин ҳикоя чӣ хулоса баровардед?

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …