Главная / Илм / Гандум дар Канзи Шифо (Китоб)

Гандум дар Канзи Шифо (Китоб)

gandum-660x330Ин растании зироати ба хама маълум аст. Дар тиб аксар дони он истеъмол мешавад. Бехтарини он гандуми нави пурраи сафеди моил ба зардии он аст ва баъд аз он сафедаш мебошад. Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва дар хушкиву тари муътадил аст, вале гандуми нави хушкнашудаи он, яъне дулмули он дар дарачаи якум тар аст.

Хислатхои шифобахши он: ин бехтарини хурокхо мебошад, гизоияташ бисёр, баданро фарбех мегардонад, вале ба касоне, ки дар рагхо ва узвхои дохилиашон гиреххо пайдо шуда бошанд, зарарнок аст, инчунин ба занони хомила хам зиён дорад. Гандуми пухтаги дерхазм ва пайдокунандаи бод аст ва барои осон кардани хазмаш бояд бо ширинихо бихуранд. Агар аз болои гандуми хом ва норасида об биёшоманд, иллати кулинчи бодиро пайдо мекунад.

Гандумро хоида гузошта банданд, пучак ва чиртакхоро мепазонад, зеро ин хислати гарм кардани пустро дорад. Инчунин гандуми бирёнкарда хам дерхазм ва бодангез мебошад. Гандумро сухта, ос карда, бо муми занбури асал ва равган сиришта гузошта банданд, рухсораро пок мекунад.

Бо орди сафеди гандум, ки он андак сабус дошта ва хамираш хеста бошад, нон аз он бипазанду бихуранд, сергизо мешавад, баданро фарбех мекунад, куввати бох мебахшад. Нони фатир ё ордаш бисёр махин ва дар он мутлакан сабус набошад ва хамчунин гандумаш шустаги бошад, нон пухта бихуранд, ба душвори хазм мегардад, дарунро сахт мекунад, дар узвхои бадан гирех пайдо менамояд. Дар ин холат набот, анчир ва мевахои гуногуни пухтаги истеъмол намоянд, зарари мазкураш ислох меёбад.

Агар орди гандумро бо шакар ва бодом пухта лесида бихуранд, сурфа, хун кай кардан, дарди узвхои даруни сина ва гурдаро шифо мебахшад, баданро фарбех мекунад, бохро кувват медихад. Аз орди гандум бо об ва наъноъ ва равгани тоза нишоиста (крахмал) пухта бихуранд, дагали ва дуруштии узвхои даруни синаро ислох мекунад.

Орди гандумро бо об ва равгани зайтун пухта гузошта банданд, варамхои гармро тахлил медихад ва агар бо оби пиёз пухта гузошта банданд, варамхои хунукро мегардонад, пучакхоро мепазонад; бо оби кашниз пухта гузошта банданд, варамхои гарм, ханозер ва гадудхоро тахлил медихад. Орди гандумро бо сиканчабин хамир карда бимоланд, рихинакхои чехраро дафъ мекунад; бо оби гиёхи банг (кирмрезонак) хамир карда бимоланд, рехтани моддахои нодаркор ва зарарнокро ба асабхо манъ мекунад, пурбодшавии рудахоро бар хам медихад.

Орди гандуми сурхро бо шароб ё бо сирко хамир сохта бимоланд, зиёни захри чонваронро мешиканад. Орди гандумро ба мавзеъи газидагии саги девона бипошанд ва аз болои он барги беданчир банданд, таъсираш пуркувват мешавад. Агар хамири орди гандумро ба чойи газидаи саг чанд соат бибанданд ва баъд онро гирифта, назди саг партоянд, агар саг онро нахурад,  маълум мешавад, ки саги газида девона будааст.

Нишоистаи орди гандумро бо арпабодиён хамир карда бихуранд, шири занонро зиёда мегардонад. Аз гандум равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Даруни колбаро то гулугохаш аз гамдум пур менамоянд. Дар гулуи колба лиф чо мекунанд. Баъд ба колба аз ру гили бута ё гили хикмат мемоланд. Табаки фулузиро аз миёнаш, барои чо гиронидани гулуи колба сурох мекунанду колбаро сарозер ба он сурох мегузоранд. Табакро дар болои ду хишти пухта чо дода, ба поён зарферо мемонанд. Баъд ангишт ба атроф ва болои колба рехта, онро оташ медиханд. Аз таъсири тафси оташ равган аз гандум чудо шуда, дар лиф софшавон поин мечакад. Ин равганро бимоланд, ширинча ва шукуфаи пуст, догхои кунчидак ва сабусаки сарро дафъ мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …