ГУРуХХОИ ХУН [Typi (gruppae) sanguinis], аломатхои ирсии хун, ки бо мачмуи моддахои махсуси фарди муайян гардида, антиген ё изоантиген ном гирифтаанд. Дар асоси ин аломатхо хуни тамоми одамон, сарфи назар аз нажод, синну сол ва чинс ба гуруххо чудо карда мешавад. Мансубияти одам ба ин ё он Г. х. хусусияти фардии биологии у буда, ташаккули он хануз аз давраи аввали инкишофи батни сар мешавад ва дар тули тамоми хаёти минбаъда бетагйир мемонад.
Алалхусус изоантигенхои эритросит (хучайрахои сурхи хун) – изоантигенхои А ва изоантигенхои В, инчунин дар зардоби хуни баъзе одамон бар зидди онхо мавчуд будани изоантичисмхо – изоантичисми α (алфа) ва изоантичисми β (бетта) ахамияти амали доранд. Дар хуни одам якчоягии факат изоантигенхо ва изоантичисмхои хархела (мас., А + β ва В + α) мумкин аст, чунки дар мавриди якчоя будани изоантиген ва изоантичисмхои якхела (мас., А ва α) эритроситхо ба хамдигар часпида, лундачахое хосил мекунанд, ки дар натича одам мемирад. Аз руи дар таркиби хун вучуд доштан ё надоштани изоантигенхои А ва В, инчунин изоантичисмхои α ва β хунро ба 4 гурух чудо ва бо рамзхои харфи ва раками ифода менамоянд: Оαβ (I) – гурухи хуне, ки факат изоантичисмхои α, β дорад; Аβ (II) – гурухи хуне, ки изоантигени А ва изоантичисмхои β дорад; Вα (III) – гурухи хуне, ки изоантигени В ва изоантичисми α дорад; АВО (IV) – гурухи хуне, ки факат изоантигени А ва В дорад. Бинобар ин дар аснои аз як шахс ба шахси дигар гузаронидани хун хаминро ба назар гирифтан зарур аст, ки дар хуни донор бар зидди изоантигенхои хуни бемор изоантичисм набошад. Гузаронидани хуни яке ба дигаре дар сурати як хел будани гурухи хуни харду айни муддаост.
Таълимот доир ба Г. х. охири а. 19 ба вучуд омад. Он яке аз кисматхои мухими иммунологияи умуми ва асоси хунгузарони барин усули мухими табобатро ташкил медихад. Таълимот оид ба Г. х. дар чаррохи, акушери ва гинекология, тибби суди, инчунин дар антропология ва генетикаи одам амалан татбик ёфт. Донистани хусусиятхои изоантигении организми одам хангоми пайванди узвхо ва бофтахо зарур аст.
Омузиши Г. х. гуногунии изоантигени А-ро ошкор намуд. Аз ин ру, зергурухи А1 (дар 88% одамон) ва зергурухи А2 (дар 12% одамон)-ро фарк мекардаги шуданд. Дар шароити имруза имконияти фарк кардани навъхои бо душвори зохаршавандаи эритроситхои А3, А4, А5, Аz ва г. ба вучуд омад. Бо вучуди он ки изоантигени В баръакси изоантигени А хеле якранг аст, навъхои кам дучорояндаи ин антиген низ маълум карда шудаанд (В3, Вw, Вх ва г.).
Гайр аз изоантигенхои А ва В дар эритроситхои баъзе одамон антигенхои махсуси Н ва О мавчуданд. Чунончи ин антигенхо дар эритроситхои одамони гурухи хунашон Оαβ (I) хамеша вучуд доранд. Антигени Н чун изоантигенхои А ва В дар моеъхои биологии шахсоне, ки бо тарашшухот кобилияти чудо кардани изоантигенхоро доранд, дучор меояд; антигени О бошад, бо тарашшухот чудо намешавад ва масъалаи мавчудияти чудогонаи он низ пурра хал нагардидааст.
Изоантигенхо дар эритроситхо аз мохи дуюми хаёти батни пайдо мешаванд. Микдори изоантигенхои эритроситхо такрибан дар синни 3-солаги ба дарачаи баланд мерасад ва дар пиронсоли кам хохад шуд. Хаминаш чолиби диккат аст, ки мачмуи изоантигенхои хуни одам, ки фардияти хоси уро муайян мекунанд, дар тули тамоми хаёт сарфи назар аз беморихо ва ба организм таъсир расондани омилхои физикию химияви тагйир намеёбад. Дар давоми хаёти одам метавонад факат таркиби микдории изоантичисмхо тагйир ёбад, аммо сифатан онхо бетагйир мемонанд. Изоантичисмхо бар зидди антигенхои системаи АВО дар моххои аввали баъди тавлиди кудак пайдо мешаванд. Дар синни 5 – 10-солаги микдори онхо ба дарачаи баландтарин мерасад ва солхои зиёд хамин тавр боки мемонад; танхо дар давраи пиронсоли изоантичисмхо тадричан кам мешаванд. Дар баробари изоантичисмхое, ки дар одамон мувофики меъёр вучуд доранд, дар хун изоантичисмхои дигаре низ вомехуранд, ки онхо дар натичаи ба организм ворид гардидани антигенхои аз чихати гурух номувофик хосил мешаванд: мас., хангоми гузаронидани хуни гурухаш номувофик (хох таркибан пурра бошад, хох чузъхои алохидаи он – эритроситхо, лейкоситхо, плазма) ё дар сурати гузаронидани моддахои аз хайвонот хосилшуда, ки ба антигенхои гурухи А ва В-и одам мушобеханд; дар давраи хомилаги дар сурате, ки хуни кудак ба гурухи хуни модараш мувофик нест; дар мавридхои бо максади муоличаю пешгирии беморихо истифода бурдани баъзе зардобу ваксинахо ва г. Дар баъзе хелхои бактерияхо моддахои мушобехи изоантигенхо дучор меоянд, пас ин кабил бактерияхои бемориовар метавонанд боиси хосил гардидани античисмхои масунияти бар зидди эритроситхои гурухи А ва В шаванд. Ба назар гирифтани мавчудияти античисмхои зиёди масунияти дар хуни одамони гурухи Оαβ (I) ахамияти калони амали дорад, зеро гузаронидани хуни чунин донорхо барои бемор метавонад боиси орзаи вазнин гардад. Хуни чунин донорхо бояд факат ба беморони гурухи хунашон якхела гузаронда шавад.
Аз руи ахамият дар тибби амали баъди изоантигенхои системаи АВО Г. х.-и системаи Rh (Rhesus – резус) дар чои дуюм меистад. Он яке аз мураккабтарин системахои хун буда, зиёда аз 20 изоантигенро дарбар мегирад. Изоантигенхои системаи Rh-ро с. 1940 К. Ландштейнер ва А. Винер бо ёрии эритроситхое, ки аз маймунхои макак-резус гирифта шудаанд, кашф карданд. Мукаррар шудааст, ки дар 85%-и одамон эритроситхо резус-омил (Rh – омил) дошта, дар 15%-и дигар онро надоранд. Мувофикан, аз руи будан ё набудани Rh – омил одамонро ба ду гурух чудо мекунанд: резус-мусбат ва резус-манфи. Дар организми модаре, ки хуни у Rh – омил надорад, зери таъсири антигени чанин, ки аз резус-мусбати падар гузаштааст, бар зидди ин антиген античисм хосил мешавад; он ба эритроситхои чанин таъсир расонда, боиси гемолиз (вайроншави)-и онхо мегардад. Хамин тавр, резус-зиддият ба вучуд меояд, ки ба сифати бемории хун зохир дошта, окибатхои марговар дорад. Агар ба шахси хунаш резус-манфи такроран хуни резус-мусбат гузаронида шавад, резус-зиддият ба вучуд меояд.
Гайр аз изоантигенхое, ки дар эритроситхо чой доранд, дар дигар унсурхои таркибии хун низ изоантигенхо вомехуранд ва онхо факат ба хамин таркибхои хун хосанд. Хамин тавр, мавчудияти гурухи лейкоситари мукаррар карда шуд, ки зиёда аз 40 антигени лейкоситхоро дарбар мегирад.
Инчунин гурухи сафедахои зардоб вучуд дорад, ки онхо ба иммуноглобулин, албумин, посталбумин, α-, β-, γ-глобулинхо ва липопротеидхо чудо мешаванд.
Изоантигенхое, ки ба диг. системахои хуни одам мансубанд, нисбат ба системаи АВО ва Rh амалан ахамияти кам доранд, аммо барои тибби суди, генетика, антропология мухиманд.
Аломатхои гурухии хун бо омилхои ирси муайян карда мешаванд, яъне хусусияти антигении хуни кудакон катъиян ба мансубияти гурухии хуни волидон вобаста аст. Ин имкон медихад, ки дар амалияи суди масъалахои мураккаби бахснок (мас., падари) хал карда шаванд: 1) мард дар сурате падар хисоб карда намешавад, ки агар дар хуни у ва модари тифл антигенхое, ки кудак дорад, мавчуд набошанд, зеро антигенхои падару модар надоштаро бояд кудак низ надошта бошад; 2) мард инчунин дар хамон сурат падар дониста намешавад, ки агар кудак антигени «падараш»-ро надошта бошад, мас., марди гурухи хунаш АВ (IV) ба кудаки гурухи хунаш O (I) падар шуда наметавонад.
Г. х.-ро тавассути ошкор намудани изоантигенхои таркиби эритроситхо бо ёрии зардобхои стандарти (меъёри) муайян мекунанд. Махсусан ошкор намудани Г. х.-и системаи АВО ахамияти калони амали дорад, хол он ки нафакат изоантигенхои эритроситхо, балки бо ёрии эритроситхои стандарти изоантичисмхои зардоб низ мукаррар карда мешаванд. Муайян намудани Г. х.-и системаи АВО бо ёрии реаксияи агглютинатсия (пайвастшавии эритроситхо бо изоантичисмхои зардобии мувофик) дар харорати хона дар лавхачаи сафеди болояш тар гузаронида мешавад. Натичаи нихоии реаксия баробари пайдо шудани доначахои сурх, ки аз эритроситхои пайваст иборатанд (реаксияи мусбат), ё аз руи бетагйир мондани он (реаксияи манфи) маълум мегардад. Барои ба хато рох надодан, реаксияро бо ду намуна (аз ду серияи гуногун)-и зардоби стандартии хар кадом гурух мемонанд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …