Главная / Илм / ГУРГ дар Канзи Шифо (Китоб)

ГУРГ дар Канзи Шифо (Китоб)

gurg-haivon-660x330Ин хайвони вахшии маълум аст, ду навъ мебошад: навъе бисёр далер, чонварони вахширо дошта мехурад, инчунин аз хурдани чорпоёни мардум хам сар намепечад; навъи дигаре гурги дулта ном дорад, ки ин намудаш чонварони мурда ва кушташударо туъмаи худ мегардонад. Кисми дувумаш барои даво шоям нест.

Мизочи гург дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: чигарашро бихуранд, барои беморихои чигар багоят фоидабахш аст. Микдори ним грамми онро соида, агар табнок бошад, бо об ва агар таб надошта бошад, бо шароб бихурад, барои истиско (водянка) ва табхои сардмизоч дору мешавад; бо сиканчабин (сиркоасал) бихурад, зардпарвинро шифо мебахшад ва бо оби барф биёшомад, барои беморихои сипурз нафъ дорад.

Микдори як бор хурдан аз чигари он дар як руз 0,5 грамм аст. 0,5 грамм захраи онро бо шароби мусаллас ё бо асал биошоманд, таби дуруздармиёни кухна, кулинч ва истискоро дафъ месозад. Микдори як нахуди онро бо обе, ки дар он нахуд чушонида шуда бошад, бихуранд, дар бобати кави гардонидани бох (куввати пушти камар) давои бемисл аст ва агар инро молида истанд, низ хамин асарро дорад.

Хох инро бихуранд ва хох бимоланд, дар бобати дафъ кардани чингакшавии узвхо, саръ (припадка), кузоз (сголбняк), кашида шудани асаб, хусусан, ки аз сарди бошад, давои ачибест. Агар инро ос карда, дар бини бирезанд, назлахои шадидро дафъ мекунад; бо оби лаблабу даромехта дар бини бирезанд, сурхии чашмро хамон дам ба ислох меоварад; бо сиканчабин даромехта, дар бини андозанд, саръро ба ибро меоварад.

Захраи хушкашро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, торикии чашм, фуромадани об дар гавхарак ва пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик мегардонад, дар як руз шифо мебахшад. Инро бо гиёхи испарак якчо куфта, гузошта банданд, доги сафеди пуст ва песро дафъ мекунад; бо оби пиёз ё оби барги лаблабу даромехта банданд, иллати пустпартоиро ба ибро меоварад, гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва ришро меруёнад; барои дарди бугумхо дору мешавад.

Мегуянд, ки чун захраи онро ба закар (кер) молида, бо зан мучомаат кунанд, марди дигар ба он зан кодир намегардад. Агар ин захраро занхо аэ таг (кус) бардоранд, хомила шуданро манъ мекунад.  Дандони озахи онро хушк карда, куфта, ним грамми онро бо шири навдушида бихуранд, барои таби дуруздармиён ва беморихои шуш багоят доруи хуб мебошад.

Чарбиашро бимоланд ё гузошта банданд, муйи гирдак-гирдак рехтаи сар ва ришро меруёнад; варамхои кухнаро мегардонад.

Магзи сарашро ба микдори 0,19 грамм бо шири навдушида бихуранд, саръро манъ месозад. Инро дар оби судоб ва равгани зайтун гудохта, бар бадан бимоланд, хамаи беморихои аз хунуки ба амаломадаи беруни бадан ва дохили онро шифо мебахшад.

Муяшро сухта дуд кунанд, чонварони зиёнкор аз он чо мегурезанд. Агар инро дар навшодир малул карда бимоланд, варами чигарро тахлил медихад ва дигар ранчхои чигарро дафъ мекунад. Устухони соки пояшро бо закари он якчо сухта, куфта, гузошта банданд, барои бавосир дору мебошад.

Чун думи гургро дар зироат, алафзор ва чарогохи гов биёвезанд, харчанд ки гов гурусна бошад, аз он чо алаф намехурад, хатто ба он майдон дохил намегардад. Агар пешоб ё хуни онро занхо бихуранд, хомила шудани онхоро катъ мегардонад. Агар инро аз таг бардоранд хам, хамин асарро дорад.

Хояашро бирён карда бихуранд, куввати бохро афзун мегардонад. Чун хояи рости онро куфта, бо равгани зайтун бирён карда, ба порчаи пашмин олуда, зан ба худ бардорад, шахваташ нест мегардад.

Арасту фармудааст, ки 4,5 грамм аз хояи хушки он бо оби индов биёшоманд, дарди узвхои даруни сина, дарди пахлу ва бо кокути бихуранд, дарди тихигох (холияки пахлу)-ро дафъ мекунад. Агар зан бар болои пешоби он бишошад, харгиз хомила намешавад.

Мизочи саргинаш бисёр гарм ва башиддат тахдилдиханда аст. Бехтарин саргинаш он аст, ки гург устухон хурда бошад. Аломати он бисёр сафед будани саргин аст, ки шахшул мебошад. 4,5 грамми инро бо оби гарм ё бо шароби сафед ва ё бардавом бо мурч ва намак бихуранд, иллати кулинчро ба зуди шифо мебахшад.

Саргинашро бо асал даромехта, дар об хал карда, бо ин таркиб гаргара кунанд, дарди гулуи балгамиро шифо мебахшад. Агар инро сухта дуд кунанд, ба он мавзеъ мушон чамъ мешаванд. Устухони бучулаки пои онро ба зону бибанданд, дарди зонуро, ки сабабаш чамъ шудани бод дар он чо бошад, инчунин аз захмати харакат ва нотавон гаштан аз бисёр рафтан бошад, дафъ менамояд. Бар пусти он бихобанд, кулинчро (колитро) дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …