Главная / Илм / ГУЛуЗИНДОНАК

ГУЛуЗИНДОНАК

guluzindonakГУЛуЗИНДОНАК (Diphtheria), бодзахра, бугма, хурусак, дифтерия, бемории бисёр шадид, ки асосан дар халк ва гулу пайдо мешавад. Ангезандаи Г. каламчабактерияи Лёффлер (Corinebacterium diphtheriae) аст; дарозиаш 2 – 7 мкм. Бактерияи бехаракат, спора хосил намекунад, дар андуда (мазок)-хо чуфт-чуфт чой мегирад (ба шакли раками V). Он дар маводи (мухити) зардоби ва агари хун, маводи Ру ва Лёффлер месабзад. Барои рушди ангезанда хусусан мухити Клауберг мувофик аст (агари хун бо иловаи намакхои теллур). Микробхои Г. ду навъ – захрогин ва безахр мешаванд. Г.-ро факат штаммхои захрогини коринебактерияхо ба вучуд меоранд. Онхо экзотоксин хосил мекунанд.
Дарачаи захрогинии микробхои Г. гуногун аст. Вохиди ченаки кувваи захр вояи акаллии марговар Dosis letalis minima (DLM), яъне он микдори камтарини захр, ки хукчаи бахрии вазнаш 250 граммро дар тули 3 – 4 шаборуз мекушад, ба шумор меравад.
Ангезандаи Г. гайр аз экзотоксин дермонекротоксин, гемолизин, нейраминидаза ва гиалуронидаза низ хосил мекунад. Коринебактерияхои Г. ба таъсири хунуки пурбардошт буда, дар руи чизхои хушк муддати мадид махфуз мемонанд. Онхо зери таъсири нами ва рушнои зуд бефаъолият мегарданд. Дар мавриди истифодаи махлули гандзудо баъди 1 – 2 дакика, хангоми чушондан, хамон лахза махв мешаванд.
Манбаи сироят бемор ё хомили ангезаи захрогин аст. Бемор барои дигарон аз лахзаи охирини давраи инкубатсия то пурра аз ангезахо озод шудани организм, сироятангез мебошад. Ашхоси хомили бактерия барои муассисаву корхонахои серодам, кудакистонхо, мактабхо хавфи чидди доранд. Ангезахои бемори тавассути оби дахону хаво ва хавову чанг интикол меёбанд. Хатто аз бозича, сару либос, чойпуш низ сироят ёфтан мумкин аст. Дарачаи хассоси ба ангезахои Г. аз савияи масуният (иммунитет)-и антитоксини вобаста мебошад. Ангезахо бештар дар халкубини ва рохи болои нафас чой мегиранд.
Даромадгохи ангезахои сироят луобпардаи халк, гулу, бини мебошанд. Микроб дар чои ба организм даромадааш афзоиш карда, экзотоксин хосил менамояд. Экзотоксин боиси некрози пустпарда (эпителий), рукуди хун дар мурагхо ва афзоиши кобилияти интиколии онхо мегардад. Аз рагхо рашха (экссудат)-и моеъ метаровад, ки дорои фибриноген аст. Фибриноген зери таъсири тромбокиназаи бофтаи некрози лахта мебандад ва пардаи фибрини хосил мекунад. Дар луобпардаи халк, трахея, бронххо илтихоб инкишоф меёбад, ки пардаи он ба осони бечо хохад шуд. Дар натича тарашшухи фибринози ба магз андар магзи луобпарда гузашта, ба бофтаи поин пайваст мегардад. Таъсири умумии захр бинобар ба хун хамрох шудану ба силсилаи дилу рагхо, гадуди болои гурда ва гурдахо зиён расондани он падид меояд.
Марг асосан дар натичаи иллати шадиди силсилаи гипофизу – фавкигурдави, миокардити захри (токсики), фалачи мушакхои нафаскаши, буги гаштан фаро мерасад. Баъди аз сар гузарондани маризи масунияти устувор боки мемонад. Пас аз иммунизатсия масуният 3 – 5 сол давом хохад кард. Дар кудакон ва калонсолоне, ки моякуби (прививка) шудаанд, Г. сабук мегузарад. Давраи нихонии Г. аз 2 то 10 руз (бештар 3 – 5 руз) аст.
Г. тадричан огоз меёбад; падидахои захролудии умуми муътадил аст. Аломати асосии он инкибоз (стеноз)-и ханчара мебошад. Чараёни бугма аз 3 давра иборат аст. Давраи аввал (овозвайрони) бо хирригии овоз, сурфаи махсус ва нофорами хуштакдор, дард кардани ханчара сар мешавад. Дар давраи дуюм (инкибози) нафас хирроси шуда, овоз мегирад, хини нафаскаши мушакхои ёвар низ фаъолият мекунанд. Давраи мазкур аз чанд соат то 2 – 3 шаборуз идома меёбад. Дар охири давраи инкибози мархалаи пеш аз буги шудан огоз меёбад, ки далолат ба чаррохи бинмудан аст. Бемор безобита ва дар харос мебошад, дилашро вахм зер мекунад, лабони у кабуд мешаванд, бисёр арак менамояд. Дар сурати табобат накардан, давраи асфиксия (бугишави) фаро мерасад. Нафасгири тез ва кутоху руяки, вале нисбатан бесадо аст, вазъи мариз табох мегардад. Пуст сафеди хокистарранг, лаб, нуги бини, ангуштони дасту по кабудтоб аст. Тонуси мушакхо суст ва дасту по сард, гавхараки чашм васеъ мешавад. Минбаъд мариз аз хуш меравад, дар чои хоб шах мешавад ва беихтиёр дар чогах тар мекунд.
Дар натичаи саривакт ва дуруст муолича кардан, тартиби хуручхои бугма халал меёбад. Баъди 18 – 24 соати ба организм фиристодани зардоби зидди Г. аломатхои саририи бемори тадричан нест мешаванд. Гохо пардаи бечошуда боиси ногахон буги шудани бемор мегардад.
Оризахои Г. махсус ва гайримахсус мешаванд. Оризахои махсус бештар хангоми Г.-и захрогин ба назар мерасанд, мас., миокардит, мононевритхо, полиневритхо, алоими нефрози ва г.
Миокардитхо ду навъ – бетаъхир ва ботаъхир шуданашон мумкин аст. Миокардити бетаъхир охири хафтаи якум – аввали хафтаи дуюми маризи рух менамояд. Бемор безобита аст, шикам дард мекунад, кай менамояд, фишори шараён якбора паст ва чигар калон мешавад. Миокардити ботаъхир дар хафтахои 3 – 4 ба вучуд омада, чараёни он нисбатан бехавф аст.
Фалачи асаб аз чумлаи оризахои хоси Г. мебошад. Фалачи бармахали асабхои чумчума дар хафтаи дуюми огози бемори сар мезанад. Мариз фунги шуда, бо душвори харф мезанад, оташи шамъро наметавонад «пуф» карда хомуш бисозад, хангоми фуру додан, хурок аз бини меояд, маззаи таомро хис намекунад. Гохо у хонда ва чизхои хурдро фарк карда наметавонад. Фалачи ботаъхир хафтахои 4 – 5 рух менамояд. Рефлекси пайхо суст, мушакхо заиф мешаванд. Мариз калавидаву ноустувор рох меравад. Дар аснои осеб ёфтани мушакхои гардан ва бадан бемор нишаста ва сарашро дошта наметавонад. Мумкин аст фалачи халкум, гулугох, диафрагма низ пайдо шавад. Дар чунин холатхо сурфа бесадо мегардад, мариз овоз бароварда ё хурок ва оби дахонашро фуру дода наметавонад. Полирадикулоневритхо баъди 1 – 3 мох пурра рафъ шуда, фаъолияти мушакхо комилан баркарор мешавад.
Ба оризахои гайримахсуси Г. пневмония, отитхо, лимфаденитхо ва г. тааллук доранд.
Мариз 5 – 7 хафта хатман бистари карда мешавад. Дар сурати пайдо шудани неврит ва фалачи суст, аз рузхои аввал сар карда витамини В1, стрихнин, прозерин, дибазол таъйин менамоянд. Бугмаи Г.-ро бо рохи кабули ванна, ингалятсияи буг, истифодаи димедрол, дипразин, тавегил, эуфиллин, эфедрин табобат мекунанд.
Муоинаи бактериологии ашхосе, ки бо бемор тамос доштаанд, хамчунин гандзудои бинмудани чизу чораи утоки мариз аз чумлаи тадобирхои пешгирии Г. ба шумор мераванд. Хомилони микробхои Г.-и захрогинро аз дигарон чудо доштан лозим. Моякуби кардани атфол низ хатмист. Кудаконро аз думохаги сар карда баъди хар 1,5 мох 3 маротиба бояд моякуби бинмуд. Баъди 1,5 – 2 сол моякубии такрории аввалини АКДС гузаронда мешавад. Моякубихои минбаъда дар 9 ва 16-солаги ва баъди хар 10 сол то 56-солаги бо АДС – М амали хоханд гашт.
Ад.: Камардинов Х.К., Беморихои сирояти, Д., 2000; Хамон муаллиф, Инфекционные болезни человека, Д., 2005; Хамин муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.
Х.К. Камардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …