Главная / Илм / ГУЛОВ Махмадшох Курбоналиевич

ГУЛОВ Махмадшох Курбоналиевич

no-photoГУЛОВ Махмадшох Курбоналиевич (тав. 01. 01. 1966, дехаи Хусейншайхи нох. Дангара), чаррохи тахассуси дарачаи оли, доктори илми тиб (2007), проф. (2008). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ (1989). Духтури интерн оид ба тахассуси чаррохи (1989 – 90), чаррохи шуъбаи чаррохии калонсолони Беморхонаи вилоятии 2-юми ш. Кулоб (1990 – 93), ординатори клиникии кафедраи чаррохии умумии №1-и ДДТТ (1993 – 95), ординатор, мудири шуъбаи чаррохии умумии Беморхонаи клиникии шахрии №5 ва хамзамон ассистенти кафедраи чаррохии умумии №1-и ДДТТ (1995 – 98), ассистент (1998 – 2003), дотсент (2003 – 08) ва проф. (аз с. 2008) кафедраи чаррохии умумии №1, декани (с. 2005) факултаи муоличавии ДДТТ. Аз с. 2010 муовини ректор оид ба илм ва табъу нашри хамин донишгох. Дар мавзуи «Асоснок сохтани усулхои чаррохии узвхифзкунандаи захмхои баъдипиёзаки, ки ба дуоденостеноз табдил ёфтаанд» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Ташхиси комплекси, пешгири ва табобати оризахои бармахали чаррохии меъда бинобар захми вазнини рудаи дувоздахангушта» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 кори илми, 3 монография, 6 тавсияи таълимию методи, 30 навовари ва 4 кашфиёт. Маколахояш дар мачаллахои Федератсияи Россия, Украина, Белоруссия ва узбекистон руи чопро дидаанд. Яке аз муаллифони дастурамал барои донишчуён ва табибони чаррох мебошад. Узви Ассотсиатсияи чаррохони чигари Россия ва ИДМ (1998), узви Ассотсиатсияи чаррохони ба номи Н.И. Пирогов (1998).
Ос.: Ультраструктурные изменения клеток желудка больных при стенозе двенадцатиперстной кишки. Дар мач.: «Вестник биология и медицины», Полтава – Харков, 1998; Профилактика несостоятельности швов культы двенадцатиперстной кишки после резекции желудка. Дар мач.: «Вестник Авиценны», Д., 2000, № 1; Оптимизация хирургического лечения хронического лечения хронического панкреатита при пенетрирующей дуоденальной язве. Дар мач.: «Анналы хирургической гепатологии», М., 2003, Т. 8, № 2; Абдоминальный компартмент синдром, Д., 2005; Ру-операции в абдоминальной хирургии, Д., 2005; Профилактика и лечение ранних хирургических осложнений резекции желудка по поводу «трудных» дуоденальных язв, Д., 2010.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДХОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандхои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабхои пайдоиши онхо. Ба мо маълум …