Главная / Илм / ГУЛОВ Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич

ГУЛОВ Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич

no-photoГУЛОВ Маҳмадшоҳ Қурбоналиевич (тав. 01. 01. 1966, деҳаи Ҳусейншайхи ноҳ. Данғара), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, доктори илми тиб (2007), проф. (2008). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1989). Духтури интерн оид ба тахассуси ҷарроҳӣ (1989 – 90), ҷарроҳи шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи вилоятии 2-юми ш. Кӯлоб (1990 – 93), ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и ДДТТ (1993 – 95), ординатор, мудири шӯъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ва ҳамзамон ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и ДДТТ (1995 – 98), ассистент (1998 – 2003), дотсент (2003 – 08) ва проф. (аз с. 2008) кафедраи ҷарроҳии умумии №1, декани (с. 2005) факултаи муолиҷавии ДДТТ. Аз с. 2010 муовини ректор оид ба илм ва табъу нашри ҳамин донишгоҳ. Дар мавзӯи «Асоснок сохтани усулҳои ҷарроҳии узвҳифзкунандаи захмҳои баъдипиёзакӣ, ки ба дуоденостеноз табдил ёфтаанд» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Ташхиси комплексӣ, пешгирӣ ва табобати оризаҳои бармаҳали ҷарроҳии меъда бинобар захми вазнини рӯдаи дувоздаҳангушта» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 кори илмӣ, 3 монография, 6 тавсияи таълимию методӣ, 30 навоварӣ ва 4 кашфиёт. Мақолаҳояш дар маҷаллаҳои Федератсияи Россия, Украина, Белоруссия ва ӯзбекистон рӯи чопро дидаанд. Яке аз муаллифони дастурамал барои донишҷӯён ва табибони ҷарроҳ мебошад. Узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони ҷигари Россия ва ИДМ (1998), узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони ба номи Н.И. Пирогов (1998).
Ос.: Ультраструктурные изменения клеток желудка больных при стенозе двенадцатиперстной кишки. Дар маҷ.: «Вестник биология и медицины», Полтава – Харков, 1998; Профилактика несостоятельности швов культы двенадцатиперстной кишки после резекции желудка. Дар маҷ.: «Вестник Авиценны», Д., 2000, № 1; Оптимизация хирургического лечения хронического лечения хронического панкреатита при пенетрирующей дуоденальной язве. Дар маҷ.: «Анналы хирургической гепатологии», М., 2003, Т. 8, № 2; Абдоминальный компартмент синдром, Д., 2005; Ру-операции в абдоминальной хирургии, Д., 2005; Профилактика и лечение ранних хирургических осложнений резекции желудка по поводу «трудных» дуоденальных язв, Д., 2010.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …