Главная / Илм / ГУЛМУРОДОВ Тошпулод

ГУЛМУРОДОВ Тошпулод

braginskiyГУЛМУРОДОВ Тошпулод (тав. 03. 01. 1953, дехаи Чаврати нох. Турсунзода), чаррохи тахассуси дарачаи оли, доктори илми тиб (1989), проф. (1990), узви вобастаи АИ ЧТ (1997), Аълочии тандурустии Точикистон, дорандаи Чоизаи давлатии ба номи Абуали ибни Сино (2003). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ (1974). Ординатори клиникии Ин-ти чаррохии дилу рагхои ба номи А.Н. Бакулеви АИТ ИЧШС (1974 – 76), чаррохи Маркази чумхуриявии рагхои Беморхонаи клиникии шахрии №5 (1976 – 80), ассистенти кафедраи чаррохии госпиталии ДДТТ (1980 – 86), докторанти Ин-ти чаррохии ба номи А.В. Вишневскийи АИТ ИЧШС (1986 – 89), дотсент (1989 – 90) ва проф. кафедраи беморихои чаррохиталаб (1990 – 92), мудири кафедраи чаррохии факултавии ДДТТ (1992 – 2003). Аз с. 2003 директори Маркази чумхуриявии илмии чаррохии дилу рагхо ва сандуки сина.
Оид ба масъалахои гардиши хун дар майна, хамчунин гардиши хуни маркази ва канори дар ашхоси гирифтори садама ва беморихои шохраг ва шохахои он тадкикот бурдааст. Аввалин маротиба дар Точикистон дар рагхои бо хун таъминсозандаи майна ва аневризмахои аортаи сандуки сина амалиёти чаррохи гузаронидааст. Асосгузор ва таргиботчии чаррохии эндоскопи дар Точикистон. Дар мавзуи «Реваскуляризатсияи андомхои поён тавассути артерияхои амики рон» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Ташхис ва чаррохии иллатхои тавъами чаббидашавандаи аортаи шикам ва артерияхои брахиосефали» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илми, аз чумла 7 монография, 1 дастурамали таълими, 4 кашфиёт. Тахти рохбарии у 2 наф. рисолаи доктори, 22 наф. рисолаи номзади дифоъ намудаанд. Раиси Чамъияти чаррохони Точикистон, раиси Ассотсиатсияи чаррохони дилу рагхои мамлакатхои Осиёи Маркази.
Ос.: Хирургия травм сосудов и их осложнений, Д., 1991; Диагностика и хирургическое лечение сочетанных оклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий, Д., 1993; Газаки шадиди талхадон ва аворизи он, Д., 1995; Осложненный холецистит, Д., 1996; Огнестрельные ранения ободочной кишки, Д., 2000; Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2003; Заболевания сердца и сосудов, Д., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …