Главная / Илм / ГИЗОИ НИМТАЙЁР

ГИЗОИ НИМТАЙЁР

gizoi-nimtayorГИЗОИ НИМТАЙЁР, таомхое, ки аз махсулоти гуногун тахия ва барои пухтан тайёр карда шудаанд. Г. н.-ро дар муассисахои хуроки умуми фаровон истифода мебаранд, барои фуруш ба магозахо бароварда мешаванд. Истифодаи Г. н. кори кадбонухоро хеле осон мекунад (барои тоза кардани махсулот, омода сохтани хамир, кима ва г. вакт сарф намешавад). Анвои Г. н. хеле гуногун аст. Онхоро бештар аз гушт, мохи, сабзавот, ширтуппа (творог) ва г. омода мекунанд. Антрекотхо, лангетхо, бифштексхо ва котлетхо, ки аз гушти гов ё гусфанд тайёр карда мешаванд, талаботи зиёд доранд. Г. н.-и гушташон майда резакарда барои тахияи бефстроган, гуляш, сихкабоб ва г. пешбини шудаанд. Гушти кима хам, ки барои тайёр кардани мантую самбуса истифода мешавад, мансуб ба Г. н. аст. Баъзе махсулоти хамирин, мас., тушберахои гуногун, ки дар магозахо ба фуруш бароварда шудаанд, барои пухтан вакти зиёдро намегиранд. Г. н.-е, ки дар корхонахои саноати тахия карда мешаванд, сифати хуб дошта, сергизо мебошанд. Фаромуш кардан лозим нест, ки хамаи Г. н. (гайр аз консервхо) зуд вайрон мешаванд. Бинобар ин онхоро бетаъхир пухтан лозим аст. Дар яхдон Г. н.-ро дуру дароз нигох доштан мумкин нест.

Ч.А. Азонов

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …