Главная / Илм / ҒИЗОИ НИМТАЙЁР

ҒИЗОИ НИМТАЙЁР

gizoi-nimtayorҒИЗОИ НИМТАЙЁР, таомҳое, ки аз маҳсулоти гуногун таҳия ва барои пухтан тайёр карда шудаанд. Ғ. н.-ро дар муассисаҳои хӯроки умумӣ фаровон истифода мебаранд, барои фурӯш ба мағозаҳо бароварда мешаванд. Истифодаи Ғ. н. кори кадбонуҳоро хеле осон мекунад (барои тоза кардани маҳсулот, омода сохтани хамир, қима ва ғ. вақт сарф намешавад). Анвои Ғ. н. хеле гуногун аст. Онҳоро бештар аз гӯшт, моҳӣ, сабзавот, ширтуппа (творог) ва ғ. омода мекунанд. Антрекотҳо, лангетҳо, бифштексҳо ва котлетҳо, ки аз гӯшти гов ё гӯсфанд тайёр карда мешаванд, талаботи зиёд доранд. Ғ. н.-и гӯшташон майда резакарда барои таҳияи бефстроган, гуляш, сихкабоб ва ғ. пешбинӣ шудаанд. Гӯшти қима ҳам, ки барои тайёр кардани мантую самбуса истифода мешавад, мансуб ба Ғ. н. аст. Баъзе маҳсулоти хамирин, мас., тушбераҳои гуногун, ки дар мағозаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, барои пухтан вақти зиёдро намегиранд. Ғ. н.-е, ки дар корхонаҳои саноатӣ таҳия карда мешаванд, сифати хуб дошта, серғизо мебошанд. Фаромӯш кардан лозим нест, ки ҳамаи Ғ. н. (ғайр аз консервҳо) зуд вайрон мешаванд. Бинобар ин онҳоро бетаъхир пухтан лозим аст. Дар яхдон Ғ. н.-ро дуру дароз нигоҳ доштан мумкин нест.

Ҷ.А. Азонов

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …