Главная / Илм / ГИПНОЗ

ГИПНОЗ

gipnozГИПНОЗ (аз юн. hypnos – хоб), холати махсуси ба хоб мондани одам ва хайвоноти оли. Психиатрхои рус В.М. Бехтерев, А.А. Токарский ва диг. дар асархои худ Г.-ро аз чихати илми тадкик карда, ахамияти муоличавии хоби гипнозиро исбот намуданд. И.П. Павлов табиати Г.-ро ошкор кард ва собит намуд, ки Г. мисли хоби мукаррари дар натичаи боздории кисматхои кишри магзи сар вокеъ мегардад. Фарки Г. аз хоб дар он аст, ки хангоми Г. танхо кисматхои чудогонаи кишри магзи сар боздошта мешаванд. Одам, ки дар холати Г. аз ангезахои беруни канда мешавад, ба воситаи кисматхои боздоштанашудаи кишри магзи сар фармоишоти гипнозчиро кабул мекунад. Бо рохи таъсири аз хад зиёд ё худ таъсири сусти якхела ва агар сухан аз одам равад, бо рохи талкин Г. кардан мумкин аст. Г. се мархила дорад: мархилаи якум – пинакрави, осудахотири, робита бо мухити атроф; дуюм – хоболуди, гипотаксия (сустхаракати), каталепсия (шаклхои гуногун гирифта тавонистани тан); сеюм – хоби сахт, сомнамбулизм, ки одам дар ин холат хам вокеахоро кисман дар хотир нигох медорад. Бо Г. беморихои неврастения, неврози музохим, истерия, нейродермит, экзема, реши меъда, зики нафас ва майзадахоро муолича мекунанд. Г., одатан, бо диг. усулхои табобат хамрох кор фармуда мешавад. Г.-ро факат духтури мутахассис дар хузури хамшираи шафкат ва фелдшер истифода мебарад. Ниг. низ. Психотерапия.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …