Главная / Илм / ГИДРОКОРТИЗОН

ГИДРОКОРТИЗОН

gidrokortizonГИДРОКОРТИЗОН, гормони кишри гадуди болои гурда; доруи глюкокортикоиди, ки таъсири возехи зидди аллергия, зидди илтихоб, зидди хориш дорад. Г. шабехи кортизон, вале нисбати он фаъолтар аст. Г.-ро барои муоличаи беморихои аллерги ва илтихобии пуст, конъюнктивит, блефарит, придосиклит, кератит ва дерматити пилки чашм кор мефармоянд. Онро хангоми артритхо, аз чумла артрити тарбоди, ба чавфи бандхо (баъзан ба мушак) мефиристанд; дар аснои нукси гадудхои болои гурда ба варид фиристода мешавад.
Г. метавонад боиси дар организм банд шудани об ва намак, инкишофи варам, гипергликемия ва гликозурия, баланд шудани фишори хун, хастахоли, заъфи мушакхо, бехоби, амрози рухи, ташаннуч (дар кудакон), гирсутизм, аменорея, бачапартои ва г. гардад. Дар сурати ба мушохида расидани чунин таъсироти номатлуб истифодаи Г.-ро катъ кардан лозим аст.
Г.-ро дар мавридхои бемории меъдаю рудаи дувоздахангушта, тромбофлебит, ихтилоли рухи, фишори хун, эндокардити шадид, остеопороз, хомилаги таъин намекунанд; хангоми беморихои вируси, занбуруги ва римсори пуст низ истифодаи он манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …