Главная / Чамъият / ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНКУЛ

ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНКУЛ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  

ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНКУЛ

(КЧТ аз 27.11.14с., №1155)  

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 26-уми январи соли 2005, № 1303

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 1, соли 2005, моддаи 19) кабул гардидааст.  

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 607

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 2, соли 2005, моддаи 83) чонибдори гардидааст.

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с.2005, №3, мод.133;

Конунхои ЧТ аз 26.07.2014 с., № 1117; аз 27.11.2014 с., № 1155)

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии гарави молу мулки манкулро мукаррар намуда, муносибатхои чамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117; аз 27.11.14с., №1154)  

ФАСЛИ I

МУКАРРАРОТИ УМУМи  

БОБИ 1.

КОИДАХОИ УМУМи ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНКУЛ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– гарав– тарзи таъмини ичрои ухдадориест, ки вобаста ба он кредитор мутобики ухдадории бо гарав таъмингардида (дорандаи гарав) дар холати ичро нашудани ин ухдадори аз чониби карздор барои арзиши молу мулки ба гарав гузошташудаи шахсе, ки ин молу мулк ба у марбут аст (гаравдех), чихати конеъ намудани талаботаш нисбат ба дигар кредиторон хукуки афзалиятнок дорад, ба ѓайр аз холатхои дар конун мукаррар кардашуда;

– гаравдех – шахсе, ки дорои хукуки моликият ё дигар хукуки ашёи ба предмети гарав мебошад. Гаравдех худи карздори ухдадории бо гарав таъминшуда ё шахси сеюме шуда метавонад, ки дар ин ухдадори иштирок намекунад;

– гаравгир шахсе, ки талабхои у оид ба ухдадории асоси бо гарав таъмин шудааст;

– молу мулки гарави – хар молу мулки манкуле, ки аз муомилоти шахрванди бароварда нашудааст, инчунин хукуки молумулкии дар моддаи 4 хамин Конун нишондодашудае, ки барои гарав пешниход мегардад;

– молу мулки манкул – ашёе, ки ба молу мулки ѓайриманкул мансуб нест, аз он чумла пул ва коѓазхои киматнок;

– даромад аз предмети гаравмолу мулке, ки дар натичаи бастани ахд бо предмети гарав ё ахд бо даромади предмети гарав ба даст оварда шудааст; (КЧТ аз 27.11.14с., №1155)

хабарномаи гарави – хуччате, ки дар шакли когази ё электрони ба макоми бакайдгиранда пешниход карда мешавад ва маълумоти асосиро оид ба гарав чихати дохил кардани он ба Фехрасти ягонаи давлати дар бар гирифта, дастраси умум мебошад; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

– макомоти бакайдгиранда – макомоти адлия, ки мувофики хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукуки амал мекунанд ва вазифаи онхо бакайдгири, таъмини мутобикати иттилоотии тамоми фехрастхои ахдхои дорои таъмини гарави ва пешбурди Фехрасти ягонаи давлатии ухдадорихои гарави дар каламрави Чумхурии Точикистон мебошад;

– фехрасти ягонаидавлатии ухдадорихои гарави(минбаъд-Фехрасти ягонаи давлати)– манбаи иттилоотии маълумоти ухдадорихои гарави, ки дар макомоти дахлдори адлия оид ба бакайдгирии шартномахои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад;

– гарави бакайдгирифташуда – гараве, ки аз расмиёти бакайдгири мувофики боби 2 хамин Конун гузаштааст;

– идоракунандаи гарав – шахсе, ки гаравгир барои истифода ва идораимолу мулки гарави аз номи у ва халли хар масъалаи бо ин алокаманд таъин кардааст.

карзи дебитори – маблаги карзхои ба шахс тааллукдоштае, ки дар натичаи муносибатхои хочагидори бо шахсони вокеи ва хукуки ба вучуд омадааст; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

молхои омехта – молхои таксимнашавандае, ки бо дигар молхо омехта шуда, аломатхои мушаххаси чисмии худро дар махсулоти тайёр гум мекунанд; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

молхои пайвастшуда – молхои таксимшавандае, ки бо дигар молхо пайваст шуда, аломатхои мушаххаси чисмии худро дар махсулоти тайёр гум намекунанд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи гарави молу мулки манкул

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи гарави молу мулки манкул ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон, хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофкардаи Чумхурии Точикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Субъектхо ва заминаи ба вучуд омадани гарави молу мулки манкул  

  1. Субъектхои муносибатхои гарави гаравдехон ва гаравгирон мебошанд, ки онхо давлат, шахсони вокеи ва хукуки буда метавонанд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1155)
  2. Ташкилотхои карзи амалиётхои ба гарав алокамандро мутобики хамин Конун ва дигар конунхо ба амал мебароранд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Гарав дар асоси конун ё шартномае (шартномаи гараве) ба вучуд меояд, ки байни гаравдех ва гаравгир мувофики мукаррароти Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва хамин Конун баста шудааст. Ин гуна шартнома ё шартномаи чудогона, ё кисми шартномае шуда метавонад, ки боиси ба вучуд омадани ухдадории бо гарав таъминшуда мегардад.
  4. Ухдадорихои гарави хангоми дар як вакт мавчуд будани шартхои зерин пайдо мешаванд:

1) шартномаи гарав;

2) бо предмети гарав хукуки моликият ё дигар хукуки ашёи доштани гаравдех;

3) дигар асосхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

Моддаи 4. Предмети гарави молу мулки манкул

  1. Предмети гарав молу мулки манкуле шуда метавонад, ки ба хукуки моликият ё дигар хукуки ашёи тааллук дорад ва аз муомилоти граждани бароварда нашудааст ё хукуке шуда метавонад, ки бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз ихтиёрдори сокит карда шудааст.
  2. Хукуки молумулкии ба гаравдех тааллукдошта, ки онро аз ихтиёрдори сокит кардан мумкин аст, аз он чумла хукуки ичора, хукук ба хиссаи моликияти умумии якчоя, талабхои карзи, хукуки гирифтани фоида аз ашёе, ки ба гаравдех аз руи хукуки моликият тааллук надорад, хукуки ашёии вобаста ба фаъолияти зехни ва фаъолиятхои ба он баробаркардашуда, хукук ба коѓазхои киматнок дар шакли кайд ва дигар хукукхое (талаботе), ки аз ухдадорихои шартномави бармеоянд, предмети гарав шуда метавонанд. Хукуки мухлати амалаш муайян танхо то вакти адои мухлати амалаш предмети гарав шуда метавонад.
  3. Предмети гарав инчунин ашё ё хукуке, ки дар оянда ба вучуд омада метавонанд, аз он чумла захирахои минбаъдаи махсулоти тавлидшудаи гаравдех ё карзи дебитори бе хеч як махдудкунихо шуда метавонанд. Гарав нисбати молу мулке, ки дар оянда ба моликияти (ё сохибии) гаравдех мегузарад, аз лахзаи аз чониби гаравдех ба даст овардани хукук ба чунин молу мулки ба вучуд меояд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  4. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, ашёи асосие, ки предмети гарав аст, чун ашёи вохиди томи якчоя бо лавозимоташ гарав гузошташуда хисобида мешавад. Кисми молу мулке, ки таксими он дар шакли асл бе таѓйири таъиноташ имконнопазир аст (ашёи таксимнашаванда ), предмети мустакили гарав шуда наметавонанд.
  5. Ашёи аз муомилот баровардашуда, талабхои ба шахсияти карздор бевосита алокаманд, аз чумла талабхо дар бораи алиментхо, чуброни зараре, ки ба хаёт ё саломати ва дигар хукукхо расонда шудааст ва ба каси дигар гузашт намудани онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон манъ кардааст, предмети гарав шуда наметавонад.
  6. Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад фехрасти объектхоеро кабул намояд, ки онхо аз сабаби кимати таърихи, фарханги ё ахамияти амнияти давлати доштанашон предмети гарав шуда наметавонанд.

Моддаи 5. Хукуки ба гарав мондани молу мулк ва хукук

  1. Хукуки ба гарав мондани молу мулк ба молик ё сохиби дигари хукуки ашёи ё ба шахсе, ки ин молу мулк дар оянда ба моликияти (ё ихтиёрдории) у дохил хохад шуд, ба ѓайр аз истиснохои мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон, тааллук дорад.
  2. Дар сурати ба гарав мондани хукук гаравдех метавонад танхо шахсе бошад, ки ба у хукуки ба гарави гузошташуда ба истиснои холатхои мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон тааллук дорад ё тааллук хохад дошт.

Шахси дорои хукуки истифода хак дорад хукуки истифодааш, аз он чумла хукуки ичораро низ, ки танхо бо розигии ичорадиханда предмети гарав шуда метавонад, ба гарав гузорад, ба шарте, ки конун ва ёшартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.

  1. Молу мулке, ки ба гаравдех бо хукуки хочагидори ё идоракунии оперативи тааллук дорад, бо розигии молики он предмети гарав шуда метавонад, агар аз ихтиёрдори сокит кардани он мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон розигии моликро такозо намояд.
  2. Молу мулкеро, ки аз муомилоти граждани хорич ё дар муомилот махдуд карда шудааст ё молу мулкеро, ки мувофики конун аз он ситондани пардохтхо мумкин нест, ба гарав мондан раво намебошад.
  3. Молу мулке, ки дар моликияти умумии якчоя мебошад, танхо бо розигии хаттии хамаи моликон ё макоми идоракунандае, ки моликон барои идора кардани молу мулк интихоб кардаанд, ба гарав дода шуда метавонад. Дар сурати баъди ба гарав додани молу мулк пайдо гардидани дигар моликон розигии онхо талаб карда намешавад.
  4. Иштирокчии моликияти умумии якчоя хак дорад хиссаи дар молу мулки умуми доштаи худро бе розигии дигар моликон ба гарав монад, агар хиссаи хар яке аз моликон дар хукуки моликияти умуми муайян карда шуда бошад. Дар сурати бо талаби гаравгир аз хисоби ин хисса ситондани пардохтхо хангоми фуруши он коидахои Кодекси граждании Чумхурии Точикистон дар бораи хукуки бартариятноки хариди хисса дар моликияти умуми ва дар бораи аз хисоби хиссаи молу мулки умуми ситондани пардохтхо татбик карда мешавад.

Моддаи 6. Ухдадорихо ва талабхое, ки гарави молу мулки манкул таъмин менамояд 

  1. Дар таъмини ухдадорихои пули ё дар шакли пули ифодаёфта, аз он чумла ухдадорие, ки ба хариду фуруш, ичора, пудрат ва дигар шартномахои ичрои мухлатноки ухдадорихо асос ёфтааст, гарав мукаррар карда шуда метавонад, агар конун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.

Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, гарав арзиши ухдадорихои гаравгирро хангоми аз хисоби гарави муайян руёнидани пардохтхо, аз он чумла кисми пардохтнашудаи маблаѓи асосии карз, фоизхо, ноустуворона, харочоти асоснок барои нигох доштани арзиши молу мулки гарави, адои товони зиёнхое, ки дар натичаи гузаронидани мухлати ичрои ухдадори расонда шудаанд, инчунин харочоти аз хисоби предмети гарав руёнидани пардохтхоро таъмин менамояд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1155)

  1. Ичрои як ё якчанд ухдадорихои мавчуда ё минбаъдаро бо гарав таъмин кардан мумкин аст. Маблаги ухдадорихо бо пули милли ва дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, бо асъори хоричи ифода ёфта метавонад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Дар сурати ичро карда шудани як ухдадори гарав метавонад бе бардоштани манъкунихо ухдадорихои минбаъдаро таъмин намояд, агар шартнома ба худи хамон тарафхо дахл дошта бошад ва инро шартномаи гарав пешбини карда бошад.
  3. Гаравдех хак дорад аз гаравгир мутаносиб ба ичрои ухдадории ичрокардашуда, ки набояд аз панчох фоиз камтар бошад, кам кардани предмети гаравро талаб кунад.

Моддаи 7. Шакл ва мундаричаи шартномаи гарави молу мулки манкул 

  1. Шартномаи гарав бояд дар шакли хатти бо рохи тахияи хуччате, ки тарафхо имзо кардаанд, баста шавад.
  2. Агар гарав ухдадорихои шартномаеро, ки бояд ба таври нотариали тасдик карда шавад, таъмин намояд, инчунин дар мавридхои пешбиникардаи созишномаи тарафхо, шартномаи гарав бояд ба таври нотариали тасдик карда шавад.

3.Дар сурати ба шартномаи карз ё дигар шартномае, ки таъмини ухдадории гарави дорад, дохил кардани шартномаи гарав нисбат ба шакли ин шартнома бояд талабхои барои шартномаи гарав мукарраршуда риоя карда шаванд.

  1. Риоя накардани коидахои шартномаи гарав, ки дар кисмхои 1, 2 ва 3 хамин модда мукаррар карда шудаанд, боиси беэътибории шартномаи гарав мегардад. Ин гуна шартнома беэътибор хисоб карда мешавад.
  2. Шартномаи гарав бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) ном (ному насаб) ва чои вокеияти (чои сукунати) тарафхо;

2) ухдадории асосии бо гарав таъминшуда;

3) тавсифи инфироди ё умумии предмети гарав; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

4) маълумот дар бораи мавчуд будан ё набудани шартномахои пешинаи гарав оид ба предмети гарав;

5) намуди гарав;

6) андоза ва мухлати ичрои ухдадорихое, ки гарав таъмин мекунад;

7) тавсифи инфироди ё умумии ухдадори; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

8) хадди нихои ё хадди дигари муайяншудаи маблаги бо гарав таъминшуда. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

Тарафхо метавонанд дар шартномаи гарав дигар шартхоро пешбини намоянд.

  1. Арзиши предмети гарав аз руи созишномаи гаравдех ва гаравгир муайян карда мешавад. Он дар шартнома бо пул ифода карда мешавад.

Хангоми ба гарав мондани моликияти давлати (чумхурияви ё коммунали) арзёбии он мувофики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Тарафхои шартномаи гарав арзёбии предмети гаравро ба нархмони мустакил супурда метавонанд.

  1. Тавсифи предмети гарав  инфироди ё умуми шуда метавонад то ба дарачае, ки дар лахзаи ба миён омадани масъалаи вобаста ба вокеият, бо навбат ё мачбуран амалишавии гарав, имконияти муайянкунии предмети гаравро дихад.(КЧТ аз 27.11.14с., №1155)

8.Дар мавридхое, ки ухдадории гарави ба ягон шартнома асос ёфтааст, тарафхои ин шартнома ва санаи баста шудани он бояд нишон дода шаванд.

  1. Дар мавриде, ки агар маблаѓи ухдадории бо гарав таъминшаванда дар ояндамуайян карда шавад, дар шартнома тартиб ва дигар шартхои зарурии муайянкунии он бояд нишон дода шаванд.
  2. Дар мавриде, ки агар предмети гарав хукуки ба гаравдех тааллукдоштаи ичора бошад, дар шартномаи гарав молу мулки ба ичора гирифташуда ва мухлати ичораи он бояд нишон дода шуда бошад.
  3. Созишномаи даст кашидани гаравдех аз хукуки худ ё махдуд кардани он ё созишномаи пеш аз холати ичро накардан ё ба таври номатлуб ичро кардани ухдадорихо, предмети гаравиро гирифтани гаравгир эътибор надорад.

 

Моддаи 8. Гарави минбаъдаи молу мулки гарави (гаравмонии дубора)

 

  1. Молу мулке, ки мувофики шартномаи гарав барои таъмини ичрои як ухдадори (гарави пешина) гарав монда шудааст, барои таъмини ичрои дигар ухдадори (гарави баъдина) ба гарав монда шуда метавонад.

2.Гарави минбаъда мумкин аст, агар онро шартномахои пешинаи гаравмонии худи хамон молу мулк, ки амали онхо хангоми бастани шартномаи минбаъдаи гарав катъ нагардидааст, манъ накарда бошанд. Агар шартномаи пешинаи гарав шартхоеро пешбини намояд, ки дар асоси онхо шартномаи минбаъдаи гарав баста шуда метавонад, шартномаи баъдина бояд бо риояи ин шартхо баста шавад.

  1. Гаравдех ухдадор аст ба хар як гаравгири минбаъда дар бораи тамоми гаравхои мавчудаи молу мулки муайян, инчунин хусусият ва андозаи ухдадорихои таъминкардаи ин гарав хатти хабар дихад ва у барои додани товони зарархое, ки дар натичаи ичро накардани ин ухдадори ба гаравгирхо расонда шудаанд, чавобгар мебошад.

 

Моддаи 9. Муайян кардани навбати гаравгирхо

 

  1. Навбати гаравгирхо ба худи хамон як предмети гарав бо санаи бакайдгирии гарав дар макомоти адлия (гарави ба кайд гирифташуда) ва дар сурати набудани чунин бакайдгири бо санаи баста шудани шартномаи гарав мукаррар карда мешавад.
  2. Хангоми мавчуд будани якчанд гаравгир ба худи хамон як предмети гарав дар навбатноки ба гарави ба кайд гирифташуда бартари дода мешавад. Дар сурати мавчуд будани якчанд гарави ба кайд гирифташуда бартарият аз руи санаи бакайдгирии гарав ё раками бакайдгири, ки макоми бакайдгиранда додааст, муайян карда мешавад.
  3. Дар сурати мавчуд будани якчанд гаравгир ба худи хамон як предмети гарави дорои гарави ба кайд гирифташуда ва ба кайд гирифтанашуда бартари дар навбат ба гарави ба кайд гирифташуда дода мешавад ва баъди онхо навбатнокии гаравхои ба кайд гирифтанашуда бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.
  4. Агар гарав пеш аз моли омехта хисобида шудани предмети гарав ба кайд гирифта шуда бошад, он ба махсулоти тайёр татбик мегардад. Навбати гарав нисбат ба махсулоти тайёр аз лахзаи бакайдгирии гарави молхои омехта, ба истиснои махдудиятхое, ки дар банди 3) хамин кисм пешбини гардидаанд, муайян карда мешавад. Дар сурати ба махсулоти тайёр татбик гардидани зиёда аз як гарав, навбат тибки коидахои зайл муайян карда мешавад:

1) навбати гарави бакайдгирифташуда нисбат ба гарави бакайдгирифтанашуда дар лахзае, ки предмети гарав моли омехта мешавад, афзалият дорад;

2) навбати гарави бакайдгирифтанашуда аз руи санаи шартномахои гарави дахлдор муайян карда мешавад; 

3) навбати гаравхои бакайдгирифташуда бо назардошти таносуби арзиши предмети гарав аз лахзае, ки он дар махсулоти тайёр омехта шудааст, хукуки баробари талабкуниро пайдо мекунад.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

  1. Эътибори гарав нисбат ба предмети гарави молу мулки гайриманкули пайвастшуда боки мемонад. Агар гарав то лахзаи пайвастшавии предмети гарав ба кайд гирифта шуда бошад, бакайдгирии гарав баъд аз пайвастшави амал мекунад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Дар сурати мавчуд будани якчанд гаравгир ба худи хамон як предмети гарави дорои гарави ба кайд гирифтанашуда бартари дар навбат бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.
  3. Гаравгире, ки мувофики хамин модда дар навбат аз бартари бархурдор аст, гаравгири пешин дониста мешавад. Дигар гаравгирхо гаравгирандагони минбаъда мебошанд.
  4. Мукаррароти хамин модда дар мавридхои пешбиникардаи моддаи 10 хамин Конун татбик карда намешавад.

 

Моддаи 10. Талабхои махсуси дигар карздихандагон

 

Карздихандае, ки ба карздор барои хариди молу мулк бо гарави худи хамин молу мулк карзи максаднок додааст, хукуки махсуси (ѓайринавбатии) аз хисоби ин молу мулк конеъ намудани талабхои худро дорад.

 

Моддаи 11. Талабхои кормандон

 

  1. Талабхои коркунони гаравдех дар бораи пардохти маош дар худуди маблаѓи маоши семохаи вокеан пардохтнашуда дар навбати конеъ намудани талабхо аз хисоби молу мулки гарави бартари дорад, ба истиснои мавридхои пешбиникардаи кисми 2 хамин модда.
  2. Мукаррароти кисми 1 хамин модда дар мавридхои пешбиникардаи моддаи 10 хамин Конун татбик карда намешавад.

 

Моддаи 12. Ба гарав мондани молу мулки манкули ба молу мулки гайриманкул  пайвастшуда

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

  1. Агар предмети гарав ба молу мулки ѓайриманкул пайваст карда шуда бошад, гарави ин молу мулк танхо дар сурате эътибори худро нигох медорад, ки агар чудо кардани он бе расондани зарари чидди ба молу мулки ѓайриманкул мумкин бошад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Агар предмети гарав ба молу мулки ѓайриманкул пайваст карда шуда бошад ва чудо кардани он бе расондани зарари чидди ба молу мулки ѓайриманкул мумкин набошад, гаравгир хак дорад пеш аз мухлат ичро кардани ухдадори ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Хангоми ба дигар молу мулки манкул пайваст кардани предмети гарав мукаррароти кисмхои 1 ва 2 хамин модда татбик карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 13. Нигахдори ва таъмири молу мулки гарави

 

  1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, гаравдех ухдадор аст молу мулки гаравиро дар холати бенуксон нигох дорад ва харочоти нигахдори ва таъмири (чори ва асоси) ин молу мулк то вакти катъи гарав дихад.
  2. Гаравгир хукук дорад мавчудият, холат ва шароити нигохдошти молу мулки бо шартнома ба гарав мондашударо тафтиш кунад.

 

Моддаи 14. Суѓурта

 

  1. Агар шартномаи гарав ба зиммаи гаравдех вазифаи суѓуртаи молу мулки гаравиро гузошта бошад, гарав ба хама гуна хукуки гаравдех марбут ба полиси суѓуртавии муайян дахл дорад ва гаравгир бартарии хукуки дорад, ки талаби таъминшудаи худро аз хар гуна маблаѓи минбаъдаи подоши суѓуртави бевосита аз хисоби суѓуртакунанда ва бе розигии гаравдех конеъ намояд.
  2. Гаравгир аз хукуки конеъ намудани талаби худ аз подоши суѓуртави махрум мегардад, агар молу мулк бо гунохи у гум ё нуксондор шавад.

 

Моддаи 15. Даромадхои предмети гарави молу мулки манкул

 

  1. Даромадхое, ки гаравгир аз ичрои ахдхо бо молу мулки гарави (мубодила, хариду фуруш ва ѓайра) ба даст меоварад, предмети гарав мешаванд.
  2. Мадохилоте, ки дар натичаи истифодаи молу мулки гарави (самара, махсулот, даромадхо) ба даст оварда шудааст, предмети гарав мегарданд, агар инро шартномаи гарав пешбини карда бошад.

 

Моддаи 16. Хукуки шахсони сеюм ба предмети гарави молу мулки манкул

 

  1. Гаравдех ба молу мулки гарави бо рохи фурухтан, тухфа кардан, мубодила намудан, онро ба сифати сахм ба молу мулки ширкат ва ё чамъиятхои хочагидори ё ба сифати пардохти сахмхои аъзои ба молу мулки кооператив гузоштан ё бо тарзи дигар ихтиёрдори карда метавонад, вале танхо бо розигии хаттии гаравгир, агар конун, шартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, ё аз худи мохияти гарав барнаояд.

Гаравдех хукук дорад молу мулки гаравиро мерос гузорад. Шартхои шартномаи гарав ё дигар созишномахое, ки ин хукуки гаравдехро махдуд мекунанд, эътибор надоранд.

Шахсе, ки молу мулки мувофики шартномаи гарав ба гаравмондашударо ба таври вориси хукуки, аз он чумла дар натичаи аз нав ташкилкунии шахси хукуки ё ба таври мерос ба даст овардааст, ба чои гаравдех мегузарад ва тамоми ухдадорихои шартномаи гарав, аз он чумла он ухдадорихоеро, ки аз тарафи гаравгири аввала ба таври матлуб ичро карда нашуда буданд, ба зимма мегирад, ба шарте ки шартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.

Агар молу мулки мувофики шартнома гаравмондашуда ба якчанд шахс гузарад, хар яке аз ворисони хукукии гаравдехи аввала барои окибатхое, ки аз муносибатхои гаравии ичро накардани ухдадорихои бо гарав таъминшуда бармеоянд, ба андозаи кисми молу мулки ба гарав мондаи ба у гузашта чавобгар мебошад.

Агар предмети гарав таксимнашаванда бошад ё бо дигар асосхо ба моликияти умумии ворисони хукукии гаравдех дохил гардад, ворисони хукуки карздорони муштарак мешаванд.

Гарави молу мулк новобаста ба он ки хангоми ба шахсони дигар гузаштани ин молу мулк коидахои барои ин гуна гузариш мукарраршуда вайрон карда шуда буданд ё не, эътибори худро нигох медорад.

  1. Шахс молу мулки гаравии аз гарав озодро дар мавридхои зерин гирифта метавонад:

1) агар шартномаи гарав ё иловаи ба он хатти воридкардашуда мустакиман ичозат дихад, ки ба молу мулки аз гарав озод ё ба нафъи шахси сеюми муайян ихтиёрдори карда шавад;

2) агар молу мулки гаравмондашуда аз молхои муомилоти иборат бошад;

3) агар фаъолияти гаравдех савдои чакана бошад, шахси сеюме, ки ин гуна молу мулкро дар натичаи ахди оддии чакана мехарад, онро аз гарав озод харидори мекунад, ба истиснои мавридхое, ки то вакти фуруш харидор хатти огох карда шуда бошад, ки гаравгир хак дорад ба моли муайян хукуки гаравии худро татбик намояд.

  1. Хангоми бо вайрон кардани коидахои кисми 1 хамин модда аз ихтиёрдори сокит кардани молу мулке, ки мувофики шартномаи гарав ба гарав монда шудааст, гаравгир хак дорад бо салохдиди худ талаб намояд ки:

1) ахди аз ихтиёрдори сокит кардани молу мулки гарави мувофики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон беэътибор дониста шавад;

2) ухдадории бо гарав таъминшуда пеш аз мухлат ичро карда, пардохтхо аз хисоби молу мулки гаравмондашуда, новобаста ба ки тааллук дорад, руёнида шаванд.

  1. Агар исбот карда шуда бошад, ки харидори молу мулки мувофики шартномаи гарав ба гарав мондашуда дар вакти харид кардани он медонист ё бояд медонист, ки молу мулк бо вайрон кардани коидахои кисми 1 хамин модда аз ихтиёрдори сокит карда мешавад, ин гуна харидор барои ичро накардани ухдадории бо гарав таъминшуда дар худуди арзиши молу мулки мазкур барои ин ухдадори чавобгарии муштарак дорад.

Агар молу мулки гарави бо вайрон кардани коидахои кисми 1 хамин модда аз тарафи гаравдех аз ихтиёрдори дур карда шуда бошад, ки аз руи ухдадории бо гарав таъминшуда карздор нест, бо ин карздор хам харидори молу мулк ва хам гаравдихандаи собик чавобгарии муштарак доранд.

 

Моддаи 17. Тахмили хукуки дигар шахсон ба молу мулки гарави

 

  1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, гаравдех хак дорад бе розигии гаравгир уро огох намуда, молу мулки гаравмондашударо ба ичора дихад, онро ба истифодаи муваккатии ройгон дихад ва аз руи созишнома бо дигар шахс ба у хукуки истифодаи махдудро аз ин молу мулк (сервитут) бо шартхои зерин пешкаш намояд:

1) мухлате, ки дар тули он молу мулк ба истифода дода мешавад, аз мухлати ухдадории бо гарав таъминшуда зиёд набошад;

2) молу мулк ба истифода барои максадхое пешкаш мегардад, ки ба таъиноти молу мулк мувофик аст.

  1. Дар сурати аз тарафи гаравгир дар асосхои пешбиникардаи конун ё шартномаи гарав аз хисоби молу мулки гарави руёнидани пардохтхо тамоми хукуки ичора ва дигар хукуки истифодаи ин молу мулк, ки гаравдех ба шахсони сеюми гаравгир баъди бастани шартномаи гарав додааст, дар даврахои зерин катъ мегардад:

1) аз лахзаи эътибори конуни пайдо кардани карори суд дар бораи руёнидани пардохтхо аз хисоби молу мулк;

2) баъди гузаштани 15 руз аз вакти фиристодани огохинома дар асоси шартхои конеъгардонии талабхои гаравдех бо тартиби ѓайрисуди, ки дар шартномаи гарав ё созишномаи конеъгардонии талабхои гаравдех бо тартиби ѓайрисуди, ки хамзамон бо шартномаи гарав баста шудааст, ё дар созишномахои минбаъдаи гаравдех бо гаравгир пешбини гардидаанд.

  1. Молу мулки ба гарав мондашуда аз тарафи гаравдех ба истифодаи шахси сеюм ба мухлати зиёда аз ухдадории бо гарав таъминшуда ё барои максадхои ба таъиноти молу мулк номувофик танхо бо розигии хаттии гаравгир ва ба таври дахлдор огохонидани ин шахсон дода шуда метавонад.
  2. Аз тарафи гаравдиханда ба истифодаи дигар шахс додани молу мулки гаравмондашуда гаравдехро аз ичрои ухдадорихои шартномаи гарав озод намекунад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.

 

Моддаи 18. Окибатхои аз тарафи давлат мачбуран гирифтани молу мулки гарави

 

  1. Агар хукуки моликияти гаравдех ба молу мулки манкул, ки предмети гарав мебошад, дар асос ва бо тартиби мукарраркардаи конун, дар натичаи мусодира (харида гирифтан) барои эхтиёчоти давлат ё чамъият, реквизитсия ё милликунони катъ гардад, ба гаравдех мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дигар молу мулк ё подоши дахлдор дода мешавад. Гарав ба молу мулке, ки ба ивази молу мулки гирифташуда дода шудааст, дахлдор аст ё гаравгир хукуки бартариноки аз хисоби маблаѓи подоши ба гаравдиханда тааллукдошта конеъкунии талаботи худро пайдо мекунад.
  2. Гаравгире, ки манфиатхои уро хукуки дар кисми 1 хамин модда пешбинишуда пурра хифз карда наметавонад, хак дорад пеш аз мухлат ичро кардани ухдадории бо гарав таъминшуда ва аз хисоби молу мулке, ки ба ивази молу мулки мусодирашуда дода шудааст, адо кардани пардохтхоро талаб намояд.
  3. Дар мавридхое, ки давлат молу мулки предмети гаравро аз гаравдех ба намуди санксия барои содир кардани чиноят ё дигар хукуквайронкуни мегирад (мусодира мекунад), гарав эътиборашро нигох медорад ва гаравгир хак дорад пеш аз мухлат ичро кардани ухдадории бо гарав таъминшуда ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 19. Окибатхои талаб кардани (виндакатсияи) молу мулки гарави

 

Дар мавридхое, ки молу мулки предмети гарав аз гаравдех бо тартиби мукарраркардаи конун дар он асос мусодира карда мешавад, ки молики хакикии ин молу мулк шахси дигар (виндикатсия) мебошад, гарав дар хусуси ин молу мулк катъ мегардад. Гаравгир баъд аз эътибори конуни пайдо кардани карори дахлдори суд хак дорад ичрои пеш аз мухлати ухдадории бо гарав таъминшуда ё иваз кардани предмети гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 20. Гузашт кардани хукук (талаб) ва гузаронидани карз аз руи шартномаи гарави молу мулки

                      манкул

 

  1. Гаравгир хукук дорад хукуки худро аз руи шартномаи гарав ба каси дигар дихад, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.
  2. Шахсе, ки ба у аз руи шартномаи гарав хукук дода шудааст, мувофики ин шартнома ба чои гаравгири собик мегузарад. Гузашти хукук аз руи шартномаи гарав бояд мувофики коидахои мукарраркардаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон сурат гирад.
  3. Аз тарафи гаравгир аз руи шартномаи гарав ба дигар кас гузашт кардани хукук дар сурате эътибор дорад, ки агар ба худи хамон кас хукуки оид ба ухдадории бо гарав таъминшуда пешниход кардани талаб гузашт карда шуда бошад.

Агар амали дигаре исбот нашуда бошад, гузашти хукук аз руи шартномаи гарав маънои гузашти хукук оид ба ухдадории бо гарав таъминшударо низ дорад.

  1. Карздор хак дорад бо розигии гаравгир (карздиханда) карзи худро ба зиммаи каси дигар гузаронад. Интиколи карз мувофики коидахои мукарраркардаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

 

БОБИ 2.

БАКАЙДГИРИИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНКУЛ

 

Моддаи 21. Ваколати макомоти адлия оид ба бакайдгирии гарави молу мулки манкул

 

  1. Бакайдгирии гаравхои молу мулки манкулро Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, раёсатхои адлияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо ба чо меоваранд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Бакайдгирии гаравхоро, ки ба сифати онхо воситахои карзи пул, коѓазхои киматноки корпоративи амал мекунанд, макомоти ваколатдори (регистрхои) коѓазхои киматнок ба амал мебароранд.

 

Моддаи 22. Бакайдгирии гарави молу мулки манкул

 

  1. Бакайдгирии гарав ихтиёри мебошад ва ба максадхои ба гаравгир назар ба дигар гаравгирхо, ки гарави ба кайд гирифташудаи пешина надоранд, инчунин нисбат ба шахсони сеюм додани хукуки бартариноки таъмини талабхои худ ба амал бароварда мешавад.
  2. Гаравгир ё гаравдех барои бакайдгири ба макоми бакайдгиранда хабарномаи гарави пешниход менамояд. Хабарномаи гарави инчунин метавонад аз чониби шахсон ё макомоти зерин пешниход гардад:

– гаравгир дар асоси конуни;

– суд ё мудире, ки онро суд таъин намудааст, нисбат ба молу мулки шахсони вокеи ва хукукии муфлисшуда; 

– макоми ваколатдор оид ба ичрои карорхои суди тибки карори суд дар бораи руёнидани молу мулки манкули карздор; 

– макоми ваколатдор нисбат ба молу мулки шахсе, ки аз ичрои ухдадории пардохти андоз ё пардохтхои ичтимои саркаши менамояд.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

  1. Макоми бакайдгиранда воситахои электрониро барои дохил намудани маълумот оид ба хабарномахои гарави, инчунин бо максади чустучуи онхо таъмин мекунад. Махзани маълумоти Фехрасти ягонаи давлати дорои маълумоти расми мебошад. Хабарномаи гарави аз лахзаи кайди воридшавии он ба макоми бакайдгиранда пешниходшуда ба хисоб меравад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Лахзаи бакайдгирии гарав аз хабарномаи гарави ба Фехрасти ягонаи давлати ворид намудани маълумот ва додани раками бакайдгири мебошад. Дар Фехрасти ягонаи давлати ба кайд гирифтани гарав бо додани иктибос аз Фехрасти ягонаи давлати, ки дар давоми се рузи бакайдгири дода мешавад, тасдик мегардад.
  3. Макоми бакайдгиранда барои мазмун ва дурустии хабарномаи гарави чавобгар намебошад.
  4. Барои бакайдгирии гарав ва додани иктибос аз Фехрасти ягонаи давлати бочи давлати гирифта мешавад, ки онро конун муайян мекунад.
  5. Тартиби бакайдгирии гаравхо ва пешбурди Фехрасти ягонаи давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 221. Мухлати амали бакайдгирии гарав

 

  1. Мухлати амали бакайдгирии гарав аз лахзаи бакайдгири то 5 солро ташкил медихад. Мухлати мазкур метавонад тамдид карда шавад, агар шартномаи гарав ё конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошад.
  2. Бо гузаштани мухлати бакайдгирии гарав молу мулки гарав аз махдудият озод мешавад, ба истиснои холатхое, ки агар: 

– гарав такроран ба кайд гирифта шуда бошад;

– гарав дар сохибияти гаравгир карор дошта (гарави додашуда), нисбат ба он бо тартиби мукарраршуда руёнидан нигаронида шавад.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 23. Мазмуни хабарномаи гарави

 

  1. Хабарномаи гарави, ки ба макоми бакайдгиранда пешниход мегардад, бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

1) ном, нишонии гаравдех ва карздори ухдадории бо гарав таъминшуда, агар у гаравдех набошад, раками мушаххаси андозсупоранда, суратхисоб, раками шиноснома (барои шахсони вокеи);

2) ном, нишонии гаравгир ё идоракунандаи гарав, агар ин гуна шахс таъин карда шуда бошад, раками мушаххаси андозсупоранда, суратхисоб, раками шиноснома (барои шахсони вокеи);

3) тавсифи инфироди ё умумии предмети гарав, ки барои хаммонандсозии он имконият медихад; (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

4) хабарномаи мухтасар, агар барои гарави дубора ягон махдудият мавчуд бошад;

5) имзои гаравдех ё гаравгир ё карздори ухдадории бо гарав таъминшуда, агар он гаравдех набошад, ё шахсони аз тарафи у ваколатдоркардашуда;

6) сана ва мазмуни шартномаи гарав.

  1. Хабарномаи гаравии ба талаботи Конуни мазкур чавобгу дар мавриде эътибор дорад, агар он дидаву дониста бардуруг тартиб дода нашуда бошад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. 3. Дигар талабхоро ба хабарномаи гарави Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 24. Бакайдгирии таѓйироте, ки ба гарави ба кайд гирифташуда ворид карда мешаванд

 

  1. Таѓйироти зерине, ки ба гарави ба кайд гирифташуда ворид карда шудаанд, ба таври илова ба кайд гирифта мешаванд:

1) таъин кардан ё озод намудани идоракунандаи гарав, агар идоракунанда баъди бакайдгирии шартномаи гарав таъин ё озод карда шуда бошад;

2) талаби бо гарав таъминшударо гузашт кардани гаравгир;

3) дар ухдадори иваз кардани карздор;

4) иваз кардани предмети гарав.

  1. Бакайдгирии таѓйирот дар гарави ба кайд гирифташуда дар асоси хабарномаи гаравии иловаги сурат мегирад. Дар хабарномаи гаравии иловаги бояд сана, раками бакайдгирии ибтидои, мазмуни таѓйироти шартнома ва имзои гаравгир ё гаравдех мавчуд бошад.
  2. Бакайдгирии таѓйироте, ки ба гарави ба кайд гирифташуда дохил карда мешаванд, бо тартиби пешбиникардаи моддаи 22 хамин Конун сурат мегирад.

 

Моддаи 241. Пешниходи эроди хатти 

 

  1. Дар холати пешниход гардидани хабарномаи гаравии нодуруст ё галат аз чониби дархосткунанда, тарафи дигар метавонад эроди хатти пешниход намояд.
  2. Эроди хатти маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– истинод ба раками бакайдгирии хабарномаи гаравии нодуруст ё галат;

– маълумот оид ба шахсе, ки эроди хатти пешниход кардааст;

– нишон додани асосхои нодуруст ё галат будани хабарномаи гарави.

  1. Пешниходи эроди хатти то ба даст омадани натичаи баррасии он ба эътибори хабарномаи гарави таъсир намерасонад.
  2. Макоми бакайдгиранда вазифадор аст, ки эроди хаттиро барраси намуда, дар сурати ошкор намудани холатхои пешбининамудаи кисми 1 хамин модда барои бартараф намудани онхо чорахои дахлдор андешад.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 25. Рад кардани бакайдгирии гарави молу мулки манкул ё ворид кардани таѓйирот ба гарави ба

                     кайд гирифташуда

 

Макоми бакайдгиранда хак дорад бакайдгирии гарави молу мулки манкулро ё ба гарави ба кайд гирифташуда ворид намудани таѓйиротро рад кунад, агар талабхои хамин Конун ё дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ичро карда нашуда бошанд. Макоми бакайдгиранда дар давоми се руз ба шахси дархосткунандаи бакайдгири бо нишон додани сабабхои радкунии бакайдгири хабарнома мефиристад.

 

Моддаи 26. Бекор кардани бакайдгирии гарави молу мулки манкул

 

  1. Бакайдгирии гарав аз тарафи гаравгир дар давоми 15 рузи баъди ичрои тамоми ухдадорихое, ки гарави ба кайд гирифташуда ба онхо дахл дорад, бояд бекор карда шавад.
  2. Шахсе, ки мукаррароти кисми 1 хамин моддаро вайрон кардааст, вазифадор аст подоши харочоти суратгирифтаро дихад.
  3. Дар сурати аз тарафи гаравгир ичро карда нашудани ухдадории пешбиникардаи кисми 1 хамин модда гаравдех ё дигар шахси манфиатдор хак дорад бо тартиби суди бекор кардани бакайдгирии шартномаи гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 27. Дастраси ба Фехрасти ягонаи давлати

 

Маълумоти Фехрасти ягонаи давлати озод мебошанд. Хар шахс метавонад мувофики кисми 6 моддаи 22 хамин Конун бочи давлатиро пардохт карда, аз Фехрасти ягонаи давлати иктибос гирад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

ФАСЛИ II

НАМУДХОИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНКУЛ

 

БОБИ 3.

ГАРАВ БО НИГОХ ДОШТАНИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВИ ДАР ДАСТИ ГАРАВГИР

(ГАРАВИ ДОДАШУДА (ЗАКЛАД )

 

Моддаи 28. Мафхуми гарави додашуда (заклад)

 

  1. Гарави додашуда (заклад) – намуди гарав, ки дар ин сурат молу мулки гарави аз тарафи гаравдех ба сохибияти гаравгир мувофики шартномаи гарав супурда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Мувофики созиши гаравгир бо гаравдех предмети гарав дар дасти гаравдех бо кулфу мухри гаравгир (гарави устувор) монда шуда метавонад. Ашёи муайяни инфироди дар сохибияти гаравгир бо гузоштани аломатхои дар бораи гарав шаходатдиханда монда шуда метавонад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Коидахои хамин фасл нисбат ба гарави устувор татбик карда мешаванд, зеро ба кор бурдани онхо ба мохияти муносибатхои гаравгир ва гаравдех хангоми ин гуна гарав мухолифат намекунад.

 

Моддаи 29. Хукуку вазифахои гаравгир хангоми гарави додашуда (заклад)

 

  1. Гаравгир хак дорад предмети гарави додашударо (закладро) танхо дар хачми пешбиникардаи шартномаи гарав истифода намояд, ба истиснои мавридхое, ки молу мулки гарави дар шакли накдинаи суратхисоби бонки пешниход гардида, гаравгир ташкилоти карзи бошад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

Фоидаи молумулкии аз предмети гарави додашуда (заклад) бадастомада дар навбати аввал барои пушонидани харочоти гаравгир чихати нигахдошт ва эхтиёт кардани молу мулки гарави, баъд барои пардохти фоизи маблаѓи асосии карз равона карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1155)

  1. Агар нобудшави, осебёби ё камшавии арзиши молу мулки гарави бе гунохи гаравгир чой дошта бошанд ва онхоро хусусият ё таркиби молу мулки гарави ба вучуд оварда бошад, гаравгир талаб карда метавонад, ки предмети гарав иваз карда шавад ва товони хар зараре, ки дар натичаи ин гаравгир дидааст, пардохт гардад.
  2. Хангоми гарави додашуда (заклад) гаравгир, агар хамин Конун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, вазифадор аст:

1) ба андозаи маъкули чисман солим нигох доштани молу мулки гарави чорахои пешбиникардаи шартнома ё зарурро андешад, ѓайр аз ин, гаравдех тамоми харочотро талофи мекунад, агар ин дар шартномаи гарав шарху эзох дода шуда бошад;

2) дар бораи осеб дидан ё нобуд шудани молу мулки гарави, инчунин хама гуна тахдид (хатар) нисбат ба хамин молу мулк фавран ба гаравдех хабар дихад;

3) дар бораи истифодаи молу мулки гарави ба гаравдех мунтазам хисобот равона намояд;

4) предмети гарави додашударо (закладро) дар хачми арзишаш аз хисоби гаравдех ва ба нафъи у суѓурта кунад;

5) молу мулки гаравиро ба таври дахлдор нигохдори намояд;

6) дар давоми се рузи баъди ичрои ухдадории таъминшуда предмети гарави додашударо (закладро) гардонад, агар гаравгир сабаби узрноки ба таъхир андохтанро, ки хангоми бастани шартномаи гарав пешбини кардан мумкин набуд, нишон надихад.

 

Моддаи 30. Хукуку вазифахои гаравдех хангоми гарави додашуда (заклад)

 

  1. Гаравдех хукук дорад, ки ба молу мулки гарави бо максади муайянкунии шароити дахлдори нигохдори ва истифодаи он дастрасии вокеи дошта бошад.

Дар сурати чой доштани тахдиди нобудшави, осебёби ё камшавии арзиши молу мулки гарави бо гунохи гаравгир гаравдех хак дорад бартараф намудани холатхоеро талаб кунад, ки боиси нобудшави, осебёби ё камшавии арзиши молу мулки гарави мегарданд.

  1. Гаравдех хак дорад хар вакт пеш аз мухлат катъ намудани гарави додашударо (закладро) бо рохи ичрои ухдадории бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда талаб намояд, агар дар шартномаи гарав дигар шарту шароит пешбини нашуда бошад.

Дар сурате, ки агар ухдадори карзи пули ва гаравдех шахси вокеи бошад, гаравдех гарави додашударо (закладро) пеш аз мухлати мукарраркардаи шартномаи гарав бо рохи пардохти карзи бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда катъ намояд, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.

  1. Агар гаравдех хабар ёбад, ки ба молу мулки гарави на бо гунохи гаравгир, балки бинобар хусусият ё таркиби молу мулки гарави хатари нобудшави, осебёби ё камшавии арзиш тахдид кардааст, у дар ин бора ба гарвгир бе таъхир хабар медихад ва хифзи онро талаб мекунад.

 

Моддаи 31. Чавобгарии гаравгир хангоми гум ё хароб шудани гарави додашуда (заклад)

 

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, гаравгир хангоми гарави додашуда (заклад) барои гум ё хароб шудани молу мулки гарави дар назди гаравдех чавобгар аст, агар исбот накунад, ки ин на бо гунохи у ба амал омадааст. Андозаи зараре, ки гаравгир товонашро медихад, бо рохи хисоби маблаѓе, ки арзиши бозории молу мулки гарави хангоми супурдани молу мулки гарави тарафхо мувофика кардаанд ва дар сурати набудани чунин созиш назар ба арзиши бозори дар лахзаи гарави додашуда (заклад) ба андозаи он кам шудааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Гаравхонахо (ломбардхо)

 

  1. Гаравхона (ломбард) шахси хукукие (ташкилоти махсусгардонидашудае) мебошад, ки ба додани карзи кутохмуддат бар ивази гарави молу мулки манкули шахрвандон, инчунин нигахдошти молу мулки манкули шахрвандон машгул аст. (КЧТ аз 27.11.14с., №1155)
  2. Гаравмонии ашё дар гаравхона (ломбард) мувофики моддаи 387 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва Конуни  Чумхурии Точикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард) сурат мегирад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1155)
  3. Нисбат ба гаравхонахо (ломбардхо) мукаррароти боби 6 хамин Конун истифода намешаванд.

 

кисмхои 4 ва 5 бо КЧТ аз 27.11.14с., №1155 хорич карда шуданд

 

Моддаи 33. Гаравмонии воситахои пули

 

  1. Гаравмонии воситахои пули танхо бо рохи ба сохибияти гаравгир додани онхо сурат гирифта метавонад. Пули накдеро, ки гаравгир ба шахсе, ки ташкилоти карзи намебошад, медихад, у дар хисобномаи депозитии ташкилоти карзи ё идораи нотариали махфуз медорад. Фоизхое, ки ба ин маблаѓ хисоб карда монда шудаанд, ба гаравдех тааллук доранд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Ташкилоти карзи, ки хисобномаи муштариро дорад, хак дорад аз ин муштари воситахои пулии дар хисобномаи у бударо барои таъмини кредитхои ташкилоти карзи ба муштари (гаравдех) ё шахси сеюм, бо мувофикаи тарафхо ба сифати гарав гирад. Ин гуна гарав гарави додашуда (заклад) хисоб меёбад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Воситахои муштарии ташкилоти карзи (гаравдех), ки дар хисобномаи муштари дар ташкилоти карзи мебошанд, ба сифати предмети гарав (гарави додашуда (заклад) дар назди шахси сеюм (гаравгир) бо мувофикаи тарафхо баромад карда метавонанд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  4. Маблаѓхое, ки предмети гарав мебошанд, аз хисоби муштари дар ташкилоти карзи (гаравдех) бе розигии гаравгир пардохт карда шуда наметавонанд, агар ба ташкилоти карзи гаравдех ва гаравгир дар хусуси гарави воситахои дар хисоби дар ташкилоти карзи доштаи муштари хатти хабар дода бошанд ва тасдикномаи хаттии ташкилоти карзи мавчуд бошад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

БОБИ 4.

ГАРАВ БО МОНДАНИ АШЁИ ГАРАВи  ДАР ДАСТИ ГАРАВДЕХ

 

Моддаи 34. Предмети гарав бо мондани ашёи гарав дар дасти гаравдех

 

  1. Молу мулки манкул ва ашёи аз муомилоти граждани бароварданашуда бо созиши тарафхо предмети гарав бо мондани ашёи гарави дар дасти гаравдех шуда метавонанд.
  2. Самарахои чудошаванда предмети гараве, ки дар кисми 1 хамин модда нишон дода шудааст, танхо ба шарте шуда метавонанд, ки агар онхо аз лахзаи чудошави объекти хукуки шахси сеюм нашаванд.

 

Моддаи 35. Хукуки гаравгир хангоми гаравмонии ашёе, ки дар дасти гаравдех монда мешавад

 

  1. Агар предмети гарав дар дасти гаравдех бошад, гаравгир, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, хукук дорад, ки:

1) ба молу мулк, инчунин ба хар хуччати мавчудаи он, ки барои тафтиши андоза, холат ва шароити нигохдори ё истифодаи молу мулки гарави зарур аст, дастрасии вокеи пайдо намояд;

2) катъ кардани хама гуна касдро ба предмети гарав, ки тахдиди нобудкуни, харобкуни ё камкунии арзиши онро дорад, талаб кунад;

3) аз гаравдех андешидани чорахои ба хифзи предмети гарав равона кардашударо бо асос талаб намояд;

4) дар сурати харобшавии молу мулки гарав на бо гунохи гаравгир, баркарор ё иваз намудани молу мулки гаравиро ё пеш аз мухлат адо кардани карз (кисми дахлдори карз)-ро сарфи назар аз мухлатхои мувофикашудаи пардохт талаб намояд;

5) дигар хукукхоро, ки шартномаи гарав додааст ва онхо ба хамин Конун мухолифат намекунанд, татбик намояд.

  1. Дар сурати ичро накардани талаби гаравгир аз чониби гаравдех оид ба иваз намудани молу мулки гарави мутобики банди 4 кисми 1 хамин модда гаравгир метавонад пеш аз мухлат ичро кардани ухдадории таъминшударо талаб кунад ва аз хисоби молу мулки гарави пардохтхоро руёнад.

 

Моддаи 36. Хукуку вазифаи гаравдех хангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдех

 

  1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, гаравдех хангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдех хукук дорад:

1) предмети гаравро мувофики хусусият ва таъиноташ сохиби ва истифода намояд;

2) дигар хукукеро, ки шартномаи гарав додааст, ба амал барорад.

  1. Гаравдех хангоми гаравмони бо гузоштани ашёи гарави дар дасти у, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, вазифадор мебошад:

1) тамоми чорахоеро андешад, ки барои беосеб нигох доштани предмети гарав, аз он чумла ба чо овардани таъмири асоси ва чори мувофики шартнома заруранд;

2) аз хисоби худ предмети гарави дар дасти у мондаро дар хачми пуррааш суѓурта намояд;

3) дар сурати нобуд шудани предмети гарав бо розигии тарафхо онро баркарор ё бо ашёи хамарзиши бо нархи бозории на камтар аз арзиши предмети гарави гумшуда иваз кунад ё карз (як кисми дахлдори карз)-ро, сарфи назар аз мухлатхои мувофикакардаи тарафхо, пардохт намояд;

4) гаравгирро дар бораи ба ичора додани предмети гарав огох намояд;

5) ба гаравгир имконияти дастрасии вокеиро ба молу мулки, инчунин ба хар хуччати барои он мавчудбуда, ки барои тафтиши андоза, холат ва шароити нигохдошт ё истифодаи молу мулки гарави зарур аст, дихад.

 

Моддаи 37. Ба гарав гузоштани молхои дар муомилотбуда

 

  1. Молхои дар муомилотбуда захирахои моли-модди, ашёи хом, махсулоти нимтайёр ва тайёре хисобида мешаванд, ки дар давоми вакт истифода ва пурра карда шуда метавонанд. Мувофики хамин модда ин гуна молхоро, ки ба онхо тавсифи умумие додан мумкин аст, ки аз руи он мукаррар кардани мол имконпазир мебошад, ба гарав мондан мумкин аст. Шартномаи гарави молхои дар муомилотбуда бояд шакли моли гаравро муайян намояд, хусусиятхои ба он хос, арзиши умуми, чои вокеиятро тавсиф намояд ва бо хамин рох хар молеро баён кунад, ки онро барои иваз намудани молу мулки гарави истифода кардан мумкин аст.
  2. Хангоми гаравмонии молхои дар муомилотбуда предмети гарав молхои арзишашон муайяне мебошанд, ки аз руи вохиди микдор, андоза ва ё хачми мол муайян карда мешаванд. Агар дар шартнома дигар шарту шароит пешбини нашуда бошад, гаравдех хак дорад предмети гаравро тавре иваз намояд, ки арзиши умумии мол назар ба арзиши дар шартномаи гарав нишондодашуда камтар набошад, предмети гаравро бе розигии гаравгир бегона намояд. То вакти пурра кардани предмети гарав, ки ба сифати он молхои дар муомилотбуда баромад мекунанд, воситахои пулие, ки аз фуруши онхо ба даст омадаанд, ба сифати предмети гарав амал мекунанд.

Тарафхо камшавии арзиши умумии гарави молхои дар муомилотбударо мутобики кисми ичрошудаи ухдадории бо хамин гарав таъминшуда пешбини карда метавонанд.

  1. Гарави молхои дар муомилотбуда гарави молхое эътироф мегарданд, ки дар дасти гаравдех монда мешаванд. Хангоми гарави молхои дар муомилотбуда ва коркарди дубора гаравдех хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдории предмети гаравро бо риояи коидахои хамин боб нигох медорад.
  2. Он молхои дар муомилотбуда, ки гаравдех мувофики шартхои шартномаи гарави молхои дар муомилотбуда пайдо кардааст, аз лахзаи ба дасти гаравдех бо хукуки моликият ё дигар хукуки ашёи гузаштан предмети гарав мешаванд. Молхое, ки дар муомилот мебошанд, аз лахзаи ба моликият, пешбурди хочагидори ё идоракунии оперативии харидор гузаштан дигар предмети гарав намебошанд.
  3. Аз лахзаи ба гаравдех аз тарафи гаравгир супурдани хабарнома дар бораи руёнидани пардохтхо мувофики боби 6 хамин Конун ба гаравдех манъ карда мешавад, ки ба хар моли мавриди гардиш ихтиёрдори намояд.

 

БОБИ 5.

ГАРАВИ ХУКУК

 

Моддаи 38. Гарави хукук

 

  1. Дар сурате, ки предмети гарав карзи пулии ба гаравдех тааллукдошта мебошад, гаравдех вазифадор нест, ки ба истиснои мавридхои пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон карздори худро аз он хабардор намояд, ки карзи у ба гарав монда шудааст. Карздоре, ки карзи у ба гарав монда шудааст, онро бо рохи пардохтхо ба гаравгир ё ба шахсе, ки уро гаравдех таъин мекунад, адо карда метавонад, танхо ба шарте, ки гаравдех ё гаравгир ба карздор дар бораи мавчуд будани гарав хабар надиханд. Баъди ба карздор супурдани ин гуна огохинома гаравгир метавонад карзхоро дар бобати карзи ба гарав мондашудаи ба гаравдех тааллукдошта бевосита пайгири намояд ва карзи ба гарав мондашуда танхо бо рохи пардохти он ба гаравгир ё ба шахсе, ки гаравгир таъин кардааст, адо карда шуда метавонад.
  2. Агар предмети гарав ухдадории шартномавии шахси сеюм дар назди гаравдех бошад, ки карзи пули нест, ин гуна ухдадории шартномави аз тарафи ухдадоршаванда мувофики ахду паймон бо гаравгир конеъ гардонда мешавад. Дар ин маврид гаравгир баъди ин, ки хама гуна арзиш мувофики шартнома ба ихтиёри гаравдех мегузарад, каноатманди пайдо карда метавонад.

Гаравгир каноатмандиро бевосита аз тарафи ухдадоршаванда мувофики ухдадории шартномави танхо баъди он пайдо карда метавонад, ки гаравгир нусхаи хабарномаро дар бораи мачбуран ситонидан ба тарафи ухдадоршаванда фиристонад ва ба он ишорат мекунад, ки гаравгир мувофики хамин Конун хукуки худро оид ба мачбуран ичро намудани ухдадории шартномавии тарафи ухдадоршавандаро дар назди гаравдех ба амал мебарорад.

  1. Дар шартномаи гарави хукуке, ки арзиши пули надорад, арзиши предмети гарав мувофики созиши тарафхо муайян карда мешавад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.
  2. Агар карздори гаравдех то аз тарафи гаравдех ичро карда шудани ухдадории бо гарав таъминшуда ухдадории худро ичро карда бошад, тамоми даромадхои дар ин маврид ба дастовардаи гаравдех предмети гарав мегардад, ки гаравдех вазифадор аст дар ин бора фавран ба гаравгир хабар дихад.

Дар сурати аз карздори худ аз хисоби ичрои ухдадорихо гирифтани маблаѓ гаравдех вазифадор аст бо талаби гаравгир аз хисоби ичрои ухдадорихои бо гарав таъминшуда маблаѓхои дахлдорро интикол дихад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро мукаррар накарда бошад.

 

Моддаи 39. Вазифахои гаравдех хангоми гарави хукук

 

Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, гаравдех хангоми гарави хукук вазифадор аст:

1) хукуки ба гаравгузошташударо ба каси дигар надихад;

2) амалиётхоеро анчом надихад, ки боиси катъ гардидани хукуки ба гаравгузошташуда ё камшавии арзиши он мегардад;

3) барои таъмини хакики будани хукуки гаравшуда амалиётхои заруриро ба чо оварад;

4) барои хифзи хукуки ба гаравгузошташуда аз касдхои тарафи шахсхои сеюм тамоми чорахоро андешад;

5) ба гаравгир дар бораи хар гуна таѓйироти хукуки ба гаравгузошташуда, дар бораи вайронкунии он аз тарафи шахсони сеюм ва даъвои шахсони сеюм ба ин хукук хабар дихад.

 

Моддаи 40. Хукуки гаравгир хангоми гарави хукук

 

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад, гаравгир хангоми гарави хукук хак дорад:

1) сарфи назар аз расидани мухлати ичрои ухдадории бо гарав таъминшуда ба суд бо даъвои ба худаш интикол додани хукуки ба гаравгузошташуда мурочиат намояд, агар гаравдех вазифахои пешбиникардаи моддаи 39 хамин Конунро риоя накарда бошад;

2) дар сурати талаботи пешбиникардаи банди 4 моддаи 39 хамин Конунро ичро накардани гаравдех мустакилона чорахое андешад, ки ба хифзи хукуки ба гаравгузошташуда аз конуншиканихои шахси сеюм нигаронида шудаанд;

3) ба парвандае, ки дар он даъво дар бораи хукуки ба гаравгузошташуда барраси мегардад, ба сифати шахси сеюм дохил шавад.

 

ФАСЛИ III

АЗ ХИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВи РУЁНИДАНИ ПАРДОХТХО

 

БОБИ 6.

АЗ ХИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВи РУЁНИДАНИ ПАРДОХТХО

 

Моддаи 41. Асоси аз хисоби предмети гарав руёнидани пардохтхо

 

  1. Пардохт аз хисоби предмети гарав барои конеъ намудани талаботи гаравгир (карздиханда), ки дар хамин Конун нишон дода шудааст, дар сурати ухдадории бо гарав таъминшударо ичро накардан ё ба таври номатлуб ичро кардани карздор руёнида шуда метавонад, чунончи:

1) вайрон кардани тартиб ва мухлатхои пардохти фоизхо, ки шартнома мукаррар кардааст;

2) вайрон кардани тартиб ва мухлатхои пас гардонидани маблаѓи карзи асосии мукарраркардаи конун ё шартнома;

3) талаботи гаравгирро дар бораи пеш аз мухлат ичро кардани ухдадории бо гарав таъминшуда ичро накардани карздор дар мавридхои пешбиникардаи моддаи 42 хамин Конун;

4) дар дигар мавридхои пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ё шартнома.

  1. Аз хисоби молу мулки гарави руёнидани пардохтхо бо тартиби пешбиникардаи шартномаи гарав ба амал бароварда мешавад, агар хамин Конун дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад. Хангоми номувофикии шартхои шартномаи гарав ва шартхои ухдадории бо гарав таъминшуда дар хусуси талаботе, ки бо рохи аз хисоби молу мулки гарави руёнидани пардохтхо конеъ карда шуда метавонанд, бартари ба шартхои шартномаи гарав дода мешавад.

Кисми 3 бо КЧТ аз 26.07.14с., № 1117 хорич карда шуд.

 

Моддаи 42. Аз хисоби предмети гарав руёнидани пардохтхо дар сурати конеъ накардани талаботи оид ба

                     пеш аз мухлат ичро намудани ухдадории бо гарав таъминшуда

 

  1. Гаравгир хак дорад пеш аз мухлат ичро кардани ухдадории бо гарав таъминшударо талаб намояд, вале агар ин талаб ичро карда нашавад, пардохтхоро аз хисоби предмети гарав дар мавридхои зерин ситонад:

1) коидахои ихтиёрдории предмети гаравро вайрон кардани гаравдех ё аз сохибияти гаравдех баромадани предмети гарав;

2) коидахои иваз ё баркарор кардани предмети гаравро вайрон намудани гаравдех;

3) гум кардани предмети гарав дар холатхое, ки гаравдех барои онхо чавобгар намебошад, агар гаравдех аз хукуки иваз ё баркарор кардани предмети гарав истифода накарда бошад;

4) коидахои гаравмонии минбаъдаро вайрон кардани гаравдех;

5) ухдадорихои нигохдори ва эхтиёт намудани предмети гаравро вайрон кардани гаравдех;

6) ухдадорихои худро дар бораи огохонидани гаравгир аз хукуки ба предмети гарав доштани шахсони сеюм вайрон кардани гаравдех;

7) ухдадорихои пардохти фоизхо ё дигар маблаѓхои пешбиникардаи ухдадории бо гарав таъминшударо мунтазам ( бештар аз ду маротиба) вайрон кардани карздор;

8) дар дигар мавридхои пешбиникардаи конун ё шартномаи гарав.

 

Моддаи 43. Навбати конеъгардонии талабхои гаравгирхо

 

  1. Талабхои гаравгири баъдина аз хисоби арзиши предмети гарав баъди конеъ гардонидани талабхои гаравгири пешина конеъ карда мешаванд.
  2. Навбати конеъ гардонидани талабхо мувофики хамин Конун бо розигии хаттии гаравгирхо таѓйир дода шуда метавонад.
  3. Дар сурати бо талаби гаравгири баъдина аз хисоби предмети гарав руёнидани пардохтхо талабхои гаравгири баъдина баъд аз конеъ кунондани талабхои гаравгирони пешина конеъ гардонда мешаванд, хатто агар мухлати конеъкунии онхо нарасида бошад.
  4. Дар сурати бо талаби гаравгири пешина аз хисоби предмети гарав руёнидани пардохтхо, хамзамон бо талаби гаравгири баъдина аз хисоби ин предмети гарав руёнидани пардохтхо раво мебошад, ки мухлати пешниходи руёнидани онхо хануз нарасидааст.

Талаботи гаравгирхои баъдина набояд пеш аз мухлат конеъ гардонда шаванд, агар барои конеъ гардондани талабхои гаравгирхои пешина аз хисоби як кисми предмети гарав руёнидани пардохтхо кофи бошад.

  1. Гаравгири баъдина, ки молу мулки гарави дар ихтиёри у мебошад, вазифадор аст:

1) ба гаравгирхои пешина дар бораи ниятхои худ оид ба фурухтани молу мулки гарави хабар дихад;

2) бо талаби гаравгирандаи пешина молу мулки гаравиро ба сохибияти у супорад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

Агар ин талабхо ичро нашуда бошанд, гаравгири баъдина, ки молу мулкро мефурушад, дар назди гаравгири пешина чавобгарии молу мулки дорад.

  1. Хангоми аз хисоби предмети гарав руёнидани пардохтхо талабхои гаравгири баъдина аз хисоби арзиши предмети гарав баъди талабхои худро конеъ гардонидани гаравгири пешина конеъ карда мешаванд.
  2. Бо навбат конеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рузи баъди аз чониби гаравдех ба даст овардани даромад ба анчом мерасад, ба истиснои холатхое, ки даромад дар шакли пули ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар хуччатхои бакайдгирии пешниходшуда зикр шудааст, пушонида шавад.(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Бо навбат конеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рузи баъди аз чониби гаравдех гирифтани хосил ва махсулот ба анчом мерасад, ба истиснои холатхое, ки даромад дар шакли пули ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар хуччатхои бакайдгирии пешниходшуда зикр шудааст, пушонида шавад. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  4. 9. Агар гаравгири гаравхои пешина ва минбаъда худи хамон як шахс бошад, коидахои хамин модда татбик намешаванд. Дар ин маврид талабхои бо хар яке аз гаравхо таъминшуда бо навбат, мувофики мухлатхои дахлдори ичрои ухдадорихои дахлдор конеъ карда мешаванд, агар конун ё созишномаи тарафхо дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.
  5. 10. Агар маблаѓи аз фуруши ичбории молу мулки гарави ба дастомада, ки он мувофики фасли III хамин Конун ба амал бароварда мешавад, барои пардохти талабхои гаравгирхои навбати минбаъда кифоя набошад, талабхои онхо чун талабхои таъминнабуда катъ мегарданд, катъи назар аз конуни будани ин талабхо, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.

 

Моддаи 44. Тартиби руёнидан аз хисоби предмети гарав 

 

  1. Руёнидан аз хисоби предмети гарав метавонад бо тартиби гайрисуди ва суди амали карда шавад.
  2. Руёнидан аз хисоби предмети гарав бо тартиби гайрисуди дар асоси шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдех ва гаравгир, ки дар он шартхои руёнидан аз хисоби предмети гарав бо тартиби гайрисуди нишон дода шудаанд, амали карда мешавад. Агар дар шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдех ва гаравгир тартиби гайрисуди мукаррар шуда бошад, ягон тараф наметавонад ба таври яктарафа тартиби руёниданро аз хисоби предмети гарав тагйир дихад. 
  3. Дар холатхои дигар руёнидан аз хисоби предмети гарав бо тартиби суди амали карда мешавад, аз чумла, агар: 

– барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розиги ё ичозати дигар шахс ё макомот талаб карда шавад ва ин гуна розиги ё ичозат гирифта нашуда бошад; 

– предмети гарав молу мулки бошад, ки барои чомеа арзиши зиёди таърихию бадеи ё дигар арзиши фарханги дошта бошад.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 45. Тартиби гайрисудии руёнидан аз хисоби предмети гарав

 

  1. Гаравгир хукук дорад ба таври гайрисуди ба предмети гарав сохиб шавад, агар он дар шартномаи гарав пешбини шуда бошад ё агар карздор (гаравдех) пас аз ба миён омадани холатхои ичро нагаштан ё ба таври номатлуб ичро гардидани ухдадори дар шакли хатти розиги дода бошад, ба шарте ки чунин сохиб шудан ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф набошад.
  2. Агар предмети гарав молу мулки манкули ба молу мулки гайриманкул пайвастшуда бошад, гаравгир метавонад онро бо тартиби гайрисуди аз молу мулки гайриманкули ба он пайвастшуда, танхо дар сурати гирифтани розигии хаттии карздор ё гаравдех, агар у дар як вакт карздор хисобида нашавад, пас аз ба миён омадани холатхои ичро нагаштан ё ба таври номатлуб ичро гардидани ухдадори чудо намояд. 
  3. Руёнидан аз хисоби предмети гарав бо тартиби гайрисуди бо чунин тарз амали карда мешавад:

– ихтиёран супоридани предмети гарав аз чониби гаравдех ба гаравгир;

– руёнидан аз хисоби предмети гарав дар асоси навиштачоти ичроияи нотариус.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 46. Ихтиёран супоридани предмети гарав 

 

Ихтиёран супоридани предмети гарав бо бастани созишномаи хакки дасткаши байни гаравдех ва гаравгир амали карда мешавад. 

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 47. Руёнидан аз хисоби предмети гарав дар асоси навиштачоти ичроияи нотариус 

 

  1. Дар сурати аз чониби гаравдех эътироф намудани ухдадории карзи ё дар асоси карори суд дар бораи руёнидани карзе, ки бо предмети гарав таъмин шудааст, гаравгир хукук дорад барои гирифтани навиштачоти ичроияи нотариус мурочиат намояд. 
  2. Дар бораи гирифтани навиштачоти ичроияи нотариус ва огоз намудани расмиёти гирифтани предмети гарав, гаравгир ухдадор аст, ки гаравдехро бо таври хатти огох намояд. 
  3. Гаравдех хукук дорад, ки навиштачоти ичроияи нотариусро бо тарики суди мавриди шикоят карор дихад.
  4. Дар холати саркаши намудани гаравдех аз ихтиёран супоридани предмети гарав дар асоси навиштачоти ичроияи нотариус, предмети гарав мачбуран тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ситонида мешавад.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 48. Чорахои таъминоти вобаста ба предмети гарав

 

  1. Агар баъди ба амал омадани холати ичро накардан ё ба таври номатлуб ичро кардани ухдадори, гаравгир ба предмети гарав тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон сохиб шуда натавонад ё агар карздор (гаравдех) баъди ба амал омадани холати мазкур барои гирифтани предмети гарав, ки молу мулки манкули ба молу мулки гайриманкул пайвастшуда ба хисоб меравад, рози набошад, гаравгир хукук дорад ба суд бо ариза дар бораи супоридани предмети гарав ба нигохдории гаравгир мурочиат намояд, ки он бо тартиби мукарраркардаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон барраси мегардад.
  2. Ба ариза дар бораи супоридани предмети гарав хуччатхои зерин замима мегарданд:

– шартномаи гарав;

– далелхои дахлдор, ки холати аз чониби карздор ё гаравдех, агар у дар як вакт карздор хисобида нашавад, ичро накардан ё ба таври номатлуб ичро кардани ухдадории асосиро тасдик мекунанд;

– хуччати супоридани бочи давлати;

– дигар хуччатхое, ки конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон пешбини намудааст. 

  1. Хангоми мурочиат намудани гаравгир ба суд бо ариза оид ба андешидани чорахои таъминоти, гаравгир ба карздор (гаравдех) нусхаи аризаи мазкур ва нусхаи хамаи хуччатхои замимашавандаро, ки ба суд пешниход шудаанд, месупорад. Аризаи мазкур мумкин аст бе тасдики кабули он аз чониби карздор (гаравдех) дар холатхои зерин ба суд пешниход карда шавад:

– агар гаравгир чорахои дахлдорро оид ба супоридани нусхаи аризаи мазкур ба карздор (гаравдех) андешида бошад, вале ин чорахо бенатича мондаанд;

– бахри пешгири кардани вайроншавии предмети гарав ё дар холати мохиятан паст шудани арзиши предмети гарав;

– бо максади пешгири намудани амалхои эхтимолии гайриконунии карздор (гаравдех), ки ба нобудшави, вайроншави ё бегона намудани предмети гарав оварда мерасонанд.

  1. Гаравгире, ки дар асоси санади суди предмети гаравро барои нигохдори кабул намудааст, ухдадор мешавад оид ба таъмини нигохдории предмети гарави дар ихтиёр доштааш то ба сохибият кабул намудани он ё то кабул шудани карори суд чорахои дахлдор андешад.
  2. Агар аз шартномаи тарафхо тартиби дигар барнаояд, дар муддати дар нигохдории гаравгир карор доштани предмети гарав, харочоти дахлдор, аз чумла андоз ё хирочи пардохтшудаи ба предмети гарав алокаманд мумкин аст ба зиммаи карздор (гаравдех) гузошта шуда, аз хисоби предмети гарав, инчунин арзиши хама гуна намудхои сугурта руёнида шавад.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 49. Огохинома дар бораи огози расмиёти руёнидан аз хисоби  предмети гарав бо

                        тартиби гайрисуди 

 

  1. То огози расмиёти руёнидан аз хисоби предмети гарав бо тартиби гайрисуди гаравгир ухдадор аст дар шакли хатти ба гаравдех огохинома фиристонад, ки он маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– маълумот дар бораи гаравдех ва гаравгир; 

– тавсифи инфироди ё умумии предмети гарав;

– пешниход дар бораи ичрои ихтиёрии ухдадори, аз чумла маблаги карз дар мухлати на камтар аз 20 руз аз лахзаи бо тарики дахлдор супоридани огохинома ба гаравдех;

– дигар маълумотхое, ки гаравгир зарур мешуморад;

– санаи огохинома ва имзои гаравгир ё шахси ваколатдоркардаи у. 

  1. Гаравгир хамзамон ба гаравгирони пешина ва минбаъда огохинома оид ба огози расмиёти руёнидан аз хисоби предмети гаравро мефиристонад.
  2. Хангоми гирифтани огохинома дар бораи огози расмиёти руёнидан аз хисоби предмети гарав:

1) гаравдех хукук дорад:

– пешниходи гаравгирро дар бораи ичрои ихтиёрии ухдадори конеъ намояд; 

– ба суд бо даъво оид ба мавриди бахс карор додани асосхои руёнидан аз хисоби предмети гарав мурочиат намояд; 

2) гаравдех ухдадор аст:

– огохиномаро мохиятан мавриди барраси карор дихад;

– на дертар аз 10 руз аз лахзаи гирифтани огохинома оид ба карори кабулнамудаи худ ба гаравгир ба таври хатти чавоб дихад. 

  1. Агар гаравдех ба гаравгир оид ба карори кабулнамудаи худ вобаста ба огохинома чавоби хатти пешниход накунад, пас ин амал хамчун эътироф накардани асоснокии талаботи гаравгир дар бораи карзи асоси ва руёнидан аз хисоби предмети гарав дониста шуда, барои мурочиат ба суд асос шуда метавонад.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 50. Руёнидан аз хисоби предмети гарав бо тартиби суди 

 

Гаравгир дар холатхои зерин хукук дорад ба суд бо даъво мурочиат намояд:

– гайриимкон будани руёнидан аз хисоби предмети гарав бо тартиби гайрисуди, ки дар Конуни мазкур пешбини шудааст;

– агар барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розиги ё ичозати дигар шахс ё маком талаб карда шавад ва ин гуна розиги ё ичозат гирифта нашуда бошад; 

– агар предмети гарав молу мулке бошад, ки барои чомеа арзиши зиёди таърихию бадеи ё дигар арзиши фарханги дорад;

– набудани гаравдех ва имконнопазир будани мукаррар кардани макони чойгиршавии у;

– дар сурати эътироф накардани асоси талаботи гаравгир дар бораи карзи асоси ва руёнидан аз хисоби предмети гарав.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117) 

 

БОБИ 7.

ФУРУШИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВЕ, КИ АЗ ХИСОБИ ОН  ПАРДОХТХО РУЁНИДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 51. Фуруши предмети гарав

 

  1. Баъди гузаштани мухлати сархати сеюми кисми 1 моддаи 49хамин Конун гаравгир хукук дорад ба расмиёти фуруши предмети гарав мутобики хамин Конун шуруъ намояд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Фуруши предмети гарави марбут ба руёнидани пардохтхо аз хисоби предмети гарав ё кушода ё хусуси буда метавонад ва бояд ба шакл ва мавкеи молу мулк мувофикат намояд.

Гаравдех ва гаравгир вазифадоранд бовичдонона барои ба амал баровардани фуруш тавре чорахо андешанд, ки он барои хамаи тарафхои иштироккунанда бо назардошти шароити вокеи харчи бештар баманфиат бошад.

  1. Хар шахс, ба истиснои гаравдех ва хар шахсе, ки аз номи гаравдех амал мекунад ва аз байни иштирокчиёни музоядаи ситондани пардохтхо мутобики хамин модда нархи баландтаринро пешниход менамояд, барои молу мулки гарави хукуки моликиятро пайдо менамояд. Хангоми савдои хусуси харидоре, ки гаравдех ё шахсе намебошад, ки аз номи гаравдех амал мекунад, хукуки моликиятро ба молу мулк баъди пардохти арзише, ки гаравгир бо гаравдех мувофика кардаанд, гаравдех пайдо мекунад.
  2. Агар гарав дар шакли гарави додашуда (заклад) буда, предмети гарав депозити пули, коѓазхои киматнок, ашёи ивазшаванда ё дигар ашёе бошад, ки дар сурати ба миён омадани зарурат ба гаравдех пас гардонда, бо ашёи хаммонанд иваз карда шуда метавонад, гаравгир метавонад хукуки худро дар бобати руёнидани пардохтхои ухдадории ичронашуда дар лахзаи фаро расидани мухлати ичрои ухдадории бо гарав таъминшуда ба амал барорад.

Гаравгир хак дорад ин гаравро фурушад ё бо дигар рох онро фавран баъди ба ихтиёрдориаш ворид гардидани ин гарав бегона намояд, агар:

1) ин гарав аз чихати хусусиятхои табиии худ зудвайроншаванда бошад ё хатаре мавчуд бошад, ки он арзиши худро зуд гум кунад;

2) харочоти хифз ва нигохдории предмети гарав ба киёси арзиши он номутаносиб аст;

3) бо карори суд.

  1. Гаравдех метавонад аз хисоби молу мулки гарави руёнидани пардохтхоро бо рохи ба гаравгир пардохт намудани тамоми маблаѓи тааллукдошта, ки ба ухдадори мансуб буда, бо молу мулки гарави таъмин гардидааст, инчунин харочоти руёнидани пардохтхоро пеш аз фуруши он катъ кунад.
  2. Бегона кардани предмети гарав бо рохи руёнидани пардохтхо бо максади конеъ гардондани ухдадории бо гарав таъминшуда амалиёти тичорати намебошад.

 

Моддаи 52. Тарзу усулхои фуруш

 

  1. Предмети гарав, ки мувофики хамин Конун пардохтхо аз хисоби он руёнида мешаванд, бо рохи фуруши ошкоро, савдои хусуси ё бо дигар тарзу усулхои пешбиникардаи созишномаи тарафхо, инчунин бо рохи предмети гаравро харидани гаравгир мувофики талаботи хамин Конун фурухта мешавад.
  2. Савдои кушод дар шакли музоядаи ошкоро ё озмун гузаронда мешавад. Шакли савдо бо карори суд (дар сурати бо тартиби суди руёнидани пардохтхо) ё бо шартномаи гарав ё созишнома дар бораи конеъ намудани талаботи гаравгир (дар сурати бо тартиби ѓайрисуди руёнидани пардохтхо) муайян карда мешавад.
  3. Тартиби гузарондани савдои кушод тибки моддахои дахлдори Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, хамин Конун ё дигар санадхои меъёрии хукуки, инчунин шартномаи гарав ё созишнома дар бораи конеъ намудани талаботи гаравгир бо тартиби ѓайрисуди муайян карда мешавад.

 

Моддаи 53. Хукуку ухдадорихои гаравгир хангоми фуруши предмети гарав

 

  1. Гаравгир молу мулки гаравиро бо хар рохи барои у мусоид, бо тарзу усулхои пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон фурухта метавонад. Гаравгир барои фуруш ё халли хар масъалаи ба фуруш алокаманд идоракунандаи гаравро, ки аз номи у амал мекунад, таъин карда метавонад. Гаравгир хак дорад бо розигии гаравгирони пешина ва минбаъда фуруши предмети гаравро ба мухлати на бештар аз се мох аз лахзаи оѓози расмиёти руёнидани пардохтхо ба таъхир андозад, то ки нархи бештар баланди молу мулки гаравиро ба даст орад.

Гаравдех хак дорад ба суд бо хохиши дароз кардани мухлати гузаронидани савдо мувофики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон мурочиат намояд.

Бо розигии хаттии гаравдех ва тамоми гаравгирон мухлати фуруши молу мулки гарави бе мурочиат ба суд мумкин аст ба таъхир гузошта шавад.

2.Гаравгир молу мулки гаравиро худаш дар савдои хусуси харида наметавонад.

  1. Гаравгир хар маблаѓи аз савдои руёнидани пардохтхо ба дастомадаро, ки аз маблаѓи ба гаравгир додашаванда зиёдтар аст, ба махфуздоранда мегузорад. Ин маблаѓ барои пардохт ба гаравгирони навбати истифода карда шуда, бакияи он хатман ба гаравдех пас гардонда мешавад. Тамоми маблаѓхое, ки гаравгир барои харочоти суд, нигахдори, бехтар кардани молу мулки гарави, фуруши молу мулки гарави харч кардааст, ба харочоти руёнидани пардохтхо мувофики моддаи 6 хамин Конун мансубанд ва бояд ба гаравгир дода шаванд. (КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Хангоми фуруши предмети гарав манфиати тичорати дар назар дошта мешавад, агар:

– гаравдех хангоми фуруш усули аз чихати тичорати манфиатнокро истифода намояд;

– аз фуруши предмети гарав дар дигар вакт ё бо тарзи дигар назар ба вакт ва тарзи фуруши интихобкардаи гаравдех нархи нисбатан фоиданокро ба даст овардан мумкин бошад;

– гаравдех предмети гаравро мутобики тачрибаи тичоратии сохибкороне, ки ба фуруши чунин намуди молу мулк машгуланд, фурушад;

– усули фурухтани предмети гарав бо карори суд тасдик шуда бошад.

(КЧТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 54. Ухдадори дар назди гаравдех, ки аз фуруши ѓайриконунии предмети гарав бармеояд

 

  1. Дар сурате, ки агар суд мукаррар карда бошад, ки гаравгир молу мулки гаравиро бо сабаби риоя накардани расмиёти хамин Конун бо нархи беасоси паст фурухтааст, ухдадорихои тарафхо ба холати аввала оварда мешаванд.
  2. Агар гаравдех ё гаравгири баъдина исбот кунад, ки арзиши асосноки бозории молу мулки гарави хангоми фуруши он аз арзиши фуруши зиёд буд ва дар натичаи вайрон кардани коидахои савдо аз тарафи гаравгири пешина, гаравдех ё гаравгири баъдина аз маблаѓи фуруш, ки бояд боки мемонд, махрум гардид, гаравдех ва гаравгири баъдина метавонанд бо дархости ба андозаи маблаѓи гумшуда товони зарарро додани гаравгир ба суд мурочиат намоянд.

Моддаи 55. Окибатхое, ки аз ѓайриконуни ба сохиби даровардани предмети гарав бармеоянд

 

Гаравдех метавонад аз гаравгир товони зарарро бо тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон руёнад, агар гаравгир ба он хукуки конуни надошта бошад ё бо рохи ѓайриконуни молу мулки гаравиро ба сохибии худ гирифта бошад.

 

Моддаи 56. Катъ кардани фуруши предмети гарав

 

  1. Хар вакт то вакти фуруши предмети гарав дар музояда ё харидории он аз тарафи гаравгир бо тартиби мукарраркардаи хамин Конун расмиёти руёнидани пардохтхо аз хисоби предмети гарав ва фуруши он бояд катъ карда шавад, агар карздор ё гаравдех, ки шахси сеюм мебошад, ухдадории бо гарав таъминшударо пурра ё дар он кисме ичро намояд, ки ичро карда нашудан ё ба таври номатлуб ичро кардани он асоси руёнидани пардохтхо бо рохи пардохти маблаѓи талабкардаи гаравгир дар хачме, ки ин талабот дар лахзаи пардохти маблаѓхои дахлдор чой доранд ва ба гаравгир подоши маблаѓхои харочоти суди ва дигар харочотеро, ки руёнидани пардохтхо аз хисоби предмети гарав ва фуруши он ба миён овардаанд, медихад.

Созишномае, ки хукуки дар хамин кисм нишондодашударо махдуд месозад, эътибор надорад.

  1. Гаравгир баъди гирифтани маблаѓхои дар кисми 1 хамин модда нишондодашуда вазифадор аст:

1) хабарнома дар бораи катъ кардани расмиёти руёнидани пардохтхо аз хисоби предмети гарав ва фуруши онро тартиб дихад;

2) дар сурате, ки агар гарав мувофики хамин Конун ба кайд гирифта шуда бошад, хабарномаро ба макоми бакайдгиранда барои бекор кардани бакайдгири мувофики моддаи 26 хамин Конун фиристонад;

3) бо талаби гаравдех (карздор) ё гаравгир оид ба гарави пешина ва баъдина ба онхо нусхаи дуюми хабарномаро дихад.

  1. Хабарнома дар шакли хатти тартиб дода шуда, бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгуй (ном) ва чои будубоши (сукунати) гаравдех (карздор);

2) номгуй (ном) ва чои будубоши (сукунати) гаравгир;

3) дастур барои катъ кардани расмиёти руёнидани пардохтхо аз хисоби предмети гарав ва фуруши он;

4) раками бакайдгири, сана ва вакти бакайдгири дар макоми бакайдгиранда, агар гарав ба кайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба андешаи гаравгир зарур мебошанд;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

 

Моддаи 57. Асоси катъ кардани гарав

 

  1. Гарав пурра ё кисман бо асосхои пешбиникардаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, хамин Конун ё шартномаи гарав катъ карда мешавад.
  2. Хангоми катъ кардани гарав гаравгир вазифадор аст:

1) хабарномаро дар бораи катъ кардани гарав тартиб дихад;

2) дар сурате, ки агар шартномаи гарав мувофики хамин Конун ба кайд гирифта шуда бошад, ба макоми бакайдгиранда барои бекор кардани бакайдгири мувофики моддаи 26 хамин Конун хабарнома равона кунад;

3) бо талаби карздор (гаравдех) ё гаравгирхои пешина ва баъдина ба онхо нусхахои хабарномаро дихад.

  1. Хабарнома дар шакли хатти тартиб дода мешавад ва бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгуй (ном) ва чои вокеияти (сукунати) карздор (гаравдех);

2) номгуй (ном) ва чои вокеияти (сукунати) гаравгир;

3) холатхое, ки асоси катъ кардани гарав мебошанд;

4) раками бакайдгири, сана ва вакти бакайдгири дар макоми бакайдгиранда, агар гарав ба кайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба акидаи карздор (гаравдех) ва ё гаравгир зарур мебошад;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

 

ФАСЛИ IV

КАФОЛАТХОИ ХУКУКИ ТАРАФХО ХАНГОМИ ГАРАВ

 

БОБИ 8.

КАФОЛАТХОИ ХУКУКИ ТАРАФХО ХАНГОМИ ГАРАВ

 

Моддаи 58. Хифзи манфиатхои гаравгир ва гаравдех хангоми катъи хукуки онхо ба молу мулки гарави

                     дар асосхои пешбиникардаи конун

 

  1. Дар сурати аз тарафи Чумхурии Точикистон кабул кардани санадхои конунгузорие, ки хукуки гаравро катъ менамоянд, зараре, ки дар натичаи кабули ин санадхо ба гаравгир расонда шудааст, дар хачми пурра аз бучети давлати талофи карда мешавад.
  2. Дар сурати катъи хукуки моликият ба молу мулки гарави ё катъи хукуки гарави дар иртибот бо карори макоми хокимияти давлати, ки бевосита ба мусодираи молу мулки гарави ё хукуки гарави равона карда нашудааст, зараре, ки дар натичаи ин карор ба гаравгир расонда шудааст, аз тарафи ин макоми давлати аз хисоби маблаѓхое, ки дар ихтиёри он мебошанд ва дар сурати норасоии ин маблаѓхо аз хисоби маблаѓхои бучети давлати дар хачми пурра талофи карда мешавад. Бахси талофи кардани зарарро суд хал менамояд.
  3. Дар сурати андешидани чорахои мачбуран гирифтани молу мулки гарави ё хукук (милликунони, мусодира, реквизитсия, инчунин дигар чорахое, ки окибаташон монанд), давлат зарархоеро, ки бо ин чорабинихо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба гаравгир расонда шудаанд, чуброн менамояд.

 

Моддаи 59. Беэътибории санадхое, ки хукуки гаравиро вайрон мекунанд

 

  1. Агар дар натичаи аз тарафи макомоти хокимияти давлати баровардани санади дорои хусусияти ѓайримеъёрие, ки ба конунгузори мувофикат намекунад, хукуки гаравгир вайрон карда шавад, ин гуна санадро суд бо аризаи гаравгир беэътибор эътироф мекунад.
  2. Окибатхои пешбиникардаи кисми 1 хамин модда инчунин дар мавридхои махрумсохтани гаравдех аз хукуки пешбурди хочагидори ё идоракунии оперативии предмети гарав рух медиханд.
  3. Зарархое, ки дар натичаи баровардани санадхои дар кисми 1 хамин модда нишондодашуда ба гаравгир расонда шудаанд, бояд дар хачми пурра аз тарафи макомоти дахлдори хокимияти давлати чуброн карда шаванд.

 

ФАСЛИ V

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВи

 

БОБИ 9.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВи

 

Моддаи 591. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки  барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

(КЧТ аз 27.11.14с., №1155)

 

Моддаи 60. Дар бораи мавриди амал карор додани Конуни  мазкур

 

  1. Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
  2. Мукаррар карда шавад, ки Конуни Чумхурии Точикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи гарав» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с.1994, № 14, мод. 205; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1997, № 9, мод. 117; с.1998, № 10, мод. 123) то вакти кабул шудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ипотека» танхо дар кисме, ки ба хамин Конун мухолифат намекунад, амал мекунад.

3. Боби 2 Конуни мазкур баъди 1 соли ба кувваи конуни даромадани хамин Конун мавриди амал карор дода шавад.

Гаравхоеро, ки то кабули хамин Конун ба вучуд омадаанд, дар давоми шаш мохи баъди мавриди амал карор гирифтани боби 2 Конуни мазкур ба кайд гирифтан мумкин аст.

  1. Минбаъд то вакти бо хамин Конун мувофик кардани дигар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар кисме, ки ба хамин Конун мухолифат намекунанд, истифода бурда мешаванд.
  2. Нисбат ба гараве, ки то мавриди амал карор дода шудани Конуни мазкур ба миён омадаанд, ин Конун татбик намегардад, агар созишномаи тарафхо дигар шарту шароитро пешбини накарда бошад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                       Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 93

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …