Главная / Ҷамъият / ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  

ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)  

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2005, № 1303

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 1, соли 2005, моддаи 19) қабул гардидааст.  

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 607

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 83) ҷонибдорӣ гардидааст.

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.2005, №3, мод.133;

Қонунҳои ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1117; аз 27.11.2014 с., № 1155)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии гарави молу мулки манқулро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117; аз 27.11.14с., №1154)  

ФАСЛИ I

МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ  

БОБИ 1.

ҚОИДАҲОИ УМУМӣ ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– гарав– тарзи таъмини иҷрои ўҳдадориест, ки вобаста ба он кредитор мутобиқи ўҳдадории бо гарав таъмингардида (дорандаи гарав) дар ҳолати иҷро нашудани ин ўҳдадорӣ аз ҷониби қарздор барои арзиши молу мулки ба гарав гузошташудаи шахсе, ки ин молу мулк ба ў марбут аст (гаравдеҳ), ҷиҳати қонеъ намудани талаботаш нисбат ба дигар кредиторон ҳуқуқи афзалиятнок дорад, ба ѓайр аз ҳолатҳои дар қонун муқаррар кардашуда;

– гаравдеҳ – шахсе, ки дорои ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ ба предмети гарав мебошад. Гаравдеҳ худи қарздори ўҳдадории бо гарав таъминшуда ё шахси сеюме шуда метавонад, ки дар ин ўҳдадорӣ иштирок намекунад;

– гаравгир шахсе, ки талабҳои ў оид ба ўҳдадории асосӣ бо гарав таъмин шудааст;

– молу мулки гаравӣ – ҳар молу мулки манқуле, ки аз муомилоти шаҳрвандӣ бароварда нашудааст, инчунин ҳуқуқи молумулкии дар моддаи 4 ҳамин Қонун нишондодашудае, ки барои гарав пешниҳод мегардад;

– молу мулки манқул – ашёе, ки ба молу мулки ѓайриманқул мансуб нест, аз он ҷумла пул ва коѓазҳои қиматнок;

– даромад аз предмети гаравмолу мулке, ки дар натиҷаи бастани аҳд бо предмети гарав ё аҳд бо даромади предмети гарав ба даст оварда шудааст; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)

хабарномаи гаравӣ – ҳуҷҷате, ки дар шакли коғазӣ ё электронӣ ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод карда мешавад ва маълумоти асосиро оид ба гарав ҷиҳати дохил кардани он ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ дар бар гирифта, дастраси умум мебошад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

– мақомоти бақайдгиранда – мақомоти адлия, ки мувофиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд ва вазифаи онҳо бақайдгирӣ, таъмини мутобиқати иттилоотии тамоми феҳрастҳои аҳдҳои дорои таъмини гаравӣ ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии ўҳдадориҳои гаравӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

– феҳрасти ягонаидавлатии ўҳдадориҳои гаравӣ(минбаъд-Феҳрасти ягонаи давлатӣ)– манбаи иттилоотии маълумоти ўҳдадориҳои гаравӣ, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад;

– гарави бақайдгирифташуда – гараве, ки аз расмиёти бақайдгирӣ мувофиқи боби 2 ҳамин Қонун гузаштааст;

– идоракунандаи гарав – шахсе, ки гаравгир барои истифода ва идораимолу мулки гаравӣ аз номи ў ва ҳалли ҳар масъалаи бо ин алоқаманд таъин кардааст.

қарзи дебиторӣ – маблағи қарзҳои ба шахс тааллуқдоштае, ки дар натиҷаи муносибатҳои хоҷагидорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

молҳои омехта – молҳои тақсимнашавандае, ки бо дигар молҳо омехта шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум мекунанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

молҳои пайвастшуда – молҳои тақсимшавандае, ки бо дигар молҳо пайваст шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум намекунанд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарави молу мулки манқул

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарави молу мулки манқул ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Субъектҳо ва заминаи ба вуҷуд омадани гарави молу мулки манқул  

  1. Субъектҳои муносибатҳои гаравӣ гаравдеҳон ва гаравгирон мебошанд, ки онҳо давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)
  2. Ташкилотҳои қарзӣ амалиётҳои ба гарав алоқамандро мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо ба амал мебароранд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Гарав дар асоси қонун ё шартномае (шартномаи гараве) ба вуҷуд меояд, ки байни гаравдеҳ ва гаравгир мувофиқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун баста шудааст. Ин гуна шартнома ё шартномаи ҷудогона, ё қисми шартномае шуда метавонад, ки боиси ба вуҷуд омадани ўҳдадории бо гарав таъминшуда мегардад.
  4. Ўҳдадориҳои гаравӣ ҳангоми дар як вақт мавҷуд будани шартҳои зерин пайдо мешаванд:

1) шартномаи гарав;

2) бо предмети гарав ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ доштани гаравдеҳ;

3) дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

Моддаи 4. Предмети гарави молу мулки манқул

  1. Предмети гарав молу мулки манқуле шуда метавонад, ки ба ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ тааллуқ дорад ва аз муомилоти гражданӣ бароварда нашудааст ё ҳуқуқе шуда метавонад, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ихтиёрдорӣ соқит карда шудааст.
  2. Ҳуқуқи молумулкии ба гаравдеҳ тааллуқдошта, ки онро аз ихтиёрдорӣ соқит кардан мумкин аст, аз он ҷумла ҳуқуқи иҷора, ҳуқуқ ба ҳиссаи моликияти умумии якҷоя, талабҳои қарзӣ, ҳуқуқи гирифтани фоида аз ашёе, ки ба гаравдеҳ аз рўи ҳуқуқи моликият тааллуқ надорад, ҳуқуқи ашёии вобаста ба фаъолияти зеҳнӣ ва фаъолиятҳои ба он баробаркардашуда, ҳуқуқ ба коѓазҳои қиматнок дар шакли қайд ва дигар ҳуқуқҳое (талаботе), ки аз ўҳдадориҳои шартномавӣ бармеоянд, предмети гарав шуда метавонанд. Ҳуқуқи мўҳлати амалаш муайян танҳо то вақти адои мўҳлати амалаш предмети гарав шуда метавонад.
  3. Предмети гарав инчунин ашё ё ҳуқуқе, ки дар оянда ба вуҷуд омада метавонанд, аз он ҷумла захираҳои минбаъдаи маҳсулоти тавлидшудаи гаравдеҳ ё қарзи дебиторӣ бе ҳеҷ як маҳдудкуниҳо шуда метавонанд. Гарав нисбати молу мулке, ки дар оянда ба моликияти (ё соҳибии) гаравдеҳ мегузарад, аз лаҳзаи аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани ҳуқуқ ба чунин молу мулки ба вуҷуд меояд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  4. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ашёи асосие, ки предмети гарав аст, чун ашёи воҳиди томи якҷоя бо лавозимоташ гарав гузошташуда ҳисобида мешавад. Қисми молу мулке, ки тақсими он дар шакли асл бе таѓйири таъиноташ имконнопазир аст (ашёи тақсимнашаванда ), предмети мустақили гарав шуда наметавонанд.
  5. Ашёи аз муомилот баровардашуда, талабҳои ба шахсияти қарздор бевосита алоқаманд, аз ҷумла талабҳо дар бораи алиментҳо, ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ё саломатӣ ва дигар ҳуқуқҳо расонда шудааст ва ба каси дигар гузашт намудани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, предмети гарав шуда наметавонад.
  6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад феҳрасти объектҳоеро қабул намояд, ки онҳо аз сабаби қимати таърихӣ, фарҳангӣ ё аҳамияти амнияти давлатӣ доштанашон предмети гарав шуда наметавонанд.

Моддаи 5. Ҳуқуқи ба гарав мондани молу мулк ва ҳуқуқ

  1. Ҳуқуқи ба гарав мондани молу мулк ба молик ё соҳиби дигари ҳуқуқи ашёӣ ё ба шахсе, ки ин молу мулк дар оянда ба моликияти (ё ихтиёрдории) ў дохил хоҳад шуд, ба ѓайр аз истисноҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тааллуқ дорад.
  2. Дар сурати ба гарав мондани ҳуқуқ гаравдеҳ метавонад танҳо шахсе бошад, ки ба ў ҳуқуқи ба гарави гузошташуда ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ё тааллуқ хоҳад дошт.

Шахси дорои ҳуқуқи истифода ҳақ дорад ҳуқуқи истифодааш, аз он ҷумла ҳуқуқи иҷораро низ, ки танҳо бо розигии иҷорадиҳанда предмети гарав шуда метавонад, ба гарав гузорад, ба шарте, ки қонун ва ёшартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

  1. Молу мулке, ки ба гаравдеҳ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ тааллуқ дорад, бо розигии молики он предмети гарав шуда метавонад, агар аз ихтиёрдорӣ соқит кардани он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии моликро тақозо намояд.
  2. Молу мулкеро, ки аз муомилоти гражданӣ хориҷ ё дар муомилот маҳдуд карда шудааст ё молу мулкеро, ки мувофиқи қонун аз он ситондани пардохтҳо мумкин нест, ба гарав мондан раво намебошад.
  3. Молу мулке, ки дар моликияти умумии якҷоя мебошад, танҳо бо розигии хаттии ҳамаи моликон ё мақоми идоракунандае, ки моликон барои идора кардани молу мулк интихоб кардаанд, ба гарав дода шуда метавонад. Дар сурати баъди ба гарав додани молу мулк пайдо гардидани дигар моликон розигии онҳо талаб карда намешавад.
  4. Иштирокчии моликияти умумии якҷоя ҳақ дорад ҳиссаи дар молу мулки умумӣ доштаи худро бе розигии дигар моликон ба гарав монад, агар ҳиссаи ҳар яке аз моликон дар ҳуқуқи моликияти умумӣ муайян карда шуда бошад. Дар сурати бо талаби гаравгир аз ҳисоби ин ҳисса ситондани пардохтҳо ҳангоми фурўши он қоидаҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи бартариятноки хариди ҳисса дар моликияти умумӣ ва дар бораи аз ҳисоби ҳиссаи молу мулки умумӣ ситондани пардохтҳо татбиқ карда мешавад.

Моддаи 6. Ўҳдадориҳо ва талабҳое, ки гарави молу мулки манқул таъмин менамояд 

  1. Дар таъмини ўҳдадориҳои пулӣ ё дар шакли пулӣ ифодаёфта, аз он ҷумла ўҳдадорие, ки ба хариду фурўш, иҷора, пудрат ва дигар шартномаҳои иҷрои мўҳлатноки ўҳдадориҳо асос ёфтааст, гарав муқаррар карда шуда метавонад, агар қонун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гарав арзиши ўҳдадориҳои гаравгирро ҳангоми аз ҳисоби гарави муайян рўёнидани пардохтҳо, аз он ҷумла қисми пардохтнашудаи маблаѓи асосии қарз, фоизҳо, ноустуворона, хароҷоти асоснок барои нигоҳ доштани арзиши молу мулки гаравӣ, адои товони зиёнҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани мўҳлати иҷрои ўҳдадорӣ расонда шудаанд, инчунин хароҷоти аз ҳисоби предмети гарав рўёнидани пардохтҳоро таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)

  1. Иҷрои як ё якчанд ӯҳдадориҳои мавҷуда ё минбаъдаро бо гарав таъмин кардан мумкин аст. Маблағи ӯҳдадориҳо бо пули миллӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо асъори хориҷӣ ифода ёфта метавонад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Дар сурати иҷро карда шудани як ўҳдадорӣ гарав метавонад бе бардоштани манъкуниҳо ўҳдадориҳои минбаъдаро таъмин намояд, агар шартнома ба худи ҳамон тарафҳо дахл дошта бошад ва инро шартномаи гарав пешбинӣ карда бошад.
  3. Гаравдеҳ ҳақ дорад аз гаравгир мутаносиб ба иҷрои ўҳдадории иҷрокардашуда, ки набояд аз панҷоҳ фоиз камтар бошад, кам кардани предмети гаравро талаб кунад.

Моддаи 7. Шакл ва мундариҷаи шартномаи гарави молу мулки манқул 

  1. Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттӣ бо роҳи таҳияи ҳуҷҷате, ки тарафҳо имзо кардаанд, баста шавад.
  2. Агар гарав ўҳдадориҳои шартномаеро, ки бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад, таъмин намояд, инчунин дар мавридҳои пешбиникардаи созишномаи тарафҳо, шартномаи гарав бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

3.Дар сурати ба шартномаи қарз ё дигар шартномае, ки таъмини ўҳдадории гаравӣ дорад, дохил кардани шартномаи гарав нисбат ба шакли ин шартнома бояд талабҳои барои шартномаи гарав муқарраршуда риоя карда шаванд.

  1. Риоя накардани қоидаҳои шартномаи гарав, ки дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда муқаррар карда шудаанд, боиси беэътибории шартномаи гарав мегардад. Ин гуна шартнома беэътибор ҳисоб карда мешавад.
  2. Шартномаи гарав бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) ном (ному насаб) ва ҷои воқеияти (ҷои сукунати) тарафҳо;

2) ўҳдадории асосии бо гарав таъминшуда;

3) тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

4) маълумот дар бораи мавҷуд будан ё набудани шартномаҳои пешинаи гарав оид ба предмети гарав;

5) намуди гарав;

6) андоза ва мўҳлати иҷрои ўҳдадориҳое, ки гарав таъмин мекунад;

7) тавсифи инфиродӣ ё умумии ӯҳдадорӣ; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

8) ҳадди ниҳоӣ ё ҳадди дигари муайяншудаи маблағи бо гарав таъминшуда. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

Тарафҳо метавонанд дар шартномаи гарав дигар шартҳоро пешбинӣ намоянд.

  1. Арзиши предмети гарав аз рўи созишномаи гаравдеҳ ва гаравгир муайян карда мешавад. Он дар шартнома бо пул ифода карда мешавад.

Ҳангоми ба гарав мондани моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) арзёбии он мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тарафҳои шартномаи гарав арзёбии предмети гаравро ба нархмони мустақил супурда метавонанд.

  1. Тавсифи предмети гарав  инфиродӣ ё умумӣ шуда метавонад то ба дараҷае, ки дар лаҳзаи ба миён омадани масъалаи вобаста ба воқеият, бо навбат ё маҷбуран амалишавии гарав, имконияти муайянкунии предмети гаравро диҳад.(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)

8.Дар мавридҳое, ки ўҳдадории гаравӣ ба ягон шартнома асос ёфтааст, тарафҳои ин шартнома ва санаи баста шудани он бояд нишон дода шаванд.

  1. Дар мавриде, ки агар маблаѓи ўҳдадории бо гарав таъминшаванда дар ояндамуайян карда шавад, дар шартнома тартиб ва дигар шартҳои зарурии муайянкунии он бояд нишон дода шаванд.
  2. Дар мавриде, ки агар предмети гарав ҳуқуқи ба гаравдеҳ тааллуқдоштаи иҷора бошад, дар шартномаи гарав молу мулки ба иҷора гирифташуда ва мўҳлати иҷораи он бояд нишон дода шуда бошад.
  3. Созишномаи даст кашидани гаравдеҳ аз ҳуқуқи худ ё маҳдуд кардани он ё созишномаи пеш аз ҳолати иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳо, предмети гаравиро гирифтани гаравгир эътибор надорад.

 

Моддаи 8. Гарави минбаъдаи молу мулки гаравӣ (гаравмонии дубора)

 

  1. Молу мулке, ки мувофиқи шартномаи гарав барои таъмини иҷрои як ўҳдадорӣ (гарави пешина) гарав монда шудааст, барои таъмини иҷрои дигар ўҳдадорӣ (гарави баъдина) ба гарав монда шуда метавонад.

2.Гарави минбаъда мумкин аст, агар онро шартномаҳои пешинаи гаравмонии худи ҳамон молу мулк, ки амали онҳо ҳангоми бастани шартномаи минбаъдаи гарав қатъ нагардидааст, манъ накарда бошанд. Агар шартномаи пешинаи гарав шартҳоеро пешбинӣ намояд, ки дар асоси онҳо шартномаи минбаъдаи гарав баста шуда метавонад, шартномаи баъдина бояд бо риояи ин шартҳо баста шавад.

  1. Гаравдеҳ ўҳдадор аст ба ҳар як гаравгири минбаъда дар бораи тамоми гаравҳои мавҷудаи молу мулки муайян, инчунин хусусият ва андозаи ўҳдадориҳои таъминкардаи ин гарав хаттӣ хабар диҳад ва ў барои додани товони зарарҳое, ки дар натиҷаи иҷро накардани ин ўҳдадорӣ ба гаравгирҳо расонда шудаанд, ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 9. Муайян кардани навбати гаравгирҳо

 

  1. Навбати гаравгирҳо ба худи ҳамон як предмети гарав бо санаи бақайдгирии гарав дар мақомоти адлия (гарави ба қайд гирифташуда) ва дар сурати набудани чунин бақайдгирӣ бо санаи баста шудани шартномаи гарав муқаррар карда мешавад.
  2. Ҳангоми мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарав дар навбатнокӣ ба гарави ба қайд гирифташуда бартарӣ дода мешавад. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гарави ба қайд гирифташуда бартарият аз рўи санаи бақайдгирии гарав ё рақами бақайдгирӣ, ки мақоми бақайдгиранда додааст, муайян карда мешавад.
  3. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарави дорои гарави ба қайд гирифташуда ва ба қайд гирифтанашуда бартарӣ дар навбат ба гарави ба қайд гирифташуда дода мешавад ва баъди онҳо навбатнокии гаравҳои ба қайд гирифтанашуда бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.
  4. Агар гарав пеш аз моли омехта ҳисобида шудани предмети гарав ба қайд гирифта шуда бошад, он ба маҳсулоти тайёр татбиқ мегардад. Навбати гарав нисбат ба маҳсулоти тайёр аз лаҳзаи бақайдгирии гарави молҳои омехта, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки дар банди 3) ҳамин қисм пешбинӣ гардидаанд, муайян карда мешавад. Дар сурати ба маҳсулоти тайёр татбиқ гардидани зиёда аз як гарав, навбат тибқи қоидаҳои зайл муайян карда мешавад:

1) навбати гарави бақайдгирифташуда нисбат ба гарави бақайдгирифтанашуда дар лаҳзае, ки предмети гарав моли омехта мешавад, афзалият дорад;

2) навбати гарави бақайдгирифтанашуда аз рӯи санаи шартномаҳои гарави дахлдор муайян карда мешавад; 

3) навбати гаравҳои бақайдгирифташуда бо назардошти таносуби арзиши предмети гарав аз лаҳзае, ки он дар маҳсулоти тайёр омехта шудааст, ҳуқуқи баробари талабкуниро пайдо мекунад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

  1. Эътибори гарав нисбат ба предмети гарави молу мулки ғайриманқули пайвастшуда боқӣ мемонад. Агар гарав то лаҳзаи пайвастшавии предмети гарав ба қайд гирифта шуда бошад, бақайдгирии гарав баъд аз пайвастшавӣ амал мекунад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарави дорои гарави ба қайд гирифтанашуда бартарӣ дар навбат бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.
  3. Гаравгире, ки мувофиқи ҳамин модда дар навбат аз бартарӣ бархурдор аст, гаравгири пешин дониста мешавад. Дигар гаравгирҳо гаравгирандагони минбаъда мебошанд.
  4. Муқаррароти ҳамин модда дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 10 ҳамин Қонун татбиқ карда намешавад.

 

Моддаи 10. Талабҳои махсуси дигар қарздиҳандагон

 

Қарздиҳандае, ки ба қарздор барои хариди молу мулк бо гарави худи ҳамин молу мулк қарзи мақсаднок додааст, ҳуқуқи махсуси (ѓайринавбатии) аз ҳисоби ин молу мулк қонеъ намудани талабҳои худро дорад.

 

Моддаи 11. Талабҳои кормандон

 

  1. Талабҳои коркунони гаравдеҳ дар бораи пардохти маош дар ҳудуди маблаѓи маоши семоҳаи воқеан пардохтнашуда дар навбати қонеъ намудани талабҳо аз ҳисоби молу мулки гаравӣ бартарӣ дорад, ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи қисми 2 ҳамин модда.
  2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 10 ҳамин Қонун татбиқ карда намешавад.

 

Моддаи 12. Ба гарав мондани молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул  пайвастшуда

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

  1. Агар предмети гарав ба молу мулки ѓайриманқул пайваст карда шуда бошад, гарави ин молу мулк танҳо дар сурате эътибори худро нигоҳ медорад, ки агар ҷудо кардани он бе расондани зарари ҷиддӣ ба молу мулки ѓайриманқул мумкин бошад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Агар предмети гарав ба молу мулки ѓайриманқул пайваст карда шуда бошад ва ҷудо кардани он бе расондани зарари ҷиддӣ ба молу мулки ѓайриманқул мумкин набошад, гаравгир ҳақ дорад пеш аз мўҳлат иҷро кардани ўҳдадорӣ ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Ҳангоми ба дигар молу мулки манқул пайваст кардани предмети гарав муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 13. Нигаҳдорӣ ва таъмири молу мулки гаравӣ

 

  1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ўҳдадор аст молу мулки гаравиро дар ҳолати бенуқсон нигоҳ дорад ва хароҷоти нигаҳдорӣ ва таъмири (ҷорӣ ва асосӣ) ин молу мулк то вақти қатъи гарав диҳад.
  2. Гаравгир ҳуқуқ дорад мавҷудият, ҳолат ва шароити нигоҳдошти молу мулки бо шартнома ба гарав мондашударо тафтиш кунад.

 

Моддаи 14. Суѓурта

 

  1. Агар шартномаи гарав ба зиммаи гаравдеҳ вазифаи суѓуртаи молу мулки гаравиро гузошта бошад, гарав ба ҳама гуна ҳуқуқи гаравдеҳ марбут ба полиси суѓуртавии муайян дахл дорад ва гаравгир бартарии ҳуқуқӣ дорад, ки талаби таъминшудаи худро аз ҳар гуна маблаѓи минбаъдаи подоши суѓуртавӣ бевосита аз ҳисоби суѓуртакунанда ва бе розигии гаравдеҳ қонеъ намояд.
  2. Гаравгир аз ҳуқуқи қонеъ намудани талаби худ аз подоши суѓуртавӣ маҳрум мегардад, агар молу мулк бо гуноҳи ў гум ё нуқсондор шавад.

 

Моддаи 15. Даромадҳои предмети гарави молу мулки манқул

 

  1. Даромадҳое, ки гаравгир аз иҷрои аҳдҳо бо молу мулки гаравӣ (мубодила, хариду фурўш ва ѓайра) ба даст меоварад, предмети гарав мешаванд.
  2. Мадохилоте, ки дар натиҷаи истифодаи молу мулки гаравӣ (самара, маҳсулот, даромадҳо) ба даст оварда шудааст, предмети гарав мегарданд, агар инро шартномаи гарав пешбинӣ карда бошад.

 

Моддаи 16. Ҳуқуқи шахсони сеюм ба предмети гарави молу мулки манқул

 

  1. Гаравдеҳ ба молу мулки гаравӣ бо роҳи фурўхтан, тўҳфа кардан, мубодила намудан, онро ба сифати саҳм ба молу мулки ширкат ва ё ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ё ба сифати пардохти саҳмҳои аъзои ба молу мулки кооператив гузоштан ё бо тарзи дигар ихтиёрдорӣ карда метавонад, вале танҳо бо розигии хаттии гаравгир, агар қонун, шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ё аз худи моҳияти гарав барнаояд.

Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад молу мулки гаравиро мерос гузорад. Шартҳои шартномаи гарав ё дигар созишномаҳое, ки ин ҳуқуқи гаравдеҳро маҳдуд мекунанд, эътибор надоранд.

Шахсе, ки молу мулки мувофиқи шартномаи гарав ба гаравмондашударо ба таври вориси ҳуқуқӣ, аз он ҷумла дар натиҷаи аз нав ташкилкунии шахси ҳуқуқӣ ё ба таври мерос ба даст овардааст, ба ҷои гаравдеҳ мегузарад ва тамоми ўҳдадориҳои шартномаи гарав, аз он ҷумла он ўҳдадориҳоеро, ки аз тарафи гаравгири аввала ба таври матлуб иҷро карда нашуда буданд, ба зимма мегирад, ба шарте ки шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

Агар молу мулки мувофиқи шартнома гаравмондашуда ба якчанд шахс гузарад, ҳар яке аз ворисони ҳуқуқии гаравдеҳи аввала барои оқибатҳое, ки аз муносибатҳои гаравии иҷро накардани ўҳдадориҳои бо гарав таъминшуда бармеоянд, ба андозаи қисми молу мулки ба гарав мондаи ба ў гузашта ҷавобгар мебошад.

Агар предмети гарав тақсимнашаванда бошад ё бо дигар асосҳо ба моликияти умумии ворисони ҳуқуқии гаравдеҳ дохил гардад, ворисони ҳуқуқӣ қарздорони муштарак мешаванд.

Гарави молу мулк новобаста ба он ки ҳангоми ба шахсони дигар гузаштани ин молу мулк қоидаҳои барои ин гуна гузариш муқарраршуда вайрон карда шуда буданд ё не, эътибори худро нигоҳ медорад.

  1. Шахс молу мулки гаравии аз гарав озодро дар мавридҳои зерин гирифта метавонад:

1) агар шартномаи гарав ё иловаи ба он хаттӣ воридкардашуда мустақиман иҷозат диҳад, ки ба молу мулки аз гарав озод ё ба нафъи шахси сеюми муайян ихтиёрдорӣ карда шавад;

2) агар молу мулки гаравмондашуда аз молҳои муомилотӣ иборат бошад;

3) агар фаъолияти гаравдеҳ савдои чакана бошад, шахси сеюме, ки ин гуна молу мулкро дар натиҷаи аҳди оддии чакана мехарад, онро аз гарав озод харидорӣ мекунад, ба истиснои мавридҳое, ки то вақти фурўш харидор хаттӣ огоҳ карда шуда бошад, ки гаравгир ҳақ дорад ба моли муайян ҳуқуқи гаравии худро татбиқ намояд.

  1. Ҳангоми бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз ихтиёрдорӣ соқит кардани молу мулке, ки мувофиқи шартномаи гарав ба гарав монда шудааст, гаравгир ҳақ дорад бо салоҳдиди худ талаб намояд ки:

1) аҳди аз ихтиёрдорӣ соқит кардани молу мулки гаравӣ мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шавад;

2) ўҳдадории бо гарав таъминшуда пеш аз мўҳлат иҷро карда, пардохтҳо аз ҳисоби молу мулки гаравмондашуда, новобаста ба кӣ тааллуқ дорад, рўёнида шаванд.

  1. Агар исбот карда шуда бошад, ки харидори молу мулки мувофиқи шартномаи гарав ба гарав мондашуда дар вақти харид кардани он медонист ё бояд медонист, ки молу мулк бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз ихтиёрдорӣ соқит карда мешавад, ин гуна харидор барои иҷро накардани ўҳдадории бо гарав таъминшуда дар ҳудуди арзиши молу мулки мазкур барои ин ўҳдадорӣ ҷавобгарии муштарак дорад.

Агар молу мулки гаравӣ бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз тарафи гаравдеҳ аз ихтиёрдорӣ дур карда шуда бошад, ки аз рўи ўҳдадории бо гарав таъминшуда қарздор нест, бо ин қарздор ҳам харидори молу мулк ва ҳам гаравдиҳандаи собиқ ҷавобгарии муштарак доранд.

 

Моддаи 17. Таҳмили ҳуқуқи дигар шахсон ба молу мулки гаравӣ

 

  1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад бе розигии гаравгир ўро огоҳ намуда, молу мулки гаравмондашударо ба иҷора диҳад, онро ба истифодаи муваққатии ройгон диҳад ва аз рўи созишнома бо дигар шахс ба ў ҳуқуқи истифодаи маҳдудро аз ин молу мулк (сервитут) бо шартҳои зерин пешкаш намояд:

1) мўҳлате, ки дар тўли он молу мулк ба истифода дода мешавад, аз мўҳлати ўҳдадории бо гарав таъминшуда зиёд набошад;

2) молу мулк ба истифода барои мақсадҳое пешкаш мегардад, ки ба таъиноти молу мулк мувофиқ аст.

  1. Дар сурати аз тарафи гаравгир дар асосҳои пешбиникардаи қонун ё шартномаи гарав аз ҳисоби молу мулки гаравӣ рўёнидани пардохтҳо тамоми ҳуқуқи иҷора ва дигар ҳуқуқи истифодаи ин молу мулк, ки гаравдеҳ ба шахсони сеюми гаравгир баъди бастани шартномаи гарав додааст, дар давраҳои зерин қатъ мегардад:

1) аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи рўёнидани пардохтҳо аз ҳисоби молу мулк;

2) баъди гузаштани 15 рўз аз вақти фиристодани огоҳинома дар асоси шартҳои қонеъгардонии талабҳои гаравдеҳ бо тартиби ѓайрисудӣ, ки дар шартномаи гарав ё созишномаи қонеъгардонии талабҳои гаравдеҳ бо тартиби ѓайрисудӣ, ки ҳамзамон бо шартномаи гарав баста шудааст, ё дар созишномаҳои минбаъдаи гаравдеҳ бо гаравгир пешбинӣ гардидаанд.

  1. Молу мулки ба гарав мондашуда аз тарафи гаравдеҳ ба истифодаи шахси сеюм ба мўҳлати зиёда аз ўҳдадории бо гарав таъминшуда ё барои мақсадҳои ба таъиноти молу мулк номувофиқ танҳо бо розигии хаттии гаравгир ва ба таври дахлдор огоҳонидани ин шахсон дода шуда метавонад.
  2. Аз тарафи гаравдиҳанда ба истифодаи дигар шахс додани молу мулки гаравмондашуда гаравдеҳро аз иҷрои ўҳдадориҳои шартномаи гарав озод намекунад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 18. Оқибатҳои аз тарафи давлат маҷбуран гирифтани молу мулки гаравӣ

 

  1. Агар ҳуқуқи моликияти гаравдеҳ ба молу мулки манқул, ки предмети гарав мебошад, дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонун, дар натиҷаи мусодира (харида гирифтан) барои эҳтиёҷоти давлат ё ҷамъият, реквизитсия ё милликунонӣ қатъ гардад, ба гаравдеҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар молу мулк ё подоши дахлдор дода мешавад. Гарав ба молу мулке, ки ба ивази молу мулки гирифташуда дода шудааст, дахлдор аст ё гаравгир ҳуқуқи бартариноки аз ҳисоби маблаѓи подоши ба гаравдиҳанда тааллуқдошта қонеъкунии талаботи худро пайдо мекунад.
  2. Гаравгире, ки манфиатҳои ўро ҳуқуқи дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда пурра ҳифз карда наметавонад, ҳақ дорад пеш аз мўҳлат иҷро кардани ўҳдадории бо гарав таъминшуда ва аз ҳисоби молу мулке, ки ба ивази молу мулки мусодирашуда дода шудааст, адо кардани пардохтҳоро талаб намояд.
  3. Дар мавридҳое, ки давлат молу мулки предмети гаравро аз гаравдеҳ ба намуди санксия барои содир кардани ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ мегирад (мусодира мекунад), гарав эътиборашро нигоҳ медорад ва гаравгир ҳақ дорад пеш аз мўҳлат иҷро кардани ўҳдадории бо гарав таъминшуда ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 19. Оқибатҳои талаб кардани (виндакатсияи) молу мулки гаравӣ

 

Дар мавридҳое, ки молу мулки предмети гарав аз гаравдеҳ бо тартиби муқарраркардаи қонун дар он асос мусодира карда мешавад, ки молики ҳақиқии ин молу мулк шахси дигар (виндикатсия) мебошад, гарав дар хусуси ин молу мулк қатъ мегардад. Гаравгир баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори дахлдори суд ҳақ дорад иҷрои пеш аз мўҳлати ўҳдадории бо гарав таъминшуда ё иваз кардани предмети гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 20. Гузашт кардани ҳуқуқ (талаб) ва гузаронидани қарз аз рўи шартномаи гарави молу мулки

                      манқул

 

  1. Гаравгир ҳуқуқ дорад ҳуқуқи худро аз рўи шартномаи гарав ба каси дигар диҳад, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.
  2. Шахсе, ки ба ў аз рўи шартномаи гарав ҳуқуқ дода шудааст, мувофиқи ин шартнома ба ҷои гаравгири собиқ мегузарад. Гузашти ҳуқуқ аз рўи шартномаи гарав бояд мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.
  3. Аз тарафи гаравгир аз рўи шартномаи гарав ба дигар кас гузашт кардани ҳуқуқ дар сурате эътибор дорад, ки агар ба худи ҳамон кас ҳуқуқи оид ба ўҳдадории бо гарав таъминшуда пешниҳод кардани талаб гузашт карда шуда бошад.

Агар амали дигаре исбот нашуда бошад, гузашти ҳуқуқ аз рўи шартномаи гарав маънои гузашти ҳуқуқ оид ба ўҳдадории бо гарав таъминшударо низ дорад.

  1. Қарздор ҳақ дорад бо розигии гаравгир (қарздиҳанда) қарзи худро ба зиммаи каси дигар гузаронад. Интиқоли қарз мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

БОБИ 2.

БАҚАЙДГИРИИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

 

Моддаи 21. Ваколати мақомоти адлия оид ба бақайдгирии гарави молу мулки манқул

 

  1. Бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқулро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ба ҷо меоваранд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Бақайдгирии гаравҳоро, ки ба сифати онҳо воситаҳои қарзӣ пул, қоѓазҳои қиматноки корпоративӣ амал мекунанд, мақомоти ваколатдори (регистрҳои) қоѓазҳои қиматнок ба амал мебароранд.

 

Моддаи 22. Бақайдгирии гарави молу мулки манқул

 

  1. Бақайдгирии гарав ихтиёрӣ мебошад ва ба мақсадҳои ба гаравгир назар ба дигар гаравгирҳо, ки гарави ба қайд гирифташудаи пешина надоранд, инчунин нисбат ба шахсони сеюм додани ҳуқуқи бартариноки таъмини талабҳои худ ба амал бароварда мешавад.
  2. Гаравгир ё гаравдеҳ барои бақайдгирӣ ба мақоми бақайдгиранда хабарномаи гаравӣ пешниҳод менамояд. Хабарномаи гаравӣ инчунин метавонад аз ҷониби шахсон ё мақомоти зерин пешниҳод гардад:

– гаравгир дар асоси қонунӣ;

– суд ё мудире, ки онро суд таъин намудааст, нисбат ба молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии муфлисшуда; 

– мақоми ваколатдор оид ба иҷрои қарорҳои судӣ тибқи қарори суд дар бораи рӯёнидани молу мулки манқули қарздор; 

– мақоми ваколатдор нисбат ба молу мулки шахсе, ки аз иҷрои ӯҳдадории пардохти андоз ё пардохтҳои иҷтимоӣ саркашӣ менамояд.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

  1. Мақоми бақайдгиранда воситаҳои электрониро барои дохил намудани маълумот оид ба хабарномаҳои гаравӣ, инчунин бо мақсади ҷустуҷӯи онҳо таъмин мекунад. Махзани маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ дорои маълумоти расмӣ мебошад. Хабарномаи гаравӣ аз лаҳзаи қайди воридшавии он ба мақоми бақайдгиранда пешниҳодшуда ба ҳисоб меравад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Лаҳзаи бақайдгирии гарав аз хабарномаи гаравӣ ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ ворид намудани маълумот ва додани рақами бақайдгирӣ мебошад. Дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ба қайд гирифтани гарав бо додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ, ки дар давоми се рўзи бақайдгирӣ дода мешавад, тасдиқ мегардад.
  3. Мақоми бақайдгиранда барои мазмун ва дурустии хабарномаи гаравӣ ҷавобгар намебошад.
  4. Барои бақайдгирии гарав ва додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ боҷи давлатӣ гирифта мешавад, ки онро қонун муайян мекунад.
  5. Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 221. Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав

 

  1. Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав аз лаҳзаи бақайдгирӣ то 5 солро ташкил медиҳад. Мӯҳлати мазкур метавонад тамдид карда шавад, агар шартномаи гарав ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
  2. Бо гузаштани мӯҳлати бақайдгирии гарав молу мулки гарав аз маҳдудият озод мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар: 

– гарав такроран ба қайд гирифта шуда бошад;

– гарав дар соҳибияти гаравгир қарор дошта (гарави додашуда), нисбат ба он бо тартиби муқарраршуда рӯёнидан нигаронида шавад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 23. Мазмуни хабарномаи гаравӣ

 

  1. Хабарномаи гаравӣ, ки ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод мегардад, бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

1) ном, нишонии гаравдеҳ ва қарздори ўҳдадории бо гарав таъминшуда, агар ў гаравдеҳ набошад, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоб, рақами шиноснома (барои шахсони воқеӣ);

2) ном, нишонии гаравгир ё идоракунандаи гарав, агар ин гуна шахс таъин карда шуда бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоб, рақами шиноснома (барои шахсони воқеӣ);

3) тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав, ки барои ҳаммонандсозии он имконият медиҳад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

4) хабарномаи мухтасар, агар барои гарави дубора ягон маҳдудият мавҷуд бошад;

5) имзои гаравдеҳ ё гаравгир ё қарздори ўҳдадории бо гарав таъминшуда, агар он гаравдеҳ набошад, ё шахсони аз тарафи ў ваколатдоркардашуда;

6) сана ва мазмуни шартномаи гарав.

  1. Хабарномаи гаравии ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ дар мавриде эътибор дорад, агар он дидаву дониста бардурӯғ тартиб дода нашуда бошад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. 3. Дигар талабҳоро ба хабарномаи гаравӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 24. Бақайдгирии таѓйироте, ки ба гарави ба қайд гирифташуда ворид карда мешаванд

 

  1. Таѓйироти зерине, ки ба гарави ба қайд гирифташуда ворид карда шудаанд, ба таври илова ба қайд гирифта мешаванд:

1) таъин кардан ё озод намудани идоракунандаи гарав, агар идоракунанда баъди бақайдгирии шартномаи гарав таъин ё озод карда шуда бошад;

2) талаби бо гарав таъминшударо гузашт кардани гаравгир;

3) дар ўҳдадорӣ иваз кардани қарздор;

4) иваз кардани предмети гарав.

  1. Бақайдгирии таѓйирот дар гарави ба қайд гирифташуда дар асоси хабарномаи гаравии иловагӣ сурат мегирад. Дар хабарномаи гаравии иловагӣ бояд сана, рақами бақайдгирии ибтидоӣ, мазмуни таѓйироти шартнома ва имзои гаравгир ё гаравдеҳ мавҷуд бошад.
  2. Бақайдгирии таѓйироте, ки ба гарави ба қайд гирифташуда дохил карда мешаванд, бо тартиби пешбиникардаи моддаи 22 ҳамин Қонун сурат мегирад.

 

Моддаи 241. Пешниҳоди эроди хаттӣ 

 

  1. Дар ҳолати пешниҳод гардидани хабарномаи гаравии нодуруст ё ғалат аз ҷониби дархосткунанда, тарафи дигар метавонад эроди хаттӣ пешниҳод намояд.
  2. Эроди хаттӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– истинод ба рақами бақайдгирии хабарномаи гаравии нодуруст ё ғалат;

– маълумот оид ба шахсе, ки эроди хаттӣ пешниҳод кардааст;

– нишон додани асосҳои нодуруст ё ғалат будани хабарномаи гаравӣ.

  1. Пешниҳоди эроди хаттӣ то ба даст омадани натиҷаи баррасии он ба эътибори хабарномаи гаравӣ таъсир намерасонад.
  2. Мақоми бақайдгиранда вазифадор аст, ки эроди хаттиро баррасӣ намуда, дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда барои бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 25. Рад кардани бақайдгирии гарави молу мулки манқул ё ворид кардани таѓйирот ба гарави ба

                     қайд гирифташуда

 

Мақоми бақайдгиранда ҳақ дорад бақайдгирии гарави молу мулки манқулро ё ба гарави ба қайд гирифташуда ворид намудани таѓйиротро рад кунад, агар талабҳои ҳамин Қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда нашуда бошанд. Мақоми бақайдгиранда дар давоми се рўз ба шахси дархосткунандаи бақайдгирӣ бо нишон додани сабабҳои радкунии бақайдгирӣ хабарнома мефиристад.

 

Моддаи 26. Бекор кардани бақайдгирии гарави молу мулки манқул

 

  1. Бақайдгирии гарав аз тарафи гаравгир дар давоми 15 рўзи баъди иҷрои тамоми ўҳдадориҳое, ки гарави ба қайд гирифташуда ба онҳо дахл дорад, бояд бекор карда шавад.
  2. Шахсе, ки муқаррароти қисми 1 ҳамин моддаро вайрон кардааст, вазифадор аст подоши хароҷоти суратгирифтаро диҳад.
  3. Дар сурати аз тарафи гаравгир иҷро карда нашудани ўҳдадории пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда гаравдеҳ ё дигар шахси манфиатдор ҳақ дорад бо тартиби судӣ бекор кардани бақайдгирии шартномаи гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 27. Дастрасӣ ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ

 

Маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ озод мебошанд. Ҳар шахс метавонад мувофиқи қисми 6 моддаи 22 ҳамин Қонун боҷи давлатиро пардохт карда, аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ иқтибос гирад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

ФАСЛИ II

НАМУДҲОИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

 

БОБИ 3.

ГАРАВ БО НИГОҲ ДОШТАНИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВИ ДАР ДАСТИ ГАРАВГИР

(ГАРАВИ ДОДАШУДА (ЗАКЛАД )

 

Моддаи 28. Мафҳуми гарави додашуда (заклад)

 

  1. Гарави додашуда (заклад) – намуди гарав, ки дар ин сурат молу мулки гаравӣ аз тарафи гаравдеҳ ба соҳибияти гаравгир мувофиқи шартномаи гарав супурда мешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Мувофиқи созиши гаравгир бо гаравдеҳ предмети гарав дар дасти гаравдеҳ бо қулфу мўҳри гаравгир (гарави устувор) монда шуда метавонад. Ашёи муайяни инфиродӣ дар соҳибияти гаравгир бо гузоштани аломатҳои дар бораи гарав шаҳодатдиҳанда монда шуда метавонад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Қоидаҳои ҳамин фасл нисбат ба гарави устувор татбиқ карда мешаванд, зеро ба кор бурдани онҳо ба моҳияти муносибатҳои гаравгир ва гаравдеҳ ҳангоми ин гуна гарав мухолифат намекунад.

 

Моддаи 29. Ҳуқуқу вазифаҳои гаравгир ҳангоми гарави додашуда (заклад)

 

  1. Гаравгир ҳақ дорад предмети гарави додашударо (закладро) танҳо дар ҳаҷми пешбиникардаи шартномаи гарав истифода намояд, ба истиснои мавридҳое, ки молу мулки гаравӣ дар шакли нақдинаи суратҳисоби бонкӣ пешниҳод гардида, гаравгир ташкилоти қарзӣ бошад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

Фоидаи молумулкии аз предмети гарави додашуда (заклад) бадастомада дар навбати аввал барои пўшонидани хароҷоти гаравгир ҷиҳати нигаҳдошт ва эҳтиёт кардани молу мулки гаравӣ, баъд барои пардохти фоизи маблаѓи асосии қарз равона карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)

  1. Агар нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки гаравӣ бе гуноҳи гаравгир ҷой дошта бошанд ва онҳоро хусусият ё таркиби молу мулки гаравӣ ба вуҷуд оварда бошад, гаравгир талаб карда метавонад, ки предмети гарав иваз карда шавад ва товони ҳар зараре, ки дар натиҷаи ин гаравгир дидааст, пардохт гардад.
  2. Ҳангоми гарави додашуда (заклад) гаравгир, агар ҳамин Қонун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, вазифадор аст:

1) ба андозаи маъқули ҷисман солим нигоҳ доштани молу мулки гаравӣ чораҳои пешбиникардаи шартнома ё зарурро андешад, ѓайр аз ин, гаравдеҳ тамоми хароҷотро талофӣ мекунад, агар ин дар шартномаи гарав шарҳу эзоҳ дода шуда бошад;

2) дар бораи осеб дидан ё нобуд шудани молу мулки гаравӣ, инчунин ҳама гуна таҳдид (хатар) нисбат ба ҳамин молу мулк фавран ба гаравдеҳ хабар диҳад;

3) дар бораи истифодаи молу мулки гаравӣ ба гаравдеҳ мунтазам ҳисобот равона намояд;

4) предмети гарави додашударо (закладро) дар ҳаҷми арзишаш аз ҳисоби гаравдеҳ ва ба нафъи ў суѓурта кунад;

5) молу мулки гаравиро ба таври дахлдор нигоҳдорӣ намояд;

6) дар давоми се рўзи баъди иҷрои ўҳдадории таъминшуда предмети гарави додашударо (закладро) гардонад, агар гаравгир сабаби узрноки ба таъхир андохтанро, ки ҳангоми бастани шартномаи гарав пешбинӣ кардан мумкин набуд, нишон надиҳад.

 

Моддаи 30. Ҳуқуқу вазифаҳои гаравдеҳ ҳангоми гарави додашуда (заклад)

 

  1. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки ба молу мулки гаравӣ бо мақсади муайянкунии шароити дахлдори нигоҳдорӣ ва истифодаи он дастрасии воқеӣ дошта бошад.

Дар сурати ҷой доштани таҳдиди нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки гаравӣ бо гуноҳи гаравгир гаравдеҳ ҳақ дорад бартараф намудани ҳолатҳоеро талаб кунад, ки боиси нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки гаравӣ мегарданд.

  1. Гаравдеҳ ҳақ дорад ҳар вақт пеш аз мўҳлат қатъ намудани гарави додашударо (закладро) бо роҳи иҷрои ўҳдадории бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда талаб намояд, агар дар шартномаи гарав дигар шарту шароит пешбинӣ нашуда бошад.

Дар сурате, ки агар ўҳдадорӣ қарзи пулӣ ва гаравдеҳ шахси воқеӣ бошад, гаравдеҳ гарави додашударо (закладро) пеш аз мўҳлати муқарраркардаи шартномаи гарав бо роҳи пардохти қарзи бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда қатъ намояд, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

  1. Агар гаравдеҳ хабар ёбад, ки ба молу мулки гаравӣ на бо гуноҳи гаравгир, балки бинобар хусусият ё таркиби молу мулки гаравӣ хатари нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиш таҳдид кардааст, ў дар ин бора ба гарвгир бе таъхир хабар медиҳад ва ҳифзи онро талаб мекунад.

 

Моддаи 31. Ҷавобгарии гаравгир ҳангоми гум ё хароб шудани гарави додашуда (заклад)

 

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравгир ҳангоми гарави додашуда (заклад) барои гум ё хароб шудани молу мулки гаравӣ дар назди гаравдеҳ ҷавобгар аст, агар исбот накунад, ки ин на бо гуноҳи ў ба амал омадааст. Андозаи зараре, ки гаравгир товонашро медиҳад, бо роҳи ҳисоби маблаѓе, ки арзиши бозории молу мулки гаравӣ ҳангоми супурдани молу мулки гаравӣ тарафҳо мувофиқа кардаанд ва дар сурати набудани чунин созиш назар ба арзиши бозорӣ дар лаҳзаи гарави додашуда (заклад) ба андозаи он кам шудааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Гаравхонаҳо (ломбардҳо)

 

  1. Гаравхона (ломбард) шахси ҳуқуқие (ташкилоти махсусгардонидашудае) мебошад, ки ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)
  2. Гаравмонии ашё дар гаравхона (ломбард) мувофиқи моддаи 387 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард) сурат мегирад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)
  3. Нисбат ба гаравхонаҳо (ломбардҳо) муқаррароти боби 6 ҳамин Қонун истифода намешаванд.

 

қисмҳои 4 ва 5 бо ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155 хориҷ карда шуданд

 

Моддаи 33. Гаравмонии воситаҳои пулӣ

 

  1. Гаравмонии воситаҳои пулӣ танҳо бо роҳи ба соҳибияти гаравгир додани онҳо сурат гирифта метавонад. Пули нақдеро, ки гаравгир ба шахсе, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, медиҳад, ў дар ҳисобномаи депозитии ташкилоти қарзӣ ё идораи нотариалӣ маҳфуз медорад. Фоизҳое, ки ба ин маблаѓ ҳисоб карда монда шудаанд, ба гаравдеҳ тааллуқ доранд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Ташкилоти қарзӣ, ки ҳисобномаи муштариро дорад, ҳақ дорад аз ин муштарӣ воситаҳои пулии дар ҳисобномаи ў бударо барои таъмини кредитҳои ташкилоти қарзӣ ба муштарӣ (гаравдеҳ) ё шахси сеюм, бо мувофиқаи тарафҳо ба сифати гарав гирад. Ин гуна гарав гарави додашуда (заклад) ҳисоб меёбад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Воситаҳои муштарии ташкилоти қарзӣ (гаравдеҳ), ки дар ҳисобномаи муштарӣ дар ташкилоти қарзӣ мебошанд, ба сифати предмети гарав (гарави додашуда (заклад) дар назди шахси сеюм (гаравгир) бо мувофиқаи тарафҳо баромад карда метавонанд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  4. Маблаѓҳое, ки предмети гарав мебошанд, аз ҳисоби муштарӣ дар ташкилоти қарзӣ (гаравдеҳ) бе розигии гаравгир пардохт карда шуда наметавонанд, агар ба ташкилоти қарзӣ гаравдеҳ ва гаравгир дар хусуси гарави воситаҳои дар ҳисоби дар ташкилоти қарзӣ доштаи муштарӣ хаттӣ хабар дода бошанд ва тасдиқномаи хаттии ташкилоти қарзӣ мавҷуд бошад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

БОБИ 4.

ГАРАВ БО МОНДАНИ АШЁИ ГАРАВӣ  ДАР ДАСТИ ГАРАВДЕҲ

 

Моддаи 34. Предмети гарав бо мондани ашёи гарав дар дасти гаравдеҳ

 

  1. Молу мулки манқул ва ашёи аз муомилоти гражданӣ бароварданашуда бо созиши тарафҳо предмети гарав бо мондани ашёи гаравӣ дар дасти гаравдеҳ шуда метавонанд.
  2. Самараҳои ҷудошаванда предмети гараве, ки дар қисми 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, танҳо ба шарте шуда метавонанд, ки агар онҳо аз лаҳзаи ҷудошавӣ объекти ҳуқуқи шахси сеюм нашаванд.

 

Моддаи 35. Ҳуқуқи гаравгир ҳангоми гаравмонии ашёе, ки дар дасти гаравдеҳ монда мешавад

 

  1. Агар предмети гарав дар дасти гаравдеҳ бошад, гаравгир, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ҳуқуқ дорад, ки:

1) ба молу мулк, инчунин ба ҳар ҳуҷҷати мавҷудаи он, ки барои тафтиши андоза, ҳолат ва шароити нигоҳдорӣ ё истифодаи молу мулки гаравӣ зарур аст, дастрасии воқеӣ пайдо намояд;

2) қатъ кардани ҳама гуна қасдро ба предмети гарав, ки таҳдиди нобудкунӣ, харобкунӣ ё камкунии арзиши онро дорад, талаб кунад;

3) аз гаравдеҳ андешидани чораҳои ба ҳифзи предмети гарав равона кардашударо бо асос талаб намояд;

4) дар сурати харобшавии молу мулки гарав на бо гуноҳи гаравгир, барқарор ё иваз намудани молу мулки гаравиро ё пеш аз мўҳлат адо кардани қарз (қисми дахлдори қарз)-ро сарфи назар аз мўҳлатҳои мувофиқашудаи пардохт талаб намояд;

5) дигар ҳуқуқҳоро, ки шартномаи гарав додааст ва онҳо ба ҳамин Қонун мухолифат намекунанд, татбиқ намояд.

  1. Дар сурати иҷро накардани талаби гаравгир аз ҷониби гаравдеҳ оид ба иваз намудани молу мулки гаравӣ мутобиқи банди 4 қисми 1 ҳамин модда гаравгир метавонад пеш аз мўҳлат иҷро кардани ўҳдадории таъминшударо талаб кунад ва аз ҳисоби молу мулки гаравӣ пардохтҳоро рўёнад.

 

Моддаи 36. Ҳуқуқу вазифаи гаравдеҳ ҳангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдеҳ

 

  1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдеҳ ҳуқуқ дорад:

1) предмети гаравро мувофиқи хусусият ва таъиноташ соҳибӣ ва истифода намояд;

2) дигар ҳуқуқеро, ки шартномаи гарав додааст, ба амал барорад.

  1. Гаравдеҳ ҳангоми гаравмонӣ бо гузоштани ашёи гаравӣ дар дасти ў, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, вазифадор мебошад:

1) тамоми чораҳоеро андешад, ки барои беосеб нигоҳ доштани предмети гарав, аз он ҷумла ба ҷо овардани таъмири асосӣ ва ҷорӣ мувофиқи шартнома заруранд;

2) аз ҳисоби худ предмети гарави дар дасти ў мондаро дар ҳаҷми пуррааш суѓурта намояд;

3) дар сурати нобуд шудани предмети гарав бо розигии тарафҳо онро барқарор ё бо ашёи ҳамарзиши бо нархи бозории на камтар аз арзиши предмети гарави гумшуда иваз кунад ё қарз (як қисми дахлдори қарз)-ро, сарфи назар аз мўҳлатҳои мувофиқакардаи тарафҳо, пардохт намояд;

4) гаравгирро дар бораи ба иҷора додани предмети гарав огоҳ намояд;

5) ба гаравгир имконияти дастрасии воқеиро ба молу мулки, инчунин ба ҳар ҳуҷҷати барои он мавҷудбуда, ки барои тафтиши андоза, ҳолат ва шароити нигоҳдошт ё истифодаи молу мулки гаравӣ зарур аст, диҳад.

 

Моддаи 37. Ба гарав гузоштани молҳои дар муомилотбуда

 

  1. Молҳои дар муомилотбуда захираҳои молӣ-моддӣ, ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр ва тайёре ҳисобида мешаванд, ки дар давоми вақт истифода ва пурра карда шуда метавонанд. Мувофиқи ҳамин модда ин гуна молҳоро, ки ба онҳо тавсифи умумие додан мумкин аст, ки аз рўи он муқаррар кардани мол имконпазир мебошад, ба гарав мондан мумкин аст. Шартномаи гарави молҳои дар муомилотбуда бояд шакли моли гаравро муайян намояд, хусусиятҳои ба он хос, арзиши умумӣ, ҷои воқеиятро тавсиф намояд ва бо ҳамин роҳ ҳар молеро баён кунад, ки онро барои иваз намудани молу мулки гаравӣ истифода кардан мумкин аст.
  2. Ҳангоми гаравмонии молҳои дар муомилотбуда предмети гарав молҳои арзишашон муайяне мебошанд, ки аз рўи воҳиди миқдор, андоза ва ё ҳаҷми мол муайян карда мешаванд. Агар дар шартнома дигар шарту шароит пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад предмети гаравро тавре иваз намояд, ки арзиши умумии мол назар ба арзиши дар шартномаи гарав нишондодашуда камтар набошад, предмети гаравро бе розигии гаравгир бегона намояд. То вақти пурра кардани предмети гарав, ки ба сифати он молҳои дар муомилотбуда баромад мекунанд, воситаҳои пулие, ки аз фурўши онҳо ба даст омадаанд, ба сифати предмети гарав амал мекунанд.

Тарафҳо камшавии арзиши умумии гарави молҳои дар муомилотбударо мутобиқи қисми иҷрошудаи ўҳдадории бо ҳамин гарав таъминшуда пешбинӣ карда метавонанд.

  1. Гарави молҳои дар муомилотбуда гарави молҳое эътироф мегарданд, ки дар дасти гаравдеҳ монда мешаванд. Ҳангоми гарави молҳои дар муомилотбуда ва коркарди дубора гаравдеҳ ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории предмети гаравро бо риояи қоидаҳои ҳамин боб нигоҳ медорад.
  2. Он молҳои дар муомилотбуда, ки гаравдеҳ мувофиқи шартҳои шартномаи гарави молҳои дар муомилотбуда пайдо кардааст, аз лаҳзаи ба дасти гаравдеҳ бо ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ гузаштан предмети гарав мешаванд. Молҳое, ки дар муомилот мебошанд, аз лаҳзаи ба моликият, пешбурдӣ хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии харидор гузаштан дигар предмети гарав намебошанд.
  3. Аз лаҳзаи ба гаравдеҳ аз тарафи гаравгир супурдани хабарнома дар бораи рўёнидани пардохтҳо мувофиқи боби 6 ҳамин Қонун ба гаравдеҳ манъ карда мешавад, ки ба ҳар моли мавриди гардиш ихтиёрдорӣ намояд.

 

БОБИ 5.

ГАРАВИ ҲУҚУҚ

 

Моддаи 38. Гарави ҳуқуқ

 

  1. Дар сурате, ки предмети гарав қарзи пулии ба гаравдеҳ тааллуқдошта мебошад, гаравдеҳ вазифадор нест, ки ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори худро аз он хабардор намояд, ки қарзи ў ба гарав монда шудааст. Қарздоре, ки қарзи ў ба гарав монда шудааст, онро бо роҳи пардохтҳо ба гаравгир ё ба шахсе, ки ўро гаравдеҳ таъин мекунад, адо карда метавонад, танҳо ба шарте, ки гаравдеҳ ё гаравгир ба қарздор дар бораи мавҷуд будани гарав хабар надиҳанд. Баъди ба қарздор супурдани ин гуна огоҳинома гаравгир метавонад қарзҳоро дар бобати қарзи ба гарав мондашудаи ба гаравдеҳ тааллуқдошта бевосита пайгирӣ намояд ва қарзи ба гарав мондашуда танҳо бо роҳи пардохти он ба гаравгир ё ба шахсе, ки гаравгир таъин кардааст, адо карда шуда метавонад.
  2. Агар предмети гарав ўҳдадории шартномавии шахси сеюм дар назди гаравдеҳ бошад, ки қарзи пулӣ нест, ин гуна ўҳдадории шартномавӣ аз тарафи ўҳдадоршаванда мувофиқи аҳду паймон бо гаравгир қонеъ гардонда мешавад. Дар ин маврид гаравгир баъди ин, ки ҳама гуна арзиш мувофиқи шартнома ба ихтиёри гаравдеҳ мегузарад, қаноатмандӣ пайдо карда метавонад.

Гаравгир қаноатмандиро бевосита аз тарафи ўҳдадоршаванда мувофиқи ўҳдадории шартномавӣ танҳо баъди он пайдо карда метавонад, ки гаравгир нусхаи хабарномаро дар бораи маҷбуран ситонидан ба тарафи ўҳдадоршаванда фиристонад ва ба он ишорат мекунад, ки гаравгир мувофиқи ҳамин Қонун ҳуқуқи худро оид ба маҷбуран иҷро намудани ўҳдадории шартномавии тарафи ўҳдадоршавандаро дар назди гаравдеҳ ба амал мебарорад.

  1. Дар шартномаи гарави ҳуқуқе, ки арзиши пулӣ надорад, арзиши предмети гарав мувофиқи созиши тарафҳо муайян карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.
  2. Агар қарздори гаравдеҳ то аз тарафи гаравдеҳ иҷро карда шудани ўҳдадории бо гарав таъминшуда ўҳдадории худро иҷро карда бошад, тамоми даромадҳои дар ин маврид ба дастовардаи гаравдеҳ предмети гарав мегардад, ки гаравдеҳ вазифадор аст дар ин бора фавран ба гаравгир хабар диҳад.

Дар сурати аз қарздори худ аз ҳисоби иҷрои ўҳдадориҳо гирифтани маблаѓ гаравдеҳ вазифадор аст бо талаби гаравгир аз ҳисоби иҷрои ўҳдадориҳои бо гарав таъминшуда маблаѓҳои дахлдорро интиқол диҳад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро муқаррар накарда бошад.

 

Моддаи 39. Вазифаҳои гаравдеҳ ҳангоми гарави ҳуқуқ

 

Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳангоми гарави ҳуқуқ вазифадор аст:

1) ҳуқуқи ба гаравгузошташударо ба каси дигар надиҳад;

2) амалиётҳоеро анҷом надиҳад, ки боиси қатъ гардидани ҳуқуқи ба гаравгузошташуда ё камшавии арзиши он мегардад;

3) барои таъмини ҳақиқӣ будани ҳуқуқи гаравшуда амалиётҳои заруриро ба ҷо оварад;

4) барои ҳифзи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда аз қасдҳои тарафи шахсҳои сеюм тамоми чораҳоро андешад;

5) ба гаравгир дар бораи ҳар гуна таѓйироти ҳуқуқи ба гаравгузошташуда, дар бораи вайронкунии он аз тарафи шахсони сеюм ва даъвои шахсони сеюм ба ин ҳуқуқ хабар диҳад.

 

Моддаи 40. Ҳуқуқи гаравгир ҳангоми гарави ҳуқуқ

 

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравгир ҳангоми гарави ҳуқуқ ҳақ дорад:

1) сарфи назар аз расидани мўҳлати иҷрои ўҳдадории бо гарав таъминшуда ба суд бо даъвои ба худаш интиқол додани ҳуқуқи ба гаравгузошташуда муроҷиат намояд, агар гаравдеҳ вазифаҳои пешбиникардаи моддаи 39 ҳамин Қонунро риоя накарда бошад;

2) дар сурати талаботи пешбиникардаи банди 4 моддаи 39 ҳамин Қонунро иҷро накардани гаравдеҳ мустақилона чораҳое андешад, ки ба ҳифзи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда аз қонуншиканиҳои шахси сеюм нигаронида шудаанд;

3) ба парвандае, ки дар он даъво дар бораи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда баррасӣ мегардад, ба сифати шахси сеюм дохил шавад.

 

ФАСЛИ III

АЗ ҲИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВӣ РЎЁНИДАНИ ПАРДОХТҲО

 

БОБИ 6.

АЗ ҲИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВӣ РЎЁНИДАНИ ПАРДОХТҲО

 

Моддаи 41. Асоси аз ҳисоби предмети гарав рўёнидани пардохтҳо

 

  1. Пардохт аз ҳисоби предмети гарав барои қонеъ намудани талаботи гаравгир (қарздиҳанда), ки дар ҳамин Қонун нишон дода шудааст, дар сурати ўҳдадории бо гарав таъминшударо иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани қарздор рўёнида шуда метавонад, чунончи:

1) вайрон кардани тартиб ва мўҳлатҳои пардохти фоизҳо, ки шартнома муқаррар кардааст;

2) вайрон кардани тартиб ва мўҳлатҳои пас гардонидани маблаѓи қарзи асосии муқарраркардаи қонун ё шартнома;

3) талаботи гаравгирро дар бораи пеш аз мўҳлат иҷро кардани ўҳдадории бо гарав таъминшуда иҷро накардани қарздор дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 42 ҳамин Қонун;

4) дар дигар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома.

  1. Аз ҳисоби молу мулки гаравӣ рўёнидани пардохтҳо бо тартиби пешбиникардаи шартномаи гарав ба амал бароварда мешавад, агар ҳамин Қонун дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад. Ҳангоми номувофиқии шартҳои шартномаи гарав ва шартҳои ўҳдадории бо гарав таъминшуда дар хусуси талаботе, ки бо роҳи аз ҳисоби молу мулки гаравӣ рўёнидани пардохтҳо қонеъ карда шуда метавонанд, бартарӣ ба шартҳои шартномаи гарав дода мешавад.

Қисми 3 бо ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117 хориҷ карда шуд.

 

Моддаи 42. Аз ҳисоби предмети гарав рўёнидани пардохтҳо дар сурати қонеъ накардани талаботи оид ба

                     пеш аз мўҳлат иҷро намудани ўҳдадории бо гарав таъминшуда

 

  1. Гаравгир ҳақ дорад пеш аз мўҳлат иҷро кардани ўҳдадории бо гарав таъминшударо талаб намояд, вале агар ин талаб иҷро карда нашавад, пардохтҳоро аз ҳисоби предмети гарав дар мавридҳои зерин ситонад:

1) қоидаҳои ихтиёрдории предмети гаравро вайрон кардани гаравдеҳ ё аз соҳибияти гаравдеҳ баромадани предмети гарав;

2) қоидаҳои иваз ё барқарор кардани предмети гаравро вайрон намудани гаравдеҳ;

3) гум кардани предмети гарав дар ҳолатҳое, ки гаравдеҳ барои онҳо ҷавобгар намебошад, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқи иваз ё барқарор кардани предмети гарав истифода накарда бошад;

4) қоидаҳои гаравмонии минбаъдаро вайрон кардани гаравдеҳ;

5) ўҳдадориҳои нигоҳдорӣ ва эҳтиёт намудани предмети гаравро вайрон кардани гаравдеҳ;

6) ўҳдадориҳои худро дар бораи огоҳонидани гаравгир аз ҳуқуқи ба предмети гарав доштани шахсони сеюм вайрон кардани гаравдеҳ;

7) ўҳдадориҳои пардохти фоизҳо ё дигар маблаѓҳои пешбиникардаи ўҳдадории бо гарав таъминшударо мунтазам ( бештар аз ду маротиба) вайрон кардани қарздор;

8) дар дигар мавридҳои пешбиникардаи қонун ё шартномаи гарав.

 

Моддаи 43. Навбати қонеъгардонии талабҳои гаравгирҳо

 

  1. Талабҳои гаравгири баъдина аз ҳисоби арзиши предмети гарав баъди қонеъ гардонидани талабҳои гаравгири пешина қонеъ карда мешаванд.
  2. Навбати қонеъ гардонидани талабҳо мувофиқи ҳамин Қонун бо розигии хаттии гаравгирҳо таѓйир дода шуда метавонад.
  3. Дар сурати бо талаби гаравгири баъдина аз ҳисоби предмети гарав рўёнидани пардохтҳо талабҳои гаравгири баъдина баъд аз қонеъ кунондани талабҳои гаравгирони пешина қонеъ гардонда мешаванд, ҳатто агар мўҳлати қонеъкунии онҳо нарасида бошад.
  4. Дар сурати бо талаби гаравгири пешина аз ҳисоби предмети гарав рўёнидани пардохтҳо, ҳамзамон бо талаби гаравгири баъдина аз ҳисоби ин предмети гарав рўёнидани пардохтҳо раво мебошад, ки мўҳлати пешниҳоди рўёнидани онҳо ҳанўз нарасидааст.

Талаботи гаравгирҳои баъдина набояд пеш аз мўҳлат қонеъ гардонда шаванд, агар барои қонеъ гардондани талабҳои гаравгирҳои пешина аз ҳисоби як қисми предмети гарав рўёнидани пардохтҳо кофӣ бошад.

  1. Гаравгири баъдина, ки молу мулки гаравӣ дар ихтиёри ў мебошад, вазифадор аст:

1) ба гаравгирҳои пешина дар бораи ниятҳои худ оид ба фурўхтани молу мулки гаравӣ хабар диҳад;

2) бо талаби гаравгирандаи пешина молу мулки гаравиро ба соҳибияти ў супорад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

Агар ин талабҳо иҷро нашуда бошанд, гаравгири баъдина, ки молу мулкро мефурўшад, дар назди гаравгири пешина ҷавобгарии молу мулки дорад.

  1. Ҳангоми аз ҳисоби предмети гарав рўёнидани пардохтҳо талабҳои гаравгири баъдина аз ҳисоби арзиши предмети гарав баъди талабҳои худро қонеъ гардонидани гаравгири пешина қонеъ карда мешаванд.
  2. Бо навбат қонеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи баъди аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани даромад ба анҷом мерасад, ба истиснои ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии пешниҳодшуда зикр шудааст, пӯшонида шавад.(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  3. Бо навбат қонеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи баъди аз ҷониби гаравдеҳ гирифтани ҳосил ва маҳсулот ба анҷом мерасад, ба истиснои ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии пешниҳодшуда зикр шудааст, пӯшонида шавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  4. 9. Агар гаравгири гаравҳои пешина ва минбаъда худи ҳамон як шахс бошад, қоидаҳои ҳамин модда татбиқ намешаванд. Дар ин маврид талабҳои бо ҳар яке аз гаравҳо таъминшуда бо навбат, мувофиқи мўҳлатҳои дахлдори иҷрои ўҳдадориҳои дахлдор қонеъ карда мешаванд, агар қонун ё созишномаи тарафҳо дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.
  5. 10. Агар маблаѓи аз фурўши иҷбории молу мулки гаравӣ ба дастомада, ки он мувофиқи фасли III ҳамин Қонун ба амал бароварда мешавад, барои пардохти талабҳои гаравгирҳои навбати минбаъда кифоя набошад, талабҳои онҳо чун талабҳои таъминнабуда қатъ мегарданд, катъи назар аз қонунӣ будани ин талабҳо, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 44. Тартиби рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав 

 

  1. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав метавонад бо тартиби ғайрисудӣ ва судӣ амалӣ карда шавад.
  2. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ дар асоси шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир, ки дар он шартҳои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ нишон дода шудаанд, амалӣ карда мешавад. Агар дар шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир тартиби ғайрисудӣ муқаррар шуда бошад, ягон тараф наметавонад ба таври яктарафа тартиби рӯёниданро аз ҳисоби предмети гарав тағйир диҳад. 
  3. Дар ҳолатҳои дигар рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад, аз ҷумла, агар: 

– барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақомот талаб карда шавад ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад; 

– предмети гарав молу мулки бошад, ки барои ҷомеа арзиши зиёди таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дошта бошад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 45. Тартиби ғайрисудии рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав

 

  1. Гаравгир ҳуқуқ дорад ба таври ғайрисудӣ ба предмети гарав соҳиб шавад, агар он дар шартномаи гарав пешбинӣ шуда бошад ё агар қарздор (гаравдеҳ) пас аз ба миён омадани ҳолатҳои иҷро нагаштан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани ӯҳдадорӣ дар шакли хаттӣ розигӣ дода бошад, ба шарте ки чунин соҳиб шудан ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад.
  2. Агар предмети гарав молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда бошад, гаравгир метавонад онро бо тартиби ғайрисудӣ аз молу мулки ғайриманқули ба он пайвастшуда, танҳо дар сурати гирифтани розигии хаттии қарздор ё гаравдеҳ, агар ӯ дар як вақт қарздор ҳисобида нашавад, пас аз ба миён омадани ҳолатҳои иҷро нагаштан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани ӯҳдадорӣ ҷудо намояд. 
  3. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ бо чунин тарз амалӣ карда мешавад:

– ихтиёран супоридани предмети гарав аз ҷониби гаравдеҳ ба гаравгир;

– рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 46. Ихтиёран супоридани предмети гарав 

 

Ихтиёран супоридани предмети гарав бо бастани созишномаи ҳаққи дасткашӣ байни гаравдеҳ ва гаравгир амалӣ карда мешавад. 

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 47. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус 

 

  1. Дар сурати аз ҷониби гаравдеҳ эътироф намудани ӯҳдадории қарзӣ ё дар асоси қарори суд дар бораи рӯёнидани қарзе, ки бо предмети гарав таъмин шудааст, гаравгир ҳуқуқ дорад барои гирифтани навиштаҷоти иҷроияи нотариус муроҷиат намояд. 
  2. Дар бораи гирифтани навиштаҷоти иҷроияи нотариус ва оғоз намудани расмиёти гирифтани предмети гарав, гаравгир ӯҳдадор аст, ки гаравдеҳро бо таври хаттӣ огоҳ намояд. 
  3. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки навиштаҷоти иҷроияи нотариусро бо тариқи судӣ мавриди шикоят қарор диҳад.
  4. Дар ҳолати саркашӣ намудани гаравдеҳ аз ихтиёран супоридани предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус, предмети гарав маҷбуран тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 48. Чораҳои таъминотӣ вобаста ба предмети гарав

 

  1. Агар баъди ба амал омадани ҳолати иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадорӣ, гаравгир ба предмети гарав тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шуда натавонад ё агар қарздор (гаравдеҳ) баъди ба амал омадани ҳолати мазкур барои гирифтани предмети гарав, ки молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда ба ҳисоб меравад, розӣ набошад, гаравгир ҳуқуқ дорад ба суд бо ариза дар бораи супоридани предмети гарав ба нигоҳдории гаравгир муроҷиат намояд, ки он бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.
  2. Ба ариза дар бораи супоридани предмети гарав ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:

– шартномаи гарав;

– далелҳои дахлдор, ки ҳолати аз ҷониби қарздор ё гаравдеҳ, агар ӯ дар як вақт қарздор ҳисобида нашавад, иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадории асосиро тасдиқ мекунанд;

– ҳуҷҷати супоридани боҷи давлатӣ;

– дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. 

  1. Ҳангоми муроҷиат намудани гаравгир ба суд бо ариза оид ба андешидани чораҳои таъминотӣ, гаравгир ба қарздор (гаравдеҳ) нусхаи аризаи мазкур ва нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимашавандаро, ки ба суд пешниҳод шудаанд, месупорад. Аризаи мазкур мумкин аст бе тасдиқи қабули он аз ҷониби қарздор (гаравдеҳ) дар ҳолатҳои зерин ба суд пешниҳод карда шавад:

– агар гаравгир чораҳои дахлдорро оид ба супоридани нусхаи аризаи мазкур ба қарздор (гаравдеҳ) андешида бошад, вале ин чораҳо бенатиҷа мондаанд;

– баҳри пешгирӣ кардани вайроншавии предмети гарав ё дар ҳолати моҳиятан паст шудани арзиши предмети гарав;

– бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои эҳтимолии ғайриқонунии қарздор (гаравдеҳ), ки ба нобудшавӣ, вайроншавӣ ё бегона намудани предмети гарав оварда мерасонанд.

  1. Гаравгире, ки дар асоси санади судӣ предмети гаравро барои нигоҳдорӣ қабул намудааст, ӯҳдадор мешавад оид ба таъмини нигоҳдории предмети гарави дар ихтиёр доштааш то ба соҳибият қабул намудани он ё то қабул шудани қарори суд чораҳои дахлдор андешад.
  2. Агар аз шартномаи тарафҳо тартиби дигар барнаояд, дар муддати дар нигоҳдории гаравгир қарор доштани предмети гарав, хароҷоти дахлдор, аз ҷумла андоз ё хироҷи пардохтшудаи ба предмети гарав алоқаманд мумкин аст ба зиммаи қарздор (гаравдеҳ) гузошта шуда, аз ҳисоби предмети гарав, инчунин арзиши ҳама гуна намудҳои суғурта рӯёнида шавад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 49. Огоҳинома дар бораи оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби  предмети гарав бо

                        тартиби ғайрисудӣ 

 

  1. То оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ гаравгир ӯҳдадор аст дар шакли хаттӣ ба гаравдеҳ огоҳинома фиристонад, ки он маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– маълумот дар бораи гаравдеҳ ва гаравгир; 

– тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав;

– пешниҳод дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадорӣ, аз ҷумла маблағи қарз дар мӯҳлати на камтар аз 20 рӯз аз лаҳзаи бо тариқи дахлдор супоридани огоҳинома ба гаравдеҳ;

– дигар маълумотҳое, ки гаравгир зарур мешуморад;

– санаи огоҳинома ва имзои гаравгир ё шахси ваколатдоркардаи ӯ. 

  1. Гаравгир ҳамзамон ба гаравгирони пешина ва минбаъда огоҳинома оид ба оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гаравро мефиристонад.
  2. Ҳангоми гирифтани огоҳинома дар бораи оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав:

1) гаравдеҳ ҳуқуқ дорад:

– пешниҳоди гаравгирро дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадорӣ қонеъ намояд; 

– ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани асосҳои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав муроҷиат намояд; 

2) гаравдеҳ ӯҳдадор аст:

– огоҳиномаро моҳиятан мавриди баррасӣ қарор диҳад;

– на дертар аз 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома оид ба қарори қабулнамудаи худ ба гаравгир ба таври хаттӣ ҷавоб диҳад. 

  1. Агар гаравдеҳ ба гаравгир оид ба қарори қабулнамудаи худ вобаста ба огоҳинома ҷавоби хаттӣ пешниҳод накунад, пас ин амал ҳамчун эътироф накардани асоснокии талаботи гаравгир дар бораи қарзи асосӣ ва рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дониста шуда, барои муроҷиат ба суд асос шуда метавонад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 50. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ 

 

Гаравгир дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад ба суд бо даъво муроҷиат намояд:

– ғайриимкон будани рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;

– агар барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақом талаб карда шавад ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад; 

– агар предмети гарав молу мулке бошад, ки барои ҷомеа арзиши зиёди таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дорад;

– набудани гаравдеҳ ва имконнопазир будани муқаррар кардани макони ҷойгиршавии ӯ;

– дар сурати эътироф накардани асоси талаботи гаравгир дар бораи қарзи асосӣ ва рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117) 

 

БОБИ 7.

ФУРЎШИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВЕ, КИ АЗ ҲИСОБИ ОН  ПАРДОХТҲО РЎЁНИДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 51. Фурўши предмети гарав

 

  1. Баъди гузаштани мўҳлати сархати сеюми қисми 1 моддаи 49ҳамин Қонун гаравгир ҳуқуқ дорад ба расмиёти фурўши предмети гарав мутобиқи ҳамин Қонун шурўъ намояд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Фурўши предмети гарави марбут ба рўёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ё кушода ё хусусӣ буда метавонад ва бояд ба шакл ва мавқеи молу мулк мувофиқат намояд.

Гаравдеҳ ва гаравгир вазифадоранд бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурўш тавре чораҳо андешанд, ки он барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ ҳарчи бештар баманфиат бошад.

  1. Ҳар шахс, ба истиснои гаравдеҳ ва ҳар шахсе, ки аз номи гаравдеҳ амал мекунад ва аз байни иштирокчиёни музоядаи ситондани пардохтҳо мутобиқи ҳамин модда нархи баландтаринро пешниҳод менамояд, барои молу мулки гаравӣ ҳуқуқи моликиятро пайдо менамояд. Ҳангоми савдои хусусӣ харидоре, ки гаравдеҳ ё шахсе намебошад, ки аз номи гаравдеҳ амал мекунад, ҳуқуқи моликиятро ба молу мулк баъди пардохти арзише, ки гаравгир бо гаравдеҳ мувофиқа кардаанд, гаравдеҳ пайдо мекунад.
  2. Агар гарав дар шакли гарави додашуда (заклад) буда, предмети гарав депозити пулӣ, коѓазҳои қиматнок, ашёи ивазшаванда ё дигар ашёе бошад, ки дар сурати ба миён омадани зарурат ба гаравдеҳ пас гардонда, бо ашёи ҳаммонанд иваз карда шуда метавонад, гаравгир метавонад ҳуқуқи худро дар бобати рўёнидани пардохтҳои ўҳдадории иҷронашуда дар лаҳзаи фаро расидани мўҳлати иҷрои ўҳдадории бо гарав таъминшуда ба амал барорад.

Гаравгир ҳақ дорад ин гаравро фурўшад ё бо дигар роҳ онро фавран баъди ба ихтиёрдориаш ворид гардидани ин гарав бегона намояд, агар:

1) ин гарав аз ҷиҳати хусусиятҳои табиии худ зудвайроншаванда бошад ё хатаре мавҷуд бошад, ки он арзиши худро зуд гум кунад;

2) хароҷоти ҳифз ва нигоҳдории предмети гарав ба қиёси арзиши он номутаносиб аст;

3) бо қарори суд.

  1. Гаравдеҳ метавонад аз ҳисоби молу мулки гаравӣ рўёнидани пардохтҳоро бо роҳи ба гаравгир пардохт намудани тамоми маблаѓи тааллуқдошта, ки ба ўҳдадорӣ мансуб буда, бо молу мулки гаравӣ таъмин гардидааст, инчунин хароҷоти рўёнидани пардохтҳоро пеш аз фурўши он қатъ кунад.
  2. Бегона кардани предмети гарав бо роҳи рўёнидани пардохтҳо бо мақсади қонеъ гардондани ўҳдадории бо гарав таъминшуда амалиёти тиҷоратӣ намебошад.

 

Моддаи 52. Тарзу усулҳои фурўш

 

  1. Предмети гарав, ки мувофиқи ҳамин Қонун пардохтҳо аз ҳисоби он рўёнида мешаванд, бо роҳи фурўши ошкоро, савдои хусусӣ ё бо дигар тарзу усулҳои пешбиникардаи созишномаи тарафҳо, инчунин бо роҳи предмети гаравро харидани гаравгир мувофиқи талаботи ҳамин Қонун фурўхта мешавад.
  2. Савдои кушод дар шакли музоядаи ошкоро ё озмун гузаронда мешавад. Шакли савдо бо қарори суд (дар сурати бо тартиби судӣ рўёнидани пардохтҳо) ё бо шартномаи гарав ё созишнома дар бораи қонеъ намудани талаботи гаравгир (дар сурати бо тартиби ѓайрисудӣ рўёнидани пардохтҳо) муайян карда мешавад.
  3. Тартиби гузарондани савдои кушод тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин шартномаи гарав ё созишнома дар бораи қонеъ намудани талаботи гаравгир бо тартиби ѓайрисудӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 53. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои гаравгир ҳангоми фурўши предмети гарав

 

  1. Гаравгир молу мулки гаравиро бо ҳар роҳи барои ў мусоид, бо тарзу усулҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта метавонад. Гаравгир барои фурўш ё ҳалли ҳар масъалаи ба фурўш алоқаманд идоракунандаи гаравро, ки аз номи ў амал мекунад, таъин карда метавонад. Гаравгир ҳақ дорад бо розигии гаравгирони пешина ва минбаъда фурўши предмети гаравро ба мўҳлати на бештар аз се моҳ аз лаҳзаи оѓози расмиёти рўёнидани пардохтҳо ба таъхир андозад, то ки нархи бештар баланди молу мулки гаравиро ба даст орад.

Гаравдеҳ ҳақ дорад ба суд бо хоҳиши дароз кардани мўҳлати гузаронидани савдо мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Бо розигии хаттии гаравдеҳ ва тамоми гаравгирон мўҳлати фурўши молу мулки гаравӣ бе муроҷиат ба суд мумкин аст ба таъхир гузошта шавад.

2.Гаравгир молу мулки гаравиро худаш дар савдои хусусӣ харида наметавонад.

  1. Гаравгир ҳар маблаѓи аз савдои рўёнидани пардохтҳо ба дастомадаро, ки аз маблаѓи ба гаравгир додашаванда зиёдтар аст, ба маҳфуздоранда мегузорад. Ин маблаѓ барои пардохт ба гаравгирони навбатӣ истифода карда шуда, бақияи он ҳатман ба гаравдеҳ пас гардонда мешавад. Тамоми маблаѓҳое, ки гаравгир барои хароҷоти суд, нигаҳдорӣ, беҳтар кардани молу мулки гаравӣ, фурўши молу мулки гаравӣ харҷ кардааст, ба хароҷоти рўёнидани пардохтҳо мувофиқи моддаи 6 ҳамин Қонун мансубанд ва бояд ба гаравгир дода шаванд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)
  2. Ҳангоми фурӯши предмети гарав манфиати тиҷоратӣ дар назар дошта мешавад, агар:

– гаравдеҳ ҳангоми фурӯш усули аз ҷиҳати тиҷоратӣ манфиатнокро истифода намояд;

– аз фурӯши предмети гарав дар дигар вақт ё бо тарзи дигар назар ба вақт ва тарзи фурӯши интихобкардаи гаравдеҳ нархи нисбатан фоиданокро ба даст овардан мумкин бошад;

– гаравдеҳ предмети гаравро мутобиқи таҷрибаи тиҷоратии соҳибкороне, ки ба фурӯши чунин намуди молу мулк машғуланд, фурӯшад;

– усули фурӯхтани предмети гарав бо қарори суд тасдиқ шуда бошад.

(ҚҶТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 54. Ўҳдадорӣ дар назди гаравдеҳ, ки аз фурўши ѓайриқонунии предмети гарав бармеояд

 

  1. Дар сурате, ки агар суд муқаррар карда бошад, ки гаравгир молу мулки гаравиро бо сабаби риоя накардани расмиёти ҳамин Қонун бо нархи беасоси паст фурўхтааст, ўҳдадориҳои тарафҳо ба ҳолати аввала оварда мешаванд.
  2. Агар гаравдеҳ ё гаравгири баъдина исбот кунад, ки арзиши асосноки бозории молу мулки гаравӣ ҳангоми фурўши он аз арзиши фурўшӣ зиёд буд ва дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои савдо аз тарафи гаравгири пешина, гаравдеҳ ё гаравгири баъдина аз маблаѓи фурўш, ки бояд боқӣ мемонд, маҳрум гардид, гаравдеҳ ва гаравгири баъдина метавонанд бо дархости ба андозаи маблаѓи гумшуда товони зарарро додани гаравгир ба суд муроҷиат намоянд.

Моддаи 55. Оқибатҳое, ки аз ѓайриқонунӣ ба соҳибӣ даровардани предмети гарав бармеоянд

 

Гаравдеҳ метавонад аз гаравгир товони зарарро бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнад, агар гаравгир ба он ҳуқуқи қонунӣ надошта бошад ё бо роҳи ѓайриқонунӣ молу мулки гаравиро ба соҳибии худ гирифта бошад.

 

Моддаи 56. Қатъ кардани фурўши предмети гарав

 

  1. Ҳар вақт то вақти фурўши предмети гарав дар музояда ё харидории он аз тарафи гаравгир бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун расмиёти рўёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурўши он бояд қатъ карда шавад, агар қарздор ё гаравдеҳ, ки шахси сеюм мебошад, ўҳдадории бо гарав таъминшударо пурра ё дар он қисме иҷро намояд, ки иҷро карда нашудан ё ба таври номатлуб иҷро кардани он асоси рўёнидани пардохтҳо бо роҳи пардохти маблаѓи талабкардаи гаравгир дар ҳаҷме, ки ин талабот дар лаҳзаи пардохти маблаѓҳои дахлдор ҷой доранд ва ба гаравгир подоши маблаѓҳои хароҷоти судӣ ва дигар хароҷотеро, ки рўёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурўши он ба миён овардаанд, медиҳад.

Созишномае, ки ҳуқуқи дар ҳамин қисм нишондодашударо маҳдуд месозад, эътибор надорад.

  1. Гаравгир баъди гирифтани маблаѓҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда вазифадор аст:

1) хабарнома дар бораи қатъ кардани расмиёти рўёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурўши онро тартиб диҳад;

2) дар сурате, ки агар гарав мувофиқи ҳамин Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, хабарномаро ба мақоми бақайдгиранда барои бекор кардани бақайдгирӣ мувофиқи моддаи 26 ҳамин Қонун фиристонад;

3) бо талаби гаравдеҳ (қарздор) ё гаравгир оид ба гарави пешина ва баъдина ба онҳо нусхаи дуюми хабарномаро диҳад.

  1. Хабарнома дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгўй (ном) ва ҷои будубоши (сукунати) гаравдеҳ (қарздор);

2) номгўй (ном) ва ҷои будубоши (сукунати) гаравгир;

3) дастур барои қатъ кардани расмиёти рўёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурўши он;

4) рақами бақайдгирӣ, сана ва вақти бақайдгирӣ дар мақоми бақайдгиранда, агар гарав ба қайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба андешаи гаравгир зарур мебошанд;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

 

Моддаи 57. Асоси қатъ кардани гарав

 

  1. Гарав пурра ё қисман бо асосҳои пешбиникардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ё шартномаи гарав қатъ карда мешавад.
  2. Ҳангоми қатъ кардани гарав гаравгир вазифадор аст:

1) хабарномаро дар бораи қатъ кардани гарав тартиб диҳад;

2) дар сурате, ки агар шартномаи гарав мувофиқи ҳамин Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, ба мақоми бақайдгиранда барои бекор кардани бақайдгирӣ мувофиқи моддаи 26 ҳамин Қонун хабарнома равона кунад;

3) бо талаби қарздор (гаравдеҳ) ё гаравгирҳои пешина ва баъдина ба онҳо нусхаҳои хабарномаро диҳад.

  1. Хабарнома дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад ва бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгўй (ном) ва ҷои воқеияти (сукунати) қарздор (гаравдеҳ);

2) номгўй (ном) ва ҷои воқеияти (сукунати) гаравгир;

3) ҳолатҳое, ки асоси қатъ кардани гарав мебошанд;

4) рақами бақайдгирӣ, сана ва вақти бақайдгирӣ дар мақоми бақайдгиранда, агар гарав ба қайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба ақидаи қарздор (гаравдеҳ) ва ё гаравгир зарур мебошад;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

 

ФАСЛИ IV

КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚИ ТАРАФҲО ҲАНГОМИ ГАРАВ

 

БОБИ 8.

КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚИ ТАРАФҲО ҲАНГОМИ ГАРАВ

 

Моддаи 58. Ҳифзи манфиатҳои гаравгир ва гаравдеҳ ҳангоми қатъи ҳуқуқи онҳо ба молу мулки гаравӣ

                     дар асосҳои пешбиникардаи қонун

 

  1. Дар сурати аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани санадҳои қонунгузорие, ки ҳуқуқи гаравро қатъ менамоянд, зараре, ки дар натиҷаи қабули ин санадҳо ба гаравгир расонда шудааст, дар ҳаҷми пурра аз буҷети давлатӣ талофӣ карда мешавад.
  2. Дар сурати қатъи ҳуқуқи моликият ба молу мулки гаравӣ ё қатъи ҳуқуқи гаравӣ дар иртибот бо қарори мақоми ҳокимияти давлатӣ, ки бевосита ба мусодираи молу мулки гаравӣ ё ҳуқуқи гаравӣ равона карда нашудааст, зараре, ки дар натиҷаи ин қарор ба гаравгир расонда шудааст, аз тарафи ин мақоми давлатӣ аз ҳисоби маблаѓҳое, ки дар ихтиёри он мебошанд ва дар сурати норасоии ин маблаѓҳо аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми пурра талофӣ карда мешавад. Баҳси талофӣ кардани зарарро суд ҳал менамояд.
  3. Дар сурати андешидани чораҳои маҷбуран гирифтани молу мулки гаравӣ ё ҳуқуқ (милликунонӣ, мусодира, реквизитсия, инчунин дигар чораҳое, ки оқибаташон монанд), давлат зарарҳоеро, ки бо ин чорабиниҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гаравгир расонда шудаанд, ҷуброн менамояд.

 

Моддаи 59. Беэътибории санадҳое, ки ҳуқуқи гаравиро вайрон мекунанд

 

  1. Агар дар натиҷаи аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ баровардани санади дорои хусусияти ѓайримеъёрие, ки ба қонунгузорӣ мувофиқат намекунад, ҳуқуқи гаравгир вайрон карда шавад, ин гуна санадро суд бо аризаи гаравгир беэътибор эътироф мекунад.
  2. Оқибатҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда инчунин дар мавридҳои маҳрумсохтани гаравдеҳ аз ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии предмети гарав рух медиҳанд.
  3. Зарарҳое, ки дар натиҷаи баровардани санадҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда ба гаравгир расонда шудаанд, бояд дар ҳаҷми пурра аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ҷуброн карда шаванд.

 

ФАСЛИ V

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

 

БОБИ 9.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

 

Моддаи 591. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1155)

 

Моддаи 60. Дар бораи мавриди амал қарор додани Қонуни  мазкур

 

  1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Муқаррар карда шавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи гарав» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, № 14, мод. 205; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 9, мод. 117; с.1998, № 10, мод. 123) то вақти қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» танҳо дар қисме, ки ба ҳамин Қонун мухолифат намекунад, амал мекунад.

3. Боби 2 Қонуни мазкур баъди 1 соли ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун мавриди амал қарор дода шавад.

Гаравҳоеро, ки то қабули ҳамин Қонун ба вуҷуд омадаанд, дар давоми шаш моҳи баъди мавриди амал қарор гирифтани боби 2 Қонуни мазкур ба қайд гирифтан мумкин аст.

  1. Минбаъд то вақти бо ҳамин Қонун мувофиқ кардани дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисме, ки ба ҳамин Қонун мухолифат намекунанд, истифода бурда мешаванд.
  2. Нисбат ба гараве, ки то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба миён омадаанд, ин Қонун татбиқ намегардад, агар созишномаи тарафҳо дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 93

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …