Главная / Илм / ГАДУДХОИ ОБИ ДАХОН

ГАДУДХОИ ОБИ ДАХОН

gadudhoi-obi-dahonГАДУДХОИ ОБИ ДАХОН (Glandulae oris), гадудхое, ки луоби махсус – оби дахон хорич мекунанд. Г. ду навъ мешаванд: калони чуфт (гадудхои баногуш, зери чог, зери забон) ва хурд (гадудхои рухсора, лаб, забон, коми нарм ва сахт, дандони калони курси). Вобаста ба усорае, ки ихроч мекунанд, Г. луоби, сафедави ва омехта мешаванд. Гадудхои баногуши ба гадудхои сафедави, гадудхои зери чог ва зери забон – ба гадудхои омехта (сафедаю луоби) мансуб мебошанд. Фаъолияти усоравии Г. барои хазми хурок ахамияти калон дорад.
Гадудхои хурд, луоби ва омехтаи оби дахон дар кабати зерлуобии лабхо, рухсора, ком ва забон чой гирифтаанд.
Кисми бештари гадуди баногуш (gl. parotis) дар чукурии паси чог чойгир буда, кисми пеши он дар мушаки жовиш (хоидан) хобидааст. Аз кабати гадуди баногуш асаби руй бо шохахояш, хамчунин артерияи суботи, венахои калон мегузаранд. Дахонаи мачрои гадуд дар луобпардаи рухсора дар сатхи дандонхои якум ва дуюми калони курсии чоги боло чой дорад. Гадудхои баногушро шохахои артерияхои суботии беруни бо хун таъмин мекунанд. Гадуди манах (gl. submandibularis) дар секунчаи зери чог чойгир аст. Мачрои он дар кисми пеши зеризабони дар пистонаки зери забон боз мешавад. Онро шохахои артерияи руй бо хун таъмин месозанд. Гадуди зери забон (gl. sublingualis) дар фазои зеризабони дар мушакхои чогу зери забон дар шафати дахонаи мачрои гадуди зери чог чойгир аст. Мачрои асосии он дар пистонаки зери забон, мачрохои хурд бошад, дар чини зери забон боз мешаванд. Онро шохахои артерияи забон бо хун таъмин месозанд.
Нукси инкишофи Г. ахёнан дучор меояд. Баъзан мумкин аст онхо ба таври модарзоди вучуд надошта бошанд. Г. дар натичаи тир хурдан ва расондани захмхои гуногун осеб меёбад. Бештар гадуди баногуш зарар мебинад; хангоми он мачрои гадуд, асаби руй ва артерияи суботии беруни гусаста мешаванд. Маризонеро, ки дучори осеби Г. гаштаанд, ба беморхона фиристодан лозим аст.
Беморихои нисбатан маъмули Г. сиаладенит, сиалолитиаз ва паротит мебошанд. Дар Г. хамчунин киста ва омосхои гуногуни саратонию гайрисаратони пайдо мешаванд.
КЛ
Гадудхои калони оби дахон (нимаи чапи чоги поён бурида дур карда шудааст): 1 – гадуди баногуш; 2 – мачрои гадуди баногуш; 3 – мушаки жовиш (бурида шудааст); 4 – гадуди зериманахи; 5 – мачрои гадуди зериманахи; 6 – мушаки чогу зери забон; 7 – чоги поён; 8 – гадуди зери забон; 9 – забон; 10 – мушаки рухсора (бурида шудааст).
С. С. Субхонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …