Главная / Маданият ва санъат / Фоидахои зикр ва дуо

Фоидахои зикр ва дуо

Хар шахсе, ки баъд аз атса (ахса) задан ин дуоро бигуяд, харгиз дарди дандону гушро эхсос нахохад намуд. Дуо ин аст:

Ал-хамду лиллохи Рабби-л-оламина ало кулли холи мо кона.
axsa-zadan

*****

Хазрати Умми Салами модари фарзандони Абурофеъ ба Расулуллох (с) арз намуд:

  • Ё Расулаллох (с), ба ман калимоти мухтасаре биёмузон.

Расулуллох (с) фармуд:

  • Дах маротиба «Аллоху Акбар» бигу, Худованд мефармояд: «Инхо барои ман аст». Ва дах маротиба «Субхоналлох» бигу, Худованд мефармояд: «Инхо моли ман аст». Ва бигу «Аллохумма-гфирли»[1], Худованд мефармояд: «Туро мавриди бахшиш карор додам». Пас инро дах маротиба бигу, то Худованд дах маротиба бигуяд: «Туро бахшидам».

*****

Расулуллох (с) фармуд: “Хар касе ин калимоти «Субхоналлохи ва бихамдихи субхоналлохи-л-Азим»-ро бо хамрохи «Астагфируллоха-л-Азиму ва атубу илайх» бигуяд, ин калимот чи тавре ки гуфта шуданд, хамон тавр навишта хоханд шуд ва бар Арш овезон карда хоханд шуд ва хар гунохе, ки бикунад, наметавонад ин калимотро махв бикунад, то ин ки дар рузи киёмат бо Аллох мулокот мекунад ва ин калимот ба хамон холате ки гуфта буд, боки мемонад».

*****

Хазрати Хасани Басри (paх) мефармояд: Сумра ибни Чундуб (раз) фармуд:

  • Оё ба ту хадисеро нагуям, ки чандин маротиба онро аз Расулуллох (с) шунидаам ва онро Хазрати Абубакр (раз) ва Хазрати Умар (раз) низ чандин маротиба шунидаанд?

Арз намудам:

  • Хатман бигу.

Хазрати Сумра ибни Чундуб (раз) фармуд:

  • Хар шахсе ин калимотро хар субху шом бигуяд ва пас аз он хар хостае аз Худованд дошта бошад, Худованд уро ато хохад намуд. Калимот ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма Анта халактани.

Тарчума: Эй Аллох, маро халк намуди.

Ва Анта тахдини.

Тарчума: Ва Ту маро хидоятдихандаи.

Ва Анта тутъимуни.

Тарчума: Ва Ту маро мехурони.

Ва Анта таскини.

Тарчума: Ва Ту маро менушони.

Ва Анта тумитуни.

Тарчума: Ва Ту маро мемирони.

Ва Анта тахйини.

Тарчума: Ва Ту маро зинда мегардони.

[1] Эй Аллох, маро мавриди бахшиш карор бидех.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …