Главная / Маданият ва санъат / Фоидаҳои зикр ва дуо

Фоидаҳои зикр ва дуо

Ҳар шахсе, ки баъд аз атса (ахса) задан ин дуоро бигӯяд, ҳаргиз дарди дандону гӯшро эҳсос нахоҳад намуд. Дуо ин аст:

Ал-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламина ало кулли ҳоли мо кона.
axsa-zadan

*****

Ҳазрати Умми Саламӣ модари фарзандони Абӯрофеъ ба Расулуллоҳ (с) арз намуд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), ба ман калимоти мухтасаре биёмӯзон.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Даҳ маротиба «Аллоҳу Акбар» бигӯ, Худованд мефармояд: «Инҳо барои ман аст». Ва даҳ маротиба «Субҳоналлоҳ» бигӯ, Худованд мефармояд: «Инҳо моли ман аст». Ва бигӯ «Аллоҳумма-ғфирлӣ»[1], Худованд мефармояд: «Туро мавриди бахшиш қарор додам». Пас инро даҳ маротиба бигӯ, то Худованд даҳ маротиба бигӯяд: «Туро бахшидам».

*****

Расулуллоҳ (с) фармуд: “Ҳар касе ин калимоти «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи субҳоналлоҳи-л-Азим»-ро бо ҳамроҳи «Астағфируллоҳа-л-Азиму ва атубу илайҳ» бигӯяд, ин калимот чӣ тавре ки гуфта шуданд, ҳамон тавр навишта хоҳанд шуд ва бар Арш овезон карда хоҳанд шуд ва ҳар гуноҳе, ки бикунад, наметавонад ин калимотро маҳв бикунад, то ин ки дар рӯзи қиёмат бо Аллоҳ мулоқот мекунад ва ин калимот ба ҳамон ҳолате ки гуфта буд, боқӣ мемонад».

*****

Ҳазрати Ҳасани Басрӣ (paҳ) мефармояд: Сумра ибни Ҷундуб (раз) фармуд:

  • Оё ба ту ҳадисеро нагуям, ки чандин маротиба онро аз Расулуллоҳ (с) шунидаам ва онро Ҳазрати Абӯбакр (раз) ва Ҳазрати Умар (раз) низ чандин маротиба шунидаанд?

Арз намудам:

  • Ҳатман бигӯ.

Ҳазрати Сумра ибни Ҷундуб (раз) фармуд:

  • Ҳар шахсе ин калимотро ҳар субҳу шом бигӯяд ва пас аз он ҳар хостае аз Худованд дошта бошад, Худованд ӯро ато хоҳад намуд. Калимот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма Анта халақтанӣ.

Тарҷума: Эй Аллоҳ, маро халқ намудӣ.

Ва Анта таҳдинӣ.

Тарҷума: Ва Ту маро ҳидоятдиҳандаӣ.

Ва Анта тутъимунӣ.

Тарҷума: Ва Ту маро мехуронӣ.

Ва Анта тасқинӣ.

Тарҷума: Ва Ту маро менушонӣ.

Ва Анта тумитунӣ.

Тарҷума: Ва Ту маро мемиронӣ.

Ва Анта таҳйинӣ.

Тарҷума: Ва Ту маро зинда мегардонӣ.

[1] Эй Аллоҳ, маро мавриди бахшиш қарор бидеҳ.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …