Главная / Чамъият / ФАЪОЛИЯТИ СУГУРТАВИ  – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ФАЪОЛИЯТИ СУГУРТАВИ  – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №7, мод. 627; Конуни ЧТ аз 02.01.2018 с., №1487)

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУГУРТАВИ

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии фаъолияти сугуртавиро мукаррар намуда, ба таъмини химояи манфиатхои молумулкии шахсони вокеи ва хукуки хангоми рух додани ходисахои сугуртави равона гардидааст. 

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1.  Мафхумхои асоси

sugerta

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– фаъолияти сугуртави – фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) оид ба бастан ва ичрои шартномахои сугурта (азнавсугуртакуни), ки дар асоси ичозатномаи макоми назорати сугуртави тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– макоми назорати сугуртави – Бонки миллии Точикистон, ки вазифахои танзиму назоратро дар сохаи фаъолияти сугуртави анчом медихад;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– сугуртакуни – муносибатхо оид ба химояи манфиатхои конунии молумулкии шахсони вокеи ва хукуки хангоми рух додани ходисахои сугуртавии муайян аз хисоби фондхои пулии аз мукофотхои сугуртавии (хакки сугуртавии) пардохтшуда, инчунин маблагхои дигари ташкилотхои сугуртави, ки аз чониби ташкилотхои сугуртави ташаккул ёфтаанд;

– объекти сугурта – манфиатхои молумулки ё шахсии гайримолумулкии сугурташаванда, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат надошта, дар шартномаи сугурта пешбини шудаанд;

– иштирокчиёни касбии бозори сугурта – ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни), брокери сугуртави, ташкилотхои актуари, адчастери, сюрвейери сугуртави, ки дар асоси ичозатномаи макоми назорати сугуртави фаъолият мекунанд;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– сугуртаи хатмии давлати – сугуртае, ки аз хисоби бучети давлати маблаггузори мешавад;

– сугуртаи умуми – сугуртаи шахси, молумулки, сугуртаи чавобгарии гражданию хукуки ва дигар намудхои сугурта, ки ба сохаи сугуртаи хаёт дахл надоранд;

– сугуртаи хаёт – намуди сугурта, ки амали намудани пардохти сугуртавиро дар холатхои фавти шахси сугурташуда ё дар давоми зиндагии у то ба охир расидани мухлати сугурта ва ё то синну соли дар шартномаи сугурта дарчгардида пешбини менамояд;

– сугурта хангоми рух додани ходисаи муайян дар хаёт – намуди сугуртаи захиракунанда, ки бо маблаги мукарраршуда амали намудани пардохти сугуртавиро дар сурати фарорасии  ходисаи каблан кайдгардида (бастани  акди никох ё таваллуди фарзанд) дар хаёти шахси  сугурташуда пешбини менамояд;

– сугурта аз ходисаи нохуш – намуди сугурта, ки амали намудани пардохти сугуртавиро бо маблаги мукарраршуда ва (ё) ба андозаи кисман ё пурра чуброн намудани харочоти сугурташуда дар холати фавт, бемории касби, кисман ё пурра гум кардани коршоями ё расидани зарар ба саломатии шахси сугурташуда, дар натичаи рух додани ходисаи нохуш пешбини менамояд;

– сугурта хангоми бемори – намуди сугурта, ки амалигардонии пардохти сугуртавиро бо маблаги мукарраршуда ва (ё) ба андозаи кисман ё пурра чуброн намудани харочоти шахси сугурташуда бо сабаби бемори ё иллати дигари саломати пешбини менамояд;

– сугуртаи воситахои наклиёт – намуди сугурта, ки амалигардонии пардохти сугуртавиро ба андозаи кисман ё пурра чуброн намудани зараре, ки ба манфиатхои молумулкии шахс вобаста ба сохиби, истифодабари, ихтиёрдории воситаи наклиёт, аз чумла дуздидан ё рабудан, инчунин дар натичаи расидани зарар ба он, вайрон ё нобуд шудан пешбини менамояд;

– сугуртаи борхо – намуди сугурта, ки ба андозаи кисман ё пурра пардохт намудани чуброни сугуртавиро барои зараре, ки ба манфиатхои молумулкии шахс вобаста ба сохиби, истифодабари, ихтиёрдории бор, аз чумла багоч, молхо ва дигар намудхои махсулот дар натичаи вайрон ё нобуд шудан ва гум шудани онхо, новобаста ба тарзи интиколашон расонида шудааст, пешбини менамояд;

– сугуртаи молу мулк – намуди сугурта, ки ба андозаи кисман ё пурра пардохт намудани чуброни сугуртавиро барои зараре, ки ба манфиатхои молумулкии шахс вобаста ба сохиби, истифодабари, ихтиёрдории молу мулк дар натичаи вайрон, нобуд шудан ё дуздидани он расонида шудааст, пешбини менамояд;

– сугуртаи чавобгарии гражданию хукуки – намуди сугурта, ки ба андозаи кисман ё пурра пардохт намудани чуброни сугуртавиро (пардохти сугуртавиро) барои  зараре, ки ба манфиатхои  молумулкии  шахс  вобаста  ба ухдадории у оид ба чуброни зарари ба шахсони сеюм дар натичаи сугуртакунии хамаи хавфхо расонида шудааст, пешбини менамояд;

– сугуртаи чавобгарии гражданию хукукиисохибони воситахои наклиёт – намуди сугурта, ки ба андозаи кисман ё пурра пардохт намудани чуброни сугуртавиро (пардохти сугуртавиро) барои зараре, ки ба манфиатхои молумулкии шахс вобаста ба ухдадорихои у оид ба чуброни зарари ба шахсони сеюм, бинобар аз чониби у истифода бурдани воситаи наклиёт, аз  чумла чавобгарии гражданию хукукии интиколдиханда расонида шудааст, пешбини менамояд;

сугуртаи карзхо – намуди сугурта, ки пардохт намудани чуброни сугуртавиро хангоми пайдо шудани зарархои карздиханда дар натичаи аз тарафи сугурташаванда (карзгиранда) ичро нагардидани ухдадорихояш дар назди карздиханда пешбини менамояд;

– сугуртаи ипотекави – намуди сугуртае, ки кисман ё пурра пардохт намудани чуброни сугуртавиро барои зарари расонидашуда дар натичаи ичро нагардидани ухдадорихои ба зиммагирифтаи карзгиранда тибки шартномаи карзи ипотекави, пешбини менамояд;

сугуртаи кафолатхо – намуди сугурта, ки ба андозаи кисман ё пурра пардохт намудани чуброни зарари ба манфиатхои молумулкии шахси кафолатдиханда дар натичаи ичрои кафолат ё замонати ба ухда гирифтааш расонидашударо пешбини менамояд;

– сугурта аз дигар талафоти молияви – намуди сугурта, ки амали намудани пардохти чуброни сугуртавиро хангоми ба вучуд омадани зарар дар натичаи гум кардани кор, аз даст додани даромад, офатхои табии, харочоти гайричашмдошт, талафи нархи бозори ва дигар зарархо дар натичаи анчом додани фаъолияти молиявию хочагидори пешбини менамояд;

– сугуртаи харочоти суди – намуди сугурта, ки амали намудани пардохти чуброни сугуртавиро хангоми зарар дидани сугурташаванда (шахси сугурташуда) дар натичаи харочоти сарфкардааш вобаста ба мухокимаи суди пешбини менамояд;

– сугуртаи шахси – сугуртаи манфиатхои молумулкии шахси вокеи марбут ба хаёт, саломати, кобилияти мехнати, ки ба шахсияти худи сугурташаванда, инчунин шахси дигари дар шартнома зикргардида (шахси сугурташуда) вобаста аст;

– ташкилоти сугуртави – шахси хукукие, ки фаъолияти сугуртавиро дар асоси ичозатномаи дахлдори макоми назорати сугуртави ба рох мемонад;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– седент – ташкилоти сугуртавие, ки кисми хавфи сугурташударо ба азнавсугуртакуни додааст;

– сугурташаванда – шахси вокеи ё хукукие, ки бо ташкилоти сугуртави шартномаи сугуртаро бастааст;

– шахси сугурташуда – шахси вокеи, ки ба фоидаи у шартномаи  сугуртаи шахси баста шудааст ва ё шахси вокеи ё хукуки, ки бо шартномаи сугуртаи чавобгарии гражданию хукуки, чавобгарии у сугурта карда шудааст;

– фоидагиранда – шахси вокеи ё хукуки, ки аз чониби сугурташаванда барои гирифтани пардохти сугуртави (чуброни сугуртави) дар шартномаи сугуртави таъин шудааст ва дар полиси сугуртави дарч гардидааст;

– азнавсугуртакуни – фаъолияти як ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) оид ба химояи манфиатхои молумулкии ташкилоти сугуртавии (азнавсугурташавандаи) дигар, ки бо базиммагирии ухдадорихо аз тарафи охирин чихати  анчом додани пардохти сугуртави (чуброни сугуртави) аз руи шартномаи сугурта алокаманд мебошад;

– азнавсугуртакунии факултативи (ихтиёри) – азнавсугуртакуние, ки хангоми он азнавсугурташаванда хукук дорад ухдадори ё кисми онро нисбати пардохти сугуртави (чуброни сугуртави) аз руи шартномаи асосии басташуда ба ташкилоти азнавсугуртакуни супорад, ташкилоти азнавсугуртакуни хукук дорад ухдадории мазкур ё кисми онро аз нав сугурта намояд ё ин ки азнавсугуртакунии онро рад намояд;

– азнавсугуртакунии облигатори(хатми) – азнавсугуртакуние, ки хангоми он азнавсугурташаванда ухдадор аст ба ташкилоти азнавсугуртакуни барои азнавсугуртакуни ухдадори ё кисми онро нисбати пардохти  сугуртави (чуброни сугуртави) аз руи шартномаи асосии басташуда супорад ва ташкилоти азнавсугуртакуни ухдадор аст  ухдадории мазкур ё кисми онро аз нав сугурта намояд;

– ташкилоти азнавсугуртакуни – шахси хукуки, ки фаъолиятро оид ба бастан ва ичрои шартномахои азнавсугуртакуни дар асоси ичозатномаи дахлдори макоми назорати сугуртави амали менамояд;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– азнавсугурташаванда – ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ки кисми хавфи сугуртавии аз руи шартномаи сугурта кабулкардаашро ба ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) дигар мувофики шартхои бо шартномаи азнавсугуртакуни муайяншуда медихад;

– сугуртаи муштарак – фаъолият оид ба сугурта, ки нисбати объекти сугуртави бастани шартномаи сугуртаро аз чониби якчанд ташкилоти сугуртави бо сугурташаванда пешбини менамояд, ки дар асоси он хавфхои сугуртави, андозаи маблаги сугуртави ва мукофоти сугуртави (хакки сугуртави) байни ташкилотхои сугуртави ба хиссахои бо шартномаи мазкур мукарраргардида таксим карда мешаванд;

– сугуртаи мутакобила – сугуртаи молу мулк, манфиатхои дигари молумулки ва гайримолумулкии шахси аз чониби шахсони вокеи ва хукуки дар асоси мутакобил бо рохи таъсисдихии чамъиятхои сугуртавии мутакобила ва дар онхо муттахид намудани маблагхои зарури;

– чамъияти сугуртаи мутакобила – ташкилоти гайритичорати, ки сугуртаи молу мулк ва манфиатхои дигари молумулкии аъзои худро амали менамояд;

– сугуртаи гурухи – сугуртакуни аз руи як шартномаи сугуртави, ки дар он метавонад хаёт, саломати ва (ё) молу мулки якчанд шахс сугурта карда шавад;

– сугуртаи чамъшаванда – сугуртае, ки аломатхои амонат ва пасандозкунии маблагхои пулиро дошта, пардохти сугуртавиро хангоми фарорасии ходисаи сугуртави пешбини менамояд, аз чумла дар сурати ба охир расидани мухлати дар шартномаи сугурта мукарраргардида ва ё ходисаи дигари бо шартномаи сугурта пешбинигардида, вобаста ба он ки кадоме аз онхо дар вакти муайяншуда пештар ба амал меоянд;

– хавфи сугуртави – ходисаи эхтимоли, ки дар холати рух додани он сугурта анчом дода мешавад;

– тарифи сугуртави – арзиши вохиди руйпушкунии сугуртави;

– сирри сугуртави – сирри тичоратии сугурташаванда, шахси сугурташуда ё фоидагиранда ва ё маълумоти дигар оид ба сугурташаванда, шахси сугурташуда ё фоидагиранда, ки дар амалигардонии фаъолияти сугуртави ба ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва шахси фаъолияти миёнаравии сугуртавиро анчомдиханда (агент, брокер) маълум гардидааст;

– пардохти сугуртави – маблаги пули, ки ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ба сугурташаванда (фоидагиранда) дар доираи маблаги сугуртави хангоми рух додани ходисаи сугуртави ба шахси сугурташуда мепардозад;

– мукофоти сугуртави (хакки сугуртави) – маблаги пулии дар шартнома дарчшуда, ки онро сугурташаванда ухдадор аст ба ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) бо тартиб ва дар мухлатхои дар шартномаи сугурта мукарраргардида пардохт намояд;

– маблаги сугуртави – маблаги пулие, ки ба он объекти сугуртави сугурта карда шудааст ва он хачми нихоии масъулияти ташкилоти сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) хангоми  рух додани ходисаи сугуртави дар бар мегирад;

– ходисаи сугуртави – вокеае, ки хангоми рух додани он ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) тибки конун ва шартномаи сугурта бояд пардохти сугуртавиро (пардохти чуброни сугуртавиро) анчом дихад;

– чуброни сугуртави – маблаге, ки ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) тибки шартномаи сугуртави хангоми рух додани ходисаи сугуртави барои пушонидани зарари ба молу мулки сугурташуда расонида пардохт менамояд;

– захирахои сугуртави – ухдадорихои ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аз руи шартномахои сугурта (азнавсугуртакуни), ки дар асоси хисобхои актуари арзёби мегарданд;

– агенти сугуртави – шахси вокеи ё хукуки, ки фаъолиятро оид ба ташкили бастани шартномахои сугурта аз ном ва бо супориши ташкилоти сугуртави анчом медихад;

– брокери сугуртави – шахси вокеи ё хукуки, ки фаъолиятро оид ба хизматрасонии брокери сугуртави барои анчом додани амалиёти хукуки ва дигар амалхо нисбати бастан, тагйир додан, катъ намудан ва ичрои шартномахои сугуртаро бо супориши шахсони вокеи ё хукуки (сугурташавандагон) аз номи худ, вале аз хисоби шахсони мазкур ё ичрои амалиёти хукуки, ё дигар амалхоро нисбати бастан, тагйир додан, катъ намудан ва ичрои шартномахои сугурта (азнавсугуртакуни) аз номи сугурташавандагон (азнавсугурташавандагон) ё ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва аз хисоби онхо ичро менамояд, инчунин фаъолияти машваратиро оид ба масъалахои сугуртави анчом медихад;

– актуарий – шахси вокеие, ки фаъолиятро оид ба хисобхои иктисодию риёзи ба таври касби тибки шартномаи мехнати ё гражданию хукуки амали менамояд;

– ташкилоти актуари – шахси хукукие, ки дорои мутахассисони сохиби хуччати ичозатдихандаи аз тарафи макоми назорати сугуртави додашуда мебошад ва фаъолият оид ба анчомдихии хисобхои иктисодию риёзии хачми ухдадорихо, меъёри мукофотхои (хакки) сугуртавиро аз руи шартномахои сугурта ва азнавсугуртакуни, инчунин арзёбии фоидаовари ва даромаднокии намудхои сугурта, ки аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) гузаронида мешаванд ё ба накша гирифта мешаванд, бо максади таъмин намудани сатхи зарурии пардохтпазири ва устувории молиявии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) анчом медихад;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– адчастер – шахси вокеие, ки бо арзёби ва танзими зарархо машгул буда, намояндаи ваколатдори ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) мебошад;

– ташкилоти адчастери – шахси хукукие, ки манфиатхои ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) оид ба танзими эродхои аз чониби сугурташаванда пешниходшударо вобаста ба ходисаи сугуртави намояндаги менамояд, инчунин хавфро баъди ходисаи сугуртави арзёби намуда, ухдадорихои ташкилоти сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) ба асос гирифта, маблаги чуброни сугуртавиро муайян менамояд ва хулосаи эксперти тартиб медихад;

ассистанс – аз чониби шахсони хукуки  пешниход намудани кумак дар шакли пули ва (ё) аслию модди тавассути мусоидати техники ё тибби ба сугурташавандае (шахси сугурташудае, фоидагирандае), ки дар натичаи рух додани ходисаи сугуртави хангоми саёхат ё дур будан аз чойи истикомат ба холати душвор дучор омадааст;

ташкилоти ассистанси – шахси хукукие, ки ба сугурташавандагон (шахсони сугурташуда, фоидагирандагон) дар натичаи рух додани ходисаи сугуртави хангоми саёхат ё дур будан аз чойи истикомат ба душвори дучор омадаанд, хизматрасониро пешниход менамояд;

сюрвейери сугуртави – шахси вокеи ё хукукие, ки оид ба азназаргузарони ва ташхиси объекти сугуртави то бастани шартномаи сугурта, гузаронидани тахлили далелхо ва холатхои хавфнок, муайян намудани дарачаи хавф, тартибдихии хулосаи эксперти нисбати объекти сугуртавии тахкикшаванда хизмат мерасонад;

аннуитет (рента) – маблаги пулие, ки аз чониби ташкилоти сугуртави ба шахси вокеи тибки шартномаи (созишномаи) басташуда давра ба давра дар давоми якчанд сол ё якумра пардохта мешавад;

сугуртаи аннуитети – намуди сугуртаи шахси, ки бастани шартномахои сугуртаро аз руи пардохтхои дарозмухлат ва амали намудани пардохтхои сугуртавии давриро дар шакли нафака ё аннуитет (рента) хангоми ба синну соли муайян расидани шахси сугурташуда, гум кардани кобилияти  мехнати (вобаста ба синну сол,  бо сабаби маъюби ё бемори), фавти саробон, бекори ё дар холатхои дигаре, ки ба камшави ё аз даст додани даромадхои шахсии сугурташуда оварда мерасонанд, пешбини менамояд;

шартномаи сугурта – шартномае, ки тибки он сугурташаванда ухдадор аст хакки сугуртавиро мутобики шартнома пардохт намояд ва ташкилоти сугуртави ухдадор аст хангоми рух додани ходисаи сугуртавии бо шартнома пешбинишуда ба сугурташаванда ё шахси сеюм (фоидагиранда), ки ба фоидаи у шартнома баста шудааст, пардохти сугуртавиро (пардохти чуброни сугуртавиро) анчом дихад;

пулхои сугуртави (азнавсугуртакуни) – иттиходияи ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни), ки фаъолияти сугуртавиро аз руи намудхои алохидаи сугуртави ё хавфхои сугуртави дар асоси шартномаи рафокати одди (шартнома дар бораи фаъолияти муштарак) якчоя бо максади таъмини устувории фаъолияти сугуртави амали менамоянд;

портфели сугуртави – мачмуи хама шартномахои сугуртавии басташуда;

полиси сугуртави – хуччате, ки вокеияти баста шудани шартномаи сугурта ва тибки талаботи шартномаи мазкур мавриди амал карор гирифтани ухдадорихои ташкилоти сугуртавиро оид ба пардохти чуброни сугуртави (пардохти сугуртави) тасдик менамояд;

регресс – хукуки талаби бозпаси тарафхои муносибати сугуртави оид ба чуброни маблаги пардохтшуда;

ходисаи нохуш – ходисаи ногахони ва кутохмуддате, ки сарфи назар аз иродаи инсон рух дода, дар натичаи он ба чисми сугурташуда таъсири берунии механики, барки, кимиёви ё гарми расидааст, инчунин аз таъсири офатхои табии саломатии у зарар дида, у маъюб гаштааст ё фавтидааст;

коидаи сугурта – хуччати тахиянамудаи ташкилоти сугуртави, ки шартхои анчомдихии сугуртаро оид ба намуди муайяни он мукаррар менамояд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти сугуртави

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти сугуртави ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Объекти сугурта ва субъектхои фаъолияти сугуртави

  1. Манфиатхои молумулки ё шахсии гайримолумулки объекти сугурта шуда метавонанд, аз чумла сугуртаи вобаста ба:

– хаёт, саломати, кобилияти мехнат, таъминоти нафакави ва дигар манфиатхои шахси сугурташуда;

– сохиби, идоракуни ва истифодаи молу мулк;

– расонидани зарар ба шахси сеюм (вокеи ё хукуки) ё худ ба молу мулки у.

  1. Объектхои сугуртаи хаёт манфиатхои молумулкие мебошанд, ки бо расидани шахрвандон ба синну соли муайян ё то ба охир расидани шартномаи сугурта ва ё то рух додани ягон ходиса дар хаёти шахс, инчунин бо фавти онхо (сугуртаи хаёт) алокаманданд.
  2. Объектхои сугуртаи умуми:

– манфиатхои молумулкии вобаста ба расонидани зарар ба саломатии шахрвандон, инчунин бо фавти онхо дар натичаи ходисаи нохуш ё бемори (сугурта аз ходисахои нохуш ва беморихо);

– манфиатхои молумулкии вобаста ба пардохти маблаг чихати ташкил ва расонидани ёрии тиббию дорувори (хизматрасонии тибби) ва хизматрасонии дигари дар натичаи бад шудани саломати ё холати чисмонии шахси сугурташуда, ки ташкил ва расонидани чунин хизматрасони, инчунин гузаронидани чорабинихои пешгирикунанда, ки дарачаи хатари ба хаёт ва саломатии шахси вокеи тахдидкунандаро кохиш медиханд ё онхоро (сугуртаи тиббиро) бартараф мекунанд;

 – манфиатхои молумулкии вобаста ба хавфи нобудшави (нестшави), норасои ё зарар дидани молу мулк (сугуртаи молу мулк);

– манфиатхои молумулкии сугурташаванда (шахси сугурташуда) вобаста ба хавфи нагирифтани даромад, пайдоиши харочоти пешбининагардидаи шахсони вокеи ва хукуки (сугуртаи хавфхои молияви);

– манфиатхои молумулкии вобаста ба хавфи пайдошавии зарар аз фаъолияти сохибкори бинобар риоя накардани ухдадорихо аз чониби контрагентхои сохибкор ё худ тагйирёбии шартхои ин фаъолият, ки бо холатхои ба сохибкор новобаста, аз чумла бо хавфи ба даст наовардани даромадхои пешбинишуда (сугуртаи хавфи сохибкори);

– манфиатхои молумулкии вобаста ба хавфи фарорасии чавобгари барои расонидани зарар ба хаёт, саломати ва ба молу мулки шахрвандон, молу мулки шахсони хукуки, макомоти хокимияти давлати, ташкилотхои дигар, инчунин хавфхои фарорасии чавобгари барои риоя накардани шартнома.

  1. Хангоми бастани шартномаи сугурта ба якчоякунии объектхои сугуртаи умумии сархатхои якум бо дуюм, инчунин сархатхои аз сеюм то шашуми кисми 3 хамин модда пешбинигардида рох дода мешавад.
  2. Субъектхои фаъолияти сугуртави иштирокчиёни бозори сугурта мебошанд.

Моддаи 4. Шаклхо, сохахо, гуруххо ва намудхои сугурта

  1. Бо максади ташкил ва амали намудани танзими давлати ва ичозатномадихи ба фаъолияти сугуртави сугурта ба шаклхо, сохахо, гуруххо ва намудхо чудо карда мешавад.
  2. Сугурта дар шаклхои ихтиёри, хатми ва хатмии давлати амали мегардад.
  3. Сугуртаи ихтиёри дар асоси шартномаи сугурта ва коидахои сугуртакуни, ки шартхои умуми ва тартиби амалигардонии онро муайян менамоянд, амали мегардад.
  4. Коидахои сугурта дорои мукаррарот оид ба субъектхо ва объектхои сугурта, ходисахои сугуртави, хавфхои сугуртави, тартиби муайян намудани маблаги сугуртави, тарифи сугуртави, хакки сугуртави, тартиби бастан, ичро ва катъ намудани шартномахои сугурта, хукуку ухдадорихои тарафхо, муайян намудани хачми зиён ё зарар, тартиби муайянкунии маблаги пардохти сугуртави (пардохти чуброни сугуртави), холатхои рад кардани пардохти сугуртави (чуброни сугуртави) ва мукаррароти дигар мебошанд. Коидахои сугурта аз тарафи ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) ё иттиходияхои ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) мустакилона дар асоси Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва Конуни мазкур тахия гардида, бо макоми назорати сугуртави мувофика карда мешаванд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  5. Сугуртаи хатми ба объектхои афзалиятноки сугурта, химояи манфиатхои молумулкии шахсони вокеи ва хукуки дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон чори гардида, аз чониби ташкилотхои сугуртави, новобаста ба шакли моликияташон, ки чавобгуи талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мебошанд, амали мегардад.
  6. Сугуртаи хатмии давлатии хаёт, саломати ва молу мулки шахрвандон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон танхо аз чониби ташкилотхои сугуртавии давлати амали карда мешавад. Хакки сугуртави дар чунин холат аз хисоби бучети давлати пардохт карда мешавад.
  7. Сугурта аз руи сохахо ба сугуртаи хаёт ва сугуртаи умуми (яъне гуруххои дигари сугурта, ки ба сугуртаи хаёт мансуб нестанд) чудо мешавад.
  8. Сохаи «сугуртаи хаёт» гуруххои зерини шаклхои ихтиёрии сугуртаро дар бар мегирад:

– сугуртаи хаёт;

– сугурта хангоми фарорасии ходисаи муайян дар хаёт;

– сугуртаи аннуитети.

  1. Сохаи «сугуртаи умуми» гуруххои зерини шаклхои ихтиёрии сугуртаро дар бар мегирад:

– сугурта аз ходисахои нохуш;

– сугурта дар холати ба бемори гирифтор шудан;

– сугуртаи воситахои наклиёти автомобили;

– сугуртаи наклиёти рохи охан;

– сугуртаи наклиёти хавои;

– сугуртаи наклиёти оби;

– сугуртаи борхо;

– сугуртаи молу мулк аз зарар, ба истиснои гуруххои дар сархатхои сеюм – хафтуми хамин кисм зикргардида;

– сугуртаи чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёти автомобили;

– сугуртаи чавобгарии гражданию хукукии сохибони наклиёти хавои;

– сугуртаи чавобгарии гражданию хукукии сохибони наклиёти оби;

– сугуртаи чавобгарии гражданию хукуки, ба истиснои гуруххои дар сархатхои нухум – ёздахуми хамин кисм нишондодашуда;

– сугуртаи карзхо;

– сугуртаи ипотекави;

– сугуртаи кафолатхо;

– сугурта аз дигар талафоти молияви;

– сугуртаи харочоти суди;

– гуруххои дигари сугурта, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

  1. Хангоми бастани шартномаи сугурта ташкилоти сугуртави намуди сугуртаро дар шакли хуччати дахлдор тахия намуда, ба сугурташаванда дар доираи як ё якчанд гуруххои сугурта пешниход менамояд. Ташкилоти сугуртави хукук дорад танхо баъди бо макоми назорати сугуртави мувофика намудани коидахои сугурта ва гирифтани ичозатнома бо тартиби мукарраргардида, фаъолият оид ба бастани шартномаи сугуртаро дар шакли шартномаи хамрохшави бо додани полиси сугуртави ба сугурташаванда амали намояд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  2. Намуди сугурта махсули сугуртавиест, ки ташкилоти сугуртави онро дар шакли санади меъёри тахия намуда, ба сугурташаванда дар доираи як ё якчанд гурухи сугурта тавассути бастани шартномаи сугурта пешниход менамояд. Ташкилоти сугуртави хукук дорад танхо баъди бо макоми назорати сугуртави мувофика намудани коидахои сугурта ва гирифтани ичозатнома оид ба бастани шартномаи сугурта дар шакли шартномаи хамрохшави бо додани полиси сугуртави ба сугурташаванда фаъолият намояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  3. Хар як намуди сугуртаи хатми гурухи алохидаи сугурта ба хисоб меравад. Мухтавои хар як гурух дар шакли сугуртаи хатми ва талаботи иловаги аз руи шартхои гузаронидани он бо конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи сугуртаи хатми мукаррар карда мешавад.
  4. Якчоякунии сохахо ва гуруххои сугурта аз чониби макоми назорати сугуртави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  5. Аз руи шартномахои сугуртаи чавобгарии гражданию хукуки хавфи худи сугурташаванда ва танхо ба манфиати у сугурта шуда метавонад.

Моддаи 5. Кафолатхои давлатии хукук ва манфиатхои конунии субъектхои фаъолияти сугуртави

  1. Давлат риояи хукуку манфиатхои конунии субъектхои фаъолияти сугуртавиро кафолат медихад.
  2. Дахолати макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхои дигар ба фаъолияти субъектхои фаъолияти сугуртави рох дода намешавад, агар он хукукхои макоми назорати сугуртавиро, ки бо Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, халалдор насозад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  3. Санчиши фаъолияти молиявию хочагидории субъектхои фаъолияти сугуртави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 6. Ичозатномадихи ба фаъолияти сугуртави

Ичозатномадихи ба фаъолияти сугуртави тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.

БОБИ 2. БОЗОРИ СУГУРТА 

Моддаи 7. Иштирокчиёни касбии бозори сугурта

  1. Фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори сугурта дар асоси ичозатномаи макоми назорати сугуртави амали мегардад, ба истиснои фаъолияти актуарийхо, ки аз чониби макоми мазкур аттестатсия карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  2. Маълумот дар бораи иштирокчиёни касбии бозори сугурта бо тартиби мукарраркардаи макоми назорати сугуртави ба Фехристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори сугурта ворид карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  3. Фехристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори сугурта маълумотро дар бораи иштирокчиёни касбии бозори сугурта, номи он, макони чойгиршави, рохбар, иштирокчиён (сахмдорон), ракам, таърихи додан, мухлати эътибори ичозатнома, намуди фаъолияти сугуртави, ки ба амалигардонии он ичозатнома дода шудааст, намудхои сугурта, ки дар доираи намуди мувофики фаъолияти сугуртави (барои ташкилотхои сугуртави ва чамъиятхои сугуртаи мутакобила) амали мегарданд, номи сомонаи расмии иштирокчиёни касбии бозори сугурта, филиалхо ва намояндагихои ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва макони чойгиршавии онхо, дар бораи кабули карор оид ба боздошт, баркароркунии амали ичозатнома ё бозхонди ичозатнома, сабабхо ва таърихи аз Фехристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори сугурта бароварданро дар бар мегирад.
  4. Дар холати тагйирёбии маълумот оид ба иштирокчиёни касбии бозори сугурта маълумоти мазкур дар мухлати на дертар аз панч рузи кори баъд аз санаи тагйирёбии он ба Фехристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори сугурта ворид карда мешавад.
  5. Номи (номи фирмавии) иштирокчии касбии бозори сугурта – шахси хукуки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– шакли ташкилию хукукии иштирокчии касбии бозори сугурта;

– намуди фаъолияти иштирокчии касбии бозори сугурта бо истифодаи калимаи «сугуртакуни» ва (ё) «азнавсугуртакуни» ё «сугуртакунии мутакобила», ё худ «брокери сугуртави», инчунин калимахои аз чунин калимаву иборахо сохташуда;

– нишонаи фардикунонии иштирокчиёни касбии бозори сугурта.

  1. Иштирокчии касбии бозори сугурта – шахси хукуки барои пурра истифода бурдани номи иштирокчии дигари касбии бозори сугурта хукук надорад. Мукаррароти мазкур ба чамъиятхои фаръи ва филиалхои иштирокчиёни касбии бозори сугурта татбик намегарданд.

 Моддаи 8. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни)

  1. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) дар шакли чамъияти сахоми ва чамъияти дорои масъулияти махдуд, ташкилоти давлатии сугуртави дар шакли корхонаи вохиди давлати таъсис дода мешавад.
  2. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) чунин вазифахоро амали менамояд:

– арзёбии хавфхои сугуртави;

– гирифтани хакки сугуртави;

– ташаккул додани захирахои сугуртави;

– пурра намудани дороихо;

–  муайян намудани андозаи зиён ё зарар;

– анчом додани пардохти  сугуртави (чуброни сугуртави);

– дигар амалхои вобаста ба ичрои ухдадорихои шартномаи сугурта.

  1. Ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) бо максади гирифтани даромади иловаги, инчунин хукук доранд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо сармоягузории (маблаггузории) захирахои сугуртавии муваккатан озод машгул шаванд.
  2. Хангоми таъсис додани ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва амалигардонии фаъолият бо иштироки сармоягузорони хоричи бояд талаботи зерин риоя карда шаванд:

– сармоягузори хоричи ухдадор аст хуччатхои тасдиккунандаи пардохтпазирии у ва хулосаи аудиториро (то санаи охирин) пешниход намояд;

– на кам аз 50 фоизи аъзои макомоти идоракунии ташкилоти сугуртавиро, ки бо иштироки сармоягузорони хоричи таъсис ёфтааст, шахрвандони Чумхурии Точикистон ташкил диханд;

– ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ухдадор аст, ки розигии пешакии макоми назорати сугуртавиро барои зиёд намудани андозаи сармояи оинномави аз хисоби маблаги сармоягузорони хоричи ва (ё) чамъиятхои фаръии онхо барои бегонакунии сахмияхои худ (хиссахо дар сармояи оинномави) ба манфиати сармоягузорони хоричи (аз чумла, барои фуруш ба сармоягузорони хоричи) гирад, сахмдорони ватани (иштирокчиён) бошанд, ухдадоранд, ки розигии пешакии макоми назорати сугуртавиро барои бегонакунии сахмияхои (хиссахо дар сармояи оинномавии) ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) ба онхо тааллукдошта ба манфиати сармоягузорони хоричи ва (ё) чамъиятхои фаръии онхо гиранд;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) таъсисёбанда ва ташкилоти сугуртавии бо иштироки сармоягузорони хоричи ташкилшаванда ухдадоранд, ки андозаи хадди акалли сармояи оинномавиро дошта бошанд, ки он дар лахзаи гирифтани ичозатнома барои амали намудани фаъолияти сугуртави пурра ва дар шакли пули  бо пули милли пардохт гардида бошад.

  1. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) бо максади расонидани маълумот дар бораи фаъолияти худ ба сугурташавандагон, шахсони сугурташуда, фоидагирандагон ва шахсоне, ки хохиши бастани шартномаи сугуртаро доранд, бояд сомонаи электронии худро дошта бошад ва дар он иттилооти зерин чойгир карда шавад:

– номи пурраи ташкилот, сурога (макони чойгиршави), раками телефонхо, речаи кории ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), филиалхо ва намояндагихои он;

– маълумоти дахлдори хизмати дар бораи рохбарони ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– маълумот дар бораи хуччатхои хукукмуайянкунанда, аз чумла маълумот дар бораи раками мушаххаси бакайдгирии давлати, раками мушаххаси андозсупоранда, дар бораи раками бакайдгири дар Фехристи ягонаи иштирокчиёни касбии бозори сугурта, инчунин маълумот дар бораи ичозатномаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва мухлати амали он;

– номгуи намудхои сугуртаи амалишаванда;

– коида ва тарифхои сугуртави;

– хисоботи солонаи мухосибавии (молиявии) ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) бо хулосаи аудитории тасдиккунандаи эътимоднокии он барои соли хисоботи;

– хисоботи молиявии солонаи мачмуи бо хулосаи аудитории тасдиккунандаи эътимоднокии он барои се соли хисоботии гузашта;

– рейтингхои ба ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аз чониби агентихои рейтинги додашуда (дар холати сохибшави);

– маълумот дар бораи фаъолияти ташкилоти сугуртакунанда (азнавсугуртакуни), тачрибаи кори он тибки намудхои сугурта;

– маълумот оид ба иштирок дар иттиходияхои касби, иттифокхо, пулхо ва ассотсиатсияхои ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни);

– маълумоти дигаре, ки зарурати нашри он бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудааст.

  1. Маълумот оид ба фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ки дар кисми 5 моддаи мазкур кайд шудааст, дар мухлати панч рузи кори баъд аз рузи кабули карори дахлдор аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) дар сомонаи он чойгир карда мешавад. Дар сурати зарурати бакайдгирии он ё огохонидан оид ба карори кабулкардаи макоми назорати сугуртави- мувофикан аз рузи бакайдгири ё огохкуни чойгир карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 9. Иттиходияхои иштирокчиёни касбии бозори сугурта

  1. Иштирокчиёни касбии бозори сугурта бо максади хамохангсозии фаъолияти худ, муаррифи ва химояи манфиатхои умумии аъзои худ метавонанд иттифокхо, пулхо ва ассотсиатсияхо таъсис диханд.
  2. Ба Фехристи иштирокчиёни касбии бозори сугурта маълумот оид ба иттиходияхои иштирокчиёни касбии бозори сугурта дар асоси нусхаи шаходатномахои бакайдгирии давлатии чунин иттиходияхо ва хуччатхои таъсисии онхо, ки ба макоми назорати сугуртави пешниход шудаанд, ворид мегарданд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 10. Пулхои сугуртави (азнавсугуртакуни)

  1. Пулхои сугуртави барои таъмини устувории молиявии иштирокчиёни он, аз тарафи онхо ичро намудани ухдадорихо оид ба пардохти сугуртави (пардохти чуброни сугуртави), ки хачмашон метавонанд аз маблагхои худии (сармояи) як ташкилоти сугуртави зиёд бошанд, таъсис ёфта, дар асоси принсипхои сугуртаи муштарак ё азнавсугуртакуни амал менамоянд.
  2. Пулхои азнавсугуртакуни барои васеъ намудани имкониятхои молиявии аъзои худ тавассути аз тарафи онхо амали намудани азнавсугуртакунии кисми барзиёдии нигохдории шахсии аъзои пул аз руи шартномаи сугурта созмон дода мешаванд. Ухдадорихо оид ба пардохти сугуртави (пардохти чуброни сугуртави), ки аз маблагхои худии (сармоявии) аъзои пули сугуртави барзиёданд, аз номи пули сугуртави барои азнавсугуртакуни дода мешаванд.
  3. Иштирокчиёни пули азнавсугуртакуни – ташкилотхои сугуртавии (азнавсугуртакунии) дорои ичозатнома барои амалисозии азнавсугуртакуни, инчунин ташкилотхои хоричии азнавсугуртакуни буда метавонанд. Шумораи иштирокчиёни пули сугуртави (азнавсугуртакуни) махдуд нест.
  4. Иштирокчиёни пули сугуртави (азнавсугуртакуни) принсипу муносибатхои ягонаро бо шартхои сугуртакуни (азнавсугуртакуни) дар доираи фаъолияти пулхои сугуртави (азнавсугуртакуни) анчом дода, табодули маълумот дар бораи шартномахои сугурта (азнавсугуртакуни) оид ба арзёбии хавфхои сугуртави, муайян намудани зиён ё зарар, макомоти идоракунии пулхои сугуртави (азнавсугуртакуни), салохияти онхо, тартиби ширкат дар дигар пулхои сугуртави (азнавсугуртакуни), расмиёти баромадани иштирокчиёни пули сугуртави (азнавсугуртакуни) аз пули дахлдорро муайян менамоянд.
  5. Маълумот дар бораи фаъолияти пули сугуртави (азнавсугуртакуни) дар сомонаи пули мазкур ё дар сомонаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) – пешсафи пули сугуртави (азнавсугуртакуни) чойгир карда мешавад.
  6. Хусусиятхои ташкил ва фаъолияти пулхои сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 11. Ташкилотхои фаръии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни)

  1. Ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) хукук доранд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ташкилотхои фаръии худро таъсис диханд.
  2. Ташкилоти фаръии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) хукуки созмон додан ё доштани ташкилоти фаръиро надорад.
  3. Ташкилоти фаръии сугуртави (азнавсугуртакуни) ухдадор аст, ки дар номи худ калимаи «фаръи»-ро нишон дихад ва номи ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) асосиро истифода барад.

Моддаи 12. Бакайдгирии давлатии ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни)

Бакайдгирии давлатии ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» бо назардошти хулосаи макоми назорати сугуртави, ки барои бакайдгирии давлатии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) дода шудааст, амали карда мешавад.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 13. Брокерхо ва агентхои сугуртави

  1. Фаъолияти брокерхо ва агентхои сугуртави аз руи фаъолияти сугуртави ва азнавсугуртакуни ба манфиатхои ташкилотхои сугуртави ё сугурташавандагон бо максади ба онхо расонидани хизмат оид ба интихоби сугурташаванда ва (ё) ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), шартхои сугуртакуни (азнавсугуртакуни), барасмиятдарории хуччатхо, бастан ва назорати шартномаи сугурта (азнавсугуртакуни), ба он дохил намудани тагйирот, барасмиятдарории хуччатхо хангоми танзими талабот дар холати анчомдихии пардохти сугуртави (пардохти чуброни сугуртави), хамкори бо ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), амалисозии фаъолияти машварати равона гардидааст. Хамин гуна фаъолият, ки аз чониби сугурташаванда ва ташкилоти сугуртави (кормандони он) нисбат ба шахсони сугурташуда анчом дода мешавад, ба фаъолияти брокер ва агенти сугуртави тааллук надорад.
  2. Ба сифати брокер ва агенти сугуртави шахсоне, ки доги судии бархамнахурда ё бардоштанашуда доранд ё ин ки дар давоми ду сол ташкилоти сугуртавиро то аз чониби макомоти суди муфлис эътироф шудан ё то ба охир расидани се сол аз рузи муфлис эътироф шудан рохбари намудаанд, инчунин шахсони дар макомоти идоракунии ташкилоти сугуртави, чамъиятхои фаръи ва вобастаи он мансаб ишгол менамоянд, хукуки фаъолият намуданро надоранд.
  3. Брокер ва агенти сугуртави барои ичро накардан ё ба таври номатлуб ичро кардани ухдадорихое, ки аз фаъолияти онхо бармеоянд, аз чумла, барои ифшои маълумоти сирри тичоратии ташкилоти сугуртави ва маълумоти шахси сугурташаванда, оид ба дурусти, вокеият, пурраги ва сари вакт пешниход намудани маълумот ва хуччатхои тасдиккунандаи аз чониби онхо ичро гардидани ваколатхояшон чавобгар мебошанд.
  4. Брокер ва агенти сугуртави бо тартиб ва шартхои дар шартномаи байни ташкилоти сугуртави ва агент ё брокери сугуртави, ё мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишуда, дар холати гирифтани мукофоти (хакки) сугуртави аз сугурташаванда ухдадоранд, ки нигохдории маблаги пули, инчунин хуччатхои аз чониби ташкилоти сугуртави ва сугурташаванда пешниходшударо таъмин намоянд ва ба ташкилоти сугуртави оид ба истифодаи варакахои полиси сугуртавиро хисобот пешниход намоянд, варакахои полиси сугуртавии истифоданашуда ва вайронгардидаро баргардонанд.
  5. Брокер ва агенти сугуртави хукук доранд, ки аз ташкилоти сугуртави маълумот оид ба андозаи сармояи оинномави, захирахои сугуртави, ичозатнома барои амалигардонии сугуртакуни, азнавсугуртакуни, мухлати фаъолият ба сифати субъекти фаъолияти сугуртави, оид ба намуд ва шартхои сугуртакунии амалишавандаро талаб кунанд.
  6. Брокер ва агенти сугуртави наметавонанд аз руи шартномахои сугуртаи ба фоидаи шахсони сеюм аз чониби онхо басташуда, худро ба сифати фоидагиранда дарч кунанд. Ташкилоти сугуртави, новобаста ба услубхо, мухлати амалигардонии полиси сугуртави ва санаи ба ташкилоти сугуртави ворид гардидани мукофоти сугуртавии (хакки сугуртавии) аз чониби сугурташаванда ба брокер ва агенти сугуртави интиколшуда, ухдадор аст шартномахои сугуртаи аз чониби брокер ва агенти сугуртави аз номи он ва (ё) ба манфиатхои ташкилоти сугуртави басташударо ичро намояд.
  7. Агентхои сугуртави ба сугурташавандагон, шахсони сугурташуда, фоидагирандагон, шахсоне, ки хохиши бастани шартномаи сугуртаро доранд, маълумот оид ба фаъолияти ташкилоти сугуртави, инчунин тибки талаби онхо маълумот оид ба фаъолияти худ, ваколатхо ва ном, аз чумла, раками телефон, речаи кори, макони чойгиршави (барои агенти сугуртави – шахси хукуки), номгуй ва арзиши хизматрасонии худро пешниход менамоянд.
  8. Ташкилотхои сугуртави хангоми бастани шартномаи хизматрасони бо брокери сугуртави номгуи хизматрасонии аз чониби брокери сугуртави пешниходшаванда, хукуку ухдадорихои он, тартиби ичрои шартнома, мухлати амали он, арзиши хизматрасони (андозаи маблаги хавасмандгардонии брокери сугуртави), тартиби хисоббаробаркуни, аз он чумла тартиб ва мухлати ба ташкилоти сугуртави аз чониби брокери сугуртави интикол намудани маблагхои пулии барои пардохти шартномаи сугурта (азнавсугуртакуни) гирифташударо (агар чунин фаъолият аз чониби брокери сугуртави амали гардад) муайян менамоянд.
  9. Дар сурати ба манфиати ташкилоти сугуртави аз чониби брокери сугуртави амали намудани фаъолияти миёнарави у ухдадор аст дар ин бора сугурташавандаро огох намояд ва хукуки аз руи як шартномаи сугурта аз ташкилоти сугуртави ва сугурташаванда гирифтани маблаги хавасмандгардони барои хизмати расонидашударо надорад. Брокерхои сугуртави хукук доранд, ки фаъолияти дигари хизматрасонии вобаста ба сугурта ва бо конунгузории Чумхурии Точикистон манънашударо, ба истиснои фаъолияти ташкилоти сугуртави, азнавсугуртакуни ва агенти сугуртави, амали созанд. Брокер ва агенти сугуртави хукук надоранд хизматрасониро аз руи сугуртаи хатми амали намоянд.
  10. Брокерхои сугуртавие, ки маблагхои пулиро аз сугурташавандагон (азнавсугурташавандагон) ба хисоби пардохти шартномаи сугурта (азнавсугуртакуни) кабул менамоянд, маблаги мазкурро ба суратхисоби бонкии худ барои интикол ба ташкилоти сугуртави дар мухлати на дертар аз се рузи кори ворид менамоянд. Брокерхои сугуртави хукуки анчомдихии амалиёти дигарро бо истифодаи маблаги аз руи шартномаи сугурта (азнавсугуртакуни) ба суратхисоби мазкур воридшуда надоранд.
  11. Фаъолияти брокерхои сугуртавии хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои амалигардонии фаъолияти миёнарави, ба сифати брокери сугуртави ичро намудани азнавсугуртакуни ичозат дода мешавад.
  12. Брокери сугуртави ухдадор аст тибки талаби сугурташаванда маълумотро оид ба номи худ, макони чойгиршави, ичозатнома барои амалигардонии фаъолияти миёнарави ба сифати брокери сугуртави, номгуи хизматрасонии ташкилоти сугуртавие, ки ба манфиатхои он сугуртакуни амали мегардад, пешниход намояд. Брокери сугуртави маълумотро оид ба иштирок кардан ё накардан (бо нишон додани сахм) дар сармояи оинномавии ташкилоти сугуртави, намуд ва шартхои сугуртакуни, инчунин тахлили натичахои хизматрасонии сугуртавиро бо назардошти талаботи сугурташаванда пешниход менамояд.
  13. Брокери сугуртави ба ташкилоти сугуртави маълумотро оид ба хавфи сугуртави, объекти сугурта, предмети сугурта, эхтиёчи он ба сугуртакуни, ки аз сугурташаванда дастрас намудааст, инчунин маълумот ва хуччатхои дигарро барои бастан ва идома додани шартномаи сугурта ва ичрои ухдадорихои худ бо тартиб ва хачме, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи байни ташкилоти сугуртави ва брокери сугуртави мукаррар намудаанд, пешниход менамояд.
  14. Назорати фаъолияти брокери сугуртави тибки талаботи Конуни мазкур аз чониби макоми назорати сугуртави, инчунин ичрои хукук ва ухдадорихои бо шартномаи байни ташкилоти сугуртави ва брокери сугуртави пешбинигардида аз чониби ташкилоти сугуртави амали гардонида мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  15. Брокер ва агенти сугуртави ухдадоранд, ки ба сугурташаванда, шахси сугурташуда, фоидагиранда, инчунин шахсоне, ки хохиши бастани шартномаи сугуртаро доранд, аз руи дархости онхо мафхумхои дар коида ва шартномаи сугурта мавчударо фахмонанд. Брокер ва агенти сугуртави – шахси хукуки ухдадоранд, маълумоти дар кисмхои 7 ва 12 моддаи мазкур пешбинигардидаро дар сомонаи худ чойгир намоянд.
  16. Ташкилотхои сугуртави фехристи агентхо ва брокерхои сугуртавиро, ки бо онхо шартнома оид ба хизматрасонии вобаста ба сугуртаро бастаанд, пеш мебаранд ва маълумотро (насаб, ном, номи падар (дар холати мавчудият) ё номи брокер ва агенти сугуртави, раками шаходатнома ё шартнома) дар сомонаи худ чойгир менамоянд.
  17. Фаъолияти агентхои сугуртави ва брокерхои сугуртави оид ба пешниходи хизматрасонии вобаста ба бастан ва ичро намудани шартномахои сугурта (ба истиснои шартномахои азнавсугуртакуни) ташкилотхои сугуртавии (азнавсугуртакунии) хоричи ё брокерхои сугуртавии хоричие, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта нашудаанд ва барои амалигардонии фаъолияти сугуртави ичозатнома нагирифтаанд, дар каламрави Чумхурии Точикистон манъ аст.

Моддаи 14. Актуарийхои сугуртави (ташкилоти актуари)

  1. Актуарийхои сугуртави бо супориши ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) намудхои зерини хизматрасониро анчом медиханд:

– бахисобгирихои эхтимолии рух додани вокеахои сугуртави, муайян намудани такроршави ва дарачаи вазнинии окибати зарари расонидашуда дар гуруххои алохидаи хавфхо ва аз руи мачмуи сугуртави;

– асосноккунии харочоти зарури барои ташкили раванди сугуртакуни ва хисоб намудани арзиши аслии хизматрасонии сугуртави;

– мукаррар намудани андозаи тариф оид ба хар як намуди сугурта (азнавсугуртакуни) бо дарназардошти хусусияти дарозмуддат ва кутохмуддат будани амалисозии онхо барои ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– арзёбии натичахои фаъолияти сармоягузории ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) бо истифодаи хисобхои актуари;

– банакшагирии даромадхои ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аз руи намудхои гуногуни сугурта (азнавсугуртакуни).

  1. Актуарийи сугуртави бояд забони давлатиро донад, дорои тахсилоти олии математики, техники ё иктисодии бо хуччати дахлдори тасдикгардидаи дар Чумхурии Точикистон эътирофшуда, инчунин шаходатномаи тахассусии тасдиккунандаи дониши у дар сохаи хисобхои актуари бошад.

Моддаи 15. Адчастерхои сугуртави (ташкилоти адчастери)

  1. Адчастерхои сугуртави бо супориши ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) намудхои зерини хизматрасониро амали менамоянд:

– азназаргузарони ва ташхиси объекти сугуртави баъд аз рух додани ходисаи сугуртави;

– тахлили далелхо ва холатхои ба миён омадани хавфи ходисаи сугуртави;

– мукаррар намудани сабабхои осеббинии объекти сугуртави, расонидани зиён ё зарар ба объекти мазкур ва мавчуд будани ходисаи сугуртави;

– хангоми рух додани ходисаи сугуртави – мукаррар намудани дарачаи осеб ва андозаи зараре, ки дар натичаи ходисаи сугуртави расонида шудааст;

– муайян намудани маблаги чуброни сугуртавии пардохтшаванда;

– тартиб додани хулоса (санад) оид ба ходисаи сугуртави барои ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни).

  1. Адчастерхои сугуртави фаъолияти худро тибки шартномаи бо ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) басташуда амали менамоянд.
  2. Хулосаи (санади) тартибдодаи адчастерхои сугуртави, метавонад дар мавриди чуброни зарар ва халли бахсхо аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) истифода бурда шавад.
  3. Адчастерхои сугуртави хукук надоранд ба сифати ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) амалиёти сугуртави ва азнавсугураткуниро анчом диханд, фаъолияти миёнаравиро оид ба сугуртакуни амали намоянд ва дар фондхои оинномавии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) сахмгузор бошанд.

Моддаи 16. Ассистанси сугуртави

  1. Хакки хизматрасонии ассистанси сугуртавиро ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) бе иштироки сугурташавандагон (шахсони сугурташуда) пардохт менамояд.
  2. Ассистанси сугуртави хукук надорад, ки ба сифати ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) амалиёти сугуртави ва азнавсугуртакуниро анчом дихад, фаъолияти миёнаравиро оид ба сугуртакуни амали намояд ва дар фондхои оинномавии ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) сахмгузор бошад.

Моддаи 17. Сюрвейери сугуртави

  1. Сюрвейери сугуртави фаъолияти худро мутобики шартномае, ки бо ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ё сугурташаванда бастааст, ичро менамояд.
  2. Сюрвейери сугуртави хукук надорад, ки ба сифати ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) амалиёти сугуртави ва азнавсугуртакуниро анчом дихад, фаъолияти миёнаравиро оид ба сугуртакуни амали намояд ва дар фондхои оинномавии ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) сахмгузор бошад.

Моддаи 18. Сугурташаванда

  1. Сугурташаванда шартномахои сугуртаи хатми ва ихтиёрии манфиатхои шахси, молумулки ва чавобгарии гражданию хукуки мебандад.
  2. Сугурташаванда метавонад шартномахои сугуртаи шахсии шахсони сеюмро ба манфиати охирин (шахсони сугурташуда)бандад.
  3. Барои гирифтани чуброни сугуртави (пардохти сугуртави) аз руи шартномахои сугурта сугурташаванда хукук дорад хангоми бастани шартномахои сугуртаи ихтиёри ва хатми шахсони сеюм (фоидагирандагон)-ро дарч намояд, инчунин дар давоми амали шартномаи сугуртави аз руи салохдиди худ онхоро иваз намояд.
  4. Сугурташаванда хангоми бастани шартномаи сугуртаи ихтиёри ва хатми хукуки интихоби ташкилоти сугуртавиро дорад. 

БОБИ 3. АМАЛИСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ СУГУРТАВИ 

Моддаи 19. Ходисаи сугуртави

  1. Хангоми сугуртаи хатми ва хатмии давлати намудхои ходисахои сугуртави бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва хангоми сугуртаи ихтиёри бо шартномаи сугуртави муайян карда мешаванд.
  2. Далели рух додани ходисаи сугуртави дар асоси хуччатхои дахлдор ва дигар маълумот, ки боэътимод будани онхо боиси шубха намегардад, бо карори суд ва дигар макомот, инчунин дар холатхои зарури дар асоси хулосаи дахлдори эксперти мукаррар карда мешавад.
  3. Асосноккунии ходисаи сугуртавии рухдода ва зарари расонидашуда бо гирифтани хуччатхои тасдиккунандаи ходисаи мазкур аз макомоти дахлдор ба зиммаи сугурташаванда вогузор карда мешавад. Хангоми рух додани ходисаи сугуртави сугурташаванда хукуки аз ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) талаб намудани маблаги сугуртавии дахлдор (чуброни сугуртави) ва ичрои ухдадорихои дигарро пайдо мекунад, ки онхоро шартномаи сугурта ё конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, дар навбати худ аз тарафи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ухдадории дахлдор ба вучуд меояд.

Моддаи 20. Маблаги сугуртави, пардохти сугуртави ва чуброни сугуртави

  1. Андозаи маблаги сугуртави, пардохти сугуртави ва чуброни сугуртави дар асоси шартномаи сугуртави муайян карда мешаванд. Хангоми сугуртаи хатми ва хатмии давлати онхо набояд аз андозаи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон кам бошанд.
  2. Тартиб ва мухлати додани маблаги сугуртави, пардохти сугуртави ва чуброни сугуртави хангоми сугуртаи ихтиёри бо шартномаи сугуртави муайян карда мешаванд.
  3. Хангоми сугуртаи молу мулк маблаги сугуртави наметавонад аз арзиши вокеии молу мулк (арзиши сугуртави) дар лахзаи бастани шартнома зиёд бошад. Маблаги сугуртавии дар шартнома дарчгардида мавриди бахси тарафхо карор гирифта наметавонад, ба истиснои холатхое, ки ташкилоти сугуртави исбот намояд, ки сугурташаванда онро ба иштибох андохтааст. Агар маблаги сугуртавии бо шартнома муайяншуда аз арзиши сугуртавии молу мулк (арзиши молу мулк) зиёд бошад, шартномаи сугурта дар он кисми маблаги сугуртави, ки он аз арзиши сугуртавии молу мулк (арзиши молу мулк) дар лахзаи бастани шартнома зиёд аст, эътибор надорад.
  4. Хангоми сугуртаи молу мулк ё масъулият чуброни сугуртави набояд аз хачми зарари вокеи, ки ба сугурташаванда (шахси сугурташуда) расидааст, зиёд бошад.
  5. Агар маблаги сугуртави аз арзиши сугуртавии молу мулк кам бошад, хачми чуброни сугуртави тибки таносуби маблаги сугуртави ба арзиши сугуртавии молу мулк кохиш меёбад, агар дар шартномаи сугурта тартиби дигар  пешбини нашуда бошад.
  6. Агар молу мулк аз чониби якчанд ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ба он маблаге, ки дар мачмуъ аз арзиши сугуртавии молу мулк зиёд аст, сугурта шуда бошад (сугуртаи дукарата), чуброни сугуртавии аз хамаи ташкилотхои сугуртави оид ба сугуртаи мазкур гирифташаванда набояд аз арзиши сугуртавии молу мулк зиёд бошад. Дар ин холат хар як ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) чуброни сугуртавиро мутаносибан ба натичаи таксими арзиши сугуртавии молу мулк ба маблаги сугуртавии умуми аз руи хама шартномахои сугурта пардохт менамояд.
  7. Шартномаи сугуртаи молу мулк метавонад бо карори ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) иваз намудани чуброни сугуртавиро бо чуброни зарар (пурра ё кисман) дар шакли молумулки (асли) (дар доираи чуброни сугуртави) пешбини намояд.
  8. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) хукук дорад, ки назорати беосеб нигох доштани молу мулки сугурташударо анчом дихад ва дар холати мукаррар намудани далелхои муносибати бесарусомонона ё нигохдории номатлуби молу мулки сугурташуда ба сугурташавандагон оид ба бартараф намудани камбудихои ошкоргардида таъиноти барои ичро хатми пешниход намояд ва дар сурати ичро накардани он хукук дорад андозаи маблаги сугуртавиро кам кунад.
  9. Хангоми сугуртаи ихтиёрии шахси маблаги сугуртави бо шартномаи сугуртави муайян карда мешавад. Хангоми сугуртаи ихтиёрии шахси ба сугурташаванда (шахси сугурташуда, фоидагиранда), новобаста ба додани маблаг аз руи сугуртаи ичтимои, инчунин шартномаи сугуртавии дигар ё бо тартиби чуброни зарар, пардохти сугуртави дода мешавад.
  10. Пардохти маблаги сугуртави (чуброни сугуртави, пардохти сугуртави) аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ба сугурташаванда дар асоси хуччатхо ва хулосахои тибби, макомоти суди, тафтишоти ва ташкилотхои дахлдори дигар анчом дода мешавад.
  11. Хангоми рух додани ходисаи сугуртави ба ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ки пардохти чуброни сугуртавиро (пардохти сугуртавиро) аз руи шартномаи сугуртаи масъулият анчом додааст, дар доираи ин маблаг хукуки талаби регресси нисбат ба шахси гунахкор, ки бо айби у ба сугурташаванда ё шахсони сеюм зиён (зарар) расонида шудааст, мегузарад. Агар сугурташаванда аз даъвои худ нисбат ба шахси мазкур ё аз хукукхое, ки ичрои ин талаботро таъмин менамоянд, даст кашад, дар ин холат ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аз пардохти он кисми чуброни сугуртави (пардохти сугуртави), ки бояд аз ин шахс меситонид, озод карда мешавад.
  12. Агар сугурташаванда ё шахсе, ки ба манфиати у пардохти чуброни сугуртави (пардохти сугуртави) анчом дода мешавад, чуброни пурраи зиёнро (зарарро) аз шахси гунахкори зиёнрасонида (зараррасонида) гирифта бошад, дар ин сурат ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аз додани чуброни сугуртави (пардохти сугуртави) озод мегардад. Хангоми аз тарафи шахси гунахкор кисман додани чуброни зиён (зарар), ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) пардохти чуброни сугуртавиро (пардохти сугуртавиро) бо дарназардошти маблаге, ки шахси мазкур аз шахси гунахкор гирифтаст, анчом медихад.

Моддаи 21. Сугуртаи муштарак

  1. Хангоми мавчуд будани созишномаи дахлдор оид ба сугуртаи муштараки байни ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни), яке аз онхо метавонанд ташкилотхои дигари сугуртавиро дар муносибатхои бо сугурташавандагон доштаашон муаррифи намоянд ва дар назди охирин танхо аз руи хиссаи худ масъул монанд.
  2. Хангоми сугуртаи муштарак шартхои шартномаи сугурта тибки коидахои сугуртаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) муайян карда мешаванд, ки ба худ вазифахо ва салохияти ташкилоти сугуртавии пешбарро бо шартхои муайянкардаи шартномаи сугуртаи муштарак кабул кардааст. Ташкилотхои сугуртавии (азнавсугуртакунии) дар шартномаи сугуртаи муштарак ширкаткунанда хукук доранд шартномахои сугуртавиро бо шартхои дигар, ки дар коидахои онхо аз руи намуди сугуртаи мазкур пешбини нашудааст, банданд.
  3. Дар сугуртаи муштарак иштироки он ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ки дар ичозатномаи у намуди сугуртаи мазкур дарч нагардидааст, манъ аст.

Моддаи 22. Азнавсугуртакуни

  1. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) хукук дорад ичрои кисми ухдадорихои худро оид ба сугуртакуни дар ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) дигар бо рохи азнавсугуртакуни таъмин намояд.
  2. Азнавсугуртакуни ба намудхои мутаносиб ва номутаносиб таксим мешавад. Мавчуд будани ичозатномаи азнавсугуртакуни ба сохиби ичозатнома хукук медихад, ки фаъолиятро дар самти азнавсугуртакунии мутаносиб ва номутаносиб амали намояд.
  3. Хангоми азнавсугуртакунии мутаносиб ташкилоти азнавсугуртакуни ба зиммаи худ ухдадори кабул менамояд, ки пардохти чуброни сугуртавиро (пардохти сугуртавиро) хангоми фарорасии шартхои бо шартномаи сугуртавии дахлдор пешбинишуда дар хачми мутаносиби хиссахои ухдадорихои сугуртави, ки аз ташкилоти сугуртави (седент) аз руи шартномаи азнавсугуртакуни кабул кардааст, анчом дихад.
  4. Хангоми азнавсугуртакунии номутаносиб ташкилоти азнавсугуртакуни ба зиммаи худ ухдадори кабул менамояд, ки пардохти чуброни сугуртавии (пардохти сугуртавии) хачми зарарро ба андозаи зиёда аз микдори маблагхои нигохдории худии ташкилоти сугуртави (седент) дар холати ба амал омадани шартхои бо шартномаи сугуртавии дахлдор пешбинишуда амали намояд.
  5. Муносибати байни ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ки кисми масъулияти худро медихад ва ташкилоти сугуртавие (азнавсугуртакуние), ки масъулияти мазкурро ба зимма мегирад, тибки шартномаи азнавсугуртакуни ба танзим дароварда мешавад. Дар ин маврид ухдадории ташкилоти сугуртави (седент) дар назди сугурташаванда пурра боки мемонад.
  6. Супоридани минбаъдаи кисми хавфи пардохт аз руи шартномаи азнавсугуртакуни аз чониби ташкилоти азнавсугуртакуни ба ташкилотхои азнавсугуртакунии дигар ичозат дода мешавад.
  7. Азнавсугуртакуни барои ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни), ки ухдадорихои сугуртавии кабулнамударо аз хисоби маблагхои худи руйпуш карда наметавонанд, хатми мебошад.
  8. Азнавсугуртакунии хавфхоро хам дар ташкилотхои сугуртавии (азнавсугуртакунии) Чумхурии Точикистон ва хам дар ташкилотхои сугуртавии (азнавсугуртакунии) хоричи бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур анчом додан мумкин аст.
  9. Сугуртаи хатмии давлати бо азнавсугуртакуни фаро гирифта намешавад.
  10. Ташкилотхои сугуртавии (азнавсугуртакунии) дар Чумхурии Точикистон амалкунанда (муштарак ё пурра бо сармояи хоричи таъсисёфта) хукуки кабул намудани хавфро ба азнавсугуртакуни аз руи намудхои сугуртае, ки барои амали намудани онхо ичозатнома гирифтаанд, доранд.
  11. Азнавсугуртакуни ба тарзи факултативи (ихтиёри) ва облигатори (хатми) амали мегардад:

– хангоми азнавсугуртакунии факултативи (ихтиёри) ташкилоти сугуртави (седент) ва ташкилоти азнавсугуртакуни бо ухдадорихои шартномавии пешаки алокаманд нестанд. Карор дар бораи зарурат ва хачми азнавсугуртакуни, инчунин оид ба додани хавфхо ба азнавсугуртакуни аз тарафи ташкилоти сугуртави (седент) ва ташкилоти азнавсугуртакуни аз руи хар як хавф бо тартиби алохида кабул карда мешавад. Азнавсугуртакунии ихтиёри дар сурате истифода бурда мешавад, агар хавфи ба азнавсугуртакуни додашаванда тибки шартномаи азнавсугуртакунии амалкунанда пушонида нашавад;

– азнавсугуртакунии облигатори (хатми) тибки шартнома амали гардида, дар асоси он як шахс (ташкилоти азнавсугуртакуни) мувофики маблаги муайянгардида, яъне мукофоти азнавсугуртакуни (хакки азнавсугуртакуни) ухдадор мегардад, ки хиссаи хавфи мукарраршудаи шахси дигарро (ташкилоти сугуртакуниро, азнавсугурташавандаро) ба  масъулияти худ гирад.

  1. Ташкилотхои сугуртавии ватани дар холати мавчуд набудани ташкилотхои азнавсугуртакуни дар Чумхурии Точикистон хукук доранд на камтар аз 5 фоизи хавфхои аз руи шартномахои асосии сугурта дар ташкилотхои азнавсугуртакунии хоричи кабулшударо, ки рейтинги баланди байналмилали доранд, аз нав сугурта кунанд.

Моддаи 23. Сугуртаи чамъшаванда

  1. Сугуртаи рух додани вокеаи муайян дар хаёти шахси сугурташуда хангоми ба вукуъ омадани ходисаи пешаки дарчгардида амалисозии пардохти сугуртавиро ба андозаи маблаги мукарраршуда пешбини менамояд.
  2. Сугуртаи хаёт бо иштироки сугурташаванда дар даромади сармоягузории ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) мачмуи намудхои сугуртаи чамъшаванда мебошад, ки анчомдихии пардохти сугуртавиро бо маблаги кайдшуда ё пардохтхои сугуртавиро бо намуди нафака ё аннуитет (рента) дар холатхои фавти шахси сугурташуда ё дар давоми зиндагии у то ба охир расидани мухлати сугурта ё то синну соли дар шартномаи сугурта муайянгардида ба он шарте, ки сугурташаванда (шахси сугурташуда, фоидагиранда) дар фоидаи дар натичаи фаъолияти маблаггузори, афзоиши маблаги сугуртави ва воридшавии мукофоти сугуртавии (хакки сугуртавии) иловаги ташкилоти сугуртави бадасторанда ширкат меварзад, пешбини менамояд. Тартиби иштироки шахси сугурташуда (фоидагиранда) дар даромаде, ки ташкилоти сугуртави дар натичаи фаъолияти сармоягузори (маблаггузори) ба даст меорад, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 24. Мукофоти сугуртави (хакки сугуртави)

  1. Мукофоти сугуртави (хакки сугуртави)-ро сугурташаванда бо пули миллии Чумхурии Точикистон, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, пардохт менамояд.
  2. Андозаи мукофоти сугуртави (хакки сугуртави) аз руи шартномаи сугуртаи ихтиёри тибки маблаги сугуртави, ки сугурташаванда бо ташкилоти сугуртави мувофика кардаанд, муайян карда мешавад.
  3. Андозаи мукофоти сугуртави (хакки сугуртави) аз руи сугуртаи хатмии давлати бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  4. Андозаи мукофоти сугуртави (хакки сугуртави) аз руи сугуртаи хатми аз чониби ташкилоти сугуртави тибки дастурамали тасдикнамудаи у барои хар як намуди мушаххаси сугуртаи хатми, ки бо макоми назорати сугуртави мувофика гардидааст, муайян карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  5. Тартиби хисобкуни ва пардохти хакки сугуртавиро хангоми сугуртаи ихтиёри ва хатми ташкилоти сугуртави бо розигии сугурташаванда дар асоси шартнома мукаррар менамояд.
  6. Корфармоён – шахсони хукуки ухдадоранд бо супориши кормандони худ, ки шартномаи сугуртаи ихтиёрии аз ходисахои нохуш ё хаётро бастаанд, аз хисоби музди мехнати онхо (даромадашон) хакки сугуртавиро нигох дошта, ба суратхисоби ташкилоти сугуртави гузаронанд.
  7. Ташкилоти сугуртави хукук дорад, ки хангоми зиёдшавии хавфи рух додани ходисаи сугуртавии объекти сугурташуда, бо розигии сугурташаванда андозаи хакки сугуртавиро баланд намояд, агар худуди чадвали хакки сугуртави (тарифхо) чунин имкониятро дода тавонад.

Моддаи 25. Тарифи сугуртави

  1. Тарифи сугуртави хамчун меъёри андозаи хакки сугуртави мустакилона аз чониби ташкилоти сугуртави бо назардошти объекти сугурта ва хусусияти хавфи сугуртави муайян карда мешавад.
  2. Ташкилотхои сугуртави ухдадоранд тарифхои сугуртавии аз лихози актуари (иктисоди) асоснокшударо, ки тибки услуби бахисобгирии тарифхои сугуртави анчом дода мешаванд, истифода намоянд.
  3. Талабот нисбат ба услуби бахисобгирии тарифхои сугуртави, аз чумла ба таркиб ва мазмун, тарз ва принсипхои бахисобгирии тарифхои сугуртави (андозаи тарифхои асоси ва коэффитсиенти онхо ё ифодаи нихоии коэффитсиентхои нишондодашуда) аз руи намудхои сугурта, нисбат ба тартиби истифодаи маълумоти омори аз руи намудхои сугуртаро макоми назорати сугуртави мукаррар менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

БОБИ 4. ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ МОЛИЯВИЮ ИКТИСОДИ ВА ПАРДОХТПАЗИРИИ ТАШКИЛОТХОИ СУГУРТАВИ (АЗНАВСУГУРТАКУНИ) 

Моддаи 26. Шартхои таъмини устувории молиявию иктисоди ва пардохтпазирии

ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни)

  1. Кафолатхои таъмини устувории молияви ва пардохтпазирии ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) тарифхои сугуртавии аз чихати иктисоди асоснокшуда, захирахои сугуртавии кофи барои ичрои ухдадорихо (оид ба сугуртакуни, сугуртаи муштарак, азнавсугуртакуни ва сугуртаи мутакобила), маблагхои худи (сармоя), азнавсугуртакуни мебошанд.
  2. Маблагхои худии (сармояи) ташкилотхои сугуртави ва азнавсугуртакуни (ба истиснои чамъиятхои сугуртавии мутакобила) сармояи оинномави, сармояи захирави, сармояи иловаги, фонди хавасмандгардони, инчунин фоидаи таксимнашударо дар бар мегиранд.
  3. Ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) бояд маблагхои худиро (сармояро) дар асоси шартхои гуногуншакли, бозоргири, баргардони ва даромадноки сармоягузори (маблаггузори) намоянд.
  4. Макоми назорати сугуртави вобаста ба тахассуси ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) ва хусусияти шартхои намудхои сугурта, номгуи дороии барои сармоягузори ичозатдодашуда, инчунин тартиби сармоягузории маблагхои захирахои сугуртавиеро, ки талаботи пешбинишударо ба эмитентхои когазхои киматнок ё барориши когазхои киматнок, ба таркиби дороие, ки чойгиршавии маблагхои худи дар он ичозат дода шудааст, мукаррар менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  5. Сармоягузории маблагхои худи аз чониби ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) мустакилона ё ба тарзи додани кисми маблагхо ба идоракунии ба бовари асосёфтаи ташкилоти идоракунанда анчом дода мешавад.
  6. Ташкилотхои сугуртави ва азнавсугуртакуни (ба истиснои чамъиятхои сугуртавии мутакобила) бояд дорои сармояи (фонди) оинномавии хадди акалли пурра бо пули миллии Чумхурии Точикистон пардохтшуда бошанд, ки андозаи онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  7. Ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) ухдадоранд талаботи устувории молияви ва пардохтпазириро дар кисмати ташаккулёбии захирахои сугуртави, тартиб ва шартхои сармоягузории (маблаггузории) маблагхои худи (сармоя) ва маблагхои захирахои сугуртави, таносуби меъёрии маблагхои худи (сармоя) ва ухдадорихои кабулкарда, инчунин дигар талаботро, ки Конуни мазкур ва санадхои меъёрии макоми назорати сугуртави мукаррар кардаанд, риоя намоянд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  8. Тартиби хисобкунии таносуби меъёрии маблагхои худи (сармоя) ва ухдадорихои кабулнамудаи (аз чумла, муайянсозии нишондихандахои барои чунин хисобкуни истифодашаванда) ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аз чониби макоми назорати сугуртави мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  9. Дар холати аз тарафи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) риоя нагардидани таносуби меъёрии маблагхои худи (сармоя) ва ухдадорихои ба зиммагирифта ташкилоти мазкур ухдадор аст, ба макоми назорати сугуртави накшаи солимгардонии вазъи молиявиро пешниход намояд, ки нисбат ба он талаботи макоми назорати сугуртави мукаррар мегардад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 27. Захирахои сугуртави

  1. Барои таъмини ичрои ухдадорихо оид ба сугуртакуни, азнавсугуртакуни ва сугуртаи мутакобила ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) захирахои сугуртавиро ташкил медиханд.
  2. Ташаккулёбии захирахои сугуртави бо максади анчомдихии пардохтхои сугуртавии (чубронхои сугуртавии) минбаъда аз руи шартномахои сугуртакуни, азнавсугуртакуни ва ичрои амалхои дигар тибки шартномахои мазкур (ухдадорихои сугуртави) бояд ба арзёбии актуарии ухдадорихои ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) асос ёбад.
  3. Ташкилоти сугуртави ухдадор аст маблагхои захиравии сугуртавиро бо шартхои диверсификатсия, бозоргири, баргардони ва даромадноки бо тартиби тасдикнамудаи макоми назорати сугуртави сармоягузори ё бо тарзи дигар чойгир намояд. Ташкилотхои сугуртави хукук надоранд маблагхои захиравии сугуртавиро барои сармоягузории векселхои шахсони вокеи ва хукуки чойгир намоянд ва аз хисоби маблагхои захиравии сугуртави карз диханд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  4. Сармоягузории маблагхои захиравии сугуртавиро ташкилотхои сугуртави мустакилона ё бо рохи додани кисми маблагхо ба идоракунии ба бовари асосёфтаи ташкилоти идоракунанда анчом медиханд.
  5. Ташаккулёбии захирахои сугуртави аз чониби ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) бо тартиб ва меъёрхои тархи хиссачудокунихо ба фондхои захиравии сугуртавии мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  6. Маблагхои захирахои сугуртави танхо барои ичрои ухдадорихои сугуртави истифода мегарданд.

Моддаи 28. Интиколи портфели сугуртави

  1. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) метавонад ва дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон вазифадор аст ухдадорихоро аз руи шартномахои сугурта (портфели сугуртави) ба як ё якчанд ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ба истиснои чамъиятхои сугуртавии мутакобилаи ба талаботи устувории молияви ва пардохтпазири чавобгу, бо назардошти ухдадорихои азнавкабулшуда ва дорои ичозатнома оид ба амалисозии намудхои сугурта, ки аз руи онхо портфели сугуртави (ивази ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) интикол дода мешавад, супорад.
  2. Пурра ё кисман интикол намудани портфел бе розигии пешакии макоми назорати сугуртави ба чо оварда намешавад. Хангоми интикол намудани портфели сугуртави ва гузашт намудани созишнома ба ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) дигар хукуки сугурташавандагон набояд халалдор гардад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  3. Ба таркиби портфели сугуртавии интиколшаванда дохил мешаванд:

– ухдадорихо аз руи шартномахои сугурта, ки ба захирахои сугуртавии ташаккулёфта мувофик мебошанд;

– дороие, ки барои пушонидани захирахои сугуртавии ташаккулёфта кабул гардидааст.

  1. Асосхои интиколи портфели сугуртави ба ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) чунин мебошанд:

– бозхонди ичозатномаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни)  барои амали намудани фаъолияти сугуртави бо ташаббуси макоми назорати  сугуртави;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– риоя нашудани талаботи мукарраргардидаи устувории молияви ва пардохтпазири аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ки ба бадшавии вазъи молиявии он оварда мерасонад, агар интиколи портфели сугуртави бо накшаи баркарорсозии пардохтпазирии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) пешбини шуда бошад;

– кабули карор аз тарафи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) оид ба азнавташкилкуни ё бархамдихи;

– кабули карор аз тарафи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) оид ба ихтиёран рад кардани амалисозии фаъолияти сугуртави ё намудхои  алохидаи сугуртакуни;

– асосхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбини намудааст.

  1. Интиколи портфели сугуртави дар асоси шартнома оид ба интиколи портфели сугуртавии байни ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) интиколдихандаи портфели сугуртави ва ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) кабулкунандаи портфели сугуртави басташуда, инчунин санади кабулу интиколи портфели сугуртави анчом дода мешавад. Талабот ба мазмуни шартнома ва санади кабулу интиколи зикргардида аз чониби макоми назорати сугуртави мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  2. Ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) интиколдихандаи портфели сугуртави дар сомонаи худ хабарномаро оид ба максади интиколдихии портфели сугуртави чойгир менамояд, инчунин ин хабарномаро дар нашрияхои муайяннамудаи макоми назорати сугуртави нашр менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  3. Рад кардани ивазкунии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакунии) ба катъшавии пеш аз мухлати шартномаи сугуртави ва ба сугурташаванда баргардонидани кисми мукофоти сугуртавии (хакки сугуртавии) мутаносибан ба фарки байни мухлати шартномаи сугурта басташуда ва мухлате, ки дар давоми он шартномаи мазкур амал кардааст ё ба пардохти маблаги харидашаванда аз руи шартномаи сугуртаи хаёт анчом меёбад.
  4. Ташкилоти сугуртавие (азнавсугуртакуние), ки портфели сугуртавиро кабул менамояд, ухдадор аст:

– санчиши мутобикати шартномахои сугуртавиро ба конунгузории Чумхурии Точикистон мувофики ухдадорихои кабулнамудаи ташкилоти мазкур аз руи шартнома оид ба интиколи портфели сугуртави ташкил намояд;

– ба ташкилоти сугуртавии (азнавсугуртакунии) интиколдихандаи портфели сугуртави маълумотро дар бораи фаъолият ва вазъи молиявии худ пешниход намояд;

– ба ташкилотхои азнавсугуртакуни оид ба ивазкунии азнавсугурташаванда дар шартномахои азнавсугуртакунии аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) басташуда, ки интиколдихандаи портфели сугуртави аст ва ба зиммаи ташкилоти кабулкунанда гузаштани ичрои ухдадорихои шартномахои сугуртавии дар портфели сугуртавии интиколшуда дохил гардидаанд, хабар медихад;

– амалиёти дигарро, ки аз шартнома оид ба интиколдихии портфели сугуртави бармеояд, ичро менамояд.

Моддаи 29. Бахисобгири ва хисобот

  1. Ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) бахисобгирии мухосибави, хисоботи мухосибави (молияви), хисоботи омори, инчунин хисоботи дигари барои амалисозии назорат дар сохаи фаъолияти сугуртави зарурро (минбаъд – хисобот бо тартиби назорат) анчом медиханд.
  2. Дар хисобот бо тартиби назорат маълумоти зерин дарч мегарданд:

– таносуби меъёрии маблагхои худии (сармояи) ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва ухдадорихои кабулгардида;

– таркиб ва андозаи захирахои сугуртавии ташаккулёфта ва натичахои тагйирёбии онхо;

– таркиб ва сохтори дороие, ки дар он маблагхои худии (капитали) ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) чойгир шудаанд;

– таркиб ва сохтори дороие, ки дар он маблагхои захирахои сугуртавии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) чойгир шудаанд;

– амалиёт оид ба азнавсугуртакуни бо нишон додани маълумот дар бораи азнавсугурташаванда ва ташкилоти азнавсугуртакуни;

– сохтори натичаи молиявии фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аз руи намудхои алохидаи сугуртакуни;

– хайати сахмдорон (иштирокчиён) ва хиссаи онхо дар сармояи оинномавии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– маълумоти дигаре, ки бо санадхои меъёрии хукукии макоми назорати сугуртави пешбини гардидааст.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

  1. Талаботи бахисобгирии мухосибии амалиёт оид ба сугуртакуни, сугуртаи муштарак, азнавсугуртакуни ва сугуртаи мутакобила (аз чумла хусусиятхои истифодаи накшаи хисобхои бахисобгирии мухосиби), инчунин хусусиятхои ташаккулёбии маълумоти дар хисоботи мухосибии (молиявии) ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) кушодашаванда, аз чумла, намунахои шаклхои хисоботхои мухосиби (молияви) бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мегарданд.
  2. Ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) хисоботи омори ва хисобот оид ба назоратро аз руи шакл ва тартиби аз чониби макоми назорати сугуртави мукарраршуда тахия менамоянд ва ин хисоботхо ба макоми назорати сугуртави пешниход мегарданд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  3. Ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) хисоботхои мухосибиро (молиявиро) мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мураттаб месозанд.
  4. Брокерхои сугуртави хисоботхои омориро аз руи шакл ва бо тартибе, ки макоми назорати сугуртави мукаррар кардааст, тахия намуда, онхоро ба макоми назорати сугуртави пешниход менамоянд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  5. Шарт ва шакли пешниходи хисоботхои ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) ва брокерхои сугуртавиро дар шакли хуччатхои электрони ва таносуби назоратии нишондихандаи онро макоми назорати сугуртави мукаррар намуда, ба маълумоти ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) ва брокерхои сугуртави на дертар аз рузи охирини давраи хисоботии дахлдор бо рохи чойгир намудани маълумоти мазкур дар сомонаи расмии худ анчом медихад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  6. Ташкилоти болоии сугуртавии гуруххои сугуртави ухдадор аст ба макоми назорати сугуртави хисобот оид ба тартиби  назоратро дар асоси муттахидгардони аз руи шакл, тартиб ва дар мухлате, ки онхоро макоми назорати сугуртави мукаррар кардааст, пешниход намояд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  7. Макоми назорати сугуртави дар сомонаи расмии худ маълумоти мачмуи оид ба фаъолият ва хисоботи субъектхои фаъолияти сугуртавиро чойгир менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 30. Назорати дохили

  1. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ухдадор аст низоми назорати дохилии таъминкунандаи ноилшави ба максадхои зеринро ташкил кунад:

– самараноки ва натичагирии (аз чумла, безарарии) фаъолияти молиявию хочагидории ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) хангоми ичро намудани  амалиёти сугуртави ва амалиёти дигар;

– самаранокии идоракунии дороихо, аз чумла таъмини хифзи онхо, маблагхои худи (сармоя), захирахои сугуртави ва ухдадорихои дигари ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– самаранокии идоракунии хавфхои ташкилоти сугуртави ва азнавсугуртакуни (ошкорсози, арзёбии хавфхо, муайянсозии  дарачаи кофии хавфхои базиммагирифтаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), чорачуи оид ба нигохдории сатхи хавфхо, ки ба устувории молияви ва пардохтпазирии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) тахдид намекунад);

– боэътимоди, пурраги, вокеияти хисоботхои мухосиби (молияви), хисоботи омори, хисобот оид ба тартиби назорат, тахия ва пешниходи саривактии чунин хисобот;

– риояи коидахои одоб, принсипхои касбият ва салохиятноки аз  чониби кормандони ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Мутобики ваколатхои муайяннамудаи хуччатхои таъсиси ва хуччатхои дохилии ташкилию фармоишии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) назорати дохилиро анчом медиханд:

– макомоти идоракунии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– сармухосиби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни)  (муовинони у);

– аудитори дохилии (хадамоти аудити дохилии) ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– шахси мансабдор, сохтори таркибии барои риояи коидахои назорати дохили ва татбики барномахо оид ба амалисозии онхо масъул, ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм» тахия гардидаанд;

– актуарий;

– кормандон ва сохторхои таркибии дигари ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) мутобики ваколатхои бо хуччатхои дохилии ташкилию фармоишии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) муайянгардида.

Моддаи 31. Аудити дохили

  1. Бо максади таъмини сатхи зарурии боэътимодии назорати дохили, арзёбии самараи он ва санчиши мутобикати фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ба конунгузории Чумхурии Точикистон, коида ва стандартхои иттиходияхои ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) ба мукаррароти хуччатхои дохилии ташкилию фармоиши ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аудити дохилиро ташкил намуда, бо ин максад шахси мансабдорро таъин менамояд ва ё сохтори таркибиро таъсис медихад.
  2. Бо максади таъсиси аудити дохили ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) низомнома дар бораи ташкил ва амалисозии аудити дохилиро тасдик менамояд, ки он иборат аст аз:

– максад ва вазифахои аудити дохили;

– объектхои аудити дохили мутобики шаклхои идоракунии хавфхои ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– шаклу усулхои аудити дохили;

– тартиби амали аудитори дохили, хадамоти аудити дохили хангоми ошкорсозии норасоиву камбудихо дар фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– таркиби хисобот оид ба натичахои санчишхои гузаронидашуда, шаклу тартиби пешниходи он;

– тартиби амалисозии назорат (аз чумла, гузаронидани санчишхои такрори) оид ба андешидани тадбирхо чихати бартараф намудани норасоиву камбудихои ошкоркардаи аудитори дохили, хадамоти аудити дохили дар фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– тартиби иттилоотонии сахмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти сугуртави, аъзои чамъияти сугуртакунии мутакобила доир ба норасоихои аз чониби макомоти идоракунии ташкилоти сугуртави рохдодашуда, хангоми кабули карорхо оид ба масъалахои мансуб ба салохияти мачлиси умумии сахмдорони (иштирокчиён) ташкилоти сугуртави, инчунин мачлиси умумии аъзои чамъияти сугуртаи мутакобила;

– ваколат, хукук ва ухдадорихои аудитори дохили, хадамоти аудити дохили;

– шакл ва тартиби арзёбии хавфхо ва самараноки идоракунии хавфхо;

– тартиби амали намудани арзёбии максаднок ва босамар будани амалиёт ва муомилоти анчомёбанда;

– шакл ва тартиби амали намудани санчиши таъмини нигохдории дорои;

– шакл ва тартиби иштирок дар гузаронидани тахлили холати молиявии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– мукаррароти дигаре, ки ба конунгузори Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд.

  1. Низомнома дар бораи аудити дохилиро Шурои директорони (Шурои назоратии) ташкилоти сугуртави ё дар холати набудани он, мачлиси умумии сахмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти сугуртави, мачлиси умумии аъзои чамъияти сугуртаи мутакобила тасдик менамояд.
  2. Аудитори дохили ва рохбари хадамоти аудити дохили дар асоси карори Шурои директорони (Шурои назоратии) ташкилоти сугуртави, раёсати чамъияти сугуртаи мутакобила ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мегарданд ва ба  Шурои директорони (Шурои назоратии) ташкилоти сугуртави, мачлиси умумии аъзои чамъияти сугуртаи мутакобила тобеъ ва хисоботдиханда мебошанд ё дар холати мавчуд набудани Шурои директорони (Шурои назоратии) ташкилоти сугуртави дар асоси карори мачлиси умумии сахмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти сугуртави ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод гардида, ба мачлиси умумии сахмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти сугуртави тобеъ ва хисоботдиханда мебошанд.
  3. Ба шахси ба вазифаи аудитори дохили ё рохбари хадамоти аудити дохили таъйиншуда дар ду (чанд) вазифа кор кардан ичозат дода намешавад.
  4. Аудитори дохили ва рохбари хадамоти аудити дохили метавонанд ба хайати комиссияи санчишии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) шомил гарданд.
  5. Аудитори дохили, рохбар ва кормандони хадамоти аудити дохили, ки пештар вазифахоро дар сохторхои дигари таркибии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ишгол менамуданд, метавонанд баъд аз гузаштани дувоздах мох аз рузи хотимаёбии кор дар ин сохторхои таркиби дар санчиши фаъолияти сохторхои мазкур ширкат варзанд.
  6. Аудитори дохили, хадамоти аудити дохили ваколатхои зеринро амали менамоянд:

– санчиш ва таъмини самараи фаъолияти низоми назорати дохилии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– санчиши мутобикати фаъолияти ташкилоти сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) ба конунгузории Чумхурии Точикистон, коидахо ва стандартхои иттиходияхои ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни), хуччатхои таъсиси ва дохилии ташкилию-фармоишии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– санчиши риояи коидахои назорати дохили ва татбики барномахои амалисозии он аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва  маблаггузории терроризм» тахия гардидаанд;

– санчиши эътимодноки, пурраги, вокеияти хисобот ё маълумоти дигари дархостшаванда ва пешниходи саривактии  он аз чониби сохторхои таркибии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни)  (аз чумла, муассисахои мустакил) ба макомоти идоракунии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва сахмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни);

– тахлили сабабхои рох додан ба камбудиву норасоихо дар натичаи санчиши фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ошкоргардида;

– додани тавсия оид ба пешгирии камбудиву норасоихо, ки дар натичаи санчиши каблии фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) камбудиву норасоихои ба ин монанд ошкор гардида буданд;

– арзёбии хавфхо ва самаранокии идоракунии онхо;

– амалисозии арзёбии максаднок ва босамари амалиёту муомилот;

– амалисозии санчиши таъмини нигохдории дорои;

– ширкат дар тахлили  вазъи молиявии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва тахияи номгуи чорабини оид ба пешгири аз муфлисшави;

– мувофикасозии хисоботхо, аз чумла хисоботхои фосилави оид ба ичрои хар як чорабини, ки тибки накшаи баркарорсозии пардохтпазирии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) пешбини гардидааст;

– амалисозии санчиши эътимодноки, пурраги, вокеияти хисоботу маълумотхо бо назардошти накшаи баркарорсозии пардохтпазирии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва хисоботхо, аз чумла хисоботхои фосилави оид ба ичрои хар як чорабинии бо накшаи баркарорсозии пардохтпазирии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) пешбинишуда ба макоми назорати сугуртави ва макомоти ичроияи хокимияти давлати, инчунин назорати пешниходи саривактии онхо.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

  1. Аудитори дохили ва хадамоти аудити дохили хукук доранд:

– санчиши хама самтхои фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), аз чумла филиалхо ва вохиди дигари мустакил ва кормандони ташкилоти сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) амали намоянд;

– аз рохбарон ва кормандони ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва сохтори таркибии он хуччатхо, мавод ва маълумоти барои амалисозии ваколатхои худ зарурро гиранд;

– ба хамаи хуччатхо, мавод ва маълумотхо, аз чумла ба файлхои компютерии  иттилооти, бе хукуки ворид намудани тагйирот ба онхо дастраси дошта бошанд.

  1. Аудитори дохили ва хадамоти аудити дохили ухдадоранд:

– нигохдори ва баргардонидани хуччатхо, мавод ва маълумоти аз вохидхои сохтории ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) гирифтаро таъмин намоянд;

– хангоми амалисозии ваколатхои худ махфияти маълумоти гирифтаро риоя намоянд;

– оид ба хамаи холатхои норасои ва камбудихо, ки дар натичаи санчиши фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ошкор гардидаанд, макоми ичроияи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), макоми дастчамъии ичроияи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва рохбари вохиди сохтории ташкилоти сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) огох намоянд;

– назоратро оид ба андешидани тадбирхо чихати бартараф намудани норасоиву камбудихои ошкоргардида, риояи чорахои тавсиянамудаи аудитори дохили ва хадамоти аудити дохили бо максади пешгирии содир накардани  норасои ва камбудихои ба ин монанд дар фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) амали намоянд.

  1. Аз натичаи санчишхои гузаронидашуда аудитори дохили ва хадамоти аудити дохили хисоботхои семоха тартиб дода, ба макомоти идоракунии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва хисоботхои солонаро ба мачлиси умумии харсолаи сахмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти сугуртави, аъзои чамъияти сугуртаи мутакобила пешниход менамоянд.
  2. Хисоботхои зикршуда дар баробари маълумот оид ба норасоиву камбудихои дар натичаи санчиши фаъолияти ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ошкоргардида ва дар бораи окибатхои онхо маълумоти чараёни бартарафсозии норасоиву камбудихои каблан ошкоргардидаро доро мебошанд.
  3. Дар холати ошкор гардидани норасоихо аз руи натичаи санчиш, дар шакли кабули карор аз чониби макомоти идоракунии ташкилоти сугуртави оид ба масъалахои ба салохияти мачлиси умумии сахмдорон (иштирокчиён) мансуб, аудитори дохили, рохбари хадамоти аудити дохили дар шакли хатти сахмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти сугуртавиро, ки зиёда аз як фоизи сахмияхоро доро мебошанд (хиссаи иштирок дар сармояи оинномавии ташкилоти сугуртави), на дертар аз понздах руз аз лахзаи ошкор гардидани чунин норасоихо хабар медиханд.
  4. Бо дархости макоми назорати сугуртави ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ухдадор аст хисоботхои аудити дохили ва (ё) хадамоти аудити дохилиро дар мухлати мукарраргардида пешниход намояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 32. Аудити хатми ва нашри хисоботи мухосибии (молиявии) солонаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни)

  1. Хисоботи мухосибии (молиявии) солонаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) хатман тахти санчиши аудити карор дода мешавад.
  2. Ташкилоти аудити аз руи натичаи аудити хатмии хисоботи мухосибии (молиявии) солонаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ухдадор аст хулосаи аудити оид ба хисоботи мухосибии (молиявии) солонаи ташкилоти сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) тартиб дихад, ки он бояд дорои фаслхо оид ба ичрои талаботи устувории молияви ва пардохтпазири аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ки Конуни мазкур ва санадхои меъёрии кабулнамудаи макоми назорати сугуртави мукаррар намудааст ва самараи ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) бошад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  3. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ба макоми назорати сугуртави хулосаи дар кисми 2 моддаи мазкур нишондодаро якчоя бо хисоботи мухосибии (молиявии) солона пешниход менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  4. Хисоботи мухосибии (молиявии) солонаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) на дертар аз 1 июли соли навбатии баъд аз соли хисоботи якчоя бо хулосаи дар кисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда нашр мегардад.
  5. Хисоботи мухосибии (молиявии) солонаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) он вакт нашргардида хисобида мешавад, агар дар сомонаи расмии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) чойгир ё дар воситахои ахбори омма, ки дастраси шахсони манфиатдори ин хисобот мебошанд, нашр шуда бошад.
  6. Маълумот дар бораи нашри хисоботи мухосибии (молиявии) солонаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) аз чониби худи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ба макоми назорати сугуртави бо тартиби аз тарафи макоми мазкур мукарраргардида пешниход мегардад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  7. Хулосаи аудити оид ба боэътимодии хисоботи мухосибии (молиявии) солонаи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), ичро гардидани талаботи устувории молияви ва пардохтпазири аз чониби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ва дар бораи самараи ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) якчоя бо хисоботи мазкур нашр карда мешавад. 

БОБИ 5. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ СУГУРТАВИ 

Моддаи 33. Вазифахои танзими давлатии фаъолияти сугуртави

  1. Вазифахои асосии танзими давлатии фаъолияти сугуртави чунин мебошанд:

– таъсис ва нигохдории низоми сугуртавии устувор дар Чумхурии Точикистон ва ташаккули инфрасохтори бозори сугурта;

– танзими бозори сугурта ва назорат аз руи фаъолияти сугуртави;

– химояи хукуку манфиатхои конунии сугурташавандагон, шахсони сугурташуда ва фоидагирандагон;

– вазифахои дигаре, ки конунгузории  Чумхурии Точикистон дар сохаи сугурта муайян намудааст.

  1. Сиёсати давлатиро дар сохаи сугурта макоми дахлдори ваколатдори давлати амали ва назорати фаъолияти сугуртавиро макоми назорати сугуртави таъмин менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 34. Назорати фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори сугурта

(КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

  1. Назорати фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори сугурта (назорати сугуртави) бо максади аз чониби онхо риоя намудани конунгузори дар сохаи сугурта, огохкуни ва аз чониби иштирокчиён риоя накардани муносибатхо, ки бо Конуни мазкур ва конунгузори дар сохаи сугурта танзим гардидаанд, таъмини химояи хукукхо, манфиатхои конунии сугурташавандагон, шахсони дигари манфиатдор ва давлат, рушди босамараи бозори сугурта амали карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  2. Назорати сугуртави дар асоси принсипхои конуният, ошкорбаёни ва ягонагии ташкили амали мегардад.
  3. Назорати сугуртавиро Бонки миллии Точикистон амали менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  4. Макоми назорати сугуртави иттилооти зеринро дар матбуоти муайян нашр ва (ё) дар сомонаи худ чойгир менамояд: (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– тавзехоти масъалахои мансуб ба вазифахои макоми назорати сугуртави;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– маълумот аз Фехристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори сугурта, Фехристи иттиходияхои иштирокчиёни касбии бозори сугурта;

– санадхо оид ба махдудкуни, боздоштан ё аз нав ба расмият даровардани ичозатнома барои амалисозии фаъолияти сугуртави;

– санадхои бозхонди ичозатнома оид ба амалисозии фаъолияти сугуртави;

– маълумоти дигар оид ба масъалахои санчиш ва назорат дар бораи фаъолияти сугуртави;

– санадхои меъёрии хукуки дар сохаи фаъолияти сугуртави.

  1. Назорати сугуртави инхоро дар бар мегирад:

– ичозатномадихи ба фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори сугурта ва пешбурди Фехристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори сугурта, Фехристи иттиходияхои иштирокчиёни касбии бозори сугурта;

– назорати риояи конунгузори дар сохаи сугурта  бо рохи гузаронидани санчиш ва хангоми зарурат гузаронидани санчиши таъхирнопазири субъектхои фаъолияти сугуртави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– додани хулосахо барои бакайдгирии давлатии ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни);

– мувофикасози бо максади зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии ташкилотхои сугуртави аз хисоби маблагхои сармоягузории хоричи барои бо иштироки сармоягузорони хоричи амали намудани муомилот оид ба бегонакунии сахмияхои (хиссахо дар сармояхои оинномавии) ташкилотхои сугуртави, барои кушодани намояндагихои ташкилотхои хоричии сугуртави, азнавсугуртакуни, брокери ва ташкилотхои дигаре, ки фаъолияти сугуртавиро амали менамоянд, инчунин барои кушодани филиалхои ташкилотхои сугуртави (азнавсугуртакуни) бо сармоягузории хоричи;

– кабули карор дар бораи таъин намудани маъмурияти муваккати оид ба боздошт ва махдудкунии ваколатхои макоми ичроияи ташкилоти сугуртави дар холатхо ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Субъектхои фаъолияти сугуртави ухдадоранд:

– талаботи конунгузориро дар сохаи сугурта риоя намоянд;

– хисоботхои мукарраргардида оид ба фаъолият, маълумот оид ба вазъи молияви, инчунин хуччатхо ва маълумотро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход намоянд;

– таъиноти макоми назорати сугуртави дар хусуси бартарафсозии риоя накардани конунгузори дар сохаи сугуртаро ичро намуда, маълумоту хуччатхои тасдиккунандаи ичро гаштани онро дар мухлатхои мукарраргардида пешниход намоянд;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– аз руи дархости макоми назорати  сугуртави дар мухлатхои мукарраргардидаи ин дархостхо маълумот ва хуччатхои барои амалисозии назорати сугуртави зарур, аз чумла хуччатхоро оид ба вазъи молиявии худ пешниход намоянд;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– ба макоми назорати сугуртави нусхаи хуччатхои таъсисии филиалхо ва намояндагихое, ки берун аз макони чойгиршавии субъекти фаъолияти сугуртави чойгиранд, бо нишон додани сурогаи (махалли чойгиршавии) онхо, инчунин нусхаи хуччатхое, ки ваколатхои рохбарони онхоро тасдик менамояд, пешниход намоянд;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– хуччатхои номзадхои ба мансабхои рохбар ва сармухосиби субъектхои фаъолияти сугуртави таъиншавандаро ба макоми назорати сугуртави барои мувофика пешниход намоянд;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

– ба макоми ваколатдор оид ба муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм тибки мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм» доир ба хама гуна ахд ва амалиёти шубханок оид ба анчом додани пардохти сугурта ё гирифтани он  иттилоъ  диханд.

  1. Бо максади сари вакт ошкор намудани хавфхои пардохтнопазирии субъектхои фаъолияти сугуртави макоми назорати сугуртави бо тартиби мукарраргардида мониторинги фаъолияти субъектхои фаъолияти сугуртавиро бо истифодаи нишондихандахои молияви (коэффитсиентхо), ки тавсифкунандаи вазъи молиявии субъектхои фаъолияти сугуртави ва устувории онхо нисбати омилхои хавфхои дохили ва беруни мебошанд, амали менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)
  2. Мониторинги фаъолияти субъектхои фаъолияти сугуртавиро макоми назорати сугуртави дар асоси принсипхои мустакилият, вокеият, истифодабарии коидахои ягонаи мукарраркунандаи талабот ба субъектхои фаъолияти сугуртави, мачмуи, фаврият ва асосноккунии арзёбии фаъолияти онхо амали менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 35. Пешгирии фаъолияти инхисори ва ракобати носолим  дар бозори сугуртави

Пешгири, махдудкуни ва бартарафсозии фаъолияти инхисори ва ракобати носолимро дар бозори сугуртави макоми ваколатдори давлатии зиддиинхисори дар якчояги бо макоми назорати сугуртави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти зиддиинхисори таъмин менамоянд.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 36. Макомоти идоракунии  ташкилоти сугуртави  (азнавсугуртакуни)

  1. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) бо тартиби хатми макомоти идоракуниро ташкил медихад, ки он аз макоми идоракуни, макоми ичроия ва назорати иборат аст.
  2. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), новобаста ба шаклхои ташкилию хукукии худ, ухдадор аст дорои макомоти идоракуни, сармухосиб, рохбари аудити дохили ва актуарийи масъул бошад, ба истиснои холатхои мавчудияти шартномаи басташуда бо шахси муносиб оид ба ваколатдихии вазифахои сугуртави, ки бо Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии дар асоси он аз чониби макоми назорати сугуртави кабулгардида пешбини гардидааст. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487) 

Моддаи 37. Талаботи тахассуси ва дигар талаботе, ки ба рохбарони ташкилотхои сугуртави

(азнавсугуртакуни) ва брокери сугуртави пешниход карда мешаванд        

  1. Рохбарони (аз чумла шахсе, ки вазифаи рохбари ягонаи макоми ичроия, рохбари макоми дастчамъонаи ичроияро амали менамояд) субъекти фаъолияти сугуртави – шахси хукуки бояд забони давлатиро донад, дорои тахсилоти олии иктисоди ё молиявие бошанд, ки он дар Чумхурии Точикистон бо хуччати тасдиккунанда дар бораи тахсилоти оли эътироф шудааст ва дорои собикаи кори на кам аз дусола ба сифати рохбари вохиди субъекти фаъолияти сугуртави ё дигар ташкилоти молияви бошанд.
  2. Сармухосиби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), чамъияти сугуртаи мутакобила ва брокери сугуртави ба талаботе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, мутобикат карда, забони давлатиро донад, собикаи кории на камтар аз ду сол аз руи ихтисос дар ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ё дигар ташкилоти молияви дошта бошад.
  3. Аудитори дохили ва рохбари хадамоти аудити дохили бояд забони давлатиро донад, тахсилоти олии иктисоди, молияви ё хукукшиноси, ки бо хуччати тасдиккунандаи тахсилоти олии мазкур дар Чумхурии Точикистон эътироф шудааст ва собикаи кори на камтар аз ду сол аз руи ихтисос дар ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни), дигар ташкилоти молияви ё аудитори дошта бошад.
  4. Ба вазифаи аудитори дохили ва рохбари хадамоти аудити дохили шахсони зерин таъин шуда наметавонанд, агар онхо:

– вазифаи рохбари ягонаи макоми ичроия, сармухосиби ташкилоти сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) ба ухда дошта бошанд ва ё ба хайати макоми ичроияи дастчамъии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни)  давоми ду сол пеш аз таъин шуданашон ба вазифаи аудитори дохили ва рохбари хадамоти аудити дохили  шомил бошанд;

– сахмдори (иштирокчии) ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) бошанд;

– бо рохбари ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ё бо шахсе, ки рохбари ягонаи макоми ичроияи ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) мебошад ё ба хайати Шурои директорон (Шурои назорати) ё макоми ичроияи дастчамъии ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) шомил буда ё бо сармухосиби ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) муносибатхои хешутабории наздик дошта бошанд.

  1. Рохбарон (аз чумла, рохбари ягонаи макоми ичроия) ва сармухосиби субъекти фаъолияти сугуртави – шахси хукуки бояд дар каламрави Чумхурии Точикистон доими истикомат кунанд.
  2. Ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ухдадор аст, ки дар шакли хатти макоми назорати сугуртавиро оид ба таъин ба вазифа ва аз вазифа озод кардани шахсони дар кисмхои 1, 2 ва 3 хамин модда зикргардида дар давоми на дертар аз дах рузи кории баъд аз рузи кабули чунин карор огох намояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1487)

Моддаи 38. Андозбандии фаъолияти сугуртави

Андозбандии фаъолияти сугуртави мутобики талаботи Кодекси андози Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 39. Баррасии бахсхо

Бахсхо вобаста ба фаъолияти сугуртави бо тартиби суди хал карда мешаванд.

Моддаи 40. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 41. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти сугуртави»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 29 декабри соли 2010, № 681  «Дар бораи фаъолияти сугуртави» (Ахбори Мачлиси Олии Чумухурии Точикистон, с. 2010, №12, к. 1, мод. 840; с. 2014, №3, мод. 154)  аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 42. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016, №1349

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …