Главная / Гуногун / Дуои дур кардани мушкилот

Дуои дур кардани мушкилот

Хазрати Абухурайра (раз) мефармояд: Рузе ба иттифоки Расулуллох (с) хорич шудам, тавре ки дастам дар дасти мубораки Расулуллох (с) буд. Он Хазрат (с) аз канори шахсе, ки бисёр афсурдаву андухгин буд, гузашт. Расулуллох (с) аз у пурсид:

  • Чи гуна ба ин вазъият гирифтор шуди?

Он шахс посух дод:

  • Тангдастиву бемори маро ба ин руз андохтааст.

Расулуллох (с) фармуд:

  • Ин дуоро бихон, ки бар асари он, иншоаллох бемориву тангдасти аз байн хохад рафт ва он калимот ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Таваккалту ала-л-Хайи-л-Лази ло ямут. Ал-хамду лиллохи-л-Лази лам яттахиз валада-в-ва лам яку-л-Лаху шарикун фи-л-мулки ва лам яку-л-Лаху валийю-м-мина-з-зулли ва каббирху такбиро.

Тарчума: Бар Он зоте эътимод мекунам, ки харгиз мавт бар У вокеъ намегардад. Хамаи хубихо шоистаи он Худое хастанд, ки на авлоде дорад ва на касе дар кудраташ шарик мебошад ва на ба хотири нотавони мададгоре дорад ва бузургияшро ба нахви ахсан баён кунед.

Баъд аз муддате Расулуллох (с) ба хамон чо ташриф бурд ва хамон шахси беморро дид, ки вазъаш бисёр хуб гардидааст. Расулуллох (с) хушхол шуд ва он шахс арз намуд, ки:

  • Аз он рузе ки ин калимотро ба ман ёд додаи, ман онхоро пайваста мехонам.

Касе, ки бо Худо мухаббат дошта бошад, уро тавфики ин дуо хосил хохад гардид

Расулуллох (с) ба Хазрати Бурайдаи Аслами (раз) фармуд:

  • Эй Бурайда (раз), бо хар касе, ки Аллох иродаи хайр дошта бошад, уро тавфик ба ёдгирии калимоти зерин иноят мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни заифун фа кавви фи ризока зуъфи ва хуз ила-л-хайри би носияти ва-чъали-л-ислома мунтахо ризои. Аллохумма инни заъифун фа каввини ва инни залилун фа аъиззини ва инни факирун фа агнини, ё Архама-р-рохимин.

Сипас Расулуллох (с) фармуд:

  • Хар касеро ки Аллох бо у ин калимотро меомузонад, то фаро расидани мавт ин калимотро фаромуш намекунад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …