Главная / Гуногун / Дуои дур кардани мушкилот

Дуои дур кардани мушкилот

Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) мефармояд: Рӯзе ба иттифоқи Расулуллоҳ (с) хориҷ шудам, тавре ки дастам дар дасти мубораки Расулуллоҳ (с) буд. Он Ҳазрат (с) аз канори шахсе, ки бисёр афсурдаву андӯҳгин буд, гузашт. Расулуллоҳ (с) аз ӯ пурсид:

  • Чӣ гуна ба ин вазъият гирифтор шудӣ?

Он шахс посух дод:

  • Тангдастиву беморӣ маро ба ин рӯз андохтааст.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Ин дуоро бихон, ки бар асари он, иншоаллоҳ бемориву тангдастӣ аз байн хоҳад рафт ва он калимот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Таваккалту ала-л-Ҳайи-л-Лазӣ ло ямут. Ал-ҳамду лиллоҳи-л-Лазӣ лам яттахиз валада-в-ва лам яку-л-Лаҳу шарикун фӣ-л-мулки ва лам яку-л-Лаҳу валийю-м-мина-з-зулли ва каббирҳу такбиро.

Тарҷума: Бар Он зоте эътимод мекунам, ки ҳаргиз мавт бар Ӯ воқеъ намегардад. Ҳамаи хубиҳо шоистаи он Худое ҳастанд, ки на авлоде дорад ва на касе дар қудраташ шарик мебошад ва на ба хотири нотавонӣ мададгоре дорад ва бузургияшро ба наҳви аҳсан баён кунед.

Баъд аз муддате Расулуллоҳ (с) ба ҳамон ҷо ташриф бурд ва ҳамон шахси беморро дид, ки вазъаш бисёр хуб гардидааст. Расулуллоҳ (с) хушҳол шуд ва он шахс арз намуд, ки:

  • Аз он рӯзе ки ин калимотро ба ман ёд додаӣ, ман онҳоро пайваста мехонам.

Касе, ки бо Худо муҳаббат дошта бошад, ӯро тавфиқи ин дуо ҳосил хоҳад гардид

Расулуллоҳ (с) ба Ҳазрати Бурайдаи Асламӣ (раз) фармуд:

  • Эй Бурайда (раз), бо ҳар касе, ки Аллоҳ иродаи хайр дошта бошад, ӯро тавфиқ ба ёдгирии калимоти зерин иноят мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ заифун фа қавви фӣ ризока зуъфӣ ва хуз ила-л-хайри би носиятӣ ва-ҷъали-л-ислома мунтаҳо ризоӣ. Аллоҳумма иннӣ заъифун фа қаввинӣ ва иннӣ залилун фа аъиззинӣ ва иннӣ фақирун фа ағнинӣ, ё Арҳама-р-роҳимин.

Сипас Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Ҳар касеро ки Аллоҳ бо ӯ ин калимотро меомӯзонад, то фаро расидани мавт ин калимотро фаромӯш намекунад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …