Главная / Маданият ва санъат / Дуо чи гуна кабул мегардад?

Дуо чи гуна кабул мегардад?

Хазрати Сайд ибни Мусайяб (paх) мефармояд: Як дафъа дар масчид истирохат мекардам, ногахон хотифе садо кард:

– Эй Сайд, бо хондани ин калимоти зерин хар дуое, ки бинамои пазируфта хохад шуд. Калимот ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма иннака Малику-м-Муктадиру мо ташоу мин амрин якуну фа асъидни фи-д-дорайни ва кун ли ва ло такун алайя ва отини фи-д-дунё хасаната-в-ва фи-л-охирати хасаната-в-ва кини азоба-н-нор.

Фоида. Хазрати Сайд ибни Мусайиб (paх) мефармояд: Баъд аз хондани ин калимот хар дуоеро, ки намудаам, кабул гаштаанд.

Амали тачрибашуда

Ин амал марбут ба Хазрати Муфти илохибахш (paх) шогирди аршади. Шох Абдулазиз (paх) ва шогирди хоси чадди амчади Мавлоно Илёс (paх) мебошад, ки дар сурати хонданаш мухаббат ва маърифати зоти илохи хосил мегардад ва бар асари он истеъдоди неки кардан ва аз гунох дури чустан хосил мегардад. Барои пайдо кардани мухаббати калби нисбат ба зоти илохи лозим аст тоот, ибодот ва некихо ба касрат анчом пазирад. Барои хусули ин максади бузург ва барои дур кардани балохо ва барои бароварда сохтани хочот Хазрати Мавлоно Муфти Ифтихорулхасан (paх) халифаи Мавлоно Шох Абдулкодир (paх) хамин амалро мучарраб карор дода ва инсонхои ниёзманду мухточро таъкид ба анчоми ин амал менамуданд.

Таркиби амал:

Бо дидани мохи нав дар аввалин шаб дар яке аз моххои камари аз аввалин чумъаи он мох то хафт руз ба таври мураттаб дар вакти махсусе дар руз, ё дар шаб ва дар як чои муайян тасбехи номхои мубораки илохиро, ки дар чадвали зерин мазкур хастанд, бихонад. Албатта, агар бинобар узре дар вакт ва ё макон тагйире омад, боке надорад.

Тавачух. Агар касе натавонист, ки ин дуои арабиро ба ёд дошта бошад, барои ин амал тарчумаи форсии онро хам метавонад вирд намояд.

Чадвали ичрои ин амали мучарраб

Руз Тасбех Теъдод
Чумъа Ё Аллоху ё Ху Хазор маротиба
Шанбе Ё Рахмону ё Рахим Хазор маротиба
Якшанбе Ё Вохиду ё Ахад Хазор маротиба
Душанбе Ё Самаду ё Витр Хазор маротиба
Сешанбе Ё Хайю ё Кайюм Хазор маротиба
Чоршанбе Ё Ханнону ё Маннон Хазор маротиба
Панчшанбе Ё За-л-чалоли ва-л-икром Хазор маротиба
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

kulob-shar

ШАХРИ КУЛОБ (Нохияи Кулоб)

Кулоб як нохияи калон ва дар он замон шахр бо ахолии зиёда аз 200 хазор …