Главная / Гуногун / Дӯхтан дар мошинаи ба кор тайёршуда

Дӯхтан дар мошинаи ба кор тайёршуда

Таҷҳизот ва масолеҳ: мошини дарздӯз, риштаи №40, як порча матои тарафҳояш 30х30 см, қайчи. Мошинаро бо латта тоза карда, чархашро бо дасти рост оҳиста ҳаракат дода, сӯзанро боло мебардорем, лапкаро (пошнаро) ба боло бардошта, матои дӯхтаро зери он гузошта, сӯзанро рӯи матоъ мефарорем. Тафтиш мекунем, ки бари дарз оё дуруст муайян шудааст.

duzandaБарои дарз аз кӯки сӯзан то буриши матоъ чен карда мешавад. Баъди он ки бари дарз аниқ карда шуда, пошнаро поён ба рӯи матоъ фароварда, чархро тоб дода, дарздӯзӣ мекунем. ҳангоми дарздӯзи матои дӯхташавандаро дар зери пошна тела додан ё баракс сӯи худ кашидан мумкин нест, танҳо онро андаке доштан кифоя аст. Наққола (транспортер) худ матоъро пеш мебарад. Барои он ки дарз рост шавад, ҳангоми дӯхтан на ба ҳаракати сӯзан, балки ба масофаи байни буриши матоъ ва канори чангак бояд назар кард. Вақте ки дарз дӯхта шуд, маснуот аз зери пошна бароварда мешавад.

Барои ин ҳаракати мошинаро нигоҳ дошта, сӯзан ва пошнаро боло мебардорем, риштаҳои тору пудро ба дарозии 10-15 см кашида, онҳоро аз бехи канори матоъ ва ба пушти пошна мебарем. Дар ин ҳолат риштаро ҷониби худ сахт кашидан мумкин нест, зеро сӯзан мешиканад.

Барои пайдо намудани малакаю маҳорати дарздӯзӣ дар як пора матоъ як чанд қатор хати рост кашида медӯзем. Танзими дарозии чокро аввал ба калонаш гузошта 2 қатор ва дар охир ба миёнааш, ки қадами чоки дуруст, яъне ба адади 3-3,5 гузошта медӯзем, фарқияти ин дарзҳоро месанҷем ки кадомаш дуруст аст. Баъди анҷоми кор зери пошнаи мошин мағз гузошта, онро дар ҳолати пештара нигоҳ медорем. Мағзи зери пошна як пора матои якчанд қабат дӯхташуда аст.

Онро пеш аз кор аз зери пошна гирифта, ба ҷойи муайян монда, баъди кор, боз зери пошна мегузорем. Дарзҳои мошинӣ ниҳоят зиёданд. Намудҳои асосии дарзҳои мошинӣ:

  1. дарзҳои оддӣ,
  2. дукарата,
  3. изофадӯхт,
  4. доманадӯхт,
  5. дарзи ҷудо-ҷудо,
  6. болоиҳам, бахия ва ғайра мебошад.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

zolim

Хосияти дуои «Ҳабиб»

Агар касе дар дасти золиме афтад ва ин дуоро бихонад, халос шавад. Ва бо ҳар …