Главная / Гуногун / Дарвеши мучаррад

Дарвеши мучаррад

Дарвеше мучаррад ба гушае сахрое нишаста буд, подшохе бар у бигузашт. Дарвеш аз он чо ки фароги мулки каноат аст, сар барнаёварад ва илтифот накард. Султон аз он чо ки сатвати салтанат аст, биранчид ва гуфт:
– Ин тоифаи хиркапушон бар мисоли хайвонанд ва ахлияти одамият надоранд.
Вазир наздикаш омаду гуфт:
– Эй чавонмард, султони руи замин бар ту гузар кард, чаро хидмате накарди ва шарти адаб ба чо наёварди?
Гуфт:
– Султонро бигуй, таваккуи хидмат аз касе дор, ки таваккуи неъмат аз ту дорад ва дигар бидон, ки мулук аз бахри поси раиятанд, на раият аз бахри тоати мулук, чунон ки гуянд:

Подшох посбони дарвеш аст,
Гарчи ромиш ба фарри давлати уст.
Гусфанд аз барои чупон нест,
Балки чупон барои хидмати уст.
Яке имруз комрон бини,
Дигареро дил аз мучохада реш.
Рузаке чанд бош, то бихурад
Хок магзи сари хаёландеш.
Фарки шохию бандаги бархост
Чун казои набишта омад пеш.
Гар касе хоки мурда боз кунад,
Нанмояд тавонгару дарвеш.

Маликро гуфтани дарвеш устувор омад.
Гуфт:
– Чизе аз ман бихох.
Гуфт:
– Он мехохам, ки дигарбора захмати ман надихи.
Гуфт:
– Маро панде бидех.
Гуфт:

Дарёб кунун, ки неъматат хаст ба даст,
К-ин давлату мулк меравад даст ба даст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Маъшуки хазордустро дил надихи

Бар дустии подшохон эътимод натавон карду на бар овози хушу кудакон, ки он ба хаёле …