ДУМБАЛИ ЧИГАР, иллатест, ки дар натичаи аз манбаи илтихоби дигар узвхо ба чигар рох ёфтани сироят пайдо мешавад. Сабаби нисбатан асосии он исхоли хунин, амёбиаз, аппендитсити шадиди римнок, бемории санги талха, панкреатит, колити номахсус ва г. мебошанд.
Аломатхои Д. ч. гуногун буда, дар холатхои мукаррари беморон аз дарди нохияи чигар, ки ба шона ва китфи рост мегузарад, дилбехузури, кай, норохати хангоми дароз кашидан ба пахлуи чап (одатан, мариз ба пахлуи рост зонувонашро ба шикам чафс карда мехобад) шикоят мекунанд. Пуст хокранг, андаке зардча мешавад. Хангоми палмосидан ё ангушт задан, беморон дар мавзеи чигар дарди сахт хис мекунанд. Табу табларза пайдо мешавад; билирубини таркиби хун зиёд аст.
Д. ч.-ро бо рохи тадкики рентгенологи, ангиографияи чигар, нусхагирии ултрасадои ташхис мекунанд. Бемори бо чаррохи табобат карда мешавад. Фарчоми Д. ч. чидди аст.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …