Главная / Илм / ДУМБАЛИ ҶИГАР

ДУМБАЛИ ҶИГАР

dumbali-chigarДУМБАЛИ ҶИГАР, иллатест, ки дар натиҷаи аз манбаи илтиҳоби дигар узвҳо ба ҷигар роҳ ёфтани сироят пайдо мешавад. Сабаби нисбатан асосии он исҳоли хунин, амёбиаз, аппендитсити шадиди римнок, бемории санги талха, панкреатит, колити номахсус ва ғ. мебошанд.
Аломатҳои Д. ҷ. гуногун буда, дар ҳолатҳои муқаррарӣ беморон аз дарди ноҳияи ҷигар, ки ба шона ва китфи рост мегузарад, дилбеҳузурӣ, қай, нороҳатӣ ҳангоми дароз кашидан ба паҳлӯи чап (одатан, мариз ба паҳлӯи рост зонувонашро ба шикам ҷафс карда мехобад) шикоят мекунанд. Пӯст хокранг, андаке зардча мешавад. Ҳангоми палмосидан ё ангушт задан, беморон дар мавзеи ҷигар дарди сахт ҳис мекунанд. Табу табларза пайдо мешавад; билирубини таркиби хун зиёд аст.
Д. ҷ.-ро бо роҳи тадқиқи рентгенологӣ, ангиографияи ҷигар, нусхагирии ултрасадоӣ ташхис мекунанд. Беморӣ бо ҷарроҳӣ табобат карда мешавад. Фарҷоми Д. ҷ. ҷиддӣ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …