Главная / Илм / ДИАТЕЗИ ХУНРЕЗ

ДИАТЕЗИ ХУНРЕЗ

diatezДИАТЕЗИ ХУНРЕЗ (Diathesis haemorrhagia), диатези геморраги, як гурухи беморихост, ки аломати асосии онхо хунравии аз эътидол зиёд (дар натичаи кафидани раги хун дар зери пуст, чавфи бандхо, хуншори аз бини, милки дандонхо, бачадон, гурдахо, таровидани давомноки хун аз чарохат, баъд аз кандани дандон ва г.) мебошад. Кафидани раги хун ва хунрави бинобар вайрон шудани чараёни лахтабандии хун ва кобилияти нуфузпазирии девораи раг ба амал меояд.
Д. х. ирси (модарзоди) ва гайриирси (гайримодарзоди) мешавад. Д. х.-и ирси дар овони бачаги зухур меёбад. Д. х.-и гайриирси бошад, дар давоми хаёт, дар натичаи ба узвхои хунофар таъсир расонидани беморихои дигар пайдо мешавад. Аз истеъмоли баъзе дорухое, ки хосияти лахтабандии хунро суст мекунанд, хунрави низ афзун мегардад. Ба гайр аз антикоагулянтхо – дорухое, ки махсус барои кам кардани лахтабандии хун таъин мекунанд, боз чанд дорухои диг. (табшикан, рафъи дард, мас., кислотаи атсетилсалитсилат) ба ин гуна хусусият сохибанд. Дар организм норасоии витаминхо (алалхусус витамини С ва Р), ки дар натичаи кам истеъмол кардани сабзавоту меваи тару тоза ё риоя накардани коидахои пухту паз ба вучуд меояд, боиси хунравии зиёд мегардад. Сабаби хунравиро танхо духтур дар рафти пурсучую муоинаи бодиккати бемор муайян мекунад. Табобати мураттаби Д. х.-ро низ духтур мегузаронад. Дар баъзе холатхо чаррохи (мас., бурида гирифтани испурч) ногузир аст.
Хангоми хунравии ногахон фавран ба духтур мурочиат кардан ва ё мошини ёрии таъчилиро даъват намудан зарур аст. То омадани духтур (бештар дар вакти хунравии бини) бемор бояд бистари шавад ва сар каме боло бошад; пилтаи пахтаги ё докагиро ба махлули 3%-и пероксиди гидроген тар карда, ба ковокии бини дохил мекунанд, ба болои бини ях мегузоранд. Дар ин холат ба бемор додани доруи антикоагулянт катъиян манъ аст.
Хунравиеро, ки аз норасоии витаминхо ба вучуд меояд, бо рохи истеъмоли хурокхои сергизо ва сервитамин, инчунин дуруст тайёр кардани таом пешгири кардан мумкин аст. Азбаски дар таркиби картошка витамини С бисёр аст, онро бо пусташ дар об пухтан хуб мебуд (витамин тез вайрон намешавад). Витамини С дар себ, коти сиёх, настаран, пиёзи сабз, коху, шилха, сузанбарг ва барги ток низ бисёр аст. Ярмаи марчумак ва растанихои ситруси дорои микдори кофии рутин мебошанд. Аснои дар хуроквори кам будани витамини С ва Р (рутин) курсхои тайёри онхоро аз дорухона харидан мумкин аст. Тадбирхои пешгири бояд бо маслихати духтур гузаронида шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …