Главная / Илм / ДИАТЕЗИ ХУНРЕЗ

ДИАТЕЗИ ХУНРЕЗ

diatezДИАТЕЗИ ХУНРЕЗ (Diathesis haemorrhagia), диатези геморрагӣ, як гурӯҳи бемориҳост, ки аломати асосии онҳо хунравии аз эътидол зиёд (дар натиҷаи кафидани раги хун дар зери пӯст, ҷавфи бандҳо, хуншорӣ аз бинӣ, милки дандонҳо, бачадон, гурдаҳо, таровидани давомноки хун аз ҷароҳат, баъд аз кандани дандон ва ғ.) мебошад. Кафидани раги хун ва хунравӣ бинобар вайрон шудани ҷараёни лахтабандии хун ва қобилияти нуфузпазирии девораи раг ба амал меояд.
Д. х. ирсӣ (модарзодӣ) ва ғайриирсӣ (ғайримодарзодӣ) мешавад. Д. х.-и ирсӣ дар овони бачагӣ зуҳур меёбад. Д. х.-и ғайриирсӣ бошад, дар давоми ҳаёт, дар натиҷаи ба узвҳои хунофар таъсир расонидани бемориҳои дигар пайдо мешавад. Аз истеъмоли баъзе доруҳое, ки хосияти лахтабандии хунро суст мекунанд, хунравӣ низ афзун мегардад. Ба ғайр аз антикоагулянтҳо – доруҳое, ки махсус барои кам кардани лахтабандии хун таъин мекунанд, боз чанд доруҳои диг. (табшикан, рафъи дард, мас., кислотаи атсетилсалитсилат) ба ин гуна хусусият соҳибанд. Дар организм норасоии витаминҳо (алалхусус витамини С ва Р), ки дар натиҷаи кам истеъмол кардани сабзавоту меваи тару тоза ё риоя накардани қоидаҳои пухту паз ба вуҷуд меояд, боиси хунравии зиёд мегардад. Сабаби хунравиро танҳо духтур дар рафти пурсуҷӯю муоинаи бодиққати бемор муайян мекунад. Табобати мураттаби Д. х.-ро низ духтур мегузаронад. Дар баъзе ҳолатҳо ҷарроҳӣ (мас., бурида гирифтани испурч) ногузир аст.
Ҳангоми хунравии ногаҳон фавран ба духтур муроҷиат кардан ва ё мошини ёрии таъҷилиро даъват намудан зарур аст. То омадани духтур (бештар дар вақти хунравии бинӣ) бемор бояд бистарӣ шавад ва сар каме боло бошад; пилтаи пахтагӣ ё докагиро ба маҳлули 3%-и пероксиди гидроген тар карда, ба ковокии бинӣ дохил мекунанд, ба болои бинӣ ях мегузоранд. Дар ин ҳолат ба бемор додани доруи антикоагулянт қатъиян манъ аст.
Хунравиеро, ки аз норасоии витаминҳо ба вуҷуд меояд, бо роҳи истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва сервитамин, инчунин дуруст тайёр кардани таом пешгирӣ кардан мумкин аст. Азбаски дар таркиби картошка витамини С бисёр аст, онро бо пӯсташ дар об пухтан хуб мебуд (витамин тез вайрон намешавад). Витамини С дар себ, қоти сиёҳ, настаран, пиёзи сабз, коҳу, шилха, сӯзанбарг ва барги ток низ бисёр аст. Ярмаи марҷумак ва растаниҳои ситрусӣ дорои миқдори кофии рутин мебошанд. Аснои дар хӯрокворӣ кам будани витамини С ва Р (рутин) қурсҳои тайёри онҳоро аз дорухона харидан мумкин аст. Тадбирҳои пешгирӣ бояд бо маслиҳати духтур гузаронида шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …