Главная / Илм / ДИАБЕТИ БЕКАНД

ДИАБЕТИ БЕКАНД

diabeti-bekandДИАБЕТИ БЕКАНД (Diabetes insipidus), серпешобии беканд, бемориест, ки хангоми он мариз бисёр ташна монда, аз хад зиёд пешоб мекунад. Дар хун кохиш ёфтани микдори гормони вазопрессин, ки ба ихрочи барзиёди моеъ аз организм монеъ мешавад, боиси ба вучуд омадани Д. б. мегардад. Сабаби Д. б. беморихои сирояти (грипп махмалак сил, сифилис ва г.), осеби магзу косахонаи сар, омоси гипоталамус ва гипофиз аст. Он метавонад бемории ирси низ бошад. Бемори гирифтори Д. б. ба микдори зиёд об нушида, дар як шаборуз аз 4 то 12 л, баъзе шахсон то 30 – 40 л пешоб хорич мекунанд. Бар хилофи диабети канди пешоби беморони Д. б. канд надорад (вазни хосаш хам кам аст). Дар натичаи камоб шудани организм ва талафи намак пусту луобпардахо хушк, бемор логар, бекувват мешавад. Маризи чараёни бардавом мегирад, аммо ба хаёти бемор хавф надорад. Д. б.-ро духтур бо дорухои гормони табобат мекунанд. Агар ба табобат саривакт шуруъ намоянд, аксари беморон пурра шифо меёбанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …