Главная / Илм / ДЕНГЕ

ДЕНГЕ

dengeДЕНГЕ (Dengue), як навъ бемории сирояти. Дар ду шакл чараён мегирад: табларзаи мукаррари ва табларзаи хунрез. Д. дар баъзе мамлакатхои Америка, Африка, Осиёи Чан. ва Чан. Шарки, Юнон. Испания ва г. дучор меояд. Ангезандаи бемори вирус аст. Онро дар хуни мариз дар ох. давраи нихони ва 3 – 5 рузи баъди падид омадани аломатхои аввалини бемори ошкор мекунанд. Манбаи ангезандахо одами бемор ва маймунхо мебошанд. Ангезандахои Д.-ро хомушакхои чинси Aëdes интикол медиханд.
Давраи нихонии Д.-и мукаррари 3 – 15 руз аст. Бемори якбора огоз меёбад: табларза, харор. баланд (то 41°), дарди сар ва мушакхои тахтапушту рон, сутунмухраю бандхо; харакат халалдор мешавад. Баъди 3 – 4 руз тасф паст гашта, бемор араки бисёр мекунад. Пас аз 1 – 4 руз харор. боз баланд мешавад, дар пуст доначахо медаманд.
Хангоми табларзаи хунрези Д. давраи нихони 4 – 10 руз идома меёбад. Бемори ногахон бо табу тасф, кай, дарди шикам пайдо шуда, аз бини, шуш ва меъдаю руда хун меравад, дар пуст хасба медамад. Бисёр вакт рузи 3 – 7-уми маризи шок рух менамояд.
Д.-ро дар беморхона табобат мекунанд. Фарчоми маризи хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …