Главная / Биология / ДАВРАИ ИНКИШОФИ ЧАНИНИ

ДАВРАИ ИНКИШОФИ ЧАНИНИ

Аксарияти хайвоноти серхучайра катъи назар аз мураккабии сохт, зинаи инкишофи чанинро аз сар мегузаронанд. Давраи чанини ба се мархила чудо мешавад: таксимшави (порашави) гаструлятсия ва органогенез (инкишофи узвхо).

Инкишофи организм аз давраи якхучайраги огоз меёбад. Тухми бордор – чанин – зигота, ки организм дар он вакт дар мархилаи аввали давраи инкишоф аст, дар натичаи пайи хам таксим шудани организми якхучайра ба организми сер хучайра табдил меёбад. Ядрои зиготае, ки баъди бордори бинобар омехта шудани нутфа ва хучайратухм пайдо мегардад, баъд аз чанд дикика ба таксимшави шуруъ мекунад ва хамрохи вай ситоплазма низ таксим мешавад. Хучайрахои пайдошуда аз хучайрахои организми калон фарк мекунанд ва онхоро бластомерхо (аз юнонии blastos – чанин, meros – кисм) меноманд.

janin

Дар вакти таксим шудан хачми бластомерхо калон намешавад, барои хамин хамчунин раванди таксимшавиро порашави меноманд. Чои ситоплазмаи катшуда, ки дар натичаи таксимшави ба ду кисм чудо мешавад, чуяки порашави ном гирифтааст.

Дар мисоли нештаршаклон порашавии яке аз намояндагони одитарини хайвоноти хордадорро дида мебароем (расми 7.1). Чуяки якуми порашави, ки дар хамвории меридиани, чойгир буда, ду кутбро бо хам пайвастааст, зиготаро ба ду хучайраи якхела таксим мекунад. Инро зинаи дубластомераги меноманд.

Чуяки дуюмин низ меридиани буда, нисбат ба чуяки якум ба таври перпендикуляр чойгир аст ва харду бластомерхои таксимшударо аз дигар таксим карда, чор бластомери ба хам монанд пайдо мешаванд.

Чуяки дигар, яъне порашавии сеюмин ба таври арзи сурат мегирад. Он аз хати маркази болотар чойгир буда, хар чор бластомерахоро таксим ва хашт хучайра хосил мекунад. Сипас, гуруххои таксимшаванда паи хам ба фаъолият огоз карда, якдигарро иваз менамоянд. Бо зиёд шудани микдори хучайрахо, таксимшавии онхо аз хамдигар фарк мекунанд. Хамин тавр, бластомерахо тадричан аз маркази чанин дур шуда чавф (ковоки) ба вучуд меоранд. Дар охири давраи порашави чанин шакли хубобчахоро гирифта, кабати хучайрахои болои кабати дуюм хобидаро ташкил медиханд.

Чавфи чанин ба мухити беруни робита дошта, бо сурохихои байни бластомерахо мегузарад. Вале дар натичаи чойгиршавии зичи бластомерахо робитаи чавф бо мухити беруни махдуд мегардад. Ин чавфро чавфи якуми чисм ё блас тосела меноманд.

Порашави бо пайдо шудани чанини яккабатаи серхучайра, ки онро, бластула меноманд, ба охир мерасад. Дар хучайратухми курбокка зарди нисбат ба хучайрахои нештарак (лансетник) бештар буда, асосан дар кутбхо чойгир шудааст ва ба тарзи таксимшавии он таъсир мерасонад.

Таксимшавии хучайратухм дар курбокка пурра ва нобаробар мегузарад. Ду чуяки аввали меридиани тухмро ба чор бластомераи якхела таксим мекунад. Чуяки сеюмини арзи бошад, дар чониби кутби гайринашви, ки дар он чо зарди кам аст, чойгир шудаст. Дар натича бластомерахои пайдо шуда, ба андозаи худ аз хамдигар фарк мекунанд (расми 7.1).

Дар мавриди дуру дароз таксим шудани хучайра хучайратухмхое, ки зардии кам доранд, хачман хурд мешаванд. Дар хазандагон раванди порашави бо пайдо шудани бластула, ки аз бластулахои нештаршаклхо фарк мекунад, хотима меёбад. Девораи бластулахои обхокихо низ яккабата буда, онро бластодерма меноманд. Вай аз чанд кабат хучайрахои махсус иборат аст. Чавфи аввалини чисм хурд буда, ба чониби кутбе, ки хучайрахояш зардии кам доранд, аниктараш ба кутби гайринашви майл мекунад.

Дар хучайратухми паррандагон порашави бо тарзи дигар мегузарад (расми 7.1). Ситоплазмаи озод, ки аз зарди чудост хамаги 1% хачми умумии хучайратухми мургро ташкил медихад. Агар ба тухми мург назар кунем, дар як кутби  он, ки зарди чой дорад догеро мебинем. Бластула ё лаъличаи чанин, ки дар натичаи порашавии кисми ситоплазмаи аз зарди чудо пайдо шудааст, дорои ядро мебошад. Дар неш таршаклхо, обхокихо, паррандагон, хамчунин дар хайвоноти дигар андозаи бластомерахо дар зинаи бластулахо бо андозаи зигота баробар аст. Ба ибораи дигар, дар таксимшавии митозии зигота ва бластомерахо хучайрахои духтари инкишоф намеёбанд, андозаи онхо то ба андозаи хучайрахои модари намерасад ва хачми бластомерахо дар натичаи таксимшавии мутассил хурд мегардад.

Чунин хусусияти таксимшавии митозии бластомерахо дар инкишофи тухми бордоршудаи хамаи хайвонот ба мушохида мерасад. Порашави дорои хосиятхои дигар низ мебошад. Масалан, хамаи хучайрахои бластулаги дастаи хромосомахои диплоиди ва сохти якхела дошта, аз хамдигар ба микдори зарди фарк мекунанд. Ин гуна хучайрахоро, ки аломатхои махсус надошта, барои ичрои ягон вазифаи муайян мутобик нашудаанд, хучайрахои номахсус меноманд. Хосияти дигари порашавии бластамерахо кутох будани сикли митозии онхо нисбат ба хучайрахои организми калон мебошад. Дар онхо давраи интерфаза камтар давом карда, факат дучандшавии КДН ба амал меояд.

Яке аз чихатхои мухими порашави омехта нагардидани ситоплазмаи зигота мебошад. Хамаи ин тафоввутхое, ки дар сохтори ситоплазмаи тухм дида мешавад, асоси тафрика шудани хучайрахо буда, дар натичаи он аз хучайрахои гуногуни бластамерахо ин ё он узву бофтахо пайдо мешаванд.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …