Главная / Илм / ДАВРАХОИ СИННУ СОЛИ КуДАКОН

ДАВРАХОИ СИННУ СОЛИ КуДАКОН

davrahoi-sinnu-soli-kudakonДАВРАХОИ СИННУ СОЛИ КуДАКОН, даврахои сабзишу инкишофи хамл ва кудак буда, дар рафти онхо узву системахои организм тадричан ташаккул ёфта, ба организми болиг мубаддал мешаванд. Инкишофи организми кудак аз ду давраи асоси иборат аст: батни ва хоричибатни. Давраи батни муддатест аз лахзаи бордор шудан то таваллуди кудак; давомоти он 9 мох (40 хафта) аст. Он ба зинаи инкишофи чанини (то мохи 3 – юми хомилаги) ва зинаи инкишофи машимави (аз мохи 3-юм то 9-уми хомилаги) чудо мешавад. Мархалаи хоричибатни, ки аз лахзаи таваллуди кудак огоз меёбад, ба 6 давра чудо мешавад. Ба хар кадоми ин даврахо дарачаи мувофики инкишофи организми кудак, сина маконидан, гизо додан ва нигохубин хос аст: 1) давраи навзоди – аз лахзаи таваллуд то афтидани бакияи ноф ва шифои захми он, 3 – 4 хафта давом мекунад (ниг. Кудаки ширмак); 2) давраи синамаки – аз хафтаи 4-ум то 1-солаги; 3) давраи пеш аз томактаби – аз 1 то 3-солаги (ниг. Синни ясли); 4) давраи томактаби – аз 3 то 7-солаги (ниг. Синни томактаби); 5) синни хурди мактаби – аз 7 то 12-солаги (ниг. Синни мактаби); 6) синни калони мактаби ё синни навраси, давраи балогати чинси – аз 12 то 18-солаги.
Бо мурури замон таносуби тани кудак дигаргун мешавад. Кисмхои чудогонаи организми у як хел таракки намекунанд, бинобар ин таносуби байни узвхо тагйир меёбад. Мас., дар тамоми муддати инкишоф дарозии пой такрибан 5 маротиба, дарозии даст 4 маротиба, тан 3 маротиба, баландии сар бошад, факат 2 маротиба зиёд мешавад.
Хар давра хусусияти муайяни анатомию физиологи (барои хамон синну сол мувофик) ва мутобикат ба шароити мухити зистро дорад. Донистани ин хусусиятхо барои нигохубин, гизо додан ва тарбияи кудак лозим мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …