Главная / Гуногун / ДАВОИ ДАРДИ ИШК

ДАВОИ ДАРДИ ИШК

Чавоне сахт бемор мешавад. Ягон табиб уро сихат карда наметавонад. Абуалиро меоранд. У мефармояд, ки:

– Мардеро биёред, ки номи хамаи дехахои гирду атрофро донад.

Он мардро меоранд. Абуали набзи беморро медораду ба он мард мефармояд, ки номи хамаи дехахоро якто – якто номбар кунад.

fdcb2a18f1bc       Мард дехахоро якто – якто номбар  мекунад ва дар вакти ном бурдани яке аз дехахо набзи бемор аз мукаррариаш тезтар мезанад.

Абуали мегуяд, ки:

– Акнун шахсеро биёред, ки тамоми хонахои он дех ва сохибонашро  якто-якто номбар  кунад.

Чунин шахсеро хам меоранд ва Абуали боз  набзи чавонро дошта, он мардро мефармояд, ки сохибони хонахои он дехро номбар кардан  гирад. Хини номбар кардани  яке аз хонахои дех бемор бехуш мешавад.

Абуали мегуяд:

-Сохиби он хавли духтаре дорад. Он духтарро ин чавон  дуст  медорад, онхоро зуд никох бандед.

Онхоро никох мебанданд. Хамин тавр он чавон аз марг начот меёбад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …