Главная / Чамъият / Чудо кардани парвандахои хукуквайронкунии маъмури ё мавод

Чудо кардани парвандахои хукуквайронкунии маъмури ё мавод

Моддаи 147-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Чудо кардани парвандахои хукуквайронкунии маъмури ё мавод 

  1. Судя ва макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) дар чараёни пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури хукук доранд дар холатхои зарури кисми онро нисбат ба шахсони зерин, ки  хукуквайронкунии маъмури содир кардаанд, ба пешбурди алохида чудо кунанд:

– шахсе, ки махалли зисташ номаълум аст;

– шахсе, ки ба бемории вазнин гирифтор аст;

– ноболиг, ки дар як парвандаи хукуквайронкунии маъмури якчоя бо шахси болиг ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.

  1. Чудо кардани парванда ба шарте мумкин аст, ки он ба баррасии хамачониба ва холисонаи парвандаи тахти пешбурд карордошта таъсир нарасонад. Аз парвандаи хукуквайронкунии маъмури маводе, ки барои огоз кардан ва тафтиши парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар бораи хукуквайронкунии ошкоршуда зарур мебошад, мумкин аст чудо карда шавад.
  2. Чудо кардани парванда ё мавод бо карори суд ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) анчом дода мешавад. Ба парвандаи чудокардашуда бояд маводи зарури дар шакли асл ё нусхаи он замима гардад. 
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос Ох, ин хат хати як чононест, Ёфтам ногахаш аз байни …