Главная / Ҷамъият / Ҷудо кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё мавод

Ҷудо кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё мавод

Моддаи 147-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҷудо кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё мавод 

  1. Судя ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) дар ҷараёни пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зарурӣ қисми онро нисбат ба шахсони зерин, ки  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ба пешбурди алоҳида ҷудо кунанд:

– шахсе, ки маҳалли зисташ номаълум аст;

– шахсе, ки ба бемории вазнин гирифтор аст;

– ноболиғ, ки дар як парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ якҷоя бо шахси болиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

  1. Ҷудо кардани парванда ба шарте мумкин аст, ки он ба баррасии ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаи таҳти пешбурд қарордошта таъсир нарасонад. Аз парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводе, ки барои оғоз кардан ва тафтиши парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии ошкоршуда зарур мебошад, мумкин аст ҷудо карда шавад.
  2. Ҷудо кардани парванда ё мавод бо қарори суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) анҷом дода мешавад. Ба парвандаи ҷудокардашуда бояд маводи зарурӣ дар шакли асл ё нусхаи он замима гардад. 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …