Главная / Илм / Чокула

Чокула

choqula-660x330Чокула — ин ду навъ аст: сиёх ва зард. Ранги гули навъи сиёхи он бунафш аст, бинобар тирагии ранги гулаш чокулаи сиёх ё сиёхандиз меноманд. Ранги гули навъи дуюмаш зард аст, бинобар хамин чокулаи зард ва зардандиз меноманд. Баргхояш сербар ва хеле дароз: Хангоми нашъунамои ин растани ба даруни чангалаш дароянд, гуё чун дар беша бошад, нопадид мегарданд. Ин растанихои хурданист. Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Ба кавли баъзехо дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: решаи чокулаи сиёхро дар об чушонида, он обро бихуранд, куввати тарёки дорад; дил, сари меъда, хозима (меъда, чигар, рудахо, сипурз), бох ва хичакро кувват мебахшад; молихулиёи пардаи шиками, хавф, тарсончаки ва хузнро, ки бо иштироки меъда бошанд, дафъ мекунад; гирехи чигар ва сипурзро мекушояд; агар куфта гузошта банданд, бод ва боднокшавиро пароканда мекунад ва тахлил медихад; дардхои чигар, бугумхо, пушт, никрис (подагра) ва иркуннасоро, ки хама аз сарди бошанд, таскин медихад; инчунин онро дар об чуш дода, он обро бинушанд, беморихои тари хунукмизочро дафъ месозад; чакмезакро, ки аз чамъ шудани моддахои тармизоч бошад, ба ибро меоварад; дар холати хоб ба чогах шошиданро ислох мекунад, хайзи бандшударо мекушояд.

Чокулаи сиёхро дар об чушонида, он обро бо шароб даромехта, ба чойи матлуб кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди нимсар, беморихои сарди тари майна ва варамхои гуногуни онро дафъ мекунад.   3,5 грамм решаи хушкашро куфта, бо асал сиришта, лесида бихуранд, барои сурфа, дамкутахи ва душвории нафас дору мешавад ва узвхои даруни синаро аз балгам ва рутубатхо пок мегардонад.

choqula-2-300x225Агар чокуларо дар об чушонида, он обро бо шароб бинушанд, захрхои хунукмизочи чонваронро аз бадан дафъ мекунад. Оберо, кн дар он решаи чокулаи сиёх чушонида шуда бошад, нимгарм дар гуш чаконанд, чарангхои гуногуни даруни онро дафъ мекунад. Ва агар инро сухта, дудашро ба воситаи найча дар дахан бикашанд, кирми дандонро мерезонад ва агар занхо зери ноф ва миёни пойхои худро ба дуди ин бидоранд, хайзи бастаро кушода мегардонад.

Инро дар шароб чушонида гузошта банданд, дарди нимсар, саръ (припадка) ва беморихои балгамиро шифо мебахшад, иркуннасо ва дигар дардхои аз сарди баамаломадаро дур месозад. Баргашро дар об чушонида, он обро истеъмол намоянд, дар хислати давоги монанди он обест, ки решаи он чушонида шудааст. Баргашро куфта гузошта банданд, мушакхои дарида ва чокшударо ба хам мечаспонад ва варамхоро тахлил медихад.

Чокулаи сиёх хангоми ба дарун истеъмол кардан ба одамони гарммизоч зарар дорад, дарди сар мекунад; агар бисёр бихуранд, хунро мурдор ва вайрон мекунад, маниро месузонад, пушти камарро катъ месозад. Дар ин маврид сирко, шарбатхои мевахои турш бинушанд ва анори турш бимаканд, ислохи зарар менамояд. Микдори як бор хурдан дар як руз аз решаи чокулаи сиёх то 7 грамм аст. Ба чойи ин решаи савсани кухиро истеъмол намоянд, равост.

Ба кавли як катор одамон, чун як адад тухми онро фуру баранд, зуд омадани маниро хангоми чимоъ, ислох мекунад. Агар тухмашро сухта, дудашро ба дандон бигиранд, кирми онро мерезонад. Ва агар тухмашро куфта, бо об хамир сохта бимоланд, ранги рухсораро неку месозад; бо асал хамир карда гузошта банданд, догхои гуногуни пустро дафъ мекунад. Решаи чокулаи зардро бихуранд, дардероки аз газидани чонварони захрнок ба амал омада бошад, хамон дам дафъ мекунад. Ба кавли як катор донишмандон, агар кордро аз оби ин об диханд, ба хар чонваре, ки он бихалад, зуд халок мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …