Главная / Чамъият / Чавонон ва сиёсати давлатии чавонон

Чавонон ва сиёсати давлатии чавонон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон

Мачлиси намояндагон 9-уми июни соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 8-уми июли соли 2004 чонибдори намудааст

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, № 7, мод. 459; с. 2011, № 6, мод. 429;

Конуни ЧТ аз 27.11.2014 с., № 1161)

yosuman_kholovaКонуни мазкур асосхои ташкили, хукуки, ичтимоию иктисодии тарбия, ташаккул ва камолоти чавононро мукаррар намуда, принсипхо ва тадбирхои татбики сиёсати давлатро дар сохаи истифодаи пурсамари неруи зехни ва маънавии онхо, ки ба манфиати чамъият равона мешавад, муайян мекунад. (КЧТ аз 28.06.11г., №716)

Боби 1

Мукаррароти умумИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода мешаванд:

чавонон гурухи ичтимоию демографи, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад;

иттиходи чамъиятии чавонон ташкилоти ихтиёри буда, бо ташаббуси чавонон, ки дар асоси умумияти манфиат барои халли максаду вазифахои ягона ва хифзи ичтимои муттахид мегарданд, таъсис дода мешавад;

оилаи чавон – оилае, ки дар он зану шавхар ё яке аз онхо ба синни 30-солаги нарасидаанд, инчунин падару модароне, ки дар синни то 30-солаги кудакони ноболиг доранд;

муассисаи (хадамоти) ичтимоии чавонон – шахси хукуки, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва моликият, ки чавононро дастгири намуда, ба онхо хизмати ичтимоию хукуки, маиши, тибби, психологию омузиши, кумаки моддию молияви мерасонад, мутобикат ва тавонбахшии ичтимоию психологии онхоро таъмин мекунад. Ба сохтори муассисахои ичтимоии чавонон инчунин сохибкорони инфироди, ки ба хизматрасонии чавонон машгул мебошанд, дохил мешаванд; (КЧТ аз 28.06.11г., №716)

вохидхои зерсохтории чавононмачмуи омилхои (бинохо, иморатхо, иншоот, тачхизот) барои фаъолияти чавонон зарур ва муассисахое, ки хифзи саломати, таълиму тарбия, инкишофи чисмони, туризм, шугл ва дигар талаботи ичтимоии онхоро таъмин менамоянд;

сиёсати давлатии чавонон– системаи ягонаи тадбирхои ичтимоию иктисоди, ташкили, хукуки ва тарбияви мебошад, ки аз чониби макомоти хокимияти давлати, ташкилоту муассисахо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва моликият, иттиходияхои чамъиятии чавонон ва шахрвандон, бо максади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти чавонон, хифзи хукук ва истифодаи пурсамари иктидори онхо ба манфиати чамъият тахия ва татбик мегардад.

 

Моддаи 2. Конунгузори дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат аст. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

 

Моддаи 3. Максад ва принсипхои сиёсати давлатии чавонон

 

Максади сиёсати давлатии чавонон аз инхо иборат аст:

-мусоидат ба инкишофи маънави, фарханги, ичтимоию чисмонии чавонон;

-хифзи хукук ва манфиатхои чавонон;

-мухайё сохтани шароит барои мустакилона ва бо хисси масъулият ширкат кардани чавонон дар хаёти чамъияти, иктисоди ва сиёсии кишвар; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

-дастгирии модди, молияви ва ичтимоии чавонон, инчунин ташаббусхои ахамияти ичтимоидоштаи онхо. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Сиёсати давлатии чавонон ба принсипхои зерин асос меёбад:

– конуният;

–  интихоби самтхои афзалиятноки рушди сиёсати давлатии чавонон;

–  бахисобгирии манфиатхои гуруххои гуногуни наврасон ва чавонон, аз чумла чавонони имкониятхои чисмони ва рухиашон махдуд; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-баробарии хукукхои конунии чавонон ва гуруххои дигари ахоли;

-имкониятхои васеи чавонон барои интихоби рохи хаёт;

-хукуки баробари чавонон ба дастгирии давлати;

-нигохдорию хифзи саломатии чисмони ва рушди маънавии чавонон, ташаккули хисси ватандусти ва шахрвандии онхо;

-мухайё сохтани шароити мусоид барои истифодаи хукукхои ичтимоию иктисоди, сиёси ва шахси;

-иштироки бевоситаи чавонон дар раванди ташаккулу татбики сиёсат ва барномахое, ки ба онхо тааллук доранд;

– асоснокии илми, комплекси ва муттасили сиёсати давлатии чавонон ва татбики он. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

 

Моддаи 4. Самтхои асосии татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Сиёсати давлатии чавонон дар Чумхурии Точикистон дарсамтхои зерин ба амал бароварда мешавад: (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-риояи хукуки чавонон ва таъмини он;

– мусоидат ба фаъолияти иктисоди ва сохибкории чавонон, ташаккули фондхои дастгирии ичтимои ва сохибкории чавонон; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

-дастгирии давлатии оилахои чавон;

-дастгирии давлатии чавонони сохибистеъдод; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-кумаки моддию молияви ба чавонон ва хизматрасонии ичтимоии онхо;

-мусоидат ба халли масъалаи манзил ва бехтар кардани шароити зиндагии чавонон;

– тарбияи чавонон, аз чумла тарбия дар рухияи худшиносии миллй, ватандустй, эхтиром ба рамзхои давлатй, масъулияти шахрвандй, таъмини иштироки онхо дар рушди фархднги.миллй ва забони давлатй; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-кафолати тахсили ройгони чавонон дар муассисахои тахсилоти умумии асоси ва махсуси давлати;

-кафолати таъминоти шахсони ятиму бепарастор, бо чои кор таъмин кардани онхо;

-дастгирии давлатии тахсили чавонон дар муассисахои тахсилоти миёнаи умуми ва тахсилоти касби;

-мусоидат ба шугли мутахассисони чавон;

-таъмини кафолати хукуки чавонон ба мехнат, интихоби касбу кор ва химояи ичтимои;

-мусоидат ба хамкории байналмилалии чавонон;

-дастгирии фаъолияти иттиходияхои чамъиятии чавонон;

– таъмини иштироки чавонон дар рушди чомеа ва халли масъалахои ичтимои, иктисоди, сиёси ва фарханги; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

– ташкили фарогат ва истирохати чавонон; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

ташаккули фаъолияти волонтёрии чавонон, мусоидат ба фаъолнокии чавонон дар бехдошти вазъи ичтимои ва дастгирии давлатии онхо; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

пешгирии ходисахои номатлуби ичтимои, нашъамандй, майзадагй,экстремизм ва терроризм дар байни чавонон;

– ба хаёти чомеа фаъолона чалб кардани чавононе, ки дар холатхои душвори зиндаги карор доранд.(КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Асоси татбики сиёсати давлатии чавононро барномахои давлатии чавонон ташкил медиханд, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо назардошти самтхои асосии сиёсати давлатии чавонон тасдик карда мешаванд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

 

Моддаи 5. Асосхои илми ва таъминоти иттилоотии сиёсати давлатии чавонон

 

Сиёсати давлатии чавонон дар асоси комёбихои илму техника ва бо назардошти анъанахои милли ва умумибашари тахия ва тасдик мегардад.(КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Макомоти ичроияи хокимияти давлати якчоя бо Академияи илмхои чумхури, дигар муассисахои илмию тадкикоти, аз чумла сохави, дар хамкори бо иттиходияхои чамъияти ва шурохои чавонон тадкикоти илмиро дар сохаи сиёсати давлатии чавонон ташкил менамоянд ё ба ичрои чунин тадкикот мусоидат мекунанд.

Тадкикоти илми дар сохаи сиёсати давлатии чавонон дар барномахои максадноки давлати, минтакави ва махаллии дахлдор, ки дар асоси натичахои тадкикоти марбута тахия мегарданд, ба накша гирифта ва амали гардонида мешаванд.

Дар асоси натичахои тадкикоти илми оид ба вазъи фаъолияту рузгори чавонон дар Чумхурии Точикистон гузориш тахия гардида, ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад. Макомоти ичроияи хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи салохияти худ гузориши мазкурро барраси намуда, карорхои дахлдор кабул мекунанд.

Давлат барои таъмини хизматрасонии иттилоотии чавонон система ва марказхои иттилоот, шабакаи  васеи муассисахои фархангию маърифати,аз чумла технологияхои муосири иттилооти, воситахои ахбори умум ва нашрияви ташкил карда, фаъолияти онхоро ба татбики сиёсати давлатии чавонон равона мекунад.

Дастгирии давлатии ташкилоту муассисахои мазкур, ки хизматрасонии иттилоотии чавононро таъмин мекунанд, дар асоси озмун ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот вазифадоранд чавонон ва иттиходияхои чамъиятии онхоро аз тадбирхое, ки дар сохаи сиёсати давлатии чавонон амали гардонда мешаванд, огох намоянд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

 

Моддаи 6. Вазифахои конунгузори дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон

 

Вазифахои конунгузори дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон аз инхо иборатанд:

-ташаккули асосхои хукукии кафолати хукукхои конститутсионии чавонон, татбики амалии сиёсати давлатии чавонон;

-мухайё сохтани шароити мусоид барои тарбия, ташаккул ва камолоти чавонон, фаъолияти пурсамари иттиходияхои чамъияти ва шурохои чавонон, хамохангсозии фаъолияти онхо бо дигар сохторхои хаёти чамъияти;

-мукаррар намудани салохият, хукук, вазифа ва масъулияти макомоти хокимияти давлати, ташкилоту муассисахо, иттиходияхои чамъияти ва шурохои чавонон, шахсони вокеи ва хукуки дар сохаи тарбия, ташаккул ва камолоти чавонон, истифодаи иктидори онхо ба манфиати чамъият.

Шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи сиёсати давлатии чавонон, хамчун кисми таркибии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии чавонон, мутобики тартиби дохилидавлати, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, эътибор пайдо мекунанд.

 

Боби 2

Асосхои ташкилии татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Моддаи 7. Макомоти идоракуни дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Рохбарии давлати дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали гардонда мешавад.

Макомоти идоракуни дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон аз инхо иборатанд:

-Хукумати Чумхурии Точикистон;

– макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон;(КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-вазорату идорахои дигар, ки ба тарбия, ташаккул ва камолоти чавонон машгул мебошанд;

– макомоти  махаллии хокимияти давлатй; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-макомоти махаллии кор бо чавонон;

-иттиходияхои чамъиятии чавонон ва ташкилоту муассисахои дигар, ки ба татбики сиёсати давлатии чавонон мусоидат мекунанд.

 

Моддаи 8. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи татбики сиёсати давлатии

                     чавонон

 

Хукумати Чумхурии Точикистон:

-рохбарии самараноки татбики сиёсати давлатии чавонон, ичрои конунхо, карорхо ва фармону амрхои Президенти Чумхурии Точикистонро, ки ба сохаи мазкур мансуб мебошанд, таъмин мекунад;

-барномахои давлати ва байналмилалии чавононро тахия, барраси ва тасдик намуда, татбики ин барномахоро аз чихати илми, моддию техники ва молияви таъмин менамояд;

-самтхои афзалиятноки сиёсати давлатии чавононро муайян мекунад;

-заминаи меъёрии хукукиро дар сохаи сиёсати давлатии чавонон ва хамохангсозии хамкории байналмилали ташаккул медихад;

-низомномаи макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавононро тасдик мекунад; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-меъёр ва стандартхои камолоти чавонон, кафолати хукукии онхоро муайян мекунад;

-меъёр ва тартиби дастгирии давлатии гуруххои чавонон ва иттиходияхои чамъиятии чавононро муайян менамояд; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-системаи ягонаи маълумоти омори, таъмини иттилоотии сохаи сиёсати давлатии чавононро ташкил медихад;

-дигар фаъолиятро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

 

Моддаи 9. Салохияти макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон

 

Макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон: (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-сиёсати давлатии чавононро ба амал мебарорад;

-фаъолияти вазорату идорахо, ташкилоту муассисахо, иттиходияхои чамъияти ва шурохои чавонон, шахрвандон, дигар шахсони вокеи ва хукукиро дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон хамоханг мегардонад;

-дар бораи хамкори дар сохаи сиёсати давлатии чавонон мутобики тартиби мукарраршуда шартнома ва дигар санадхоро ба имзо мерасонад;

-фехристи иттиходияхои чамъиятии чавононро тахия намуда, дастгирии давлатии иттиходияхои мазкурро амали мегардонад:

-лоихаи барномаи давлатии чавононро тахия намуда, барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

-низомномаи макомоти давлатии кор бо чавононро тахия намуда, барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход мекунад;

-меъёрхои таъмини хукуки чавононро дар сохаи таълиму тарбия, илм, фарханг, варзиш, тандурусти, хифзи ичтимои тахия карда, барои тасдик ба макомоти болои пешниход менамояд;

-барои чавонони сохибистеъдод ва духтароне, ки аз хисоби квотаи президенти дар муассисахои давлатии тахсилоти олии касби тахсил мекунанд, стипендияи махсус мукаррар намуда, ба онхо кумаки молияви мерасонад;

-ба фаъолияти биржаи мехнатии чавонон оиди бастани шартнома бо ташкилотхои хоричи мусоидат намуда, ба мухочирони мехнати хизмати хукуки мерасонад ва онхоро аз маводи меъёрии  хукуки, иттилооти ва методи таъмин менамояд;

-якчоя бо маркази чумхуриявии интихоби касб, макомоти давлатии мехнат ва хифзи ичтимоии ахоли ва дигар макомоти марбутаи чумхуриявии шугли чавонон ба таъсиси чойхои иловагии кор, инчунин бароифаъолият дар хоричи кишвар, касбу хунаромузива забономузи мусоидат мекунад; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-оид ба дастгирии давлатии оилахои чавон тадбирхои зарури меандешад;

-истирохати тобистонаи наврасону чавононро ташкил мекунад;

-фехристи захираи кадрхои чавонро бо максади пешбарии онхо ба мансабхои сохтори хизмати давлати ва рохбарии ташкилоту муассисахои давлати тахия карда, ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

-бозомузи ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиеро, ки сиёсати давлатии чавононро амали мегардонанд, ташкил ва таъмин менамояд;

– фаъолияти вазорату идорахо, корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо, иттиходияхои чамъияти, шахсони вокеи ва хукукиро дар амали намудани фаъолияти волонтёрии чавонон хамоханг месозад; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

– оид ба дастгирии давлатии олимон ва ихтироъкорони чавон тадбирхои зарурй меандешад;(КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-дигар фаъолиятро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамояд.

 

Моддаи 10. Салохияти вазорату идорахои дигар дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Вазорату идорахои дигари Чумхурии Точикистон:

-дар доираи салохияти худ татбики сиёсати давлатии чавононро дар сохахои марбута таъмин менамоянд;

-барномахои сохавии мусоидат ба татбики сиёсати давлатии чавононро тахия, барраси ва тасдик карда, ичрои онхоро назорат ва таъмин менамоянд;

-бозомузи, такмили ихтисос ва тахсилоти иловагии чавононро дар ташкилоту муассисахои тахсилотии сохтори худ, аз чумла дар муассисахои касбомузи ва тахсилоти иловаги, ташкил ва таъмин менамоянд;(КЧТ аз 28.06.11с., №716)

-фаъолияти иттиходияхои чамъиятии чавонон, хадамоти ичтимоии чавононро дар сохторхои худ таъмин ва назорат карда, онхоро аз чихати моддию молияви ва методи дастгири менамоянд.

 

Моддаи 11. Салохияти макомоти  махаллии хокимияти давлатй дар сохаи татбики сиёсати

                       давлатии чавонон

 

Макомоти  махаллии хокимияти давлатй: (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-сиёсати давлатии чавононро дар махалхо татбик менамоянд, барномахои минтакави ва махаллии чавононро бо назардошти хусусиятхои ичтимои, фарханги, махалли, демографи ва гайра тахия намуда, амали мегардонанд;

-макомоти марбутаи давлатии кор бо чавононро ташкил ва рохбари менамоянд;

-меъёрхои махаллии маблаггузории барномахои минтакави ва махаллии чавонон ва фондхои мусоидат ба татбики сиёсати давлатии чавононро тахия ва тасдик менамоянд;

-хадамоти ичтимоии чавононро таъсис дода, фаъолияти онхоро назорат мекунанд;

-маблаггузории сохтмони махалли ва таъмини моддию техники ва молиявии объектхои ба макомоти махаллии давлатии кор бо чавонон мансубро таъмин мекунанд;

-имтиёзхои иловагиро бо максади дастгирии фаъолият ва инкишофи ичтимоии чавонон мукаррар мекунанд;

-ба макомоти худидоракунии шахрак ва дехот чихати татбики барномахои минтакави ва махаллии чавонон кумаки молияви, ташкили, методи мерасонанд; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-ба фаъолияти иттиходияхои чамъиятии чавонон ва шурохои чавонон мусоидат мекунанд;

-бозомузи ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро, ки сиёсати давлатии чавононро дар махал амали менамоянд, дар робита бо макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон ташкил ва маблаггузори менамоянд; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-дигар фаъолиятро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

 

Моддаи 12. Салохияти макомоти махаллии кор бо чавонон

 

Макомоти махаллии кор бо чавонон:

-дар доираи салохият ва вазифахои худ сиёсати давлатии чавононро татбик мекунанд;

-дар доираи имкониятхои худ оилахои бепарастормондаи иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани, маъюбон, кудакони ятиму бепарасторро сарпарасти менамоянд;

-ба таъсиси марказхое, ки тавонбахшии тиббию ичтимоии чавонони нашъамандро таъмин менамоянд, мусоидат мекунанд. (КЧТ аз 28.06.11г., №716)

– оид ба масъалахои тахсил, фаъолияти мехнати, мухочирати мехнати, шугл ва тарбияи ватандустии чавонон, демографи ва танзими оила, танзими анъана ва чашну маросимхо, мавкеи зан дар чомеа, мубориза бар зидди нашъаманди, маизадаги, экстремизм ва терроризм вохурию мулокотхо, конфронсхои илмию амали, семинархои методива дигар чорабинихои омузишию маърифати мегузаронанд. (КЧТ аз 28.06.11г., №716)

Макомоти махаллии кор бо чавонон якчоя бо макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти махаллии идораи маориф, макомоти махаллии идораи мехнат ва хифзи ичтимоии ахоли:

-супориши давлатии таълимро дар асоси озмун оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисони чавон дар муассисахои касбомузи, литсей ва коллечхои касбомузии махалли ичро мекунанд;

-оид ба масъалахои тахсил, фаъолияти мехнати, шугл ва тарбияи ватанпарастии чавонон, демографи ва танзими оила, мавкеи зан дар чомеа, мубориза зидди нашъаманди ва зарари он вохурию мулокот, конфронсхои илмию амали, семинархои методи мегузаронанд.

 

Моддаи 13. Салохияти ташкилотхои гайридавлати дар сохаи татбики сиёсати давлатии

                       чавонон

 

Ташкилотхои гайридавлати мутобики хуччатхои таъсисотии онхо дар раванди татбики сиёсати давлатии чавонон иштирок менамоянд.

Ташкилотхои гайридавлати:

-дар озмунхо оид ба чойгиронии фармоишхои давлати ва фармоишхои макомоти  махаллии хокимияти давлатйоид ба тахвили мол (кор, хизматрасони) барои эхтиёчоти давлати ва чавонон иштирок мекунанд; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-дар татбики тадбирхои пешбининамудаи барномахои давлатии минтакави ва махаллии чавонон хисса мегузоранд;

-дигар фаъолиятро оид ба дастгирии сиёсати давлатии чавонон мутобики хуччатхои оинномавии худ амали мегардонанд.

Ташкилотхои гайридавлати дар татбики сиёсати давлатии чавонон дар асоси шартнома мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон иштирок мекунанд.

 

Боби 3

Асосхои хукукии татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Моддаи 14. Хукуки чавонон дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Чавонон дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон ба хукукхои зерин сохиб мебошанд:

– иштироки фаъол дар татбики сиёсати давлатии чавонон; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

-ба гирифтани кумаки самараноку хатми бо тартибу шартхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

-муносибати боэхтирому инсонпарварона аз тарафи субъектхои дастгирии давлатии чавонон;

-кабул кардан ё накардани ин ё он намуди кумаку имтиёз;

-истифодаи озоди иттилоот оид ба намуд ва шаклхои кумак, тартиб ва шартхои хизматрасонии ичтимои;

-сохибкории озод;

-дастрас будани захирахои модди, молияви, мехнати, иттилооти, табии ва истифодаи онхо;

-имконияти баробари хариди амволи давлати ва гайридавлати, ба моликият гирифтани амволи давлати хангоми хусусигардонии он.

Мустаким ва гайримустаким махдуд сохтани хукукхои чавонон аз руи синну сол, чинс ва дигар нишонахо дар асоси мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Давлат шахсонеро, ки ба синни 18-солаги нарасидаанд, тахти химоя карор дода, тартиби махсуси амали гардонидани хукуки онхоро мукаррар мекунад.

 

Моддаи 15. Татбики хукуки чавонон ба моликият ва фаъолияти сохибкори

 

Давлат хукуки чавононро ба моликият ва фаъолияти сохибкори кафолат медихад.

Макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон, макомоти махаллии хокимияти давлати, дигар макомоти идораи давлати: (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-фаъолияти иктисоди ва сохибкории чавононро дар доираи татбики барномахои давлати, минтакави ва махаллии чавонон дар асоси озмун аз чихати моддию техники ва молияви дастгири менамоянд;

-чойгиронии фармоиши давлатиро дар асоси озмун оид ба тахвили мол, ичрои кор, хизматрасони барои эхтиёчоти давлати ва чавонон дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон таъмин мекунанд;

-ба ташкилотхои тичорати, ки 75 фоизи хайати онхоро чавонон ташкил медиханд ва ба истехсоли мол (кор, хизматрасони) барои эхтиёчоти давлати ва чавонон машгул мебошанд, субвенсия (мусоидати молияви) медиханд. Маблаги чунин мусоидат аз 50 фоизи харочоти вокеии ташкилотхои мазкур оид ба истехсоли мол (кор, хизматрасони) барои эхтиёчоти давлати ва чавонон зиёд буда наметавонад;

-ташкилотхои мазкурро инчунин тавассути ичораи имтиёзноки бинохо ва тачхизот, пешниходи ройгони иттилооти тичорати, паст кардани нархи чойгиронии реклама, андозхои имтиёзнок мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дастгири менамоянд.

 

Моддаи 16. Татбики хукуки чавонон ба мехнат

 

Чавонон ба мехнат, интихоби касбу кор ва хифзи мехнат хак доранд. Макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, худидоракунии шахрак ва дехот махалли мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва барномахои давлати, минтакави ва махаллии чавонон: (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-маблаггузории чорабинихоро, ки ба максади ташкили чои кор барои чавонон андешида мешаванд, таъмин менамоянд;

-ба фаъолияти ташкилоту муассисахо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва моликият, оид ба таъмини шугл, тамоюли касби ва тайёрии касбии шахрвандони чавон мусоидат мекунанд;

-илова ба тадбирхое, ки макомоти идораи мехнат ва шугли ахоли, маориф ва тандурусти дар сохаи татбики сиёсати давлатии чавонон амали менамоянд, имкон доранд ташкилотхои махсусро, ки ба шугл, тамоюли касби, тайёрии касби, бозомузии кормандони чавон, ташкили кори мавсимии онхо мусоидат мекунанд, таъсис диханд ва ташкилотхои мазкурро бо бино, тачхизот ва маблаг таъмин намоянд;

– омузиши касбу хунар, асосхои конунгузори оид ба мехнат ва таълими забонхои хоричиро ташкил менамоянд;(КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-корфармоёнеро, ки ба хизмати ичтимои, шугли чавонон дар сохахои мухталифи иктисоди, илму техника, маориф, фарханг, тандурусти мусоидат мекунанд, хавасманд мегардонанд.

Корфармоён вазифадоранд, ки хатмкунандагони муассисахои тахсилоти умуми ва касби, шахсонеро, ки ба синни 18-солаги нарасидаанд ва ба хифзи ичтимои мухточанд, дар раванди дарёфти чои кор танкиси мекашанд (наврасони ятиму бепарастор, маъюбон, шахрвандони чавон, аз чумла собик аскарони Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, собикадорони амалиёти харби), бо роххати макомоти давлатии идораи мехнат ва шугли ахоли фиристода мешаванд, бо кор таъмин намоянд. Хиссаи (квотаи) марбута хар сол ба талаботи бо кор таъминкуни мувофик карда, ба маълумоти корфармоён на дертар аз анчоми соли тахсил расонида мешавад.

Татбики ичрои коидахои хиссаи (квотаи) бо кор таъминкунии маъюбонро, нисбати маъюбони чавон, макомоти ичроияи хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шугли ахоли ва хифзи ичтимоии маъюбон анчом медиханд.

Нисбати шахрвандони чавон, ки муассисаи тахсилоти умумиро хатм карда, синну солашон ба 16 расидааст ва бори аввал ба кор мераванд, инчунин нисбати ноболигоне, ки синну солашон ба 14 расида, берун аз вакти тахсил дар мактаб кор мекунанд, тадбирхои афзалиятноки давлатии таъмини чавонон бо чои кор татбик мегарданд.

Ташкилоту муассисахо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва моликият, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мехнат барои бо кор таъмин намудани шахрвандони чавон хиссаи (квотаи) чойхои кори муайян мекунанд. Муносибатхои мехнати бо шартномаи мехнатие, ки байни шахрвандони чавон ва ташкилотхо (корфармоён) баста мешавад, муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Татбики хукуки чавонон ба истирохат ва хифзи саломати

 

Ташкили истирохат ва хифзи саломатии чавонон яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати давлатии чавонон ба шумор меравад.

Макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон, макомоти махаллии хокимияти давлати, худидоракунии шахрак ва дехот махалли: (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-якчоя бо ташкилотхои чамъияти, гайритичорати хангоми аз эътидол гузаштани меъёрхои хадди нихоии пахншавии касалихои махсусан хатарнок, аз чумла беморихои узвхои таносул, вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва беморихои ба воситаи алокаи чинси гузаранда, нашъаманди, майзадаги, дигар касалихо, ки ба афзоиши маъюби ва фавти чавонон сабаб мешаванд, оиди пешгирии пахншавии чунин касалихо тадбирхои таъхирнопазир меандешанд. Татбики тадбирхои мазкур аз манбаъхои мухталиф тибки конунгузории Чумхурии Точикистон маблаггузори карда мешавад; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-якчоя бо макомоти ваколатдори давлати ва махаллии идораи тарбияи чисмони ва варзиш, иттиходияхои харбию ватандустии чавонон, дигар иттиходияхои чамъияти таргибу ташвики тарбияи чисмони, тарзи хаёти солим, ватандустиро ба рох монда, ташкилотхои чавононро дар сохаи чалб кардани онхо ба тарбияи чисмони, варзиш, намудхои гайриолимпии варзиш, аз чумла техники, ки дар доираи тайёрии чавонон ба хизмат дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон амали гардонида мешаванд, гузаронидани мусобикахои варзиши ва дигар чорабинихо дастгири менамоянд. Тартиби истифодаи ройгон ва имтиёзноки иншооти тарбияи чисмони ва варзиш, чуброни фарки нархи хизматрасони ва чиптаро макомоти махаллии хокимияти давлати муайян менамоянд; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-бо ташкилоту муассисахои истирохатию солимгардони, ки дар нохияхои дорои шароити мусоиди обу хаво ва экологи фаъолият мекунанд, инчунин бо воситахои ахбори умум дар асоси барномахои давлати, минтакави, махаллии чавонон дар бораи таргибу ташвики тарзи хаёти солим, хифзи саломатии онхо шартномахои дарозмухлат мебанданд;

-ташкилотхои чавонон ва иттиходияхои чамъиятии онхоро мутобики санадхои меъёрии хукукии амалкунанда дар сохаи ичрои ташкили истирохат, лагерхои тобистонию зимистони ва инкишофи туризми чавонон дастгири менамоянд;

-ба ташкилотхои тичорати ва гайритичорати, ки барномахои пешниходнамудаи онхо оид ба ташкили истирохат ва солимгардонии чавонон аз озмун гузаштаанд, маблаги заруриро дар асоси шарту шароити чобачогузории фармоиши давлати ва махалли оид ба тахвили мол (кор, хизматрасони) барои эхтиёчоти давлати ва чавонон чудо менамоянд.

Давлат рушди туризми чавонон, ташкилу баргузории сафархои байналмилалии чавонон, инкишофи муносибатхои дустонаву кории миёни мамлакатхо, мубодилаи тачрибаро дар сохаи сиёсати чавонон, илм, маориф, фарханг, туризм ва варзиш хамачониба дастгири мекунад.

Хизматрасонии тибби барои кудакону наврасон дар хамаи намудхои муассисахои таълими, аз чумла дар муассисахои тахсилоти махсус ройгон аст.

 

Моддаи 18. Татбики хукуки чавонон ба тахсил

 

Хукуки чавонон ба тахсил бо Конуни мазкур, конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маориф ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Давлат барои таъмини хукуку имкониятхои баробари чавонон ба тахсил шахрвандони чавон, хусусан аз оилахои камбизоат ва серфарзанд, духтарони дехот, чавонони сохибистеъдодро бо тартиби афзалиятнок дастгири менамояд.

Муносибати байни шахрвандони чавон ва муассисахои таълими ба баробархукукии хамаи омилхои раванди таълиму тарбия асос меёбад.

Хукук ва вазифахои наврасону  чавонон дар муносибат бо макомоти муассисахои таълиму тарбия дар асоси санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санадхои макомоти худидоракунии муассисахои таълиму тарбия, шартномахои байни хонандагон ва маъмурияти муассисахои таълиму тарбия мукаррар карда мешаванд.

Маъмурият ва кормандони муассисахои таълиму тарбия хак надоранд наврасону чавононро ба ичрои корхои ба таълиму тарбия вобаста набуда, ба даст кашидан аз истифодаи хукуки худ мачбур намоянд, кадру эътибори чавононро паст зананд.

Дар сурати аз чониби маъмурият ё кормандони муассисахои марбута ба вукуъ пайвастани чунин амали гайриконуни наврасону чавонон, ки хукуки онхо поймол шудааст ё намояндагони конунии онхо, хак доранд бо тартиби суди пардохти зарари расонидашударо талаб намоянд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Шахрвандони чавон, ки дар муассисахои тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби,  олии касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд, имкон доранд барои давом додани тахсил карзи бонки гиранд. Шахрвандони чавон аз оилахои камбизоат ва серфарзанд, собик аскарони Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, собикадорони амалиёти харби, инчунин шахсони сохибистеъдод метавонанд карзи марбутаро дар асоси шарту шароити имтиёзнок  тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дарёфт кунанд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Харочоти бонкхои тичорати оиди пешниходи карзи имтиёзнок барои сохиби тахсилот шудани шахрвандони чавон аз хисоби бучети дахлдор пардохта мешавад, агар чунин харочотро барномахои давлати, минтакави ва махаллии чавонон, барномахои дахлдори мусоидат бо шугли ахоли пешбини намуда бошанд.

 

Моддаи 19. Дастгирии давлатии оилахои чавон

 

Бо максади дастгирии давлатии оилахои чавон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тадбирхои зерин андешида мешаванд:

-кумаки модди, хизмати таълими, тибби, хукуки, психологию омузиши ба оилахои чавон чихати халлу фасли масъалахои ичтимоию иктисоди ва маишии онхо;

-кумаки молиявии (субсидияи) таъхирнопазир ба оилахои чавон дар доираи барномахои давлати, минтакави ва махаллии чавонон;

-бехтар кардани шароити хонаву чойи оилахои чавони камбизоат аз хисоби фонди манзили истифодаи ичтимои;

-таъмини хизматрасонии ройгони иттилооти ва машваратии оилахои чавон дар муассисахои марбутаи давлати ва махалли аз хисоби бучетхои чумхуриявию махалли;

-чудо кардани китъахои замин барои сохтани хонахои шахси, пардохти хакки сахм дар кооперативхои манзилию сохтмони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– татбики чорахо барон омода намудани чавонон ба хаёти мустакилонаи онлави, мусоидат ба омузиши асосхои танзими оила;

–  мусоидат ба рушди низоми муассисахои томактаби. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Оилахои чавон имкон доранд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз карзи дарозмухлат барои сохтмони манзил, харидани хонахои истикомати, асбобхои рузгори истифодаашон  дарозмухлат ва ташкили хочаги истифода баранд.

Бо максади хавасмандгардонии чавонон барои ташкили оила, устувор гардонидани он, таваллуд ва тарбияи кудакон кумаки моддию молияви, дигар навъхои ёри тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Фаъолияти чавононе, ки бо максади сохтмони комплексхои чавонон муттахид мешаванд, мутобики меъёр ва тартиби мукаррарнамудаи кисми дуюми моддаи 15 Конуни мазкур дастгири карда мешавад.(КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Макомоти марбутаи давлатии идоракуни, макомоти махаллии хокимияти давлати барои комплексхои манзилии чавонон, хангоми аз тарафи давлат дастгири ёфтани барномаи онхо дар асоси шартнома аз чихати молияви кумак мекунанд.

Давлат раванди демографиро танзим карда, ташаббуси оилахои чавонро чихати банакшагирии оила дастгири менамояд.

 

Моддаи 191. Дастгирии давлатни чавонони сохибистеъдод

 

Дастгпргш давлатии чавонони сохибистеъдод кисми таркибии сиёсатидавлатпи чавонон дар Чумхурин Точикистон буда, бо роххои зерин амали карда мешавад:

– мукаррар намудани стипендия, мукофот, пешниходи грантхои давлатпи тахсилоти тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ташкилн фондхои махсус;

– бунёд ва рушди марказхо оид ба муайяе ва тайёр намудани чавонони сохибистеъдод;

– ташкил ва гузаронидани чорабинихо бо максади муайян ва пахн камудани дастовардхои илмй ва эчодии чавонон;

– таъмини дастрасии чавонони сохибистеъдод ба барномахо.и тахрилоти, такмили ихтисос ва коромузидар дохил ва хоричи кишвар дар асоси озмун;

– мухайё намудани шароит ба олимони чавон, кормандони чавони сохахои маориф ва фарханг бахри амалй намудани фаъолияти илмию эчоди, мусоидат ба амали гаштани дастовардхои олимони чавон;

-хавасмандгардонии маънавии шахсони вокеи ва хукуки, ки чавонони сохибистеъдодро дастгирименамоянд.

(КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

 

Боби 4

Асосхои иктисодию ичтимоии татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Моддаи 20. Маблаггузории татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Дар бучети чумхурияви ва бучетхои махалли хар сол барои тадбирхои зерини татбики сиёсати давлатии чавонон маблаг чудо карда мешавад:

-татбики барномахои давлати, минтакави ва махаллии чавонон;

-амали намудани робитахои байналмилалии чавонон мутобики шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон;

-ташаккули фондхои чумхурияви ва махаллии мусоидат ба татбики сиёсати давлатии чавонон;

-харочоти сохтмон ва таъмири объектхое, ки ба макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон мансуб мебошанд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Барои тадбирхо оид ба татбики сиёсати давлатии чавонон имкон дорад аз манбаъхои гайрибучети ва дигар маблагхое, ки мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чалб шудаанд, маблаг чудо карда шавад.

 

Моддаи 21. Асосхои дастгирии иктисодию ичтимоии давлатии чавонон

 

Дастгирии иктисодию ичтимоии чавонон мачмуи тадбирхоест оид ба таъминоти  модди, молияви ва пешниходи хизмату имтиёз, ки он аз хисоби манбаъхои бучети ва гайрибучети бо максади худинкишофёби ва худтаъминкунии чавонон, татбики сиёсати давлатии чавонон маблаггузори мешавад.

Дастгирии иктисодию ичтимоии чавонон метавонад давлати ва гайридавлати бошад.

Барои дастгирии иктисодию ичтимоии чавонон инхо асос шуда метавонанд:

-надоштани даромад, ки хадди акали рузгузарониро таъмин мекунад;

– ба сохибкори машгул будани чавонон; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

-гайриимкон будани пардохти тахсил.

 

Моддаи 22. Дастгирии ичтимоии чавонон

 

Дастгирии ичтимоии чавонон бо роххои зерин амали мегардад:

-маслихат доир ба масъалахои хукуки, психологи, омузиши, тарбияи эстетики, оилави ва мавзуъхои таносули;

-ёрии психологи, тибби, наркологи ва дигар шаклхои ёри ба чавонон ва падару модарони онхова ё шахсони онхоро ивазкунанда; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-ичрои тадбирхои тавонбахшии нисбати маъюбон, собик аскарони Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, собикадорони амалиёти харби, шахсоне, ки аз муассисахои тахсилоти махсус баргаштаанд ё шахсоне, ки аз нашъаманди, майзадаги, токсикологи табобат ёфтаанд, инчунин шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва беморихои ба воситаи алокаи чинси гузаранда мебошанд; (КЧТ аз 28.06.11г., №716)

-хизматрасонии муташаккили тибби (патронажи) ба оилахои чавон;

касбу хунаромузи, омузиши забонхо ва технологияи муосир, бозомузи ва такмили ихтисоси чавонон, таъмини онхо бо иттилоот дар бораи чойи кор ва вазифахои холи, ёрии муассисахои давлатии шугл барои интихоби муносиби чойи кор ва бо кор таъмин кардани чавонон; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

-ташкили пардохти ройгон ва имтиёзноки харчи рох;

-ташкили истирохат ва солимгардонии тобистонаи ноболигон аз оилахои камбизоат ва серфарзанд; (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

– дигар хизматрасонихои ичтимои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

 

Моддаи 23. Муассисахои ичтимоии чавонон

 

Барои татбики сиёсати давлатии чавонон ва таъмини кафолат ба чавононе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, имкон дорад муассисахои ичтимоии чавонон таъсис дода шаванд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Ба вазифахои муассисахои ичтимоии чавонон дохил мешаванд:

-ба чавонон дастрас кардани иттилоот дар бораи хукук ва имкониятхои онхо;

-маслихат ба ноболигон, шахрвандони чавон, падару модарони онхо, расонидани кумаки хукуки, психологи, омузиши ва наркологи;

-дастгирии ичтимоии оилахои чавон;

-кумак ба шахрвандони чавон, ки ба табобати тулони эхтиёч доранд, гирифтори иллати чисмони, рухи мебошанд ё рафтори онхо барои чамъият хавфнок буда, ба шароити алохидаи таълиму тарбия мухточанд ва муносибати махсуси омузгориро талаб мекунанд, инчунин шахсоне, ки мухлати тарбияву тахсили онхо дар муассисахои давлатии кудакон ба охир расидааст ё ноболигоне, ки бепарастор мондаанд;

-фаъолияти ичтимои дар муассисахои тахсилоти махсус дар байни ноболигони конуншикани карда;

-кумак ба мутобикати чавононе, ки баробари тамом кардани мухлати адои чазо аз чойхои махруми аз озоди озод шудаанд; (КЧТ аз 28.06.11г., №716)

-дигар фаъолият оид ба дастгирии ичтимоии чавонон ва фарохам овардани шароити мусоиди инкишофи онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

Дар муассисахои ичтимоии чавонон шахсоне фаъолият карда метавонанд, ки дорои тахсилоти дахлдор ва тайёрии касби буда, бо тартиби мукарраргардида аз аттестатсия гузаштаанд.

 

Моддаи 24. Ташкилотхои махсуси кор бо чавонон

 

Ба ташкилотхои махсуси кор бо чавонон инхо тааллук доранд:

-муассисахои ичтимои, марказхои иттилоот, ташкилотхои мусоидат ба шугли чавонон (барномахои мехнати ва марказхои шугли чавонон);

-хона ва касрхои чавонон, муассисахои чисмонию варзиши, марказхо ва клубхои чавонон;

-иттиходия ва дастахои чуяндагон, марказ ва лагерхои солимгардони;

-дигар иттиходияхои чамъияти, ки барнома ва накшаи кор бо чавонон, аз чумла барномахои гайритичоратии муфидро анчом медиханд.

Фаъолияти ташкилотхои махсуси кор бо чавонон, аз чумла фаъолият оид ба истехсоли мол (ичрои кор, хизматрасони) барои чавонон, хуччатхои таъсисотии онхо ва низомномахои намунавии ташкилотхои мазкур танзим менамоянд.

Макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон, макомоти махаллии хокимияти давлати, худидоракунии шахрак ва дехот махалли фаъолияти ташкилотхои махсуси кор бо чавононро хамоханг сохта, онхоро дар асоси шартнома аз чихати модди ва молияви дастгири менамоянд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

 

Моддаи 25. Фондхои мусоидат ба татбики сиёсати давлатии чавонон

 

Барои маблаггузории барномахои давлати, минтакави ва махаллии чавонон имкон дорад фондхои мусоидат таъсис дода шаванд.

Ба фондхои мусоидат тааллук доранд:

-фонди чумхуриявии чавонон;

-фондхои вилояти, шахри ва нохияви.

Бо карори коллективи ташкилоту муассисахо имкон дорад фондхои мусоидати ташкилоту муассисахо таъсис дода шаванд. Карори таъсиси фонди мусоидат дар ин сурат бояд дар шартномаи коллективи зикр гардад.

Фондхои мусоидат аз манбаъхои зерин ташаккул меёбанд:

-маблагчудокуни аз бучети чумхурияви ва бучетхои махалли;

-даромад аз фаъолияти фондхои марбута;

-воридот аз хисоби фоидаи ташкилотхо, муассисахо ва иттиходияхои чамъиятии чавонон;

-воридот аз эхсонкории шахсони вокеи ва хукуки;

-дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

Тартиби чудо кардани маблаг барои фондхои мусоидат аз хисоби бучети чумхурияви ва бучетхои махалли бо максади маблаггузории барномахои давлати, минтакави ва махалли тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бучет, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Ташкилоту муассисахое, ки ба фондхои мусоидат барои сохтмон ва таъмири объектхои ичтимоию фарханги маблаг чудо мекунанд, имкон доранд аз имтиёзхои андозбанди мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон истифода баранд.

Тартиби таъсиси фонди чумхуриявии мусоидат ба татбики сиёсати давлатии чавонон, истифодаи максадноки маблагхои онро Низомномаи фонди чумхуриявии мусоидат ба татбики сиёсати давлатии чавонон, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, муайян менамояд.

Низомномаи фондхои махаллии мусоидат ба сиёсати давлатии чавононро макомоти махаллии хокимияти давлати тасдик мекунанд.

 

Моддаи 26.  Вохидхои зерсохтории ичтимоии чавонон

 

Макомоти ичроияи хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, худидоракунии шахрак ва дехот махалли тибки конунгузории Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон вохидхои зерсохтории ичтимоии чавононро таъсис дода, фаъолияти онхоро таъмин ва назорат менамоянд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Хангоми кабули карор оид ба таъсис, азнавташкилдихи, тагйири таъиноти вохидхои зерсохтори ичтимоии чавонон ва бархамдихии онхо бо максади таъмини таълиму тарбия, инкишофи чисмони, маънави ва ахлокии чавононэкспертизаи окибати кабули карори мазкур гузаронида мешавад. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Карори макомоти дахлдори ичроияи хокимияти давлати дар бораи шахрсози бо назардошти меъёрхои сохтмони объектхои зерсохтори ичтимои, анъанахои милли, инкишофи ояндаи ичтимоию иктисоди ва фархангии шахру нохияхо кабул карда мешавад.

Моликияти давлати, аз чумла китъахои замин, бинохо, иншоот, тачхизот, ки барои таъмини фаъолияти вохидхои зерсохтории ичтимоии чавонон, аз чумла барои таъмини раванди таълиму тарбия, чудо карда ё фурухта мешавад, танхо барои максадхои марбута истифода мешавад.

Дар сурати истифодаи камсамари амволи мазкур молик имкон дорад дар бораи ба дигар максад истифода бурдани он карор кабул кунад. Дар холати аз даст рафтани объекти зерсохтории ичтимоии чавонон аз чониби макомоти марбутаи хокимияти махалли оиди чуброни он каблан бояд тадбирхои дахлдор андешида шаванд.

Тадбирхо оид ба сохтмон ва таъмири объектхои зерсохтории ичтимоии чавонон мувофики меъёрхои мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори ичроияи хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва барномахои давлати, минтакави ва махаллии инкишофи ичтимоию иктисоди ва фарханги амали карда мешаванд.

Тартиби фаъолияти вохидхои зерсохтории ичтимоии чавонон, тадбирхои дастгирии моддию техники ва молиявии онхо дар асоси низомномаи намунави, ки макомоти ваколатдори ичроияи хокимияти давлати тасдик мекунад, муайян карда мешаванд.

 

Боби 5

Иттиходияхои чамъиятии чавонон

 

Моддаи 27. Вазъи хукукии иттиходияхои чамъиятии чавонон

 

Вазъи хукукии иттиходияхои чамъиятии чавононро конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иттиходияхои чамъияти, Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.

Талаботи хатмии оинномавии иттиходияхои чамъиятии чавонон бояд махдудияти синну сол бошад, ки дар моддаи якуми Конуни мазкур мукаррар гардидааст.

Барои иттиходияхои эчодии чавонон бо назардошти хусусиятхои фаъолияти эчоди, синну соли нихои, ки моддаи якуми Конуни мазкур мукаррар кардааст, 5 сол зиёд карда мешавад.

Иттиходияхои чамъиятии чавонон хак доранд барои аъзояшон, ки ба хайати макомоти интихобии иттиходияхои марбута интихоб шудаанд ё дар макомоти мазкур кор мекунанд, нисбат ба талаботи оиннома истисно мукаррар намоянд. Теъдоди чунин аъзо набояд аз панчяки шумораи умумии аъзои иттиходияхои мазкур зиёд бошад.

Мустаким ё гайримустаким мачбур кардани чавононе ба иттиходияхои чамъиятии чавонон, инчунин махдуд кардани иштироки онхо дар фаъолияти иттиходияхои мазкур манъ аст. (КЧТ аз 28.06.11с., №716)

 

Моддаи 28. Дастгирии давлатии иттиходияхои чамъиятии чавонон

 

Макомоти хокимияти давлати ва макомоти махаллии хокимияти давлати иттиходияхои чамъиятии чавононро барои ичрои вазифахои оинномавии онхо аз нигохи ташкилию хукуки ва молияви дастгири менамоянд.

Аз дастгирии чавононе дар сохаи ичрои хукукхои конститутсионии онхо кумаки амали расонда, аз манфиатхои сиёси озод бошанд.(КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

Макомоти давлати, макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба иттиходияхои чамъиятии чавонон дар амали намудани вазифахои оинномавии онхо дар доираи имкониятхои мавчуда мусоидат менамоянд. (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

Давлат иттиходияхои чамъиятии чавононро, ки дар рушди сиёсатиичтимоива тарбияи ватандустии чавонон барномахо амали мекунанд,дастгири менамояд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№716)

 

Моддаи 29. Шурои кор бо чавонон

 

Барои хамохангсози ва татбики самараноки сиёсати давлатии чавонон дар назди Президенти Чумхурии Точикистон Шурои миллии кор бо чавонон таъсис дода мешавад. Шурои  миллии кор бо чавонон фаъолияти худро дар асоси низомномае, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, амали менамояд. (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

Бо максади татбики сиёсати давлатии чавонон ва дастгирии чавонон дар назди макомоти махаллии кор бо чавонон шурохои кор бо чавонон таъсис дода мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

Тартиби таъсис, вазифахо ва самтхои фаъолияти шурохои кор бо чавонон бо санадхои меъёрии хукуки, ки макомоти ваколатдори давлатии кор бо чавонон тасдик менамояд, муайян карда мешаванд.(КЧТ аз 28.06.11с.,№716; аз 27.11.14г., №1161)

Шурохои кор бо чавонон:

-фаъолияти субъектхои раванди татбики сиёсати давлатии чавононро хамоханг мегардонанд;

-харочоти максадноки маблаги бучетро мувофика ва назорат мекунанд;

-манфиатхои субъектхои дастгирии давлатии чавононро ташаккул дода ва ифода намуда, хифзи ичтимоии онхоро таъмин мекунанд;

– масъалахои марбут ба татбики самараноки сиёсати давлатии чавононро барраси карда, вобаста ба халли онхо карорхои дахлдор кабул менамоянд; (КЧТ аз 27.11.14г., №1161)

-оид ба масъалахои мухталифи сиёсати давлатии чавонон ба макомоти давлатии кор бо чавонон, макомоти махаллии хокимияти давлати, дигар макомоти идоракуни таклифхо пешниход мекунанд.

Шурохои кор бо чавонон тавассути намояндагони худ имкон доранд дар чаласа ва мачлисхои макомоти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, дигар макомоти идоракуни, ки масъалахои сиёсати давлатии чавононро барраси мекунанд, иштирок намоянд.

Ба хайати шурохои кор бо чавонон намояндагони макомоти давлати, иттиходияхои чамъиятии чавонон, ташкилотхои гайридавлати, муассисахои таълими, тандурусти, макомоти хифзи хукук ва иттифокхои касаба дохил шуда метавонанд.

 

Боби 6

Мукаррароти хотимавЇ

 

Моддаи 30. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 31. Аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи сиёсати

                       давлатии чавонон” ва боби V Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дохил

                        кардани тагйироту иловахо ба баъзе санадхои конунгузори”

 

Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи сиёсати давлатии чавонон” аз 13 марти соли 1992 (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, соли 1992, № 9, моддаи 123) ва боби V Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дохил кардани тагйироту иловахо ба баъзе санадхои конунгузори” аз 1 феврали соли 1996 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1996, № 3, моддаи 48) аз эътибор сокит дониста шаванд.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                   Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 15 июли соли 2004

№ 52

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …