Чав

North Rhine-Westphalia, Germany --- Ears of barley --- Image by © Frank Lukasseck/Corbis

Чав — ин дон ва зироати маълум аст. Бехтарини он сафеди пурраи наваш мебошад. Агар аз як сол гузарад, барои даво кобили истифода нест. Мизочаш дар дарачаи якум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: хамчун гизо ин назар ба гандум камтар аст дар кувват. Хурдани чав чушиши хун ва сафроро паст мекунад, ташнагиро таскин медихад: тезии табхои гарм ва тундро мешиканад, барои сил ва иллати дик (логаркунандан бадан) даво мебошад, вале дар айни хол худаш баданро логар мегардонад, ба хичак низ зиён мекунад. Давои ин зарараш бо равганхо ва бо камтар арпабодиён хурдан аст.

Чавро мукашшар карда, яъне куфта, аз пусташ чудо сохта, дар об ба дарачае чушонанд, ки чавхо шукуфта ва мухарро гарданд. Баъд он обро соф карда, хунук намоянд, ки инро оби чав меноманд.

Мизочи оби чав сард ва тар аст. Агар инро биёшоманд, фишори баланд ва чушиши хунро паст мекунад, инчунин чушиши сафроро низ сокин месозад, ахлоти сухтаро ба ислох меоварад; табхои гарм ва тез, инчунин хамаи беморихои аз гарми содиршударо шифо мебахшад; тафс ва харорати ботини, тафси чигар ва ташнагии шадидро сокин мекунад, иллатхои дик, сил (захми шуш), варами пардахои пахлуи даруни сина, сурфаи хушк, дарди сари аз гарми ва монанди инхоро шифо мебахшад; сиёх задани чашмро дафъ мекунад, дар бадан хуни солим пайдо менамояд. Вале истеъмоли ин меъдаи тармизочро суст мегардонад ва ба узвхои даруни шикам, ки мизочи хунук дошта бошанд, зарар дорад, бодангез аст. Давои хамаи ин зарархояш гулканд хурдан мебошад.

Аммо оби чавро хангоми рафтани дарун истеъмол намекунанд. Агар чави куфтаро бо челон ва сагпистон, анчир ва сунбул пухта бихуранд, барои дарди узвхои даруни сина ва сурфа доруи хубест.

Шираи чавро, ки кашки чав низ меноманд, кивомаш гафстар аз оби чав аст, мизочаш сард ва моил ба хушкист. Хурдани ин барои исхоли сафрови ва ба одамони гарммизоч дору мебошад. Агар бо он гаргара кунанд, варами гулу ва дарди онро дафъ мекунад. Орди чавро гузошта банданд, варамхои сахтро мегардонад ва тахлил медихад, пучакхои гармро мекафонад. Орди чавро ба танхои ё бо куфтаи тухми тугмачагул даромехта, гузошта банданд, барои сил, зот-ул-чанб (варами пардахои даруни сина), варамхои зери багал, сина, пистон, баногуш ва дигар чойхои аъзо даво мебошад; бо камтар решаи чукри (ревоч) даромехта гузошта пай дар пай бибанданд, варамхоеро, ки гармии баланд надошта бошанд, тахлил медихад, агар бо сирко хамир сохта гузошта банданд, варамхои сафрови, яъне варамхои гарми шадид, инчунин шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад. Агар орди чав ёфт нашавад, чавро куфта, аз пусташ чудо сохта, бо оби гиёххои сардмизоч, масалан, бо оби барги  зуф, барги косни ва гайра соида, истеъмол фармоянд, чоиз аст.

jav_01-300x200Орди чавро ё чавро соида, бо оби бихи хамир сохта гузошта банданд, никрис (подагра)-и гармро шифо мебахшад; агар бо оби кашнизи тар хамир карда гузошта банданд, ханозер, варамхои сахти гарм ва инчунин варами гулуро тахлил медихад; бо арпабодиён, тухми загир, зифт (катрон) ва пешоби кудакон сиришта гузошта банданд, варамхои сахтро мегардонад, инчунин пучакхоро мекафонад. Ва агар пухтаи онро бо сирко сиришта гузошта банданд, кутур ва хоришро дафъ мекунад. Пухтаи онро бо барги коху ва гайра баргхои хунукмизоч куфта гузошта банданд, барои дарди сар, варами чашм, назлахо ва сурхбод дору мешавад, инчунин узви шикастаро мустахкам менамояд.

Онро бо анчир ва шахдоб пухта, ба варамхои балгами, яъне ба варамхои сарди нарм ва варамхои гарм бимоланд, хеле пуртаъсир аст. Чавро сухта, бо сирко сиришта гузошта банданд догхои кунчидак ва сабусаки сарро дафъ мекунад. Орди чавро то буяш баромадан битафсонанд, ин хамчун гизо аз орди тафсонидашудаи гандум кавитар мебошад. Агар инро бо камтар шакар бихуронанд бехтарин гизоест барои кудакон, инчунин ташнаги ва сузиши ботиниро таскин медихад.

Нони аз орди чав пухташуда гаронхур, дерхазм ва боднок аст. Чун хамири орди онро то турш шуданаш бимонанд, баъд онро дар дуг хал кунанду хамон тавр муддате гузошта, баъд бинушанд, фишори баланди хуни сафрови, сузиши дарун, ташнагии шадид, кайи сафрови, табхои гарм, исхоли сафрови ва хориши баданро дафъ мекунад, ки дар ин бобат давои бемисл аст.

Ошомидани чав барои одамони сардмизоч зарар дорад, бодангез аст. Давои ин зарараш бо шакар ё бо набот хурдан аст. Орди тафсонидааш агар зиён кунад, давояш онро шустан ва бо ширини хурдан аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …