Главная / Гуногун / Чанги мулки дар Канзас

Чанги мулки дар Канзас

Соли 1850 гуломдорон хостанд, ки гуломдориро дар тамоми ИМА конуни гардонанд. Барои ин хама заминхои навро ба даст дароварда, бо хамин онхо имконияти ба Шимол гурехта рафтани гуломонро бархам додани буданд.

Дар Конститутсияи соли 1787-и ИМА мушаххасан нисбати гуломоне, ки аз дасти гуломдорон гурехта озод мешаванд, чизе гуфта нашудааст. Баъди кабули Конститутсияи ИМА чандин дахсолахо гузаштанд. Акнун гурехтани зангихои гулом хусусияти оммави пайдо намуд. Барои хамин соли 1850 плантаторхо тавассути Конгресс конунеро кабул карданд, ки мувофики он ахоли ва хукуматдорон вазифадор буданд гуломони гурезаро дастгир кунанд.

8be

Худи хамон сол Конгресс ба баъзе иёлот хукук дод, ки масъалаи гуломдориро худи онхо хал кунанд. Яке аз хамин конунхо—билл, яъне конуни “Канзас Небраска” буд. Мувофики он гуломдори дар самти шимолтар аз мадори 36 то 30° дар заминхои гарбтари Миссисипи вокеъбуда манъ карда мешуд. Ин конун сабабгори дар Канзас ба амал омадани чанги мулки гардид.

Гуломдорон дастахои мусаллахи зархарид ташкил намуда, ба Канзас хучум карда, дар он чо сохти гуломдориро чори мекарданд. Чавобан ба ин хазорон фермеру хунармандон ба чониби Канзас харакат карданд, то ки заминхон холии онро ба даст дароранд ва нагузоранд, ки гуломдорон ин иёлатро ба иёлати гуломдори табдил диханд.

Хангоми интихоботи президенти дастахои каллабур, ки онхоро плантаторхо созмон дода буданд, ахолиро тарсонда, мачбур мекарданд, ки ба тарафдории номзади гуломдорон овоз диханд.

Аксарияти ахолии Канзас зидди гуломдори буданд. Онхо “Кумитаи амнияти чамъияти” ташкил карда, дар шахри Лоуренс мустахкам чойгир шуданд. Вале дере нагузашта дастахои хуб мусаллахбудаи гуломдорон, ки аз иёлати Миссури ба Канзас зада даромада буданд, шахри Лоуренсро ба хок яксон ва мухофизони онро кир карданд.

Хукумати маркази Канзасро баъди ин вокеа хамчун иёлати гуломдори шинохт. Чанги мулки дар Канзас аз соли 1854 то соли 1856 давом кард. Он дар бораи огози чанги мулки дар тамоми ИМА дарак медод.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

urolog

Урологи бехтарин аз Хиндустон октябри 2021 ба Точикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муоличаи беморихои уролочи бе чарохи тарики дастгоххои эндоскопи ва лазери аз …