Главная / Гуногун / ЧАНГИ ЯКУМИ ЧАХОН. АМАЛИЁТИ ХАРБИ ДАР СОЛХОИ 1914 – 1916

ЧАНГИ ЯКУМИ ЧАХОН. АМАЛИЁТИ ХАРБИ ДАР СОЛХОИ 1914 – 1916

Огози чанг. Хамаи давлатхои империалисти ба чанг тайёр буданд. Лекин барои cap кардани он бахонае лозим буд. Дере нагузангга вай хам мухайё гардид. 28 июни соли 1914 узви созмони миллии славянхои чануби “Млада Босна” Г. Приисип вориси тахту точи Австро-Венгрия Франс Фердинандро дар суикасд мекушад.

Австро-Венгрия худаш яккаю танхо бар зидди Сербия чанг карда наметавонист, зеро дар ин сурат ба мудофиаи Сербия Русия бармехест. Бинобар ин хукумати Австро-Венгрия ба иттифокчии худ Германия мурочиат кард Вилгелми II ба чанги Австро-Венгрия бар зидди Сербия розиги дод. Мувофики накшаи Вилгелми II, вакте ки Австро-Венгрия ба Сербия хучум мекунад. Русия бар зидди вай бармехезад. Баъди ин Германия ба чанг дохил мешавад.

jangi-yakumi-jahon

23 июл хукумати Австро-Венгрия бо шартхои тахкиромез ба хукумати Сербия ултиматум пешниход кард. Дар он аз чумла гуфта мешуд, ки Австро-Венгрия вокеаи кушта шудани Франс Фердинандро дар худи Сербия тафтиш хохад кард ва инчунин дар он чо бар зидди таблиготчиёни зидди австровенгри мубориза бурдани аст.

25 июл сарвазири Сербия Панич ба ултиматуми Австро- Венгрия чавоби мусбат дод, гайр аз дар Сербия гузаронидани тафтиши ходисаи кушта шудани Франс Фердинанд, чунки он сохибихтиёрии Сербияро вайрон мекард. Бо ин бахона 28 июл Австро-Венгрия бо Сербия чанг эълон кард. Баъди ин хукумати Русия таъчилан ба лашкар сафарбаркунии умуми эълон намуд. Вале рузи дигар хукумати Германия хукумати Русияро огох кард, ки агар вай ин корашро катъ накунад, Германия хам ба лашкараш сафарбарии умуми эълон хохад намуд. Ба Русия баъд дар ин бора ултиматум хам пешниход кард, лекин чавоби рад гирифт.

Фикри хукумати Германия дар бобати бетараф мондани Англия хам хом баромад. Фаронса низ изхор кард, ки Русияро дастгири мекунад. Дар хамин вазъият 1 августи соли 1914 Германия аввал бо Русия ва 3 август бо иттифокчии вай – Фаронса чанг эълон намуд.

Лашкари Германия аввалин шуда ба Белгия зада даромад. Бо бахонаи мухофизати давлати бетараф Англия 4 август бо Германия чанг эълон кард. Германияу Австро-Венгрия, аз як тараф ва Англия, Фаронса ва Русия аз тарафи дигар, ба чанг дохил шуданд. Дере нагузашта ба он Чопон ва Туркия хам аз тарафи Иттифоки Сегона ба чанг даромаданд. Хамин тавр Чанги якуми чахони огоз ёфт. Ба он 36 давлати чахони ва лашкари зиёда аз 70-миллионнафараи онхо кашида шуданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …