Главная / Гуногун / ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАҲОН. АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ДАР СОЛҲОИ 1914 – 1916

ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАҲОН. АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ДАР СОЛҲОИ 1914 – 1916

Оғози ҷанг. Ҳамаи давлатҳои империалистӣ ба ҷанг тайёр буданд. Лекин барои cap кардани он баҳонае лозим буд. Дере нагузангга вай ҳам муҳайё гардид. 28 июни соли 1914 узви созмони миллии славянҳои ҷанубӣ “Млада Босна” Г. Приисип вориси тахту тоҷи Австро-Венгрия Франс Фердинандро дар сӯиқасд мекушад.

Австро-Венгрия худаш яккаю танҳо бар зидди Сербия ҷанг карда наметавонист, зеро дар ин сурат ба мудофиаи Сербия Русия бармехест. Бинобар ин ҳукумати Австро-Венгрия ба иттифоқчии худ Германия муроҷиат кард Вилгелми II ба ҷанги Австро-Венгрия бар зидди Сербия розигӣ дод. Мувофиқи нақшаи Вилгелми II, вақте ки Австро-Венгрия ба Сербия ҳуҷум мекунад. Русия бар зидди вай бармехезад. Баъди ин Германия ба ҷанг дохил мешавад.

jangi-yakumi-jahon

23 июл ҳукумати Австро-Венгрия бо шартҳои таҳқиромез ба ҳукумати Сербия ултиматум пешниҳод кард. Дар он аз ҷумла гуфта мешуд, ки Австро-Венгрия воқеаи кушта шудани Франс Фердинандро дар худи Сербия тафтиш хоҳад кард ва инчунин дар он ҷо бар зидди таблиғотчиёни зидди австровенгрӣ мубориза бурданӣ аст.

25 июл сарвазири Сербия Панич ба ултиматуми Австро- Венгрия ҷавоби мусбат дод, ғайр аз дар Сербия гузаронидани тафтиши ҳодисаи кушта шудани Франс Фердинанд, чунки он соҳибихтиёрии Сербияро вайрон мекард. Бо ин баҳона 28 июл Австро-Венгрия бо Сербия ҷанг эълон кард. Баъди ин ҳукумати Русия таъҷилан ба лашкар сафарбаркунии умумӣ эълон намуд. Вале рӯзи дигар ҳукумати Германия ҳукумати Русияро огоҳ кард, ки агар вай ин корашро қатъ накунад, Германия ҳам ба лашкараш сафарбарии умумӣ эълон хоҳад намуд. Ба Русия баъд дар ин бора ултиматум ҳам пешниҳод кард, лекин ҷавоби рад гирифт.

Фикри ҳукумати Германия дар бобати бетараф мондани Англия ҳам хом баромад. Фаронса низ изҳор кард, ки Русияро дастгирӣ мекунад. Дар ҳамин вазъият 1 августи соли 1914 Германия аввал бо Русия ва 3 август бо иттифоқчии вай – Фаронса ҷанг эълон намуд.

Лашкари Германия аввалин шуда ба Белгия зада даромад. Бо баҳонаи муҳофизати давлати бетараф Англия 4 август бо Германия ҷанг эълон кард. Германияу Австро-Венгрия, аз як тараф ва Англия, Фаронса ва Русия аз тарафи дигар, ба ҷанг дохил шуданд. Дере нагузашта ба он Ҷопон ва Туркия ҳам аз тарафи Иттифоқи Сегона ба ҷанг даромаданд. Ҳамин тавр Ҷанги якуми ҷаҳонӣ оғоз ёфт. Ба он 36 давлати ҷахонӣ ва лашкари зиёда аз 70-миллионнафараи онҳо кашида шуданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …