Главная / Илм / ЧАХОР КИТОБ

ЧАХОР КИТОБ

«Чахор китоб»  –  яке аз китобхои муътабари мардуми мусулмон аст. Ин китоб асоси дини исломро баён мекунад ва мардумро ба кори нек, покии зохирию ботини, гамхори кардан ба мардум, даст кашидан аз хислатхои бади инсони даъват мекунад.

Бисмиллохи – р – рахмони – р – рахим Бидон, асъадакаллоху фи-д-дорайн, ки ин китобест дар баёни маърифати имон ва ахком ва афкори ислом ва намоз ва руза ва хач ва закот ва фароиз ва вочибот ва суннат ва мустахаб ва мубох ва макрух ва мухрим ва муфсид.

Ва ин китобро бар чахор фасл бино нихода шуд, то мубтадиёнро писандида бувад.

ФАСЛИ АВВАЛ

Дар баёни маърифати имон

Агар пурсанд, ки «Асли имон чист?»

Чавоб бигу, ки: «Атои Бори таъолост ва сари имон – калимаи тайиба гуфтан».

Агар пурсанд, ки «Тани имон чист?»

Чавоб бигу, ки: «Панч вакт намоз гузаронидан аст ва дар «Хабар» аст, ки «ли кулли шайъин калбун ва калбу – л – Куръони «Ёсин», яъне хар чиро дил аст ва дили Куръон сураи «Ёсин» аст ва хар гохе, ки се дил чамъ шавад, дуо ичобат аст. Аввал – дили Куръон, дуюм – дили бандаи муъмин, саввум-дили шаб».

Агар пурсанд, ки: «Нури имон кадом аст?»

Чавоб бигу, ки: Рост гуфтан ва торикии имон дуруг гуфтан аст. Ва тангии имон бе намоз будан ва халовати имон пок будан аст. Ва хукми имон дар миёни хавфу рачо будан аст ва шариати имон халолу харомро донистан аст. Ва бузургии имон зикри Худои таъолоро гуфтан аст.

Чоркитоб (чоркитов)
Чоркитоб (чоркитов)

Хазрати Хак, субхонаху ва таъоло дар Каломи мачиди худ мефармоянд, ки «Ё аюха – л – лазина Оману узкуру – л – лоха зикран касиран ва саббихуху букратан ва асилан». Маъни чунин бошад, ки «эй он касоне, ки имон овардаед ба Худои таъоло, ёд кунед уро рузона ва шабона».

Агар пурсанд, ки: «Пусти имон чист?»

Чавоб бигу, ки «Шарм аст»

Агар пурсанд, ки: «Меваи имон чист?»

Чавоб бигу, ки: «Руза аст. Тухми имон илму каломи имон сабр аст ва барги имон таквост ва магзи имон дуост ва бехи имон ихлос аст ва ватани имон дил аст».

Агар пурсанд, ки: «Имонро аз чи чиз офарида шудааст?»

Чавоб бигу, ки: «Аз нури зоташ таборак ва таъоло ва рухи анбиё алайхимуссаломро аз нури хазрати Мухаммад мустафо саллаллоху алайхи ва саллам офаридааст».

Агар пурсанд, ки: «Ту дар имони ё имон дар туст?»

Чавоб бигу, ки: «Ман бо имонам ва имон дар ман аст ва ман муъминам ва имон сифати ман аст».

Агар пурсанд, ки: «Имон дар чанд навъ аст?»

Чавоб бигу, ки: «Бар панч навъ аст. Аввал – имони матбуъ, ки имони фариштагон аст. Дуввум – имони маъсум, ки имони пайгамбарон аст. Саввум – имони макбул, ки имони муъминон аст. Чахорум – имони мавкуф, ки имони мубтадеъон аст. Панчум – имони мардуд, ки имони мунофикон аст».

Агар пурсанд, ки: «Имон чист?»

Чавоб бигу, ки: «Ал-имону икрорун би – л – лисони ва тасдикун би л – калби, яъне имон икро кардан аст ба забон ва устувор доштан аст ба дил, ки Худои таъоло якка ва ягона аст ва Мухаммад расуллуллох саллаллоху алайхи ва олихи ва саллам пайгамбари бархаканд».

Агар пурсанд, ки: «Имон овардан бар чанд навъ аст?» Чавоб бигу, ки: «Бар ду навъ аст. Аввал имони мучмал, дуввум имони муфассал».

Агар пурсанд, ки: «Сифати имони муфассал чист?»

Чавоб бигу, ки: «Хафт аст: Аввал – «омату биллохи ва малоикатихи ва кутубихи ва расулихи ва – л – явми – л – охири ва – л- кадари хайрихи ва шаррихи мина – л – лохи таъоло ва – л – баъси баъда – л – мавти», яъне аввал он ки бигуяд, ки «Имон овардам ман ба Худои таъоло азза ва чалла,ки якка ва ягона аст».Дуввум он ки «Имон овардам ман ба фариштагони вай, яъне фариштагон бархаканд ва офаридаи уянд».

Саввум – «Имон овардам ман ба китоби вай». Чахорум – «Имон овардам ман ба расулони вай». Панчум – «Имон овардам ман ба рузи киёмат яъне омадани аст». Шашум – «Имон овардам ман ба такдири неки ва бади, хама аз Худост азза ва чалла». Хафтум – «Имон овардам ман ба баъс, яъне зинда гардонидан баъд аз миронидан хаку рост аст»…

Агар пурсанд, ки: «Сифати имони мучмал чан даст?»

Чавоб бигу, ки: «Чахор аст: «Оманту биллохи камо хува биасмоихи ва сифотихи ва кабилту чамиъа ахкомихи ва арконихо», яъне «имон овардам ман ба Худои таъоло ва ба номхои вай ва ба сифатхои вай ва кабул кардамдини мусулмониро ва он чи дар вай аст. Ва безорам аз куфру кофири ва Худой аз вай безор аст». Дар «Авориф» овардааст, ки донистани ахком ва аркони имон аз ахамми мухиммот аст. Агар касе ахком ва аркони имонро надонад, хар ибодате, ки кунад, раво набошад. Ва дар «Чомеъ – ул- кабир »овардааст: «Иза – стувсифа- л- Марату – л – болигату ахкоман мина – т – тавхиди фаламтасиф табин мин завчихо ва ин хакамно бисихати -н – никохи бизохири – л – исломи», яъне хар вакте ки талаби тавсиф карда шавад, зани болигаро аз ахкоми имон, гуяд, ки намедонам, талоки бо ин шавад аз завчааш. Агарчи хукм кунем ба сихатии никох ба зохири ислом». Дар «Муставфи» овардааст, ки шахсе канизаке харид, ки он канизак ахкоми имонро намедонад. Бо он ки у мушрик нест, мавлоро хамрохи он мучомиат намудан харом аст. Бояд, ки аввал ахкоми имонро биёмузад ва пас мучомиат намояд. Дар «Мухит» овардааст, ки агар кассобе ахком ва аркони имонро надонад, забхи кардаи у харом бошад. Ва дар «Хулома» овардааст, ки мавлоро вочиб аст, ки

бандагони худро ахком ва аркони имонро биёмузад ва аз Куръон микдоре, ки намоз ба он раво бошад, биёмузад, хамчунин бо ахли байт ва махорими худ. Зеро ки Расулуллох, саллаллохи алйхи ва саллам фармудааст, ки: «Куллукум роъин ва куллукум ва масъулун ан раъиятихи», яъне хар яке аз шумо ба манзалаи посбонед ва хар яке аз шумоён пурсида хохад шуд аз раъияти худ.

Масалан, падар аз авлод, яъне аз адои хукуки авлод ва авлодро аз падар, яъне аз адои хукуки падар ба хамчунин ин хукм чоиз аст дар чамеъи афроди инсони.

Агар пурсанд, ки: «Вочиботи имон чанд аст?»

Чавоб бигу ки: «Дувоздах аст: аввал бо уламо сухбат доштан, дуввум -аз мунофикон дур будан, саввум – ташнаро об додан, чахорум – беморро пурсидан, панчум – кадхудои – дарвешро шафкат намудан, шашум – фарзанди худро ислом омухтан, хафтум – ахл ва аёли худро намоз омухтан, хаштум -дасти мархамат бар сари айтом молидан, нухум – мурдаро шустан, дахум -санге, ки ба сари рох бошад, дур кардан, ёздахум – падару модарро зиёратнамудан, дувоздахум – тавофи хонаи Каъба намудан».

Агар пурсанд, ки: «Хукми имон чанд чиз аст?» Чавоб бигу ки: «Ду чиз аст: яке дуняви ва дигаре ухрави». Аммо хукми дунявии имон амон ёфтани нафс ва мол аст, ки хар касе, ки имон дорад, нафси у аз кушта шудан ва моли у аз талаф шудан махфуз мемонад ва хукми шаър, ки агар касе ба гайри хак бикушад вай ба касос

кушта мешавад. Ва агар зино кунад, вай сансор карда мешавад. Аммо хукми ухравии имон начот аз оташи дузах ва расидан ба наими чаннат ва мушараф шудан ба дидори Хак субхонаху таъоло, ки ачали ниам аст».

Агар пурсанд, ки: «Шароити имон чанд аст?»

Чавоб бигу ки: «Хафт аст: аввал имон овардан ба гайб, яъне пеш аз он, ки азоби Худои таъолоро бинад ва агар баъд аз муоина дидани азоб имон орад, онро имон яъс гуянд ва имони номакбул аст. Чунончи гуфтаанд, ки хар касро аз муъмин ва кофир дар вакти мавт макоми уро аз бихишт ё аз дузах менамоянд. Ва муъминро гуянд, ки агар кофир мурди, чои ту ин буди, дар дузах. Ва холо он ки аз дунё ба нури имон мерави, чои ту бихишт аст, пас ба осоиш бошад. Ва ба кофирон гуянд, ки агар ту мусулмон мурди, чои ту ин буди аз бихишт ва холо он ки аз ин олам ба куфр мерави, пас аз макоми ту ин мавзеъ аст аз дузах. Пас дар банди пушаймони бошад. Дуюм – илми гайбро хоссаи Худои таъоло донистан, сеюм – бихишту дузахро нодида гаравидан, чахорум – халолро халол донистан, панчум – харомро харом донистан, агар шахсе халол кардаи У таъолоро халол надонад ва харом кардаи У – таъолоро харом надонад, кофир гардад. Ва агарчи калимаи шаходтро ба забон мнронда бошад ва намоз ва руза медошта бошад, шашум – аз азоби Худои таъоло тарсидан ва аз рахмати У умедвор шудан».

Агар пурсанд, ки: «Камоли имон чанд чиз аст?»

Чавоб бигу ки: «Аз руи лугат __________хар ду яке аст. Ин хар ду ба маъни

инкиёд аст ва дар истилох мугоир аст». Чунон ки «ал – имону икрорун би – л

– лисони ва тасдикун би – л – калби ва – л – ислому хува – л – инкиёду

биамриллохи таъоло ва – л – ичтинобу ан навохихи», яъне «ислом инкиёд

будан ба амри Аллох ва дур будан аз он чи нахй кардааст У – таъоло азза

шаънаху».

Агар пурсанд, ки: «Дин чист?»

Чавоб бигу ки: «Ад- дину индаллохи хува – л – ислому».

Агар пурсанд, ки: «Имон фарз аст ё суннат?»

Чавоб бигу ки: «Аввал банда икрор мекунад бар вахдонияти Худои

таъоло, ки бархак аст. Ин фарз аст. Ва такрори у суннат аст».

Агар пурсанд, ки: «Имон ба кадом оят фарз шудааст?»

Чавоб бигу ки: «Бо ин оят фарз шудааст:» «Хаббаби илайкумул – имона

ва зайнаху фи кулубикум». Ва ба ин хадис суннат собит шудааст: «Нахну

нашхаду бимо ахадаллоху бихи».

Агар пурсанд, ки: «Ба вахдонияти Худои таъоло имон овардан ба кадом оят собит шудааст?»

Чавоб бигу ки: «Ба ин оят собит шудааст: «Шахидаллоху аннаху ло илоха иллоху хува».

Агар пурсанд, ки: «Имон чист? Ва ислом чист? Ва эхсон чист?» Чавоб бигу ки: «Ба ин мазмун, ки аз хазрати Умар ибни Хаттоб ривоят кардаанд, ки гуфта дар аснои он ки мо будем назди Расуллуллох, саллаллоху алайхи ва саллам рузе ба ногох тулуъ гардид бар мо, яъне  зохир шуд бар мо марде, ки нек сафед буду чомаи у шадид буд, сиёхии муи у ва дида намешуд бар вай асари рохро, мисли губорролудаги ва шикастагиранг ва сусти ва монда шудаги. Ва хол он ки намешинохт уро ахаде аз мохон, то ки у наздик омад ва нишаст пеши он хазрат саллаллоху алайхи ва саллам. Пас пайваста гардонид хар ду зонуи худро ба руи зонуи худ ва гуфт: «Эй Мухаммад, алайхиссалоту вассалом, хабар дех маро аз ислом».

Гуфтаанд: «Ислом он аст, ки шаходат ори Худоеро ки нест илохе чуз зоти поки У таъоло ва шаходат ори, Мухаммад саллаллох алайхи ва салам бандаи Худо ва расули уст. Ва бар пой дори намозро ва бидихи закоти молро ва руза дори мохи шарифи рамазонро ва тавоф куни хонаи Каъбаро, агар метавони рафт». Ва гуфт он мард: «Рост гуфти, эй Мухаммад саллаллоху алайхи вассаллам. Ва гуфтанд хазрати Умар: «тааччуб кардем аз ин мард, ки суол мекард ва уро ростгу медонист». Боз он мард гуфт : «Хабар дех маро, эй Мухаммад, саллаллоху алайхи вассаллам, аз имон». Гуфтанд:

«Имон он аст, ки имон ори ва бигарави ба Худои таъоло ва фариштагони Вай ва ба китобхои Вай ва ба рузи киёмат. Ва имон ори ба такдири неки ва бади ки хама аз Худои азза ва чалла. Ва хар чи дар коинот вокеъ шуда ва мешавад ба казо ва иродаи Уст». Он мард гуфт: «Рост гуфти». Пас гуфт: «Хабар дех маро аз эхсон, гуфтанд: «Эхсон он аст, ки ибодат куни Уро. Гуё мебини, ту Аллох таъолоро. Агар ту надида боши, У мебинад». Он мард гуфт: «Рост гуфти». Гуфтанд: «Расули Аллох алайхиссалавот вассалом, ки «Имон барахна аст. Ва пушиши у пархезкори аст ва ороиши у шарм ва меваи у илм аст…» Пайгамбар саллаллоху алайхи вассалам гуфтанд, ки «Огох бошед, ки касеро, ки амонатгузор нест, имон нест маар уро… Нест муъмин аз шумоён касе, ки то дуст дорад барои бародари муъмин он чизеро, ки дуст дорад барои худ… Имон сирре аст дар синаи муъмин ва ислом ошкоро кардани вай аст».

ДАР БАЁНИ МАЗАММАТИ ХАШМУ ГАЗАБ

Эй писар, хар касс, ки дорад чор чиз
Чори дигар хам шавад мавчуд низ.
Окибат расвои ояд аз лачоч,
Хашмро накнад пушаймони илоч.
Бегумон аз кибр хезад душмани,
Хосил ояд хори аз кохилтани.
Чун лучоче дар миён пайдо шавад,
Банда аз шумии у расво шавад.
Хашми худро чунки ронад чохиле
Чуз пушаймониш набвад хосиле.
Хар ки гашт аз кибр боло гарданаш
Дустон гарданд охир душманаш.
Кохилиро хар ки созад пешае
Ояд аз хори ба пояш тешае.
Хашми худро гар фуру нахвард касе,
Окибат бинад пушаймони басе.
Хар ки у афтодаву танпарвар аст,
Нест одам, камтар аз гову хар аст.

ДАР БАЁНИ ГАНИМАТ ДОНИСТАНИ УМР

Умрро медон ганимат хар нафас,
Чун равад, дигар наёяд боз пас.
Хеч кас аз худ казоро рад накард,
Хар ки рози аз казо шуд, бад накард.
Хар ки мехохад, ки бошад дар амон,
Мухр мебояд ниходан бар забон.
Месазад, гар умрро дони азиз,
Чун равад, пушташ нахохи дид низ.

ДАР БАЁНИ ХОМУШИ ВА САХОВАТ

Хосил ояд чор чиз аз чор чиз,
Ёд гир ин нукта аз ман, эй азиз.
Хомуширо хар ки созад пашае
Гардад эмин, набвшавад андешае,
Гар саломат боядат, хомуш бош,
Гашт эмин, хар ки неки кард фош.
Аз саховат мард ёбад сарвари,
Шукр неъматро дихад афзунтари,
Хар ки шуд сокиту лаб хомуш кард,
Аз саломат кисвате бар душ кард.
Гар хамехохи, ки боши дар Амон,
Рав накуи кун ту бар халки чахон.
Хар киро одат шавад чуду карам,
Дар миёни халк гардид мухтарам.
Хар ки кори нек ё бад мекунад,
Он хама медон, ки бо худ мекунад.
Эй бародар, бандаи Маъбуд бош,
То тавони бо сахову чуд бош.
Бош аз бухли бахилон пурхазар,
То насузад мар туро нории сакар.

ДАР БАЁНИ ОБРУРО БИЯФЗОЯД

Мефизояд обру аз панч чиз,
Бо ту гуям, бишнав, эй ахли тамиз.
Дар саховат куш, агар дони гано,
То физояд обруяд аз сахо.
Бурдборию вафодори гузин,
З-он ки обруй афзояд аз ин.
Он ки у бар халк бахшояд хаме,
Бешак, обруй афзояд хаме.
Чун ба кори хеш хозир будаи,
Обруи хешро афзудаи.
Аз саховат обру афзун шавад,
В-аз бахили бехирад малъун шавад.
Хар киро бо халк бахшоиш бувад,
Обруи вай дар афзоиш бувад.
Бош доим бурдбору бовафо,
То ба руи хеш бини сад зиё.
То бимонад сират аз душман нихон,
Сирри худ дустон камтар расон.
То нагарди пеши мардум шармсор,
Он чи худ нанхода боши, бармадор.
Эй бародар, пардаи мардум мадар,
То надаррад пардаат шахси дигар.
Бархавои дил макун зинхор кор,
То наёрад пас пушаймонит бор.
То забонат бошад, эй хоча дароз,
Дуст кутах дору хар чониб матоз.
Кадри мардумро шинос, эй мухтарам,
То шиносад дигаре кадри ту хам.
Хар киро кадре набошад бар чахон,
Зинда машмораш, ки хаст аз мурдагон.
Аз каноат хр киро набвад нишон,
Кай тавонгар созадаш моли чахон?
Бар адуи хеш чун ёби зафар,
Авф пеш ору чурмаш даргузар.
Доимо мебош аз Хакк тар скор,
Низ бош аз рахматаш умедвор.
Ботавозуъ бошу ху кун бо адаб,
Сухбати пархезкорон металаб.
Бурдбори чуй, беозор бош,
То ки гардад дар хунар номи ту фош.
Сабру илму хилм тарёке диланд,
Хирсу бугзу кина захри котиланд.
Хамчу тарёканд доноёни дахр,
Котиланд, эй хоча, нодонон чу захр.
Мардум аз тарёк меёбанд начот,
Худ касе аз захр кай ёбад хаёт?
Фахри чумла илмхо нон додан аст,
Дар ба руи дустон бикшодан аст.
Гарчи доно бошию ахли хунар,
Хешро камтар зи хар нодон шумар.

ДАР БАЁНИ ГАМХОРи КАРДАН БО МАРДУМ

Бар сари болини беморон гузар,
З-он ки хаст ин суннати хайрулбашар.
То тавони, ташнаро сероб кун,
Дар мачолис хидмати асхоб кун.
Хотири айтомро дарёб низ,
То туро пайваста Хакк дорад азиз.
Чун шавад гирён ятиме ногахон,
Арши Хакк дар чунбиш ояд он замон.
Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дузахаш бирён кунад.
Он ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад чаннати дарбастаро.
Хар ки асрорат кунад фош, эй писар,
Аз чунон кас дур мебош, эй писар.
Дар чавони дор пиронро азиз,
То азизи дигарон боши ту низ.
Бо заифон гар бубахшои равост,
К-ин зи сиратхои хуби авлиёст.
Бар сари сери махур харгиз таом,
То намирад дар бадан калб, эй гулом.
Иллати мардум зи пурхори бувад,
Хурдани пур тухми бемори бувад.
Рохате набвад хасуди шумро,
Козиби бадбахтро набвад вафо.
Хар мунофикро ту душмандор бош,
Аз ваю аз феъли вай безор бош.
Тавбаи бадху кучо махкам бувад,
Мар бахилонро мурувват кам бувад.
То шавад дини ту софи чун зулол,
Бош доим толиби кути халол.
Он ки бошад дар паи кути харом,
Дар тани у дил хамемирад тамом.

ДАР БАЁНИ АТОИ ХАКК ТАЪОЛО

Чор чизат аз атохои карим,
Бо ту гуям, ёд гираш, эй салим.
Фарзи Хакк аввал ба чо овардан аст,
Волидайн аз хеш рози кардан аст.
Хукми дигар чист? Бо шайтон чиход,
Чорумин – неки ба халки номурод.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …