Главная / Илм / ЧАҲОР КИТОБ

ЧАҲОР КИТОБ

«Чаҳор китоб»  –  яке аз китобҳои мўътабари мардуми мусулмон аст. Ин китоб асоси дини исломро баён мекунад ва мардумро ба кори нек, покии зоҳирию ботинӣ, ғамхорӣ кардан ба мардум, даст кашидан аз хислатҳои бади инсонӣ даъват мекунад.

Бисмиллоҳи – р – раҳмони – р – раҳим Бидон, асъадакаллоҳу фи-д-дорайн, ки ин китобест дар баёни маърифати имон ва аҳком ва афкори ислом ва намоз ва рўза ва ҳаҷ ва закот ва фароиз ва воҷибот ва суннат ва мустаҳаб ва мубоҳ ва макруҳ ва муҳрим ва муфсид.

Ва ин китобро бар чаҳор фасл бино ниҳода шуд, то мубтадиёнро писандида бувад.

ФАСЛИ АВВАЛ

Дар баёни маърифати имон

Агар пурсанд, ки «Асли имон чист?»

Ҷавоб бигў, ки: «Атои Борӣ таъолост ва сари имон – калимаи тайиба гуфтан».

Агар пурсанд, ки «Тани имон чист?»

Ҷавоб бигў, ки: «Панҷ вақт намоз гузаронидан аст ва дар «Хабар» аст, ки «ли кулли шайъин қалбун ва қалбу – л – Қуръони «Ёсин», яъне ҳар чиро дил аст ва дили Қуръон сураи «Ёсин» аст ва ҳар гоҳе, ки се дил ҷамъ шавад, дуо иҷобат аст. Аввал – дили Қуръон, дуюм – дили бандаи мўъмин, саввум-дили шаб».

Агар пурсанд, ки: «Нури имон кадом аст?»

Ҷавоб бигў, ки: Рост гуфтан ва торикии имон дурўғ гуфтан аст. Ва тангии имон бе намоз будан ва ҳаловати имон пок будан аст. Ва ҳукми имон дар миёни хавфу раҷо будан аст ва шариати имон ҳалолу ҳаромро донистан аст. Ва бузургии имон зикри Худои таъолоро гуфтан аст.

Чоркитоб (чоркитов)
Чоркитоб (чоркитов)

Ҳазрати Ҳақ, субҳонаҳу ва таъоло дар Каломи маҷиди худ мефармоянд, ки «Ё аюҳа – л – лазина Оману узкуру – л – лоҳа зикран касиран ва саббиҳуҳу букратан ва асилан». Маънӣ чунин бошад, ки «эй он касоне, ки имон овардаед ба Худои таъоло, ёд кунед ўро рўзона ва шабона».

Агар пурсанд, ки: «Пўсти имон чист?»

Ҷавоб бигў, ки «Шарм аст»

Агар пурсанд, ки: «Меваи имон чист?»

Ҷавоб бигў, ки: «Рўза аст. Тухми имон илму каломи имон сабр аст ва барги имон тақвост ва мағзи имон дуост ва бехи имон ихлос аст ва ватани имон дил аст».

Агар пурсанд, ки: «Имонро аз чӣ чиз офарида шудааст?»

Ҷавоб бигў, ки: «Аз нури зоташ таборак ва таъоло ва рўҳи анбиё алайҳимуссаломро аз нури ҳазрати Муҳаммад мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам офаридааст».

Агар пурсанд, ки: «Ту дар имонӣ ё имон дар туст?»

Ҷавоб бигў, ки: «Ман бо имонам ва имон дар ман аст ва ман мўъминам ва имон сифати ман аст».

Агар пурсанд, ки: «Имон дар чанд навъ аст?»

Ҷавоб бигў, ки: «Бар панҷ навъ аст. Аввал – имони матбўъ, ки имони фариштагон аст. Дуввум – имони маъсум, ки имони пайғамбарон аст. Саввум – имони мақбул, ки имони мўъминон аст. Чаҳорум – имони мавқуф, ки имони мубтадеъон аст. Панҷум – имони мардуд, ки имони мунофиқон аст».

Агар пурсанд, ки: «Имон чист?»

Ҷавоб бигў, ки: «Ал-имону иқрорун би – л – лисони ва тасдиқун би л – қалби, яъне имон иқро кардан аст ба забон ва устувор доштан аст ба дил, ки Худои таъоло якка ва ягона аст ва Муҳаммад расуллуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пайғамбари барҳақанд».

Агар пурсанд, ки: «Имон овардан бар чанд навъ аст?» Ҷавоб бигў, ки: «Бар ду навъ аст. Аввал имони муҷмал, дуввум имони муфассал».

Агар пурсанд, ки: «Сифати имони муфассал чист?»

Ҷавоб бигў, ки: «Ҳафт аст: Аввал – «омату биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва расулиҳи ва – л – явми – л – охири ва – л- қадари хайриҳи ва шарриҳи мина – л – лоҳи таъоло ва – л – баъси баъда – л – мавти», яъне аввал он ки бигўяд, ки «Имон овардам ман ба Худои таъоло азза ва ҷалла,ки якка ва ягона аст».Дуввум он ки «Имон овардам ман ба фариштагони вай, яъне фариштагон барҳақанд ва офаридаи ўянд».

Саввум – «Имон овардам ман ба китоби вай». Чаҳорум – «Имон овардам ман ба расулони вай». Панҷум – «Имон овардам ман ба рўзи қиёмат яъне омаданӣ аст». Шашум – «Имон овардам ман ба тақдири некӣ ва бадӣ, ҳама аз Худост азза ва ҷалла». Ҳафтум – «Имон овардам ман ба баъс, яъне зинда гардонидан баъд аз миронидан ҳақу рост аст»…

Агар пурсанд, ки: «Сифати имони муҷмал чан даст?»

Ҷавоб бигў, ки: «Чаҳор аст: «Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳи ва сифотиҳи ва қабилту ҷамиъа аҳкомиҳи ва аркониҳо», яъне «имон овардам ман ба Худои таъоло ва ба номҳои вай ва ба сифатҳои вай ва қабул кардамдини мусулмониро ва он чӣ дар вай аст. Ва безорам аз куфру кофирӣ ва Худой аз вай безор аст». Дар «Авориф» овардааст, ки донистани аҳком ва аркони имон аз аҳамми муҳиммот аст. Агар касе аҳком ва аркони имонро надонад, ҳар ибодате, ки кунад, раво набошад. Ва дар «Ҷомеъ – ул- кабир »овардааст: «Иза – стувсифа- л- Марату – л – болиғату аҳкоман мина – т – тавҳиди фаламтасиф табин мин завҷиҳо ва ин ҳакамно бисиҳати -н – никоҳи бизоҳири – л – исломи», яъне ҳар вақте ки талаби тавсиф карда шавад, зани болиғаро аз аҳкоми имон, гўяд, ки намедонам, талоқи бо ин шавад аз завҷааш. Агарчи ҳукм кунем ба сиҳатии никоҳ ба зоҳири ислом». Дар «Муставфӣ» овардааст, ки шахсе канизаке харид, ки он канизак аҳкоми имонро намедонад. Бо он ки ў мушрик нест, мавлоро ҳамроҳи он муҷомиат намудан ҳаром аст. Бояд, ки аввал аҳкоми имонро биёмўзад ва пас муҷомиат намояд. Дар «Муҳит» овардааст, ки агар қассобе аҳком ва аркони имонро надонад, забҳи кардаи ў ҳаром бошад. Ва дар «Хулома» овардааст, ки мавлоро воҷиб аст, ки

бандагони худро аҳком ва аркони имонро биёмўзад ва аз Қуръон миқдоре, ки намоз ба он раво бошад, биёмўзад, ҳамчунин бо аҳли байт ва маҳорими худ. Зеро ки Расулуллоҳ, саллаллоҳи алйҳи ва саллам фармудааст, ки: «Куллукум роъин ва куллукум ва масъулун ан раъиятиҳи», яъне ҳар яке аз шумо ба манзалаи посбонед ва ҳар яке аз шумоён пурсида хоҳад шуд аз раъияти худ.

Масалан, падар аз авлод, яъне аз адои ҳуқуқи авлод ва авлодро аз падар, яъне аз адои ҳуқуқи падар ба ҳамчунин ин ҳукм ҷоиз аст дар ҷамеъи афроди инсонӣ.

Агар пурсанд, ки: «Воҷиботи имон чанд аст?»

Ҷавоб бигў ки: «Дувоздаҳ аст: аввал бо уламо сўҳбат доштан, дуввум -аз мунофиқон дур будан, саввум – ташнаро об додан, чаҳорум – беморро пурсидан, панҷум – кадхудоӣ – дарвешро шафқат намудан, шашум – фарзанди худро ислом омўхтан, ҳафтум – аҳл ва аёли худро намоз омўхтан, ҳаштум -дасти марҳамат бар сари айтом молидан, нўҳум – мурдаро шустан, даҳум -санге, ки ба сари роҳ бошад, дур кардан, ёздаҳум – падару модарро зиёратнамудан, дувоздаҳум – тавофи хонаи Каъба намудан».

Агар пурсанд, ки: «Ҳукми имон чанд чиз аст?» Ҷавоб бигў ки: «Ду чиз аст: яке дунявӣ ва дигаре ухравӣ». Аммо ҳукми дунявии имон амон ёфтани нафс ва мол аст, ки ҳар касе, ки имон дорад, нафси ў аз кушта шудан ва моли ў аз талаф шудан маҳфуз мемонад ва ҳукми шаър, ки агар касе ба ғайри ҳақ бикушад вай ба қасос

кушта мешавад. Ва агар зино кунад, вай сансор карда мешавад. Аммо ҳукми ухравии имон наҷот аз оташи дўзах ва расидан ба наими ҷаннат ва мушараф шудан ба дидори Ҳақ субҳонаҳу таъоло, ки аҷали ниам аст».

Агар пурсанд, ки: «Шароити имон чанд аст?»

Ҷавоб бигў ки: «Ҳафт аст: аввал имон овардан ба ғайб, яъне пеш аз он, ки азоби Худои таъолоро бинад ва агар баъд аз муоина дидани азоб имон орад, онро имон яъс гўянд ва имони номақбул аст. Чунончи гуфтаанд, ки ҳар касро аз мўъмин ва кофир дар вақти мавт мақоми ўро аз биҳишт ё аз дўзах менамоянд. Ва мўъминро гўянд, ки агар кофир мурдӣ, ҷои ту ин будӣ, дар дўзах. Ва ҳоло он ки аз дунё ба нури имон меравӣ, ҷои ту биҳишт аст, пас ба осоиш бошад. Ва ба кофирон гўянд, ки агар ту мусулмон мурдӣ, ҷои ту ин будӣ аз биҳишт ва ҳоло он ки аз ин олам ба куфр меравӣ, пас аз мақоми ту ин мавзеъ аст аз дўзах. Пас дар банди пушаймонӣ бошад. Дуюм – илми ғайбро хоссаи Худои таъоло донистан, сеюм – биҳишту дўзахро нодида гаравидан, чаҳорум – ҳалолро ҳалол донистан, панҷум – ҳаромро ҳаром донистан, агар шахсе ҳалол кардаи Ў таъолоро ҳалол надонад ва ҳаром кардаи Ў – таъолоро ҳаром надонад, кофир гардад. Ва агарчи калимаи шаҳодтро ба забон мнронда бошад ва намоз ва рўза медошта бошад, шашум – аз азоби Худои таъоло тарсидан ва аз раҳмати Ў умедвор шудан».

Агар пурсанд, ки: «Камоли имон чанд чиз аст?»

Ҷавоб бигў ки: «Аз рўи луғат __________ҳар ду яке аст. Ин ҳар ду ба маънӣ

инқиёд аст ва дар истилоҳ муғоир аст». Чунон ки «ал – имону иқрорун би – л

– лисони ва тасдиқун би – л – қалби ва – л – ислому ҳува – л – инқиёду

биамриллоҳи таъоло ва – л – иҷтинобу ан навоҳиҳи», яъне «ислом инқиёд

будан ба амри Аллоҳ ва дур будан аз он чӣ наҳй кардааст Ў – таъоло азза

шаънаҳу».

Агар пурсанд, ки: «Дин чист?»

Ҷавоб бигў ки: «Ад- дину индаллоҳи ҳува – л – ислому».

Агар пурсанд, ки: «Имон фарз аст ё суннат?»

Ҷавоб бигў ки: «Аввал банда иқрор мекунад бар ваҳдонияти Худои

таъоло, ки барҳақ аст. Ин фарз аст. Ва такрори ў суннат аст».

Агар пурсанд, ки: «Имон ба кадом оят фарз шудааст?»

Ҷавоб бигў ки: «Бо ин оят фарз шудааст:» «Ҳаббаби илайкумул – имона

ва зайнаҳу фӣ қулубикум». Ва ба ин ҳадис суннат собит шудааст: «Наҳну

нашҳаду бимо аҳадаллоҳу биҳӣ».

Агар пурсанд, ки: «Ба ваҳдонияти Худои таъоло имон овардан ба кадом оят собит шудааст?»

Ҷавоб бигў ки: «Ба ин оят собит шудааст: «Шаҳидаллоҳу аннаҳу ло илоҳа иллоҳу ҳува».

Агар пурсанд, ки: «Имон чист? Ва ислом чист? Ва эҳсон чист?» Ҷавоб бигў ки: «Ба ин мазмун, ки аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб ривоят кардаанд, ки гуфта дар аснои он ки мо будем назди Расуллуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам рўзе ба ногоҳ тулўъ гардид бар мо, яъне  зоҳир шуд бар мо марде, ки нек сафед буду ҷомаи ў шадид буд, сиёҳии мўи ў ва дида намешуд бар вай асари роҳро, мисли ғуборролудагӣ ва шикастагиранг ва сустӣ ва монда шудагӣ. Ва ҳол он ки намешинохт ўро аҳаде аз моҳон, то ки ў наздик омад ва нишаст пеши он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Пас пайваста гардонид ҳар ду зонуи худро ба рўи зонуи худ ва гуфт: «Эй Муҳаммад, алайҳиссалоту вассалом, хабар деҳ маро аз ислом».

Гуфтаанд: «Ислом он аст, ки шаҳодат орӣ Худоеро ки нест илоҳе ҷуз зоти поки Ў таъоло ва шаҳодат орӣ, Муҳаммад саллаллоҳ алайҳи ва салам бандаи Худо ва расули ўст. Ва бар пой дорӣ намозро ва бидиҳӣ закоти молро ва рўза дорӣ моҳи шарифи рамазонро ва тавоф кунӣ хонаи Каъбаро, агар метавонӣ рафт». Ва гуфт он мард: «Рост гуфтӣ, эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи вассаллам. Ва гуфтанд ҳазрати Умар: «тааҷҷуб кардем аз ин мард, ки суол мекард ва ўро ростгў медонист». Боз он мард гуфт : «Хабар деҳ маро, эй Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи вассаллам, аз имон». Гуфтанд:

«Имон он аст, ки имон орӣ ва бигаравӣ ба Худои таъоло ва фариштагони Вай ва ба китобҳои Вай ва ба рўзи қиёмат. Ва имон орӣ ба тақдири некӣ ва бадӣ ки ҳама аз Худои азза ва ҷалла. Ва ҳар чӣ дар коинот воқеъ шуда ва мешавад ба қазо ва иродаи Ўст». Он мард гуфт: «Рост гуфтӣ». Пас гуфт: «Хабар деҳ маро аз эҳсон, гуфтанд: «Эҳсон он аст, ки ибодат кунӣ Ўро. Гўё мебинӣ, ту Аллоҳ таъолоро. Агар ту надида бошӣ, Ў мебинад». Он мард гуфт: «Рост гуфтӣ». Гуфтанд: «Расули Аллоҳ алайҳиссалавот вассалом, ки «Имон бараҳна аст. Ва пўшиши ў парҳезкорӣ аст ва ороиши ў шарм ва меваи ў илм аст…» Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи вассалам гуфтанд, ки «Огоҳ бошед, ки касеро, ки амонатгузор нест, имон нест маар ўро… Нест мўъмин аз шумоён касе, ки то дўст дорад барои бародари мўъмин он чизеро, ки дўст дорад барои худ… Имон сирре аст дар синаи мўъмин ва ислом ошкоро кардани вай аст».

ДАР БАЁНИ МАЗАММАТИ ХАШМУ ҒАЗАБ

Эй писар, ҳар касс, ки дорад чор чиз
Чори дигар ҳам шавад мавҷуд низ.
Оқибат расвоӣ ояд аз лаҷоҷ,
Хашмро накнад пушаймонӣ илоҷ.
Бегумон аз кибр хезад душманӣ,
Ҳосил ояд хорӣ аз коҳилтанӣ.
Чун луҷоҷе дар миён пайдо шавад,
Банда аз шумии ў расво шавад.
Хашми худро чунки ронад ҷоҳиле
Ҷуз пушаймониш набвад ҳосиле.
Ҳар ки гашт аз кибр боло гарданаш
Дўстон гарданд охир душманаш.
Коҳилиро ҳар кӣ созад пешае
Ояд аз хорӣ ба пояш тешае.
Хашми худро гар фурў нахвард касе,
Оқибат бинад пушаймонӣ басе.
Ҳар кӣ ў афтодаву танпарвар аст,
Нест одам, камтар аз гову хар аст.

ДАР БАЁНИ ҒАНИМАТ ДОНИСТАНИ УМР

Умрро медон ғанимат ҳар нафас,
Чун равад, дигар наёяд боз пас.
Ҳеҷ кас аз худ қазоро рад накард,
Ҳар кӣ розӣ аз қазо шуд, бад накард.
Ҳар кӣ мехоҳад, ки бошад дар амон,
Мўҳр мебояд ниҳодан бар забон.
Месазад, гар умрро донӣ азиз,
Чун равад, пушташ нахоҳӣ дид низ.

ДАР БАЁНИ ХОМЎШӢ ВА САХОВАТ

Ҳосил ояд чор чиз аз чор чиз,
Ёд гир ин нукта аз ман, эй азиз.
Хомўширо ҳар кӣ созад пашае
Гардад эмин, набвшавад андешае,
Гар саломат боядат, хомўш бош,
Гашт эмин, ҳар кӣ некӣ кард фош.
Аз саховат мард ёбад сарварӣ,
Шукр неъматро диҳад афзунтарӣ,
Ҳар кӣ шуд сокиту лаб хомўш кард,
Аз саломат кисвате бар дўш кард.
Гар ҳамехоҳӣ, ки бошӣ дар Амон,
Рав накўӣ кун ту бар халқи ҷаҳон.
Ҳар киро одат шавад ҷуду карам,
Дар миёни халқ гардид мўҳтарам.
Ҳар кӣ кори нек ё бад мекунад,
Он ҳама медон, ки бо худ мекунад.
Эй бародар, бандаи Маъбуд бош,
То тавонӣ бо сахову ҷуд бош.
Бош аз бухли бахилон пурҳазар,
То насўзад мар туро нории сақар.

ДАР БАЁНИ ОБРЎРО БИЯФЗОЯД

Мефизояд обрў аз панҷ чиз,
Бо ту гўям, бишнав, эй аҳли тамиз.
Дар саховат кўш, агар донӣ ғано,
То физояд обрўяд аз сахо.
Бурдборию вафодорӣ гузин,
З-он ки обрўй афзояд аз ин.
Он ки ў бар халқ бахшояд ҳаме,
Бешак, обрўй афзояд ҳаме.
Чун ба кори хеш ҳозир будаӣ,
Обрўи хешро афзудаӣ.
Аз саховат обрў афзун шавад,
В-аз бахили бехирад малъун шавад.
Ҳар киро бо халқ бахшоиш бувад,
Обрўи вай дар афзоиш бувад.
Бош доим бурдбору бовафо,
То ба рўи хеш бини сад зиё.
То бимонад сират аз душман ниҳон,
Сирри худ дўстон камтар расон.
То нагардӣ пеши мардум шармсор,
Он чӣ худ нанҳода бошӣ, бармадор.
Эй бародар, пардаи мардум мадар,
То надаррад пардаат шахси дигар.
Барҳавои дил макун зинҳор кор,
То наёрад пас пушаймонит бор.
То забонат бошад, эй хоҷа дароз,
Дўст кўтаҳ дору ҳар ҷониб матоз.
Қадри мардумро шинос, эй мўҳтарам,
То шиносад дигаре қадри ту ҳам.
Ҳар киро қадре набошад бар ҷаҳон,
Зинда машмораш, ки ҳаст аз мурдагон.
Аз қаноат ҳр киро набвад нишон,
Кай тавонгар созадаш моли ҷаҳон?
Бар адўи хеш чун ёбӣ зафар,
Авф пеш ору ҷурмаш даргузар.
Доимо мебош аз Ҳаққ тар скор,
Низ бош аз раҳматаш умедвор.
Ботавозўъ бошу хў кун бо адаб,
Сўҳбати парҳезкорон металаб.
Бурдборӣ ҷўй, беозор бош,
То ки гардад дар ҳунар номи ту фош.
Сабру илму ҳилм тарёке диланд,
Ҳирсу буғзу кина заҳри қотиланд.
Ҳамчу тарёканд доноёни даҳр,
Қотиланд, эй хоҷа, нодонон чу заҳр.
Мардум аз тарёк меёбанд наҷот,
Худ касе аз заҳр кай ёбад ҳаёт?
Фахри ҷумла илмҳо нон додан аст,
Дар ба рўи дўстон бикшодан аст.
Гарчи доно бошию аҳли ҳунар,
Хешро камтар зи ҳар нодон шумар.

ДАР БАЁНИ ҒАМХОРӣ КАРДАН БО МАРДУМ

Бар сари болини беморон гузар,
З-он ки ҳаст ин суннати хайрулбашар.
То тавонӣ, ташнаро сероб кун,
Дар маҷолис хидмати асҳоб кун.
Хотири айтомро дарёб низ,
То туро пайваста Ҳаққ дорад азиз.
Чун шавад гирён ятиме ногаҳон,
Арши Ҳаққ дар ҷунбиш ояд он замон.
Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дўзахаш бирён кунад.
Он ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Ҳар ки асрорат кунад фош, эй писар,
Аз чунон кас дур мебош, эй писар.
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон бошӣ ту низ.
Бо заифон гар бубахшоӣ равост,
К-ин зи сиратҳои хуби авлиёст.
Бар сари серӣ махўр ҳаргиз таом,
То намирад дар бадан қалб, эй ғулом.
Иллати мардум зи пурхорӣ бувад,
Хўрдани пур тухми беморӣ бувад.
Роҳате набвад ҳасуди шумро,
Козиби бадбахтро набвад вафо.
Ҳар мунофиқро ту душмандор бош,
Аз ваю аз феъли вай безор бош.
Тавбаи бадхў куҷо маҳкам бувад,
Мар бахилонро мурувват кам бувад.
То шавад дини ту софӣ чун зулол,
Бош доим толиби қути ҳалол.
Он ки бошад дар паи қути ҳаром,
Дар тани ў дил ҳамемирад тамом.

ДАР БАЁНИ АТОИ ҲАҚҚ ТАЪОЛО

Чор чизат аз атоҳои карим,
Бо ту гўям, ёд гираш, эй салим.
Фарзи Ҳаққ аввал ба ҷо овардан аст,
Волидайн аз хеш розӣ кардан аст.
Ҳукми дигар чист? Бо шайтон ҷиҳод,
Чорумин – некӣ ба халқи номурод.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

exnologiyai-info

РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Тавре қайд кардем, мафҳуми информатсия бо амалиётҳои дарёфт, ғункунӣ, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт …