Главная / Илм / Буймодарони махинбарг

Буймодарони махинбарг

Буймодарони махинбарг — ин гиёхест аз чинси буимодарони дуруштбарг. Фарк миёни ин ва буймодарони дуруштбарг дар он аст, ки баргхои ин монанди сузан махин ва борик-борики гуё аз ду пахлуи шохбаргаш чун риштахои кутох-кутох катор чида шуда бошанд ва мачмуаш пари пахни мургро ба хотир мерасонад, ки дар руйи замин аз атрофи пояи гулаш пахн гаштаанд. Гулаш чатрии зич, тиллоранг ва монанди гули навъи дуруштбарги он аст. Боз фарк дар он, ки ин як поя дорад ва дар сари он поя як адад гул.

buimodaron-rastaniИнро ба руси тысячелистник меноманд. Навъи дуруштбаргаш аз як бех чанд пояшоххо бароварда, дар хар шох монанди баргхои сабзи ва дурушттар аз он баргхо дорад ва дар сари он шоххо яктоги гул мекунад. Хар ду навъро хам буяш тез ва таьмаш талх аст.

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, баъзехо, дар дарачаи якум гарм ва дар севум хушк низ, гуфтаанд.

Хислатхои шифобахши он: агар инро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди сареро, ки аз сарди бошад, шифо мебахшад.

Инро дар об чушонида, он обро бинушанд, дарди узвхои даруни синаро таскин медихад, зик-ун-нафасро пшфо мебахшад, хамаи навъхои кирми меъда ва рудахоро кушта хорич мекунад, пешобро равои месозад, душвории шошиданро осон мекунад, сапгхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, мушакхои нотавонгаштаи баданро ислох мекунад; бодхои пайвандхо, иркуннасо (радикулит)-и кухна, зарари давохои кушанда ва ларзи табхоро дафъ мекунад, барои таб хусусан бо равган биёшоманд, таъсираш кавитар мегардад. Агар инро бо шароб бинушанд, зарари хамаи захрхо, инчунин газидани каждум ва гундаро дафъ мекунад. Ва агар барои газиданичонварони захрнок гузошта банданд кам, кифоя мебошад.

Гули инро бо равгани зайтун пухта гузошта банданд, майна ва меъдаро гарм мегардонад ва рутубати зарарноки ин хар ду узвро дафъ мекунад.

Агар инро махин куфта, занхои хомила аз таг бардоранд, бачаи онхоро аз шикам меафтонад. Ва инро куфта гузошта банданд, варамхои гуногунро тахлил медихад, чарохати навро ба хам оварда сихат мебахшад.

Агар хар як кисми ин гиёхро бо бихи пухта, батакрор гузошта банданд, варамхои душвор тахлилшавандаро  дур  мегардонад.

Агар хушки инро куфта бипошанд ё сухтаи онро гузошта банданд, рафтани хунро аз хамаи чохои бадан, ки бошад, манъ мекунад ва ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад; агар инро бо равгани турб даромехта гузошта банданд, баромадани ришро метезонад.

Онро дар хар чое пахн кунанд ё сухта дуд гардонанд, чонварони зарарнок аз он чо мегурезанд. Вале истеъмоли ин ба дарун ба шуш зарар дорад — давои ин зиёнаш катиро хурдан аст; ба меъда хам зарар мекунад — дар ин холат асал бихуранд, кифоят аст, ки ислохи зарар йамояд.

Микдори як бор хурдан аз ин дар як руз то 7 грамм аст. Ба чойи ин талхшувок ва бобунаро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Аз буймодарони махинбарг равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Барг ё гули он ва ё хар дуро як микдор гирифта, дар шаш баробар оби ширин як шабонаруз тар мекунанд. Баъд онро то сеяки об мондан мечушонанд. Охирон онро молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф карда, аз болои он об баробари микдори об равгани кунчиди тоза ё равгани зайтун мерезанду дар зарфе бо оташи мулоим мечушонанд, то об батамом бухор шаваду равган бимонад. Вале эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад. Аломати тамоман бухор шудани об он аст, ки равган аз чуш мемонад.

Аз ин равган 4,5 грамм бихуранд, аксари беморихои асабониро шифо мебахшад, хайзи бандгаштаро равон мекунад, бачадонро гарм мегардонад, дахани бачадон баста бошад, мекушояд, сахтихои гуногунро мулоим месозад ва ларзи табхоро дафь мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …