Главная / Гуногун / Бучети давлатии Точикистон 2018-2019

Бучети давлатии Точикистон 2018-2019

Тибки маълумоти пешакии Вазорати молия (ба холати 12 октябри соли 2018) кисми умумии даромади Бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар моххои январ – сентябри  соли 2018 дар сатхи 100,4 фоиз ичро гардида, ба бучет 15582,6 млн. сомони маблаг ворид гардид (67,2 млн. сомони барзиёд), ки нисбат ба ММД 32,8 фоизро ташкил менамояд. Барои соли 2019-ум ба маблаги 23 миллиарду 774 миллион сомони (2,5 миллиард долларов) пешбини шудааст.

Дар ин давра ичрои накшаи даромадхои чори дар сатхи 101,6 фоиз таъмин гардида, ба бучет 12460,6 млн. сомони маблаг ворид шуд (198,8 млн. сомони барзиёд). Накшаи воридоти андозхо бошад 99,4 фоиз таъмин гардида, ба бучет хамаги 10747,6 млн. сомони маблаг ворид шуд  (-63,9 млн. сомони), ки нисбат ба ММД 22,6 фоизро ташкил намуд.

Ичрои накшаи чамъоварии андозу пардохтхо аз чониби Кумитаи андоз 100,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 101,7 фоизро ташкил дод.

Бояд кайд кард, ки тибки накша ичрои баъзе намуди андозхо  дар ин давра ичро нагардид, ки аз ин хисоб 420,8 млн. сомони ба кисми даромади бучети давлати ворид нашуд, аз чумла андоз аз арзиши иловашудаи дохили 84,6 фоиз  (-291,6 млн. сомони), бочи гумруки 83,5 фоиз (-84,4 млн. сомони), андоз аз даромади шахсони вокеи 97,7 фоиз (-30,7 млн. сомони) ва аксизи дохили 89,7 фоиз (-14,1 млн. сомони).

Илова бар ин ичрои накшаи пардохти грантхо барои лоихахои сармоягузори 95,1 фоиз (-52,2 млн. сомони) ва карзхо барои лоихахои сармоягузори 57,0 фоиз (-436,6 млн. сомони), чамъ 488,8 млн. сомони ба бучет ворид нагардид.

Бо максади таъмини сифатноки накшаи бучети давлати дар солиь 2018 ва ичрои саривактии ухдадорихои ичтимоию байналмилалии давлат макомоти дахлдорро зарур аст, ки чихати таъмини воридоти саривакти ва пурраи пардохтхо аз хисоби сарчашмахои ташаккулдихандаи бучет тадбирхои дахлдор андешанд.

Омили дигаре, ки ба сифатнокии ичрои накшаи кисми даромади Бучети давлати таъсири манфи мерасонад, ин бакияпулихои андози мебошад, ки ба холати 1 сентябри соли 2018 ба 740,2 млн. сомони баробар гардида, нисбат ба аввали соли чори  30,9 млн. сомони ё 4,0 фоиз кохиш ёфт.

Бакияи карзи андозии ВМКБ ба холати 1 сентябри  соли чори 1,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 379,5 хазор сомони зиёд мебошад, аз чумла зиёдшавии ин нишондиханда аз хисоби шахри Хоруг 183,1 хазор сомони, нохияхои Дарвоз 23,5 хазор сомони, Ванч 34,7 хазор сомони, Шугнон 27,2 хазор сомони, Рошткалъа 17,7 хазор сомони, Ишкошим 16,7 хазор сомони ва нохия Мургоб 45,8 хазор сомони ба назар мерасад.

Маблаги бакияи карзи андозии вилояти Сугд 103,6 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба аввали сол 13,7 млн. сомони кохиш ёфтааст. Кохишёбии бакияи карзхои андози дар аксарият шахру нохияхои вилояти Сугд ба назар расид, аз чумла дар шахри Исфара 782,9 хазор сомони, шахри Хучанд 2,3 млн. сомони, шахри Бустон 1,5 млн. сомони, шахри Истаравшан 2,4 млн. сомони, нохияхои Б. Гафуров 3,2 хаз.сомони ва Мастчох 783,6 хазор сомони.

Дар вилояти Хатлон бошад бакияи карзи андози дар ин давра 177,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба аввали соли чори 6,9 млн сомони кохиш ёфтааст. Камшавии бакияхои карзи андозхо асосан аз хисоби шахри Бохтар 2,3 млн. сомони, Кушониён 3,2 млн. сомони, Чайхун 1,0 млн. сомони,  Ховалинг 1,4 млн. сомони ва дигар шахру нохияхо ба хисоб меравад.

Дар баробари ин, зиёдшавии бакияи карзхои андози дар як катор нохияхои вилояти Хатлон низ вучуд дорад, аз чумла дар Балчувон 2,3 млн. сомони, Хуросон 854,7 хазор сомони, Дусти 854,9 хазор сомони, Ёвон 972,6 хазор сомони, Восеъ 760,1 хазор сомони ва Фархор 681,9 хазор сомони.

Дар ин давра бакияи карзи андози дар шахри Душанбе 81,0 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба аввали  сол 3,6 млн. сомони зиёд мебошад, ки зиёдшавии он аз хисоби нохияхои Шохмансур 1,9 млн. сомони, И. Сомони 2,9 млн. сомони ва Сино 3,0 млн. сомониро ташкил медиханд. Дар нохияи Фирдавси бакияи карзи андози ба маблаги 4,2 млн. сомони кам шудааст.

Бакияи карзи андозии шахру нохияхои тобеи чумхури ба холати 1 сентябри соли 2018-ум 71,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 3,3  млн. сомони кам мебошад.

Бояд кайд кард, ки дар ин давра зиёдшавии бакияи карзи андози дар панч шахру нохияхои тобеи чумхури ба назар мерасад, аз чумла шахри Рогун 1,3 млн. сомони, шахри Турсунзода 1,5 млн. сомони, нохияи Нуробод 356,1 хазор сомони, нохияи Сангвор 38,4 хазор сомони ва нохияи Файзобод 117,9 хазор сомони.

Тавре аз тахлилхо бармеояд, гайр аз вилоятхои Сугду Хатлон дар аксарияти минтакахои чумхури бакияпулихои андози нисбат ба аввали сол афзоиш ёфта истодаанд.

Вобаста ба ин, мутасаддиёни самти мазкур бо максади таъмини ичрои накшаи воридоти андозхо дар якчояги бо макомоти андоз чихати кам намудани бакияпулихои андози ва рох надодан ба зиёдшавии онхо тадбирхои амали андешад.

Харочоти Бучети давлати хамчун омили мухими таъминкунандаи рушди сохахои иктисодиёт танхо дар сатхи 91,6 фоиз ичро гардида, 16037,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ММД 33,8 фоиз мебошад.

Аз чумла маблаггузори ба сохахои маориф 93,9 фоиз            (-166,7 млн. сомони), нигохдории тандурусти 96,0 фоиз                (-45,7 млн. сомони), сугуртаи ичтимои ва хифзи ичтимои 84,6 фоиз (-375,5 млн.сомони), хочагии манзилию коммунали экология, хочагии чангал 86,5 фоиз (133,6 млн. сомони), фарханг ва варзиш 91,5 фоиз (-53,3 млн. сомони).

Хамзамон маблаггузори ба сохахои алохида, аз чумла кишоварзи мохидори ва шикор 87,4 фоиз (-60,4 млн. сомони), саноат ва сохтмон 89,4 фоиз (-14,7 млн. сомони), наклиёт ва коммуникатсия 92,4 фоизро (-60,6 млн. сомони) ташкил дод.

Дар ин давра ба сохахои иктисодиёти милли аз хисоби хамаи сарчашмахо 1478,8 млн.сомони, аз чумла аз хисоби Бучети давлати 1347,4 млн. сомони тибки накша мабалггузори нагардидааст. Дар мачмуъ дефитсити Бучети давлати ба 1 октябри соли чори 454,7 млн. сомони ё 0,96 фоизи ММД-ро ташкил намуд.

Бо максади таъмини пурраи маблаггузории сохахо Вазорати молия, вазорату идорахои дахлдор ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро мебояд накшаи харочоти бучети давлатиро сифатнок ичро намоянд.

Ичрои накшаи кисми даромади бучетхои махалли аз хисоби даромадхои дохили дар сатхи 102,0 фоиз таъмин гардида, 3709,1 млн. сомони ворид гардидааст, ки нисбат ба накша 73,8 млн. сомони зиёд мебошад.

Сарфи назар аз ичрои накшаи пешбинишудаи даромадхои дохили дар давраи хисоботи 10 шахру нохияи чумхури аз руи хачми умумии даромад ухдадорихои андозии худро таъмин накардаанд.

Аз чумла нохияи Панч ба маблаги 1,1 млн. сомони, Ёвон                  13,9 млн. сомони, Восеъ 423,8 хазор сомони, Мир Сайид Алии Хамадони 825,5 хазор сомони, Фархор 1,3 млн. сомони, Ховалинг 1,3 млн. сомони, Рашт 303,3 хазор сомони, Лахш 57,8 хазор сомони, Шахринав 137,1 хазор сомони ва шахри Вахдат 35,5 млн. сомони. Дар мачмуъ аз ин хисоб ба бучет  54,8 млн. сомони ворид нагардид.

Маблаги умумии карзи берунаи Чумхурии Точикистон ба  1 октябри соли 2018-ум 2873,8 млн. долларро ташкил медихад, ки ин ба 38,7 фоизи Мачмуи махсулоти дохили баробар мебошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

66

МУНОСИБАТХОИ ИЧТИМОИЮ ИКТИСОДИ. Кишоварзи дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хочагии кишлок дехкони буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон …